casino malaysia
casino malaysia
Эҳтироми забони давлатӣ қарзи ҳар яки мо аст

wrapper

  Забон вазифаҳои зиёде дорад. Яке аз муҳимтарин вазифаи он ин баёни отифа, меҳру муҳаббат, эҳтирому миннат-дорию сипос, изҳори фурутанӣ, пешгирии такаббуру беэтиноӣ ба ҳамсуҳбатон мебошад. Дар нимаи дуюми асри гузашта як соҳаи нави забоншиносӣ, фалсафаи забон дар Амрикою кишварҳои ғарбӣ ройиҷ гардид. Он нишон медиҳад, ки забон ин танҳо омӯхтану омӯзонидани ҳиссаҳои нутқ ва сохтори ҷумла – мубтадову хабару  ... нест, балки шинохти моҳияти фалсафӣ ва муколимаю нутқи эҳтиромона, мантиқу санъати суханро низ дар бар мегирад. Агар таърихи тӯлонии заминаҳои пайдоиши фалсафаи забонро истисно кунем, пас асосгузорони фалсафаи забон Л. Витгенштейна, Б. Рассела, Дж. Мура, Г. Фреге (олимони охири асри XIX - солҳои 30-уми асри XX)  ба шумор мераванд. Ин масъала баҳси алоҳидаро тақозо дорад, ки дар мақолаи баъдӣ баррасӣ мекунем.
Имрӯз масъалаҳои мубрам ва ҳалталаби зиёде дар соҳаи фалсафаи забон ва таълиму шиносонидани он вуҷуд дорад, ки мутаассифона, касе аз забоншиносон ба он даст нарасонданд. Дар ин 30-соли Истиқлолият, ба ҷуз Пешвои миллат касе дар ин мавзуъ чизи пурмуҳтавое нанавиштааст. Ин мавзуъ – таълими шаклҳои забони боэҳтиром, ки дар доираҳои забоншиносии кишварҳои дигар онро бо калимаи «гоноратив» ифода кардаанд.
  Ҳоло месазад, ки забоншиносони мо ҳадди ақал барои ҳифзи покию ҷилои таърихии забони модарӣ (модарӣ ба маънии васеъ – адабии миллӣ) кӯшиш кунанд. Забоншиносони мо нигоҳ доштани хусусияти аслии ин забон: маънавияту эҳтиромбунёдӣ, сатҳи баланди маданияти забондонӣ дар муколимаю муомилоту муоширати байни ҳамдигарии инсонҳо, шеваи бо лутфу назокат, эҳтирому фурутанӣ, малоҳати ширинию гувороии онро на фақат ҳамчун забони шеъру наср ҷиддан мавриди баҳсу мунозираҳои илмӣ қарор диҳанд. Дар масъалаи ширину гувороии он дар шеъру наср, сатҳи манзуму мансури он ҷои баҳс камтар аст ва меъёрҳо маълум. Аммо мо бояд ин забонро дар сатҳи оммавияш, сатҳи муоширати байни мардум, кӯчаю бозор низ фаромӯш накунем. Ниҳодҳои давлатии масъул аз кӯшишҳои оммавӣ сохтан ва таҳаммили ин ё он лаҳҷаи маҳаллӣ, ки ба талаботи асосии забони иҳтиромасоси адабии тоҷикӣ ҷавобгӯй нест, вале мутаассифон дар ҳар қадам дар шаҳрҳои кишвар ба гӯш мерасад, ҷилавгирӣ бояд кунанд.
Чунин иқдом имрӯз боз барои он зарур аст, ки дар шароити густариши сайёҳӣ ва ҷаҳонгардӣ (туризм) мо бояд дар назди меҳмонон чеҳраи зебои фарҳангии миллатро аз тариқи забон низ муаррифӣ кунем, на акси онро.   Гузашта аз ин, истеҳкоми ваҳдати миллӣ низ инро бо исрор талаб мекунад.
  Ваҳдати миллӣ, ки бо саъйю кӯшиши Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, мӯҳтарам Президенти мамлакат поягузорӣ шуда, бояд сол аз сол истеҳком ёбад ва мисли зербинои фулодин муқовим бошад. Мо нагузорем, ки хурдтарин омиле барои давому пойдории он мамониат эҷод намояд. Забони эҳтирому меҳру муҳаббатасоси форсӣ-дариро, ки бузургон аз Маликушшуаро Рӯдакӣ то Лоиқ Шералӣ, аз Шайхурраис Абӯалӣ ибни  Сино то Аллома Аҳмади Дониш ин забонро ба чунин сатҳи баланд ҷилвагар сохтаанд ва дар тӯли зиёда аз ҳазору сесад сол бо ҳамон асл пойбарҷо мондааст, набояд имрӯз ба як лаҳҷаи аз назокату латофат орӣ табдил диҳем.
  Яке аз нишонаи шевогию ғановат ва дорои фарҳанги баланд будани забони тоҷики ин вуҷуди аслу усули эҳтиром ва латофату малоҳат дар иртиботу муомилот мебошад. Ин муҳимтарин функсияи забон аст, ки онро ба сатҳи ҳикмату фалсафа мебардорад. Ин усуле нест, ки инҷониб бароварда бошам, балки он дар забоншиносӣ ва фалсафаи забон усули шинохташудаи фалсафаи забон аст, ки бо калимаи «гоноратив» - шакли эҳтиром дар забоншиносӣ қабул шудааст ва шаклу усули ибрози эҳтиром, меҳру отифа, нишон додани фурутании муаддабона дар назди ҳамсуҳбатро ифода мекунад. (Нигаред ба мақолаи Гоноратив-Материал аз Википедия – энсиклопедияи озод, ба заб.русӣ) Ин усули фалсафии забон дар бисёре аз забонҳои маъруфи дунё: франсавӣ, англисӣ, руссӣ, аз ҳама бештар дар забони ҷопонӣ, кореягӣ ва форсӣ-дарӣ ҳамчунин намунаҳои гуногуни эҳтиромварзӣ дар муомилаю муколима вуҷуд доранд ва аз ин ҷиҳат ба забон ҳусну малоҳат ва дар муоширати одамон лаззату ҳаловат мебахшанд.
Дар таърихи инсоният яке аз аввалин забони дорои анвоъи гуногуни зебогӣ ва ҳусну лутфу малоҳат забони форсии дарӣ, ки гаҳворааш ҳамин кишвари мо ва аввали гӯяндаву сарояндааш Дақиқиву Рӯдакӣ буданд, мебошад. Мутаассифона, дар 70 соли даврони шӯравӣ забони мо бар асари «соддасозиву оммависозӣ» ба баъзе костагиҳо гирифтор гардид. Вале хушбахтона он латофату малоҳати забони тоҷикӣ то андозае дар гуфтори баъзе ноҳияҳои кишвар ва дар гуфтори ҳамзабононамон, ки ба ин вабо гирифтор нашудаанд, боқӣ ва зинда мондааст.
  Имрӯз забони моро вабои дигаре – побанди лаҳҷаҳои маҳаллӣ шудан таҳдид мекунад. Агарчи он дар муқоиса ба доманаю паҳнои забони форсӣ хеле маҳдуд ва ночиз аст, вале барои забони тоҷикии ноб ва ваҳдати миллии мо хатарнок аст. Имрӯзҳо дар муомилоти пойтахти кишвар, ки дар асри ҷаҳонгардӣ бояд зеботарин намунаи гуфтору таомулу таоруфи забонӣ бошад, оддитарин нишонаи эҳтиром – бо калимаи «шумо» муомила карданро намебинем, ҳоло чи расад ба ибораҳои меҳру муҳаббатасос (гоноратив)-ҳои суннатии ин забон: «марҳамат», «иҷозат диҳед», «лутфан», «хоҳиш мекунам», «бифармоед», «хушомадед», «лутф кардед», «сафо овардед», «чашми мо рӯшан», «бифармоед, хонаи худатон аст», «моро сарфароз кардед», «ҷои шумо холӣ», «саркор, бифармоянд», «оғо лутф карданд», «ҷаноб хуш омаданд» ё ҳеҷ набошад: «бобоҷон, очаҷон, апаҷон ин ҷо бишинед», «акоҷон аз ин тараф», «бачаҷонакам ин ҷо бишин»-ро намешунавӣ. Ин як намунаҳои хеле сабуки риоя нашудани назокати забон аст, ки аз моҳияти фарҳангию маданияти оммавии мо хабар медиҳад ва чунин намунаҳои зиёде овардан мумкин аст, ки дар кӯчаву бозор ва ҳатто дар сохторҳои идорӣ, ниҳодҳои таълимии мо садо медиҳад.
  Агар мақолаи тавсияшуда аз энсиклопедияи озодро дар интернет мутолиа кунед ва дунболи гоноративи забонҳои шарқӣ, алалхусус ҷопонӣ ва «таоруфоти забони форсӣ» ва русиро ҷустуҷӯ кунед, хоҳед дид ки забони моро дар он шакли лаҳчае, ки ба мо таҳмил кардан мехоҳанд, чи ҳолату вазъияте хоҳад дошт. «Таҳмил кардан мехоҳанд»-ро ба маънои хоҳиши баъзе забоншиносони камсармояи илмию хирад арз кардем. Чунки онҳо ҳатто аз тариқи далоили ба ном илмӣ, масалаи иддаои он ки «Шумо» - ҷонишини шахси дуввуми ҷамъ аст», ба шахси танҳо ба кор бурданро нодуруст меҳисобанд. Ин забоншиносон на ин, ки аз паҳнои забони форсӣ-тоҷикӣ хабар надоранд, ки қариб сад миллион ё бештаре бо забону гоноративӣ форси-тоҷикӣ сухан мегӯянду муколима мекунанд ва ё умуман аз забоншиносӣ ва ҳамин мавзӯи «гонративҳо» чизе нахондаанд. Инҳо ҳатто луғати русии С.И.Ожеговро низ нигоҳ накардаанд, ки ҷонишини «Вы»-ро чигуна тавсиф кардааст. Ожегов дар тавсифи ин ҷонишин менависад, ки ин ҷонишини шахси дуввуми ҷамъ аст, вале барои адои эҳтиром ба шахси танҳо низ ба кор бурда мешавад. Гузашта аз ин, дар забони англисӣ ҷонишини «ту» аслан вуҷуд надорад, дар луғатҳо тавсифи он аввал ба «шумо», «шумоён», танҳо пас аз он ба «ту» муаррафӣ шудааст.
Ҳоло аз ин мавзӯъ гузарем, ки он лоиқи баҳси тулонӣ нест. Боисир сарфарозист, ки мо дар давраи истиқлолият дастовардҳои зиёде дар соҳаи истеҳком бахшидани забони миллӣ – аз эъломи он ҳамчун забони давлатӣ, қабули қонуни забон ва ғайра гирифта, то ҷорӣ намудани он дар сатҳи коргузории ҳама ниҳодҳои кишварро анҷом додем.  Барои дарки аҳамияти ин дастовардҳо ва доманаю паҳнои онҳо дар муқоиса бо солҳои 70-90, лутфан ба мақолаи шодравон Лоиқ Шералӣ аз 3 декабри соли 1988 бо номи «Шиносномаи миллат: забони мо – сарвати мо: онро покиза дорем, эҳтиром кунем»-ро пайдо намуда, мутолиа кунед. Агар ин мақоларо хонед, мефаҳмед, ки ин ҳамватани мо ҳатто берун аз марзи Тоҷикистон дар охирҳои даврони шӯравӣ дар масъалаи вазъи забони модариаш – забони миллати тоҷик чӣ дарду аламу нигарониҳое доштааст ва ба мо чӣ роҳнамоӣ, чи васият карда будааст. Имрӯз хушбахтона гуфта метавонем, ки бо кӯшишу заҳматҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, мӯҳтарам Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ қудрату қимати худро пайдо кардааст.
  Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, мӯҳтарам Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳо ва мақолаву китобҳои худ дар бораи зарурати ҳифзи покии забон ва омӯхтани забони давлатии тоҷикӣ таъкид кардаанд. Аз ҷумла, фармудаанд: «Истиқлолият бо забон робитаи бевосита дорад. Рушди забон нишондиҳандаи пешрафт ва комёбиҳои миллат ва давлат аст. Забони тоҷикӣ, ки аз шевотарин, ғанитарин ва қадимтарин забонҳост, моро на танҳо бо кишварҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳанг мепайвандад, балки оинаи таърих ва давлатдории мо мебошад».
Ин фармудаҳои Пешвои миллат моро илҳом бахшид ва ба ҳамфикрию созандагӣ роҳнамоӣ кард. Аз ҷумла, ин андешаву илҳом пас аз шиносоии ман бо нодиртарин падида ансанбли меъморӣ ва санъати ороиши Кохи Наврӯз ва Ансанбили меъмории Кохи Истиқлолият дар зеҳнам пурзӯртар шуд. Медонистам, ки аслан чунин кохҳоро ҳатто дар маркази шаҳрҳои таърихии тоҷикон то имрӯз касе бунёд накарда буд. Кохи Наврӯз ва Ансанбили меъмории Истиқлолият мӯъҷизаи тозае дар минтақа мебошад.
Боварии комил дорам, ки мо - ҳамзабонон ба лаҳҷаи маҳалли худ сахт начаспида, забони давлатиамонро пурғановат мегардонем.
 
 
Шерзот Абдуллоев 
номзади илмҳои фалсафа, дотсент,
ходими пешбари илмии Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини ИФСҲ АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia