ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ ВА ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР
Эъломияи Куруши Кабир (Кируши Бузург), ки инчунин бо номи Цилиндри Куруш машҳур аст, яке аз аввалин эъломияҳои ҳуқуқи башар дар таърих ҳисобида мешавад. Он аз ҷониби Куруши Кабир, асосгузори Империяи Форс (Аҳеманиён), баъд аз забти Бобил дар соли 539 пеш аз милод навишта шудааст.
I. Таълиму тарбия дар Эъломияи Куруши Кабир: Гарчанде Эъломия бештар ба масъалаҳои сиёсӣ, озодии эътиқод ва ҳуқуқи башар равона шудааст, аммо таълиму тарбия ва тарбияи инсонӣ дар он ба таври ғайримустақим ифода меёбанд:
- Тарбия ба озодандешӣ ва эҳтироми дигарон: Куруш мардумонро ба озодии дин ва фарҳанг ташвиқ мекард. Ӯ ба ҳар як миллат иҷозат дод, ки ба забон ва расму оини худ бимонад.
- Таълими ахлоқӣ ва инсонгароӣ: Ба гунае, ки Эъломия таъкид мекунад, инсон бояд бо дигар инсон бо адолат ва эҳтиром муносибат кунад — ин як навъ таълими ахлоқӣ ба ҳисоб меравад. Ба ғуломон озодӣ дода шуд, ки ин худ ҳамчун як дарси инсонгароӣ ва ҳуқуқи баробар арзёбӣ мешавад.
- Тарбияи раҳбарон ва соҳибмансабон: Дар Эъломия Куруш таъкид мекунад, ки подшоҳ бояд бо адолат рафтор кунад ва мардуми худро муҳофизат намояд. Ин андешаҳо асоси тарбияи раҳбарони одилро ташкил медиҳанд.
- Таълими масъулияти иҷтимоӣ: Маънои амиқи Эъломия нишон медиҳад, ки ҳар шахс масъулият дорад дар баробари ҷомеа ва ҳамдигар.
Гарчанде дар Эъломияи Куруши Кабир бевосита аз таълимгоҳ ё низоми таълимӣ сухан нест, вале мундариҷаи он як дарси бузурги ахлоқӣ, инсонгароӣ ва эҳтироми ҳуқуқи дигарон аст, ки асоси тарбияи шахсиятро ташкил медиҳад.
II. Тарбияи ҳуқуқӣ дар Эъломияи Куруши Кабир. Тарбияи ҳуқуқӣ дар Эъломияи Куруши Кабир ба таври возеҳ дар шакли эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, баробарии иҷтимоӣ ва адолати судӣ, дар он арзишҳои ҳуқуқи башар ва озодии инсон инъикос ёфтааст. Гарчанде ин санад бештар хусусияти сиёсӣ ва таърихӣ дорад, мундариҷаи он як намунаи барҷастаи тарбияи ҳуқуқӣ барои ҷомеа мебошад. Гарчанде ки он дар асри VI пеш аз милод навишта шудааст, аммо мазмуни он имрӯз низ барои рушди тарбияи ҳуқуқии ҷомеа аҳаммияти калон дорад.
Тарбияи ҳуқуқӣ худ равандест, ки дар он ањли ҷомеа бо ҳуқуқу вазифаҳо ва уњдадорињои худ шинос мешаванд, эҳтиром ба қонунро меомӯзанд ва масъулияти шаҳрвандиро дарк мекунанд. Ин навъи тарбия ба рушди шахсияти иҷтимоӣ ва ташаккули давлати ҳуқуқбунёд мусоидат мекунад.
Саволе ба миён омаданаш мумкин аст, ки чӣ гуна тарбияи ҳуқуқӣ дар Эъломияи Куруш ифода меёбад? Ба андешаи мо тарбияи ҳуқуқӣ дар чунин омилњои зерин дар Эъломияи Куруш ифода меёбанд:
1. Эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ: Куруш эълон мекунад, ки ҳама одамон бояд озод бошанд ва аз ғуломӣ раҳо гарданд. Куруш тамоми ғуломонро озод кард ва эълон намуд, ки ҳар шахс бояд озодона зиндагӣ кунад. Ин иқдом асоси ҳуқуқи шахсӣ ва озодии инсонро ташаккул медиҳад. Ин ақида ба инсон ҳуқуқи шахсӣ медиҳад ва нишон медиҳад, ки ҳуқуқи инсон бояд риоя карда шавад.
2. Озодии виҷдон ва эътиқод: Куруш ба ҳамаи халқҳо иҷозат дод, ки ба дини худ бимонанд ва озодона онро иҷро кунанд. Ин намунаи аввалини озодии виҷдон ва динист, ки дар таърих сабт шудааст. Дар Эъломия омадааст, ки ҳар шахс ҳуқуқ дорад ба дини худ боқӣ монад ва онро озодона ба ҷо орад. Ин ба маънои эҳтиром ба ҳуқуқи динӣ ва озодии эътиқод мебошад, ки яке аз рукнҳои муҳими тарбияи ҳуқуқӣ аст.
3. Баробарии қавмҳо ва миллатҳо: Дар Эъломия таъкид шудааст, ки ҳамаи миллатҳо бояд баробар ва бо эҳтиром зиндагӣ кунанд. Ин асоси ҳуқуқи баробар барои ҳамаи шаҳрвандонро ташаккул медиҳад. Куруш изҳор мекунад, ки байни миллатҳо ва халқиятҳо фарқе нест ва ҳамаи онҳо бояд баробар муомила шаванд. Ин андеша барои рушди ҳисси баробарӣ ва ҳуқуқи баробари шаҳрвандон дар ҷомеа хеле муҳим аст.
4. Муҳофизати ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ: Мардум иҷозат доштанд хонаҳо, молу мулк ва ҷойи зисти худро озодона дошта бошанд. Ин як навъ кафолати ҳуқуқи моликият ва зиндагии осоишта аст. Куруш мардумро аз ғорат ва таҳқир муҳофизат кард. Ӯ фармон дод, ки молу мулк ва хонаҳои мардум нигоҳ дошта шаванд. Ин ҳуқуқ ба амният ва моликиятро нишон медиҳад.
5. Таъмини адолат ва рафтори одилона аз тарафи давлат: Куруш таъкид мекунад, ки подшоҳ ва ҳокимон бояд одил бошанд ва ба мардум зарар нарасонанд. Куруш худро ҳамчун подшоҳи одил ва муҳофизи ҳуқуқи мардум нишон медиҳад. Ӯ таълим медиҳад, ки ҳоким бояд хидматгори халқ бошад, на зулмкунанда. Ин як намунаи аён аз таълимоти ҳуқуқӣ барои раҳбарон ва вазифадорон аст.
Њамин тавр, Эъломияи Куруши Кабир як мактаби беназири тарбияи ҳуқуқист, ки дар он мафҳумҳои асосии ҳуқуқи инсон, озодӣ, баробарӣ ва адолат ба таври равшан баён шудаанд. Гарчанде ки он дар давраи қадим навишта шудааст, аммо арзишҳои дар он зикршуда имрӯз ҳам асоси ҳуқуқи башар ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандонро ташкил медиҳанд.
Эъломияи Куруши Кабир як намунаи олии ҳуҷҷати ҳуқуқиест, ки арзишҳои тарбияи ҳуқуқиро дар худ таҷассум мекунад. Озодӣ, баробарӣ, адолат ва эҳтиром ба инсон - инҳо принсипҳое ҳастанд, ки имрӯз ҳам дар маркази ҷомеаи ҳуқуқбунёд қарор доранд. Омӯзиши чунин санадҳо барои тарбияи насли огоҳ ва фаъолияти њуќуќэљодкунї ба таври ҷиддӣ мусоидат мекунад.
Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн-мудири шуъбаи
Масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба
номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,профессор.

