Skip to main content

МАЪРИФАТ АСОСИ МУҚОВИМАТ БО ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ

Танҳо маърифат пеши роҳи ҷаҳолатро гирифта метавонад.

Эмомалӣ Раҳмон.

Дар оғоз суханро аз ин гуфтори пурмӯҳтавои Пешвои миллат, ки: «Танҳо маърифат пеши роҳи ҷаҳолатро гирифта метавонад» шурӯъ намудан беҳуда нест. Инг ҷумла дар навишт содда буда, дар маъно ниҳоят мураккаб аст. Маърифат, яъне огоҳ будан, донистан ва дар бораи падидае, ки инттилоот надорем, маълумот пайдо кардан аст. Дар раванди маърифатнокии аҳолӣ нақши аввалиндараҷа бояд ба мактабу маориф ва донишгоҳҳо, ки маркази ба ҳам омадани шумораи зиёди ҷавононанд, дода шавад. Инчунин таъкид бояд дошт, ки падидаҳои «хатар» ва «таҳдид» объекти омӯзиши илмҳои ҷомеашиносӣ мебошад. Бинобар ин баҳри шинохти дурусти падидаҳои хатару таҳдид ва огоҳ намудани мардум аз онҳо дар баробари мақом ва нақши илмҳои табиӣ ва дақиқ нақшу мақоми илмҳои ҷомеашиносӣ низ бояд баланд бардошта шавад. Раванди таълими фанхои баҳамалоқаманди сиёсатшиносӣ, низоъшиносӣ ва геополитика дар муассисаҳои олии кишвар ҷоннок гардад. Албатта, эҷоди тафаккури техникӣ амри зарурист, вале барои дарки хатару таҳдидҳо кофӣ нест.

Танҳо ҷомеаи бомаърифат ва огоҳу ҳушёр метавонад аз оқибатҳои номатлуби терроризм экстремизм дар канор монад. Миллате, ки ба ақлу кашфиёт рӯ меорад, зуҳуроти номатлубе чун терроризму экстремизм барояш бегона мегардад. Танҳо тавассути донишу хирад метавон манфуру бад будани экстремизму терроризмро дарк карда ва аз он дурӣ ҷуст.

         Дар раванди тезутунд гаштани муборизаҳои сиёсӣ ва бархӯрди тамаддунҳо ягона омили берун мондан аз вазъи хатарзои замони муосир ин илму дониш ва маърифати баланди шаҳрвандони дилхоҳ халқу миллат ба ҳисоб меравад.

         Ба ақидаи олими амрикоӣ С. Хантингтон аз шаш тамаддуни фаъоли имрӯзаи ҷаҳони муосир, ки хоҳу нохоҳ ба якдигар муқобилият мекунанд, беҳтарини онҳо зафарёб мегардад. Майдони низоъи шадид ин минтақаест, ки дар сарҳади тамаддунҳо қарор дорад. Дар ин миён тамаддуни ислом осебпазиртарин ба ҳисоб меравад.

Сабаби аслӣ дар он аст, ки тамаддуни исломӣ ҷавонтарин дини ҷаҳонӣ буда, давраи таҳаввулот (эволютсия) – ро аз сар мегузаронад ва аксар давлатҳои исломӣ дар сатҳи пасти инкишоф қарор дошта, илму дониш ва маънавиёти диниву дунявӣ то ҳол пурра ташаккул наёфтааст. Аз ин хотир барои паҳн намудан ва ҷой додани ақидаи худ, инчунин зиёд намудани тарафдорон миёни мазҳабу равияҳо, ҷараёну ташкилотҳо ва ҳизбу харакатҳои динӣ муборизаҳои тезу тунд солҳои дароз ҷараён дорад.

 Сабабе дигаре, ки ин муқовиматҳои дарозмӯҳлатро меафзояд давлатҳои абарқудратанд. Барои пиёда намудани манфиатҳои худ бо истифода аз қудратҳои ҳарбиву иқтисодиашон ва пешбурди сиёсати «духура» сатҳи алангаи ин мухолифатҳоро баланд мебаранд.

 Таҷрибаи таърихию сиёсӣ нишон дод, ки бо истифодаи яроқу аслиҳа ва истифодаи қувваю қудрати ҳарбӣ тобеъ намудани халқу давлатҳо натиҷа намедиҳад ва ягона роҳе, ки метавонад инсонро тобеъ созад ин таъсиррасонӣ ба андешаи ӯст. Дар ин раванд аслиҳаи муҳимтарин ин муборизаҳо воситаҳои иттилооти шинохта мешавад. Маълумотгирӣ ба мисли нафас кашидан, хӯрок хӯрдан ва либос пӯшидан яке аз талаботҳои муҳими табии инсон гардидааст.

 Дар солҳои охир мафҳумҳои «ҷангҳои иттилоотӣ», «муборизиҳои иттилоотӣ», «ҳуҷумҳои хакерӣ», «кибертерроризм», «киберэкстремизм» ва ғайра зиёд истифода мегардад.

Аз ин маълум мегардад, ки инсоният ба марҳилаи нави фазои иттилоотӣ ворид шуда, аз ин пас ҳама намуд муносибатҳо новобаста аз самтҳояшон ба воситаи технологияҳои иттилоотӣ амалӣ карда мешавад.

Инқилоби иттилоотиро бо пайдоиши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ки дар ҳамроҳ намудани ВАО – и анъанавӣ ва системаҳои компютерии интиқоли иттилооти омма тавассути шабакаҳои телекоммуникатсионӣ асос мегирад, рабт медиҳанд.

Дар замони муосир нақши иттилоот ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ агарчӣ аз манфиат холӣ нест, аз тарафи дигар манбаи як қатор таҳдидҳо ва мушкилотҳои ҷиддӣ дар арсаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Дар фазои иттилоотии ҷаҳони муосир бо истифода аз технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо роҳи ҷанги иттиилоотӣ, силоҳи иттилоотӣ ва амалиёти иттилоотӣ метавон ба шуур ва афкори одамон таъсир расонида, муносибати миёни давлатҳо ва ё худи ҷомеаи шаҳрвандии ин ва ё он давлатро хароб созад.

Воқеаҳои охири бавуҷудомада дар давлатҳои Амрико, Аврупо, Қирғизистон, Белоруссия ва Руссия нишон дод, ки таъсиррасонии иттилоотӣ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба шууру маънавияти наврасону ҷавонон дар сатҳи баланд қарор дорад. Технологияҳои таъсиррасонии итиллоотӣ рӯз то рӯз мукаммалтар гашта, таъсиргузориаш беш аз пеш меафзояд.

Беҳуда нест, ки Пешвои миллат солҳои 2020 – 2040 – умро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудаанд. Дар ин давра ҷавонони бонангу номуси мо аз ҳама намуд дастовардҳои навини технологияҳои муосир на танҳо огоҳ шаванд, балки ба ихтирооткорию барномарезихои технологияи муосир даст зананд.

Барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ – давлатӣ ва нигоҳдошти давлати миллӣ зарур аст, ки аз ҳама гуна роҳу воситаҳои дар ихтиёр доштаамон истифода намоем. Аввалан созмон додани системаи эътимодноки ҳифзи захираҳои иттилоотӣ аз киберҳуҷумҳо, дар ин қатор ҳимояи ҷомеа аз таъсири манфии иттилооти иртиҷоӣ ва хатарнок ба шуури ҷавонон аз манфиат холӣ нест.

Барои паст кардани шиддати таъсири ақидаҳои ифротӣ ба мафкураи насли наврас ва ҷавонон якчанд пешниҳодҳо ироа мегардад:

  1. Бо дарназардошти синну сол дар муасисаҳои таҳсилоти миёнаи ҷумҳурӣ ба роҳ мондани фанҳои махсуси таълимӣ ба роҳ монда шавад. Дар муассисаҳои таълимии олӣ ва касбии ҷумҳурӣ миқдори соатҳои дарсии сиёсатшиносӣ зёид карда шавад ва курси махсуси «Муқовимат бо терроризм ва экстремизм» ба роҳ монда шавад;
  2. Таъсис додани муассисаҳои хурди илмӣ – тадқиқотӣ дар заминаи муассисаҳои олии касбӣ, марказхои илмӣ – тадқиқотӣ бо мақсади дарки дуруст ва муайян намудани таъсири гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ ба мафкураи ҷавонон;
  3. Таъсиси шӯрои ҳамоҳангсози олимону кишваршиносони ҷомеашинос оид ба дарёфти роҳу воситаҳои алтернативии идеологӣ ҷиҳати бартараф намудани ҳар гуна хатарҳои мафкуравӣ ба ҷомеа. Татбиқ ва чораҳои зикршударо яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ ва аз байн бурдани ин падидаҳои номатлуб шуморидан мумкин аст;   

Бори дигар хотирнишон месозем, ки илму дониш ва маънавиёт дар баробари ифротгароиву терроризм муборизаи беамон бурда метавонанд. Нобудии ҷаҳолат танҳо бо доштани огоҳӣ ва маърифати баланди сиёсӣ муяссар мегардад.

Дар самти маърифатнокии кӯдакону наврасон ва ҷавонону калонсолон Пешвои миллати мо иқдоми аҷиберо пеш гирифтаанд, ки назираш дар ҷаҳон дида намешавад. Ҳамасола ба роҳ мондани озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм фуруғи маърифат» ва ҳавасмандгардонии иштирокчиён бо маблағхои калони пулӣ иқдоми беназирест, дар ростои маърифатнок гардонидани тамоми ҷомеа.

Бедилзода Ҳ-н.и.с, дотсент

мудири шуъбаи масоили сиёсии

муносибатҳои байналмилалӣ

ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови

АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121