Skip to main content
Мақолаҳо

НАВРӮЗ - РАМЗИ ПИРӮЗИИ МУҲАББАТ БАР АДОВАТ

Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон ва соли нави аҷдодии мо буда, ниёкони некноми мо онро аз замонҳои хеле қадим таҷлил мекарданд, омадани баҳор ва эҳёи табиатро бо шодиву хурсандӣ ва бо иштироки хурду бузурги диёр истиқбол мегирифтанд.
Мақолаҳо

ҶАНБАҲОИ ФАРҲАНГӢ ВА ҶАҲОНШИНОХТИИ НАВРӮЗ

Наврӯз, ба унвони яке аз қадимтарин ва зеботарин ҷашнҳо дар олам, бар пояи тасаввуроти амиқи фалсафӣва ҷаҳоншинохтие устувор гаштааст, ки ҳар кадом намоди давом ва бақои кавми тоҷик ва дигар ақвоми ориёитабор махсуб мешавад.

Мақолаҳо

МУХТАСАР АЗ ТАЪРИХИ ФАЛСАФАИ НАВРӮЗ

Мусаллам аст, ки асноди таърихи бостон дар мавриди ҷашну маросими қавму миллатҳои гуногун баҳсбарангезанд, зеро далелу шавоҳид мухталифанд ва гоҳо бо воқеиятҳои таърихӣ мутобиқат намекунанд. Лекин суннати мутавораса (равише, ки аз пешиниён ба мерос мондааст) далелу шоҳиди қатъӣ бар вуҷуди ҷашну маросими муайян ва таҷлили онҳо дар қуруни пеш аз мелод аст. Бино бар ин, истинод бар таҳқиқоти олимону пажуҳишгарони ватаниву хориҷӣ, дар ҳоли ҳозир, ягона равише аст, ки аз он мешавад истифода кард ва умед бар он баст, ки маълумоти дақиқтар дар ихтиёри муҳаққиқон қарор бигирад.

Мақолаҳо

АСОСҲОИ МАЪНАВӢ ВА ҲУҚУҚИИ НАВРӮЗ

Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои башарият буда, таърихи он ба ҳазорон сол пеш бармегардад. Бино ба таҳқиқоти таърихӣ ва ривоятҳои адабӣ, ин ҷашн бори аввал дар ҳудуди Форс (Эрон) ва Осиёи Марказӣ таҷлил шудааст.

Мақолаҳо

ТАЪСИРИ НАВРӮЗ ВА АНОСИРИ ОН БА АДАБИЁТ

Ҳам аз шоирони гузаштаву имрӯзӣ ва ҳам аз ашъори наврӯзии мардумӣ намунаҳои зиёд метавон овард, ки натанҳо бозгӯйи хусусиёти ин ҷашн ва тасвири он ҳастанд. Агар фаротар андешем ва амиқ таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки на шеър тасвиргари Наврӯз ва хусусиёти он, балки Наврӯз худ манбаъ, матлаъ ва сарчашмаи зояндаи баҳорияҳо ва ашъори наврӯзӣ, инсонмеҳварӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, арзишҳои гуманистӣ ва ҳамчунон тарғибгари навандешиву пӯяндагиву омӯзишӣ будааст.

Мақолаҳо

НАВРӮЗ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИСТ

Ҷашни фархундаю хуҷастапаи Наврӯз барои мардумони ориёнажод ва хосатан, барои тоҷикон рамзи бедории табиат шукофоию рамзи қавонии оламу одам аст. Навруз ҷашни омадани баҳор иди такопу ва ҷунбиши зебоиҳои ҳаёт, зоишу рушди дубораи табиат мебошад. Навруз яке аз бузургтаринва мондагор тарин ойинҳо ҷашнҳои тоисломии мардуми олитабори Ориёӣ мебошад, ки бо ҷашнҳои Меҳргон, Сада, Тиргон, Об, Оташ, Оғом, Навзул ва ғайра тавъам аст.
Мақолаҳо

НАВРӮЗИ ҶОВИДОНА, ОБОДКОРУ ФАРАҲБОР

Наврӯз ҳам ормон аст, ҳам арзиш аст, аз назари мубрам будани ваҳдати миллӣ дар гузашта, аммо хусусан дар имрӯзи рӯзгори мо шоҳсутуни тамаддуни ориёнӣ аст. Наврӯз натанҳо барои Тоҷикистон хосияти баракатбори ваҳдатсозӣ дорад, балки барои тамоми қавмҳои табори ориёӣ ҳамин гуна ваҳдатсоз аст. Гузашта аз ин ба сабаби ҷаҳонӣ эълон шудани Наврӯз ин ҷашни зебоӣ, ободкорӣ, баҳамоварандаи ҳама гуна инсон сарфи назар аз дину ҳизбу рангу нажоду... ваҳдатсози тамоми ҷаҳон хоҳад шуд.

Бе сабаб ҳам нест, ки бо мурури замон ҷашни Наврӯз аҳамияти ҷаҳони касб мекунад.

Навид

Оғози сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия 16.03.2025

16 март сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия бо ворид шуданашон ба шаҳри Москва оғоз ёфт.

Маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи Внуково-2-и шаҳри Москва баргузор гардид.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ пазироӣ карданд.

23121