Маҷмуаи “Назаре перомуни андешаҳои фалсафӣ”-и Аскардаев Кишвар, ходими калони илмии Маркази синошиносӣ ба нашр расид. Дар маҷмуа андешаҳои ҷараёни фикрӣ-озодандешии фалсафаи “Асҳоби ҳаюло” мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтааст. Асҳоби ҳаюло ҷараёни фалсафиес, ки пайравонаш ба асолати нахустмодда (ҳаюло) муътақиданд. Ин китоб метавонад барои рушди озодфикрӣ ва рушди фалсафаи тоҷик муосидат кунад ва барои оммаи хонандагон пешкаш мегардад.
Аз нигоҳи сохтор, китоб ба ду қисм тақсим мешавад, дар қисмати аввал пажӯҳишҳои арзишманди Аскардев Кишвар дар самти фалсафа, хоссатан фалсафаи ҳаюло гирдоварӣ шудааст. Дар қисмати дуюм, меҳрномаҳои ҳамкорон, дӯстон ва шогирдони Аскардаев Кишвар, ки ба хотири гиромидошти 75 солагии эшон навиштаанд, ҷой дода шудааст.