Шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқ
Шуъбаи мазкур соли 2011 бо ташаббуси маъмурияти Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Ҳадафи асосии Шуъба баррасӣ намудани афкори онтологӣ, гносеологӣ ва мантиқии халқи тоҷик аз ибтидои асрҳои миёна то замони муосир аст, зеро таълимоту таълифоти файласуфону мантиқшиносони тоҷику форс то кунун, ба таври муназзам мавриди баррасию таҳқиқ қарор нагирифтаанд.
Онтология, гносеология ва мантиқ, ки қисматҳои умдатарини фалсафа ба ҳисоб мераванд, решаҳои тӯлонии пайдоиш доранд, ки аз давраҳои қадим маншаъ гирифта, моҳияти илмию методологии фалсафаро дар мегиранд.
Қобили тазаккур аст, ки илми мантиқ низ аз қарнҳои IV-V-и мелодӣ сар карда, (масалан, маркази илмӣ ё худ академияи Гундишпур) дар ҳамаи марҳилаҳои инкишофи таърих ҳамчун яке аз илмҳои асосӣ дар таълиму тадрис нуфузи баланд дошт. Аз ин лиҳоз, барои Шуъба зарур аст, ки ниёзмандони илми мантиқро бо мероси ғании мутафаккирони тоҷику форс шинос намоянд.
Солҳои 2011-2013 ходимони Шуъба асосан дар тайёр намудани китоби чорҷилдаи «Таърихи фалсафаи тоҷик» ва «Осор»-и «Абӯалӣ ибни Сино» иштирок карданд. Аз ҷумла профессор Н.М. Сайфуллаев барои «Таърихи фалсафаи тоҷик» қисматҳои мантиқии Форобӣ, Ибни Сино, Мир Саид Шарифи Ҷузҷонӣ, Котибии Қазвинӣ, Саъдуддини Тафтазонӣ, таълимоти мантиқию табиии Насируддини Тусиро ба анҷом расонидааст. Инчунин дар таҳрири ҷилдҳои 5-и тоҷикию русии «Осор» иштирок кардааст.
Дар солҳои 2013-2017 ходимони шуъба дар мавзӯи «Тадқиқи ҷанбаҳои асосии афкори мантиқии халқи тоҷик» тадқиқот бурдаанд. Дар ин муддат асару таълимотҳои мутафаккирони барҷастаи халқи тоҷик, ба мисли Абубакр Розӣ, Абунаср Форобӣ, Ибни Сино, Абурайҳон Берунӣ, Абуҳомид Ғазолӣ, Насируддин Тусӣ, Котибии Қазвинӣ, Афзалуддин Кошонӣ, Убайдуллоҳ ибни Масъуд, Мир Сайид Шариф Ҷурҷонӣ, Саъдуддин Тафтазонӣ ва дигарон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Дар соли 2019 шуъбаҳои фалсафаи илм ва мантиқ ва онтология, гносеология муттаҳид карда шуда, шуъба аз он давра инҷониб, номи онтология, гносеология ва мантиқро гирифт.
Кормандони шуъба аз соли 2023 ба таҳқиқи лоиҳаи нав зери унвони «Ташаккул ва ҷаҳонбинии илмӣ-фалсафӣ дар Тоҷикистони муосир» оғоз намуданд, ки мӯҳлати иҷрои он солҳои 2023-2027 мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки фалсафа илмест, ки мунтазам инкишоф меёбад ва системаи донишҳои пайваста нав карда мешавад. Вазифа ва рисолати асосии фалсафа ҷустуҷӯ ва тафаккури интиқодӣ ва мантиқӣ роҷеъ ба проблемаи абадии ҳастӣ, инсон ва ҷомеа мебошад. Ҷаҳонбинии ҷомеа барои азнавсозӣ ва рушду такомули он, ташаккули системаи ҷаҳонбинии нав ва арзишҳои нав замина ба вуҷуд меорад. Ошкор гардид, ки раванди таҳлили фалсафӣ аҳамияти бузурги назариявию амалӣ дошта, сабабҳои ба миён омадани мушкилоти ҷаҳонбинии илмиро ошкор намуда, барои ҳалли проблемаҳои мубрами ҷомеа хулосаву тавсияҳои илмӣ пешниҳод менамояд.
Бинобар ин, тафаккури илмию фалсафӣ ва мантиқию эҷодӣ назар ба шаклҳои ҳиссии инъикоси воқеият баландтар буда, тавассути онҳо инсон робитаҳои муҳим ва муносибати ашёро фаъолонаю мақсаднок дарк намуда, эҷодкорона дорои фикру андешаҳои нав мегардад ва ба ҳамин васила падидаю зуҳурот ва дурнамои амалиёти хешро пешгӯӣ менамояд. Албатта, чунин хусусиятҳои тафаккури илмию фалсафӣ ва мантиқию эҷодӣ дар фаъолияти ҳаррӯзаи маънавии ҷавонон барои пешгирӣ намудани онҳо аз амалиёти ифротгароию тундгароии динӣ ва ҳаргуна унсурҳои номатлуби ҷомеа нақши муайянро мебозад.
Имрӯз яке аз вазифаи мубрами илми мантиқ таваҷҷуҳи олимони ҷавонро ба масъалаи роҳҳои дар асоси мантиқи шаклӣ пайдо шудани соҳаи нави мантиқ - мантиқи математикӣ бояд ҷалб намуд. Ба вижа, омӯзиши шаклҳо ва қонунҳои тафаккур тавассути методҳои математикӣ хеле зарур аст. Мазмуни асосии мантиқи математикиро таҳқиқи муносибати байни ҳукм ва мафҳумҳо дар ҷараёни хулосабарорӣ ва бурҳон ташкил медиҳад. Мантиқ аз мантиқи шаклӣ, пеш аз ҳама, бо методи таҳқиқотии худ фарқ мекунад. Дар он барои такмили қонуниятҳои мантиқӣ аз методи «ҳисоббарорӣ», ки хоси математика аст, истифода мебаранд. Мантиқи математикӣ забони махсуси рамз ва формулаҳоро истифода карда, тафаккурро дар системаҳои муайяни мантиқӣ («Ҳисоби мантиқӣ») меомӯзад. Ин имконият медиҳад, ки ба ҷои фикрронию исботи муқаррарӣ шаклдигаркунии формулаҳо аз рӯи қоидаҳои муайян гузаронида шавад.
Аммо ба ғайр аз мантиқи математикӣ, ки ҷиҳатҳои тафаккурро дар бар мегирад, фалсафа, равоншиносӣ ва физиологияи фаъолияти асаб низ ба равонии тафаккур ниёз доранд. Аз ин рӯ, мо ба чунин хулосаи амиқ омадаем, ки фанни мантиқ бояд дар тамоми донишгоҳҳо, донишкадаҳо ва мактабҳои миёна ҳамчун фанни дарсӣ таълим дода шавад. Бинобар ин, ҳаматарафа саъю талош намоем, ки таваҷҷӯҳи мутахассисони ҷавонро дар ин соҳа зиёдтар ҷалб намоем, то ки дар оянда барои беҳтар намудани сифати дониши мантиқӣ ва корбурди он ҳаматарафа ҷавобгуй бошанд.
Айни ҳол дар шуъба 6 корманди илмӣ фаъолият менамояд:
Мудири шуъба – н.и.ф. Саидҷафарова П.Ш.
Сарходими илмӣ – д.и.ф. Усмонова З.М.
Ходими пешбари илмӣ – д.и.ф., профессор Сайфуллаев Н.М.
Ходими пешбари илмӣ – д.и.ф., профессор Шамолов А.А.
Ходими калони илмӣ – н.и.ф. Иброҳимова С.Ҳ.
Ходими илмӣ – н.и.ф. Бандалиева Ш.Н.
Хулоса, дар назди ходимони шуъба вазифаҳои бузурге гузошта шудааст, ки асоси он таҳқиқи роҳҳои инкишофи ҷаҳонбинии фалсафӣ, мантиқӣ-фалсафӣ ва тафаккури эҷодӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
- Саидҷафарова Парвина Шовалиевна
-
Ному насаб: Саидҷафарова Парвина Шовалиевна
Вазифа: мудири шуъба
Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои фалсафа
Саидҷафарова Парвина Шовалиевна 22 апрели соли 1971 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1988 мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 9-шаҳри Кӯлобро хатм намуда, солҳои 1988 то 1993 Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рудакиро аз рӯи ихтисоси муаллими забон ва адабиёт (шуъбаи рӯзона) бо дипломи аъло хатм намудааст.
Солҳои 1993-1997 дар Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рудакӣ ба ҳайси ассистент ва баъдтар ҳамчун муаллимаи калони кафедраи фалсафа фаъолият намудааст. Солҳои 1997-1998 ба сифати коромӯз дар Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ фаъолият намуда, соли 1998 ба аспирантураи Институти мазкур дохил шуда, соли 2001 онро хатм намудааст. Аз соли 2001 то соли 2012 дар шуъбаи таърихи фалсафаи Институти мазкур ба ҳайси ходими илмӣ адои вазифа намудааст.
Диссертатсияи номзадии худро зери унвони «Мистико- философские воззрения Азизуддина Насафи» дар санаи 30-майи соли 2012 дифоъ намудааст. Аз соли 2012 то соли 2019 дар шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ ба ҳайси ходими калони илмӣ фаъолият намудааст. Аз моҳи сентябри соли 2019 то моҳи июли соли 2024 дар мансаби котиби илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М.Баҳоваддинови АМИТ адои вазифа намудааст.
Аз моҳи сентябри соли 2024 то инҷониб вазифаи мудири шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқро ба ӯҳда дорад. Илова бар ин, аз соли 2001 то соли 2019 дар кафедраи фалсафаи Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон аз фанни фалсафа (аз рӯи 0,5 басти корӣ) дарс медодааст.
Солҳои 2001-2007 дар Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ дар таҳия, таҳрир ва баргардонии осори зерини фалсафӣ машғул будааст:
«Хоҷа Аҳрор ва пайравонаш»;
«Осори фалсафии Носири Хусрав»;
«Осори Абуалӣ ибни Сино».
Баъдтар солҳои 2012 ва 2021 дар таҳия ва навиштани ҷилдҳои 3 ва 4-и Таърихи фалсафаи тоҷик саҳм гузоштааст, ки мақолаҳои зеринро дар бар мегирад:
1.Таърихи фалсафаи тоҷик – Азизуддин Насафӣ. Душанбе. «Дониш», 2013;
2.Таърихи фалсафаи тоҷик – Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Душанбе. «Дониш», 2013;
3.Таърихи фалсафаи тоҷик – Абубакри Боқилонӣ. Душанбе. «Дониш», 2013.
Аз соли 2015 то инҷониб дар магистратураи Институти мазкур аз фанҳои «Таърихи фалсафаи дунёи қадим», «Риторика», «Фалсафаи Шарқ» ва «Фалсафаи Ғарб» ба таълим машғул аст. Дар ин марҳила ба тарбияи шогирдон низ машғул буда, 4-магистрант зери роҳбарии ӯ магистратураро хатм намуданд.
Соли 2021 аз тарафи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ барои фаъолияти пурсамари илмию таълимияш дар пешрафти илму маорифи тоҷик бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шуд.
Соли 2024 монографияи ӯ зери унвони «Философские воззрения Азизуддина Насафи» ба нашр расид. Ба ғайр аз ин, мақолаҳои зиёди илмию оммавияш ба нашр расидаанд, аз қабили:
1. Инсон ва мавқеи он дар таълимоти Азизи Насафӣ // Известия Академии наук Республики Таджикистан. Серия «Философия и право». - Душанбе, 2002. -№ 3-4. –С.61-73.
2.Проблема души в учении Абу Али Ибн Сины и Азизуддина Насафи. Тезисы докладов международной научной конференции Абу Али Ибн Сина и мировая цивилизация». - Душанбе, 2005. –С. 55- 57.
3. Учение Азизуддина Насафи о свете и тьме. //Арийская цивилизация и национальное самопознание. – Душанбе, Деваштич, 2008. -С.153-161.
4. Ақидаҳои иҷтимоӣ ва сиёсии Азизи Насафӣ. // Известия Академии наук Республики Таджикистан. Серия «Философия и право». - Душанбе, 2009. -№4. –С.58-63.
5. Теория эманации Азизуддина Насафи //Известия Академии наук Республики Таджикистан. Серия «Философия и право». - Душанбе, 2011.- № 4. –С. 57- 61. ( Мақола ба забони русӣ чоп шудааст).
6. Аҳвол, осор ва ақидаҳои фалсафии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ, №3, 2015., саҳ.19-24.
7. Масъалаи саодат аз нигоҳи Абубакри Розӣ ва Азизуддин Насафӣ. Ахбори Институти фалсафа, сиёсатштносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ, №3, 2016., саҳ. 122-125.
8. Жизненный путь и наследие Азиза Насафи // Известия Академии наук Республики Таджикистан. Серия «Философия и право». - Душанбе, 2017.- № 4 (1) –С. 42- 47. ( Мақола ба забони русӣ чоп шудааст).
9. Ҳастии табиӣ ва фавқуттабиӣ дар ақоиди Азизуддин Насафӣ. Ахбори Институти фалсафа, сиёсатштносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ, №4, 2019, саҳ.34-39.
10. Социально-политические и идейные истоки воззрений Азиза Насафи // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатштносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ. №2, Душанбе, 2020.
11. Масъалаи ҳастӣ аз нигоҳи Носири Хусрав ва Азизуддин Насафӣ. // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатштносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ. №4,2020.
12. Масъалаи нафс дар таълимоти Абуалӣ ибни Сино ва Азизуддин Насафӣ. Ахбори ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ. №3, 2021.
13.Фалсафаи сулҳ. Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Рушди давлатдории миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ. (Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. АМИТ, 03.09.2021.
14.Таносуби маърифати ақлонӣ ва ғайриақлонӣ дар таълимоти Азизуддин Насафӣ // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ. №3,2022, саҳ.102-111.
15.Омилҳои ҷаҳонишавии Наврӯз. Сайти интер. Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ. 25.03.2020.
16.Асосҳои ахлоқӣ-маънавии фалсафаи сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон. Сайти Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ, 08.09.2021.
Муҳаррирӣ:
1.Муҳаррири масъули Тезисҳои Симпозиуми байналхалқӣ бахшида ба ҷашнвораи 1025-солагии Абӯалӣ ибни Сино.–Душанбе: «Дониш», 2005,177с.
2.Муҳаррири масъули воситаи ёрирасони таълимии «Фалсафаи асримиёнагӣ ва замони Эҳёи Аврупо». Хуморов Д., Зарипова Р. –Душанбе: «Тоҷикматлубот», 2016, 100-с.
3.Муҳаррири масъули маводи Симпозиуми байналмилалии “Тоҷикистон дар масири таърих: истиқлолият, дастовард, дурнамо”. Қисмҳои 1 ва 2. – Душанбе: Дониш. 2021, 727с.
4.Муҳаррири масъули маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ зери унвони «Саҳми академик А.М.Баҳоваддинов дар рушди фалсафаи муосири тоҷик». – Душанбе: Дониш. 2021.