Skip to main content

ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА

(Дар ҳошияи иқдоми нави Президенти кишвар)

Иқдоми нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036». Имрӯз дар қатори дигар ташаббусу пешниҳодҳои Президенти кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ Ҷаноби Олӣ саҳифаи наверо боз карданд, ки барои ҳамзистии осоишта ва рушди ҷаҳони муосир армуғони тоза ба ҳисоб меравад. Албатта, дар остонаи таҷлили ҷашни 29-солагии Рӯзи Ваҳдат, ин дастоварди беназир бори дигар сулҳпарварии миллати моро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.

02Қатъномаи мазкур ҳанӯз 24-уми сентябри соли 2024 дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми СММ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд. Президенти кишвар аз давлатҳои аъзои СММ даъват карда буданд, ки ин қатънома бояд барои муътадил гардонидани вазъи ҷаҳони муосир зарурати қабул карданро дорад. Албатта, боиси ифтихор аст, ки 25-уми июни соли 2026 қатъномаи мазкур аз ҷониби СММ қабул гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба муносибати қабули қатъномаи СММ таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» қайд намуданд, ки «қатънома зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирӣ кардани низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда таъкид менамояд». Ба андешаи мо, ҷомеаи ҷаҳонӣ зарурати ин пешниҳодро дуруст дарк намудаанд ва дар раванди амалӣ намудан меъёрҳои он метавонанд дар таҳкими сулҳу субот саҳми назаррас дошта бошанд.

Вобаста ба ин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки «мо бояд омӯзонем, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест. Сулҳ фарҳанг аст, сулҳ масъулият аст, сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст».

Президенти мамлакат бо ин ташаббусҳои худ исбот намудаанд, ки Тоҷикистон ҳамчун узви бевоситаи СММ ҳамеша дар пайи таъмини сулҳу салоҳ ва адолати иҷтимоӣ мебошад.

Масъулияти иҷтимоии шаҳрвандон бояд барои нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ ва пешгирии низоъҳо сафарбар карда шаванд. Маърифати сиёсӣ, пеш аз ҳама, таъмини амният, қонуният ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон мебошад. Агар мо дар бораи таъмини сулҳ барои наслҳои оянда ва дар амал татбиқ намудани он чораҷӯӣ намоем, пас бояд ба моҳият ва муҳиммияти он сарфаҳм равем. Яъне, ин маънои онро дорад, ки ҷангу низоъҳо бояд пешгирӣ карда шаванд ва дар ин замина тарбияи насли сулҳпарвар ва ватандӯст дуруст ба роҳ монда шавад.

Аҳамияти таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ин зиндагии осоишта, ҳифзи ваҳдати миллӣ, нигоҳдорӣ ва интиқоли арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ ба наслҳои оянда мебошад.

Ҳамин тавр, таҳкими сулҳ ба наслҳои оянда ин сармоягузорӣ ба ояндаи миллат аст. Ҳифзи сулҳу субот - ин ҳифзи миллату давлат ва имконияте мебошад, ки барои он мо ҳама бояд ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ дошта бошем.

Дар замони пуртазоди ҷаҳонишавӣ пайдо шудани идеяи сулҳ барои таҳкими наслҳои оянда ин ҳифозати инсоният аз таҳдидҳои глобалии ҷаҳони муосир мебошад, ки бояд мардумро аз таҳдидҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ нигоҳ дошта тавонад. Ин ташаббуси Ҷаноби Олӣ ташаббуси инсонмеҳварӣ, даъват ба раҳму шавқат ва ҳамзистии осоишта мебошад, ки метавонад ҳамчун консепсия ва ё идеяи миллии умумиинсонӣ мавриди истифода қарор дода шавад.

Масъалаи дар амал татбиқи он ҳам вобаста ба давлатмардон, сарварони сиёсӣ ва олимону пажӯҳишгарон пайваста аст, ки чӣ гуна онҳо мазмуну моҳияти онро ба зеҳну тафаккури мардум равона карда метавонанд. Принсипҳои амалӣ намудани ташаббуси Президенти кишвар зери унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» ва механизми амалӣ намудани он ин, пеш аз ҳама, ҳалли низоъҳои сиёсию иқтисодӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва хавфу хатарҳои муосир дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Муҳаммад Абдураҳмон-узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121