

Конститутсия, ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ, сутуни асосии давлатдорӣ ва таҷассуми орзую ниятҳои некбинонаи мардум ба ҳисоб меравад. Маҳз дар асоси Конститутсия давлат қомат меафрозад, ҷомеа бо қонун зиндагӣ мекунад ва инсон соҳиби ҳуқуқу озодиҳои кафолатёфта мегардад.
Барои миллати тоҷик, ки таърихи тӯлонӣ ва тамаддуни пурғановат дорад, Қонуни асосӣ на танҳо ҳуҷҷати расмӣ, балки рамзи ваҳдат, субот ва худшиносии миллӣ аст.
Имрӯз, 4 ноябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ба муносибати 1045- солагии донишманди бузурги тоҷик Абуалӣ Ибни Сино Симпозиуми байналмилалӣ баргузор гардид. Дар кори симпозиум ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, сафири фавқуло
Имрӯз, 4 ноябр қабл аз оғози кори Симпозиуми байналмилалӣ ба муносибати 1045-солагии донишманди бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино, иштирокчиёни симпозиум аз дохил ва хориҷи кишвар, аз ҷумла олимону муҳаққиқон, намояндагони муассисаҳои илмӣ ва меҳмонони хоса аз намоиши дастовардҳои илмии олимону пажуҳишгарони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуданд.
Имрӯз, 4 ноябр дар ҳошияи Симпозиуми байналмилалӣ ба муносибати 1045-солагии донишманди барҷастаи тоҷик ва нобиғаи ҷаҳони илм Абуалӣ Ибни Сино маросими гузоштани гулчанбар дар назди муҷассамаи ӯ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ олимону муҳаққиқон аз дохил ва хориҷи кишвар, инчунин президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ректори Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ иштирок намуданд.
“САҲМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР РУШДИ ИЛМ, ФАЛСАФА ВА ТАМАДДУНИ ҶАҲОНӢ”
Вазифаи ҷониву имонии ҳар яки мост, ки дастовардҳои бузурги милливу давлатиро таҳкиму тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони Ватанамонро бо кору фаъолияти содиқонаву софдилона, яъне бо дастони худамон созем, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем ва дар асоси он барои расидан ба ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем.
Эмомали Раҳмон