ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки соли 1994 қабул шуда буд, имконияти нави рушди ҳаёти ҷамиятӣ дар заминаи равияҳои гуногуни сиёсӣ ва идеологӣ эълом гардидааст. Дар моддаи 30-уми Конститутсия омадааст, ки таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезад, манъ шудааст. Аз ҷумла, «ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ барои ташаккул ва ифодаи иродаи халқ мусоидат мекунанд ва дар ҳаёти сиёсӣ иштирок менамоянд». Умуман, дар Конститутсия таъмини шароити баробар барои иштироки ҳизбу ҳаракатҳо дар муборизаи сиёсӣ кафолат дода шуда, роҳҳои экстремистию радикалистии ғасби ҳокимият ҳамчун ҷинояти нобахшиданӣ маҳкум карда мешавад.
Дар муддати чанд солҳо дар ҶТ гурўҳҳои террористӣ якчанд ҳамлаҳои мусаллаҳона анҷом додаанд, ки сабаби қурбон шудани даҳҳо нафар шаҳрвандон гардиданд. Рух додани чунин ҳодисаҳо аз он далолат мекунанд, ки бо вуҷуди чораҳои андешидашуда, таҳия намудани Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амри зарурат мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тавсеа бахшидани сиёсати давлатӣ дар самти мубориза бо экстремизму терроризм барои солҳои минбаъда, иброз намудаанд: «Прокуратураи генералӣ вазифадор карда мешавад, ки лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025»-ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намояд». Ҷиҳати иҷрои дастури Президенти мамлакат ва дар асоси таҷрибаи амалигардонии Стратегияи қаблӣ (2016-2020), ҳуҷҷати навбатӣ – «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул карда шуда, мавриди татбиқ қарор гирифт, ки мавқеи Тоҷикистонро доир ба ин масъала бозгўӣ мекунад.
Стратегияи мазкур давоми мантиқии таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм мебошад, ки қаблан дар доираи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» сурат гирифта буд.
Албатта, татбиқи Стратегия қаблӣ («Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020») намунаи гомҳои ҷиддии давлат дар ҷодаи муқовимат бо таҳдиди ин хатарҳо буд. Таҷрибаи татбиқгардонии ин санад ҳамчун замина, ҳангоми таҳияи Стратегияи нав мариди таҳлили амиқ қарор дода шуд. Ташкили ҳамкории муштараки мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии деҳоту ҷамоатҳо ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз намунаҳои дастовардҳои муҳим дар ин самт ба ҳисоб меравад. Дар заминаи чунин ҳамкориҳо чораҳои самараноки пешгирикунанда дар сатҳи маҳаллӣ татбиқ шуданд.
Бояд тазаккур кард, ки дар доираи татбиқунии Стратегияи қаблӣ (2016-2020) инчунин корҳои густурдаи иттилоотрасонӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум анҷом дода шуданд. Китобу маводҳои дахлдор бо теъдоди зиёд нашр гардиданд, ки дар мавриди шинохти хатарҳои имконии экстремизм ва терроризм арзишманд арзёбӣ гардидаанд. Илова бар ин, якчанд таҳқиқоти мукаммали илмӣ оид ба муайян кардани сабабу омилҳои фундаментализм, радикализм, экстремизм ва терроризм аз ҷониби муҳаққиқони муассисаҳои илмии мамлакат гузаронида шуда, дар асоси онҳо пешниҳодҳои мушаххас манзур карда шуданд.
Дар самти пешгирии радикализм миёни ҷавонони мамлакат низ дастовардҳо кам набуданд. Чунончи, «ҷиҳати таъмини шароит барои фароғати ҷавонон дар давраи аз соли 2016 то моҳи июни соли 2020 дар мамлакат 16 маҷмааҳои варзишӣ, 12 варзишгоҳ, 993 майдончаи варзишӣ, 12 толори варзишӣ, 10 ҳавзи шиноварӣ ва 4 маркази фитнесӣ, ҷамъ 1155 иншооти варзишӣ ба маблағи умумии 637,7 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуданд», ки ин аз ҷумлаи омилҳои коҳишдиҳандаи радикализм дар байни ҷавонони мамлакат гардид.
Дар соҳаи ҳаёти иқтисодӣ низ чораҳои муҳимму саривақтӣ андешида шуданд, ки ин аз фароҳам омадани шароити мусоид барои худшиносӣ ва коҳишёбии омилҳои иҷтимоию иқтисодии радикализм дарак медиҳад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар доираи мубориза алайҳи киберэкстремизм дар сохтори Прокуратураи генералии ҶТ ва дигар мақомоти дахлдор шуъбаҳои махсус барои пурзўр кардани муқовимат бар зидди ҷиноятҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ таъсис дода шуданд, ки ба фаъолияти худ шуруъ кардаанд.
Дар доираи Стратегияи қаблӣ (2016-2020) ба Ватан бозгардони зиёда аз 300 нафар шаҳрванди Тоҷикистон аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ боз як натиҷаи навбати сиёсати инсондўстонаи ҶТ мебошад. Барои тезтар ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ шудани ин шаҳрвандон, ба онҳо кумакҳои саривақтии моддӣ, тиббию равонӣ расонда шуд. Ҳамзамон давлат шаҳрвандонеро, ки ихтиёран аз иштирок дар низоъҳои хориҷӣ даст кашида, ба Ватан баргаштанд, авф кард, ки ин низ далели татбиқшавии сиёсати инсондўстони ҶТ мебошад.
Ҳамин тавр, чораҳои муассир, ки дар доираи Стратегияи қаблӣ (2016-2020) барои пешгирӣ ва муқовимат ба радикализм, экстремизм ва терроризм равона карда шуда буданд, амалӣ гардонида шуда, минбаъд низ бартараф намудани таъсирирасонии унсурҳои ифротӣ ба қишрҳои осебпазири аҳолӣ, хусус занон ва ҷавонон, инчунин мутобиқшавӣ ва ҳамгиро шудани баргаштагон барои ҶТ аз ҷумлаи вазифаҳои афзалиятдошта дониста шудаанд.
Ин ва дигар комёбию дастовардҳо, ки дар доираи татбиқи Стратегияи қаблӣ (2016-2020) ба даст оварда шудаанд, мусоидат намуданд, ки дар ҷомеаи мо сатҳи майлгирии афрод ба экстремизму радикализм сахт коҳиш дода шавад, суботу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳми мардум таҳким ёбад. Бо вуҷуди ин, бо назардошти равандҳои глобалӣ, аз ҷумла афзоиши хатарҳои амниятӣ, барои ҶТ таҳия ва қабул кардани Стратегияи навбатӣ амри зарурат шуд.
Муҳтавои Стратегияи навбатӣ («Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025») танзими фаъолияти муназзаму муштараки неруҳои сохторҳои давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии мамлакат ва созмону ташкилотҳои байналмилалиро фаро гирифта, ба таҳкими суботу оромии мамлакат, таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва пешгирии экстремизм ва радикалишавӣ равона шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз 2 январи соли 2020, № 1655 ва «Дар бораи муқовимат ба терроризм» аз 23 декабри соли 2021, №1808, инчунин «Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид», «Нақшаи амалҳо доир ба пешгириии экстремизми хушунатомез», ҳисоботи дабири кулли СММ, A/70/674, «Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид 2395 (2017)» асосҳои муҳимми ҳуқуқии Стратегияи мазкур мебошанд.
Дар «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» на фақат ба пешгирӣ ва муқовимат алайҳи таҳдидҳои муосир таваҷҷуҳ зоҳир шудааст, инчунин барои самаранок бартараф кардани сабабҳои сарзании экстремизм ва терроризм татбиқи чораҳои амалӣ пешбинӣ гардидааст. Дар қатори тадбирҳои муҳим, аз ҷумла таҳкими маърифати сиёсӣ ва динии аҳолӣ, беҳгардонии аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум, самаранок гардондани ҳамкориҳои байналмилалӣ вазифагузорӣ шудаанд.
Бо таҳдидҳои экстремизм ва терроризм рў ба рў будани ҶТ, бешак, ба хусусиятҳои мураккаби геосиёсии минтақаи ОМ рабт дорад. Аз мазмуни Стратегияи мазкур бармеояд, ки дар солҳои охир таҳдидҳои террористӣ шаклу усулҳои нав касб карда, дар миқёси нисбатан васеъ шудаанд.
Ташкилоту ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон манъ карда шудааст, бо сохторҳои ҳамсони фаромиллӣ робитаҳо барқарор кардаанд, аз манбаъҳои молиявӣ ва таҷрибаи ҳамлаҳои диверсионию террористӣ бархурдоранд. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки омилҳои сершумор, аз ҷумла интишори ғояҳои экстремистию террористӣ бо воситаи сомонаҳои интернетӣ, аз лиҳози ҷуғрофӣ ҳамсарҳад ва ё наздик будан ба минтақаҳои ноором ва таъсири фаъолонаи ҳаракатҳои радикалию фундаминталистӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ғайра ба афзоишёбии хатарҳои экстремизм ва терроризм мусоидат мекунанд.
Дар асоси таҳлили «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», метавон омилҳои муосири зерини мусоидаткунанда ба экстремизму радикализмро номбар кард: нокифоя будани сатҳи маърифати динӣ, мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, камбудиҳо дар фаъолияти муассисаҳои ислоҳӣ, самаранок истифода нашудани имкониятҳои таблиғотии ВАО дар ҷодаи муқовимат бо ғояҳои экстремистӣ ва террористӣ.
Ҳадафҳои асосии ин Стратегия, ки возеҳ нишон дода шудааст, ба ҳифзи сохти конститутсионӣ, тамомияти арзӣ, амнияти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони мамлакат нигаронида шудааст. Ҳадафҳои номбурда, ки тавассути тадбирҳои ҳуқуқӣ, пешгирикунанда ва оперативӣ амалӣ мегарданд, бо назардошти стандартҳои муқарраршудаи байналмилалӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии ҶТ гузошта шудаанд. Вазифаҳои асосии Стратегияи мазкур барои афзун гардондани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ, таҳким бахшидан ба ҳамкориҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, коҳиш додани таҳдидҳои террористӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони мамлакат равона шудаанд. Вобаста ба ин ҳадафҳо, дар ин Стратегия 13 самти афзалиятнок дар шакли ҳамгироӣ нишон дода шудааст, ки дар маҷмуъ масъалаҳои муқовимат ба радикализм, экстремизм ва терроризмро дар бар мегиранд. Дар бандҳои он ҳар як нишондиҳанда мушаххас оварда шуда, марҳилаҳои иҷроиши онҳо низ дақиқ пешниҳод карда шудаанд. Бояд гуфт, ки дар ин санад муқовимат ба экстремизму терроризм на фақат ҳамчун ҷузъи масъалаҳои ҳарбию амниятӣ, инчунин ҳамчун як масъалаи дорои хусусияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шудааст.
Дар ин занҷира яке аз самтҳои муҳим дар таъмини пешбурди самараноки муқовимат ба терроризм ин тадбирҳои пешгирикунанда мебошанд. Дар Стратегияи мазкур зарурати густариш бахшидан ба миқёси тадбирҳои пешгирикунанда ва решакан кардани сабабҳои асосии экстремизм махсус қайд карда шудааст. Дар ин ҷода, ҷалби фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба роҳ мондани таҳқиқоти илмӣ, ташкили чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ва баланд бардоштани савияи касбии мутахассисони соҳаи ВАО аз қабили корҳои муҳим дар самти муқовимат бо таблиғоти экстремистӣ дониста шудаанд.
Дар ин Стратегия инчунин андешидани тадбирҳои мушаххас ва вазифаҳои аввалиндараҷа дар соҳаи муносибат ба дин пешбинӣ карда шудааст, аз ҷумла: ҳифз намудани созиши байни динҳо, мазҳабҳо; мусоидат ба баланд бардоштани сатҳу сифати маърифати динӣ; омодакунии кадрҳои динӣ дар дохили мамлакат ва ғ. Инчунин, дар бораи ба Ватан баргарданд ва ба ҷомеа ҳамгиро намудани ашхосе, ки дар хориҷи мамлакат таҳсилоти ғайрирасмии динӣ мегиранд, вазифагузорӣ карда шудааст.
Азбаски ҷавонон як қишри осебпазири ҷомеа мебошанд, дар Стратегия на фақат ба тадбирҳои пешгирӣ, инчунин ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва сиёсати давлатии ҷавонон низ аҳамияти хоса дода шудааст. Аз ин лиҳоз, такмил додани барномаҳои таълимии фаннӣ дар муассисаҳои таълимӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рўҳияи меҳандўстӣ, риояи қатъии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва оштинопазирӣ нисбати экстремизму терроризм пешбинӣ шудаанд. Бояд қайд намуд, ки ворид кардани курсҳои махсус ба барномаҳои таълимии фаннӣ ва баланд бардоштани савияи касбияти омўзгорони муассисаҳои таълимӣ аз ҷумлаи ҳамон тадбирҳое мебошанд, ки барои пешгирӣ кардани паҳншавии экстремизм ва радикализм дар муҳити иҷтимоии наврасону ҷавонон муҳим арзёбӣ мегарданд. Дар ин росто, дастрасии минбаъдаи наврасону ҷавонони мамлакат ба иншооти варзишӣ ва фарҳангӣ таъмин карда шуда, ҷалби онҳо ба тарзи ҳаёти солим ва фаъолияти созанда идома дода мешавад.
Дар Стратегияи мазкур барномаҳои давлатии марбут ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон пешниҳод шудаанд, ки баланд бардоштани мақоми ҳуқуқии шахс ва фарҳанги сиёсии аҳолиро ба нақша гирифтаанд. Муҳтавои барномаҳои мазкур ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар ин самт нигаронида шудаанд. Таъмин будани шаффофият дар корбарии мақомоти давлатӣ, сифати баланди хизматрасониҳои давлатӣ ва сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии аҳолӣ кафолати пурсамартар сурат гирифтани муқовимат алайҳи экстремизм ва терроризм мебошанд.
Мусоидат ба некуаҳволии сокинони мамлакат яке аз нуктаҳои меҳварии ин Стратегия ба шумор меравад, зеро мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ аз зумраи омилҳои мусоидаткунанда ба пайдоиш ва густариши экстремизм ва радикализм дар ҷомеа мебошад. Дар Стратегия пешниҳод мегардад, ки ба ислоҳоти иқтисодӣ дар мамлакат вусъат бахшида, барои рушди соҳибкории хурду миёна шароити мусоид фароҳам оварда шавад ва сатҳи бекории шаҳрвандони қобили меҳнат, хусусан миёни ҷавонон, бамаротиб коҳиш дода шавад. Сабуктар кардани андоз барои соҳибкорони ватанӣ, пайгирона ҳифз кардани ҳуқуқи онҳо, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, нигоҳ доштани нархи муътадили маҳсулоти ниёзи аввал аз ҷумлаи ҳамин тадбирҳо мебошанд. Илова бар ин, барои беҳтар гардондани шароити ҳаёту фаъолияти мардум, густариши қарздиҳии ипотекӣ ва дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоат дар назар гирифта шудааст.
Дар ин Стратегия ба такмили минбаъдаи сиёсати давлатӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ низ диққати лозима дода шудааст. Ба сатҳи зарурӣ расондани сифати омодагии муҳоҷирон пеш аз сафар, ҳифзи ҳуқуқи онҳо дар мамлакатҳои хориҷӣ ва пешгирӣ кардани ҷалбшавии онҳо ба ташкилоту созмонҳои экстремистию террористӣ аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд. Инчунин, чораҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоии оилаҳои муҳоҷирон пешбинӣ карда шудаанд.
Дар баробари ин, дар он ба пешгирӣ кардани зуҳуроти экстремистӣ дар муассисаҳои ислоҳии мамлакат вазифагузорӣ карда мешавад. Таъмини ҳуқуқи маҳбусон, ҷалби онҳо ба фаъолияти меҳнатӣ ва таҳсилу касбомўзӣ, мунтазам такмил додани усулҳои муқарраршудаи пешгирикунанда аз ҷумлаи тадбирҳои пешбинишуда мебошанд. Дар баробари ин, муборизаи доимӣ бо киберэкстремизм тавассути таҳкимбахшӣ ба иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мамлакат ва ҳамкориҳои судманд бо ширкатҳои байналмилалии технологияҳои иттилоотӣ ҳатман густариш дода мешавад.
Дар қатори масъалаҳои дигар, масъалаи баробарии гендерӣ низ дар Стратегия мавриди таваҷҷуҳи амиқ қарор гирифтааст. Муҳайё кардани шароити арзанда барои ҳаёту фаъолияти занон, таҳқиқ намудани сабабҳои ҷалбшавии онҳо ба гурўҳҳои экстремистӣ, ҷалби бештари занон ба корҳои пешгирикунии падидаҳои номатлуб муҳим арзёбӣ карда шудааст. Гузашта аз ин, барои бозгашт ва мутобиқшавии муваффақонаи шахсоне, ки ихтиёрӣ аз фаъолияти террористӣ пурра даст кашидаанд, барномаҳои махсус таҳия ва амалӣ карда мешаванд ва интизор меравад, ки ин ба таҳкими муқовимат бо терроризми фаромиллӣ ҳатман мусоидат хоҳад кард.
Ҳамин тавр, «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» як санади муҳимми мукаммал ва воқеъбинона мебошад, ки ба ҳифзи амнияти миллӣ, суботу оромии ҷомеа ва рушди устувори мамлакат самтгир шудааст. Тавассути амалигардонии Санади мазкур на фақат таҳдидҳои мавҷуда пешгирӣ ва бартараф карда мешавад, инчунин барои муқовимати оянда алайҳи таҳдиди эҳтимолӣ заминаи мустаҳкам бунёд менамояд. Дар ин асос, натиҷаҳои амалигардонии Стратегияи мазкур умедбахшу некбинона арзёбӣ мегарданд, чунки он ба такмил додани усулҳои қонунии муқовимат, боло бурдани сатҳи умумии маърифати шаҳрвандони мамлакат, таҳким бахшидани нақши таълиму тарбия ва мазҳабу дин дар пешгирии ҳаргуна хатарҳои экстремизм ва тероризм равона карда шуда, ҳадафаш некўаҳволии мардум, таъмини амнияти фард ва ҷомеа, ба эътимоди аҳолии мамлакат сазовор будани мақомоти давлатӣ, ҳифзи тартиботи конститутсионӣ, арзишҳои фарҳанги миллӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Барои расидан ба чунин ҳадаф, ба роҳ мондани ҳамкории муштараку пурсамари мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони байналмилалӣ амри зарурат аст. Ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ имкон медиҳад, ки абзорҳо ва таҷрибаи ҷаҳонӣ дар мавриди ҳаллу фасл кардани масъалаҳои ҷойдошта истифода шаванд. Гузашта аз ин, татбиқ шудани «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ин на фақат иҷрои таъмини амнияти мамлакат аст, балки яке аз заминаҳои воқеӣ барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва кафолат ба пешрафти ҶТ низ мебошад.
Имрўз якчанд натиҷаҳои амалии татбиқ шудани «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»-ро ҳамчун дастовард ба қайд гирифтан мумкин аст, аз ҷумла: коҳиш ёфтани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористӣ дошта дар қаламрави мамлакат; афзоиши ҳиссаи занон-кормандон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки муборизони далер бар зидди зуҳуроти экстремистӣ ва террористӣ мебошанд; камтар шудани ҳолатҳои пайвастани шаҳрвандони мамлакат ба гурўҳҳои террористӣ ва иштироки онҳо дар ҷангҳои давлатҳои хориҷӣ; мониторинг ва бастани сомонаҳои экстремистӣ, ки бар зидди Ҳукумати ҶТ таблиғот мебаранд; иштироки мунтазами сохторҳои қудратии ҶТ дар чорабиниҳои низомии муштарак бо низомиёни давлатҳои дўст ва ғ.
Ҷамъбасти пурраи натиҷаҳои «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», бо назардошти тағйироти воқеӣ дар ҷаҳони муосир ва ниёзҳои сокинони мамлакат, имкон дод, ки иқдомҳои он давом дода шуда, ду ҳуҷҷати нав – «Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва «Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар солҳои 2026-2030» таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати мамлакат қабул карда шаванд. Дар ҳуҷҷати мазкур қайд гардидааст, ки «Мақсадҳои афзалиятноки Стратегия пешгирии барвақтии экстремизм (дар мактаб, ҷомеа ва оила), коҳиш додани омилҳои ба экстремизм мусоидаткунанда, тақвияти корҳои пешгирикунанда бо гурўҳҳои осебпазир, бахусус ҷавонписарон, духтарон ва занон, таъмини амнияти иттилоотии ҷомеа, офиятбахшӣ ва барқарорсозии бозгаштагон мебошад».
Вобаста ба таъмини заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизм, вазифаи давлат ва фаъолони ҷомеа, ба андешаи мо, аз пурзўр гардондани корҳо дар байни мардум, алалхусус мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон ва муборизаи беамон бар зидди зуҳуротҳои хурофотпарстиву бегонапарастӣ, иборат мебошад. «Сатҳи маърифатнокии ҷомеа бояд то ҳадде боло бурда шавад, ки мардум дар паси ҳар шиор, ваъда, пешниҳод, даъват ва суханронӣ пурра эҳсос карда тавонанд, ки ин суханбозиҳо манфиати киро, кадом гурўҳро ҳимоя мекунад». Воқеан, «Бе донишҳо, тасаввурот, ҷаҳонбинӣ ва эътимоди дунявӣ ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳамчун шиори хушку холӣ боқӣ мемонад».
Дар асоси гуфтаҳои боло метавон хулоса кард, ки муқовимат ба экстремизму терроризм баъди хотимаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хусусияти умумимиллӣ гирифт. Ҳукумати ҶТ қарор ва қонунҳои лозимаро оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба радикализми динию сиёсӣ, экстремизму терроризм саривақт қабул кардааст. Ин имкон дод, ки дар пешгирии экстремизму терроризм мақомоти марбутаи давлатӣ ва ғайридавлатӣ, хусусан ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО, инчунин шарикони байналмилалӣ фаъолона иштирок кунанд. Талошҳои якҷояи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷодаи муқовимат ба экстремизму терроризм ҳамчун «амали дастаҷамъии ҷомеа» сурат гирифтааст.
Назар Муъмин – диф., сарходими Шуъбаи фалсафаи иҷтимоии ИФС АМИТ
