Skip to main content
Навид

Мулоқот бо Дабири кулли СҲШ Нурлан Ермекбаев 14.03.2025

14 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Нурлан Ермекбаевро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҳамкории бисёрҷонибаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти пурсамари Созмон давоми 24 сол ва ҳамкории кишварҳои аъзо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки “Тоҷикистон аз раванди навсозии ҳамаҷонибаи Созмони ҳамкории Шанхай, ки бо қарори сарони давлатҳои аъзо оғоз ёфтааст, фаъолона дастгирӣ менамояд.

Навид

Дар иҷлосия аввалин шуда, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ савганд ёд карда, дигар вакилон аз рӯи тартиби шумораи ҳавзаҳо ин маросимро ба ҷо оварданд.

Дар иҷлосия аввалин шуда, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ савганд ёд карда, дигар вакилон аз рӯи тартиби шумораи ҳавзаҳо ин маросимро ба ҷо оварданд.

На сессии первым присягу принял Председатель Душанбе уважаемый Рустам Эмомали, за ним последовали другие депутаты в порядке количества избирательных округов.

At the session, the first to take the oath was the Chairman of the city of Dushanbe, honourable Rustam Emomali, followed by other deputies in order of the number of electoral districts.

@RustamEmomali

Навид

Изҳороти матбуотӣ аз рӯйи натиҷаҳои музокироти Тоҷикистону Қирғизистон 13.03.2025

Пас аз анҷоми музокирот муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров дар назди намояндагони васоити ахбори омма бо изҳорот суханронӣ карданд.

Сарони ду давлат ба натиҷаҳои музокироти расмӣ баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор доштанд, ки аз пагоҳ, 14 марти соли 2025 хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон бозкушоӣ мешавад. Фардо ширкати Сомонэйри Тоҷикистон нахустин парвози худро дар масири Душанбе-Бишкек-Душанбе анҷом медиҳад.

Матни изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Ташаккур, муҳтарам Садир Нургожаевич.

Навид

#Маҳфил. РӮНАМОИИ КИТОБИ “ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЖУРНАЛИСТИКАИ ТОҶИК”

12 марти соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 11- март Рӯзи матбуоти тоҷик маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҳфили навбатӣ китоби “Истиқлолият ва журналистикаи тоҷик”- и мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулов рӯнамоӣ карда шуд.

Ба кори маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшид.

Навид

Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар

07.03.2025

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бонувони кишварро ба муносибати Рӯзи Модар самимона шодбош гуфта, нақши зан-модари тоҷикро дар ҳифзи музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ бузургу беназир арзёбӣ намуданд.

Сарвари давлат зан-модарро рамзи оғози зиндагӣ, намунаи зебоиву меҳрубонӣ ва хуррамиву шукуфоии ҳаёти башар номиданд.

Навид

АКСИЯИ ТАБРИКОТӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАР

Бо ташаббуси Институти фаслафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ ба муносибати таҷлил аз Рӯзи модар аксияи табрикотӣ доир карда шуд.

Дар ҷараёни аксия кормандони Институт бонувонро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик гуфта, барояшон дар кору фаъолият муваффақияту сарбаландӣ ва дар зиндагӣ хушбахтиву хушрӯзгорӣ таманно намуданд

Навид

ЁДЕ АЗ ДОНИШМАНДИ КАМНАЗИР

Агар умр вафо мекард, имрӯз 11 март устод Ғаффор Ашуров 95 сола мешуданд. Устод Ғаффор Ашуров 5 марти соли 1930 дар деҳаи Нушори ҳозира ноҳияи Тоҷикобод таваллуд шуда буданд.

Навид

7 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар иштирок ва суханронӣ намуданд.

7 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бонувони кишварро ба муносибати Рӯзи Модар самимона шодбош гуфта, нақши зан-модари тоҷикро дар ҳифзи музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ бузургу беназир арзёбӣ намуданд.

Сарвари давлат зан-модарро рамзи оғози зиндагӣ, намунаи зебоиву меҳрубонӣ ва хуррамиву шукуфоии ҳаёти башар номиданд.

Subscribe to Навид
23121