casino malaysia
casino malaysia
Танзими анъана ва ҷашну маросим ба манфиати мардуми кишвар аст

wrapper

  Ҳаёти ҷамъиятӣ ҳамеша дар тағйиру таҳаввул қарор дошта, маҳз ҳамин тағйиру таҳаввул раванди тараққиёти ҷамъиятро муайян месозад. Ҷашну маросимҳо, расму оин, урфу одат, қоидаҳои ахлоқӣ аз зумраи падидаҳои нисбатан устувор, маъмулӣ ва ҳамсафари доимии ҷомеаҳои миллӣ мебошанд. Ба гуфтаи файласуфи диншинос Д. Угринович, расму оин, урфу одат, маросиму ҷашн «шакли анъанавии интиқоли фарҳанг аз як насл ба насли дигар мебошанд ва дар асоси ҳамаи онҳо як чизи куллӣ, яъне анъана қарор мегирад, ки дар шаклҳои «ҳиссӣ» – аломат, нишона ва ғайра фаро гирифта меша вад». Ин падидаҳо дар натиҷаи дар рўзҳо ва давраҳои муайян мунтазам ҷашн гирифтан ба анъана табдил меёбанд, дар ҳаёти иҷтимоӣ-маишии одамон ҳузур пайдо мекунанд ва ба тафаккуру ҷаҳонбинии онҳо таъсир расонида, қолабҳои муайяни рафтору кирдорро ташаккул медиҳанд. Дар ниҳояти кор онҳоро як умумият, яъне анъана бо ҳам муттаҳид месозад, ки дар як вақт қонунҳои такроршавандаи онҳоро ҳам дар сатҳи тафаккури муҷаррад ва ҳам дар сатҳи падидаҳои дар шакли ҳиссӣ идрокшаванда ифода менамояд. Анъана аз нигоҳи В. Плахов дар ҳаёти иҷтимоӣ се вазифаро иҷро менамояд: «Якум, анъана аломатҳои умумӣ ва хусусиятҳои як қатор ҳодисаҳои ҷамъиятии ҳамҷинс, вале каму беш аз ҳамдигар фарқкунандаро дар худ инъикос менамояд; дуюм, мафҳуми анъанаро метавон дар як вақт ба маънои мустақим дар қатори маросим, расму оин, урфу одат ва ғайра истифода кард; сеюм, анъана метавонад ҳамчун муродифи мафҳумҳои «одоб», «маросим», «расму оин», «ҷашн» ва ғайра низ истифода гардад».
  Анъанаҳо ҳеҷ гоҳ аз байн намераванд, онҳо омили муҳими муназзамсозии робитаи байни одамон буда, дар таркибу таъсис додани низоми ҷамъиятӣ нақши бориз доранд. Дар баробари ин хусусиятҳо, анъанаҳо ҳамчун меъёрҳои иҷтимоӣ хусусияти маҳдудсозӣ низ доранд. Масалан, Ф. Энгелс дар раванди тараққиёти ҷамъият «барқарор гардидани урфу одат ва анъанаҳои никоҳиро ҳамчун маҳдудсозии робитаҳои ҷинсии бетартиби байни одамон донистааст». Воқеан анъана, урфу одат ва расму оин тавону имконияти бевоситаи пешгирӣ кардан аз ҳар гуна худсарӣ буда, дар низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши муҳими муттаҳидсозии одамонро низ ба анҷом мерасонад. Сотсиологи франсуз Э. Дюркгейм вазифаи муттаҳидсозӣ ва танзимгарии анъанаро таҳлил карда, менависад: «Урфу одат қоидаҳоеро дар бар мегирад, ки одамон онҳоро дар ҷомеа дар шакли тайёр дармеёбанд ва онҳо одамонро бедор сохта, рафтору кирдорашонро танзим менамоянд. Ҷазо, ки натиҷаи вайрон кардани урфу одат аст, дар худ воситаи муҳофизатнамоиро таҷассум намуда, барои ҳифз намудани ваҳдати гурўҳ ёрӣ мерасонад». Ҳамин тариқ, анъана вазифаҳои муайянро иҷро карда истода, одамонро дар як умумияти муайян муттаҳид месозад ва онҳоро аз парокандашивӣ ҳифз менамояд, ки мо онро дар табиати ҳамаи он анъанаву урфу одат ва ҷашну маросимҳои миллию сунатии тўли ҳазорсолаҳо ташаккулёфта мушоҳида карда метавонем.
  Як хусусияти ҷолиби анъана ин аст, ки он ҳамзамон бо ворид шудани ҷомеа ба давраи марҳилаи нави таърихӣ, моҳиятан тағйир намеёбад, вале шаклан тағйир ёфта, мазмуну мундариҷааш таҳаввул меёбад. Албатта, ба шарте ки агар наслҳои ҳомили анъана эҷодкор ва истеҳсолкунанда бошанд, на истеъмолкунанда. Дар акси ҳол, анъана ба ҳоли «карахтӣ» дучор шуда, хусусияти консервативӣ мегирад ва шароиту талаботи замон мувофиқат намекунад. Барои аз ин ҳоли «карахтӣ» раҳо ёфтани анъана, субъекти анъана онро бояд таҷдид ва навсозӣ карда, бо замон мутобиқ гардонад.
  Аз ин ҷиҳат дар марҳалаҳои гуногуни рушди ҷомеа на танҳо зарурати ҳифзи анъанаҳо, инчунин танзиму бо талаботи давру замон ва манфиатҳои ҷомеаи миллӣ мутобиқ сохтани онҳо ба миён меояд.
  Маҳз тибқи ҳамин зарурат ва бо ҳамин мақсад, 8-уми июни соли 2007 бо ибтикори бевоситаи Пешвои мил лат - Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул ва дар амал ҷорӣ карда шуд. Ин қонуни сарнавиштсози миллӣ на танҳо барои навсозию ба манфиати иҷтимоию иқтисодии мутобиқкунонии шакли баргузории ҷашну маросим маросимҳои динию миллӣ ва мунтазам беҳтар шудани шарити моддию молиявии мардум мусоидат намуд, балки барои тадриҷан бартараф шудани ноҳамгунӣ ва ихтилофи назарҳо миёни сохторҳои расмии давлатӣ ва ҷомеа дар муносибат бо анъанаҳо ва ҷашну маросимҳо низ имконият ба вуҷуд овард. Агар солҳои пеш, чунин ихтилофи назар дар заминаи муносибат ба анъанаҳои миллию динӣ ва баргузории иду маросимҳои ҷудогона ба мушоҳида мерасид, пас дар солҳои охир чунин ихтилоф ба назар намерасад. Ин дигаргунӣ собит менамояд, ки мардум тадриҷан манфиатнокии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои динию миллиро дарк намудаанд ва имрўз риояи Қонуни танзим худ дар байни ҷомеа ба як анъанаи неку судманд табдил ёфтааст.
  Дар охир, роҷеъ ба дурнамои амалкарди Қонуни танзим, бо боварии комил метавон гуфт, ки ин санади сарнавиштсоз, минбаъд низ ҷиҳати ба вуҷуд овардани заминаи ҳуқуқии мусоид барои ҳамвор ва ором ҷараён гирифтани ҳаёти динӣ дар ҷумҳурӣ; бартараф кардани камбудӣ ва мушкилиҳои мавҷуда дар танзими маросимҳои мардумӣ ва дунявӣ; мусоидати бештар ба парвариши фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва рафъи таассуби динӣ дар иҷрои маросимҳои мардумӣ ва динӣ; муассир гардонидани раванди пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва бунёдгароӣ мусоидат хоҳад кард.
 
Холов Шаҳбоз
н.и.ф., мудири шуъбаи масъалаҳои фалсафии
дини ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia