casino malaysia
casino malaysia
Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Саҳми муҳаққиқони ватанӣ дар ташаккул ва рушди илму маърифати ҳуқуқӣ» ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, соли «Маърифати ҳуқуқӣ» ва 85-солагии академик Фозил Тоҳиров

wrapper

Конференсияро бо сухани ифтитоҳии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни ифтитоҳ бахшида доир ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳи тоҷикон хотир расон намуда кайд намуданд: “Давоми даҳсолаи баъд аз соҳибистиқлол гаштани кишвар вазъият ҳамоно вазнин ва хатарнок боқӣ мемонд. Дар чунин шароит Пешвои миллат мисли шамъчароѓе роҳи миллатро равшан мекард ва ба суи мақсад пеш мебурд. Ин буд, ки дар натиҷаи меҳнати пурмашаққат ва солҳои мубориза тарафҳо ба сулҳу оромӣ розӣ гашта, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ 27 июни соли 1997 баста шуд. Дар ҳамин замина гуфтан мумкин аст, ки нақши асосиро дар ба ҳам омадани тоҷикон маҳз Пешвои миллат бозӣ намуда, барҳақ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ унвон гирифтаанд.”.
Мавсуф ҳамзамон доир ба масъалаи соли 2024 эълон гардидани соли “Маърифати ҳуқуқӣ”, чунин ибрози андеша намуданд. Вобаста ба 30 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин муносибат эълон намудани соли 2024 ҳамчун соли «Маърифати ҳукуқӣ» яке аз иқдомҳои муҳими Пешвои миллат ба шумор меравад, ки дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқии кишвар метавонад нақши назаррас бозад.
Боиси хурсандист, ки имсол, соли маърифати ҳуқуқӣ ба 85 солагии академик Фозил Тоҳиров рост омадааст ва ин рамзист, чунки устоди зиндаёд Фозил Тоҳиров яке аз асосгузорони илми ҳуқуқшиносии тоҷик дар марҳилаи истиқлолияти кишвар ба шумор мераванд ва дар рушди на танҳо илми ҳуқуқшиносӣ, назарияи ҳуқуқ ва давлат,балки дар амалияи ҳуқуқӣ, таҳияи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои ҷорӣ саҳми беандоза доранд. Узви комиссияи таҳияи Қонститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон буданд. Солҳои вазнинтарини ҷанги шаҳрвандӣ Фозил Тоҳиров ба сифати Ректори Донишгоҳи миллӣ мутахассисони ботаҷриба ва  кадрҳои илмӣ тайёр мекарданд.
Қисми азими фаъолияти устод дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд Академияи миллӣ гузаштааст. Фозил Тоҳиров дар вазифаи саркотиби илмӣ ва минбаъд дар вазифаи Академик –котиби шуъбаи илмҳои ҷомеашиносӣ кору фаъолият намуда, ҳамеша кушиш менамуданд, ки конефронсу чорабиниҳои дигари илмӣ пуробуранг ва дар сатҳи баланди илмӣ ташкил карда шавад. Даҳҳо конфронсу симпоизиумҳои байналмилаливу ҷумҳуриявиро бо иштироки муҳаққикони хориҷӣ баргузор намуда, таҷрибаи пешқадами давлату миллатҳои дигаррро меомухт ва барои ташаккули қонунгузории амалкунанда пешниҳод менамуданд.
Хулоса, чорабинии илмии имрӯза ба мавзуҳои мубрамми руз бахшида шуда, дар он масоили доѓи рӯз таҳлилу баррасӣ мегардад ва барои дар сатҳи баланди илмӣ гузаштани он, мавзуҳои пешниҳодшуда дарак медиҳанд.
Сипас директори Институт д.и.ф., профессор Маҳмадизода Нозим иштирокчиёни конфронсро вобаста ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта  ба ташкилкунандагони конференсияи мазкур изҳори сипос намуданд.
Баъдан бо сухани табрикотии д.и.ҳ., академик Маҳмудзода Маҳкам Аъзам баромада ӯ низ ҳозиринро ба муносибати рӯзи ваҳдати миллӣ табрик гуфта, ҳамзамон доир ба саҳми босазои устод Фозил Тоҳиров дар рушди илмии ҳуқуқшиносии тоҷик ва омодасозии кадрҳои илмӣ ва муҳаққиқони соҳаи ҳуқуқшиносӣ таъкид доштанд.
Дар идома Имомов Ашурбой Имомович - н.и.ҳ., профессор, сарходими илмии ИФСҲ-и АМИТ дар мавзуи “Нахустин таърихшиноси  давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон”. Суханронӣ намуда, доир ба хидмати устод Фозил Тоҳиров дар омӯзиши илмӣ таърихи давлат ва ҳуқуқи тоҷик хотирнишон сохтанд.
  Раҳимзода Маҳмад Забир - д.и.ҳ., профессор узви вобастаи АМИТ, дар мавзуи «Нақши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» маъруза намуда, оид ба нақши таҳия ва қабули санадҳои меъёрӣ ғ ҳуқуқӣ дар рушди давлатдории тоҷиконв а таҳкими Ваҳдати миллӣ андешаронӣ намуданд
Минбаъд барои муаррифи китоби академик Фозил Тоҳиров “Осори мунтахаб” – сухан ба  д.и.ҳ., профессор Буризода Эмомалӣ Бозор дода шуд.  Аз ҷумла қайд гардид, академик Фозил Тоҳиров муҳаққиқе ҳастанд, ки аввалин маротиба  ба таърихи низоми ҳуқуқии тоҷикон рӯ оварда, амали сарчашмаҳои сегонаи ҳуқуқӣ, таносуби одати ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи амалкунанда, сарчашмаҳои ҳуқуқи ислом, маърифати ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва ѓайраро бори аввал мавриди омузиш ва таҳқиқи амиқ қарор доданд. 
Дар идома  Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн - д.и.ҳ., профессор, мудири шуъба дар ИФСҲ-и АМИТ, дар мавзуи  «Саҳми академик Тоҳиров Фозил Тоҳирович дар ташаккули низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза карданд. Инчунин, дар масоили «Масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар осори академик Фозил Тоҳиров» 0  Раҷабов Саидумар Адинаевич. - д.и.ҳ., профессор, мудири шуъба дар  ИФСҲ-и АМИТ, маъруза ироа намуд.
Устодони илм Имомов Ашурбой Имомович - н.и.ҳ., профессор, сарходими илмии ИФСҲ-и АМИТ, Исмоилов Шавкат Маҳмудович - д.и.ҳ., профессори кафедраи  ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон  дар мавзуи “Устоди соҳибмактаб”, Воҳидова Санавбарбону - д.и.т., профессор, дар мавзуи “Академик Фозил Тоҳиров - педагог ва ташкилотчии илм”,  Азиззода Убайдулло Абдулло - д.и.ҳ., профессор, дар мавзуи “Устоди соҳибмактаб ва муаррифи ҳуқуқшиносии миллӣ” маъруза карданд. 
Аз ҷониби баромадкунандагон мубрамм будани таъсиси Институти давлат ва ҳуқуқ, инчунин дар оянда ба роҳ мондани ҳафтаи “Хонишҳои Тоҳирови” пешниҳод гардид.
Баъд аз танаффуси нисфирузӣ ҷаласа дар бахшҳо идома ёфта,  20 маърузаи дигар шунида шуд.  Маърузачиён, ки баромади худро асосан ба мавзуҳои доѓи рӯз ғ Ваҳдати миллӣ ва соли маърифати ҳукӯқӣ бахшида шуда буданд, дар заминаи таҳлилҳои илмӣ, тавсияҳо барои рушди илми ҳуқуқшиносӣ, истифодаи қонунгузорӣ дар таҳкими Ваҳдат, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии махсусан насли наврас ва ҷавонон ироа намуданд.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia