Skip to main content

УСТОДИ ХИРАДМАНДУ ХИРАДВАРЗУ ХИРАДПЕША

Сайфуллаев Нигматулло Мирзоевич яке аз шахсиятҳо ва симоҳои намоёни муҳаққиқони ватанӣ дар тамаддуни замони муосири мардуми тоҷик шинохта мешавад. Ин олими асилу хирадманд дар пешрафти илму фарњанги ҷумҳурӣ, ба вижа дар ҷодаи илми мантиқ дар арсаи қуллаҳои баланд шўҳрат дорад.

wqwqwУстоди равшанфикр Сайфуллаев Нигматулло бистуми апрели соли 1942 дар ноҳияи Бўстонлиқи вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ (ҳоло вилояти Тошканди Ҷумҳури Ўзбекистон) таваллуд шудааст. Устод рисолаи номзадиро дар мавзўи «Таҳлили мантиқии мафҳуми миқдор» дар соли 1975 дар шаҳри Маскав дифоъ кардааст. Рисолаи докториро бошад, дар мавзўи «Мантиқи Ибни Сино дар муқоиса бо мантиқи Арасту ва равоқиён» дар соли 1992 дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав дифоъ намудааст. Сайфуллаев Нигматулло Мирзоевич дар муҳити илмии Академияи илмҳо, аз ҷумла Пажуҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ тарбия ёфта, то имрўз дар Институти фалсафа, сиёсатшиноси ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинова АМИТ фаъолияти илмии хешро идома дода, истодааст. Ба ғайр аз ин ба тарбияи мутахассисони соҳаи илми мантиҷ ва фалсафа низ машғул шуда, миқдори зиёди онҳо дар илм мақоми хубе касб карда, рисолаҳои номзадию доктории худро таҳти роҳбарии устод ҳимоя кардаанд.

Мероси гаронбаҳои ин муҳаққиқи барҷаста, ба вижа мақолаву асарҳои ў дар Амрико, Италия, Германия, Фаронса, Испания, Маскав, ва Эрон низ ба табъ расидаанд. Ин олими шинохтаи тољик тавонист бо зањмати беандоза бо маърўзаҳои пурмуҳтавои худ дар мавзўҳои актуалии мантиқ, таърихи фалсафа, фалсафаи илм ва онтология дар симпозиуму конфронсҳои зиёди ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, барои пешрафти илми тоҷик саҳми беандозае гузоштааст. Робита ва шавқи беандоза доштани ў дар мантиқшиносӣ ва таърихи фалсафа то замони муосир таҳқиқу баррасии масоили иубрами ташаккули тафаккур буда, дар ин замина чандин китобу дастурҳои пурарзиш таълиф карда, миқдори зиёди мақолаву тақризҳо дар маҷмўаву маҷаллаҳои илмӣ ва нашрияҳои оммавии ҷумњурӣ ба табъ расонидааст. Устод Сайфуллаев, муаллифи зиёда аз 250 мақолаву асархои илмӣ, аз ҷумла 3-монография, 4- китоби дарсӣ, 6- дастури таълимӣ, мақолаҳои илмӣ, илмию оммавӣ, ва энсиклопедӣ мебошад.

Инчунин ба нашр расонидан ва дастраси хонандагон гардонидани чунин китобу дастурҳои пурарзиш аз қабили «Логический анализ понятия количества» (Душанбе, Дониш, 1989, 135с.).«Мантиќ», (Душанбе 1991, 113-с.) ; «Логика Ибн Сины» (Душанбе, Дониш, 1991, 182-с.)

. «Таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат» (Душанбе, 2006. 126-с.); «Мантиқи «Шифо» зинаи нави инкишофи илми Мантиқ» \\ Абўалӣ ибни Сино. Осор. Ҷ.6 (Душанбе,Дониш,) боиси ифтихор аст 2013; Муҳаррири масъул ва муаллифи пешгуфтори «Осор»-и Ибни Сино, .x6 (бо забони русї)мебошад. Инчунин муаллиф, ё мураттиби дастурҳои таълимӣ оид ба мантиқ ва фалсафа мебошад.

Бо Устод натиҷаҳои илмии хешро дар конфронсу симпозиумњои байналмилалї бахшида ба 1040- солагии Абўали ибни Сино с.2020, суханронӣ намуда, масоили умдатарини илми фалсафаро мавриди баҳс қарор додааст.

Камина дар соли 2015 вориди Шуъбаи онтология ва гносеология шуда бо устоди равшанфикр, озодандеш ва муҳаққики мантиқшинос Сайфуллаев Нигматулло Мирзоевич аввалин шиносоӣ пайдо кардам. Дар он ҳангом устоди ҳалиму меҳрубон дар Шуъбаи мантиқ фаъолият мекард. Ҳангоме, ки дар конференсияҳо ва ё семинарҳои илмӣ устод дар мавзўи фалсафаи илм ва мантиқ баромад мекарданд, мехостем ҳар як сухани ўро дар андеша ва хотираи худ сабт намоем, зеро масаълахои масъалаи мубрами фалсафа ва мантиқиро дар сатҳи баланди илмӣ таҳлилу фасл менамуд. Устод дар мавридҳои зиёди бархурдҳои илмӣ оид ба масоили мантиқӣ посухҳои амиқу назарраси илмӣ аз ба вижа дар корбурди методологияхои илмӣ ироя мекарданд. Дар Академияи илмҳо олимони шинохтае, ки онҳоро бе ягон шакку шубҳа метавонем мутафаккирони бузург (гигант мысли) номид, ба монанди устод Диноршоев М., Додихудоев Х., Самиев А.,Чонбобоев С. Кароматулло Олимов., Музаффари Маҳмадали.,Муҳамадхоҷаев А., Шоисматуллоев.Ш Хасратулоев М Шамолов А.,… ки нақши онҳо дар бунёди фалсафаи муосири халқи тоҷик хеле баланд аст. Устоди донишманди мо Сайфуллаев Нигматулло Мирзоевич низ ба сафи ин олимон дохил хоҳад шуд. Зеро фикру мулоҳизаҳои илмии устод, ҳар як шогирду шунавандаро мафтуни хеш мегардонад. Камина дар ин шуъбаи анталогия гносеология ва мантиқ њайси ходими калони илмӣ фаъолият карда истодаам. Устод Сайфуллаев Н.М роҳӣ, ў ба мо равиши дурусти таҳқиқоти илмиро меомӯзонад. Барои мисол рўзе ба устод доир ба тарзи дуруст навиштани рисолаи илмӣ суол кардам. Устод бо чеҳраи кушод ва нимтабассум нигоҳ карда, гуфтанд, ки бояд аввалан нақша гузошт, то ки мавзуи рисола бояд сифатан ҷавобгў бошад. Он кас мушаххасан ба банда фаҳмондану, ки дар ҳар як кори илмӣ бояд тафаккури интиқодӣ, баҳсу мунозираи илмӣ ва таҳлили муқоисавӣ бар пояи илми мантиқ асос ёбад. Муҳаққиқ давом доданд,ки нуқоти мубрами таҳлил ва синтезро бо кадом равиши далоили илмӣ бояд ба кор бурда, мулоҳизакорона мавриди баҳси илмӣ қарор дода, дар фарҷом моро чанд ки бо роҳи мулоҳиза ва андешаи амиқ ба сифати кор бояд чи тавр таваҷҷуҳ дод.

Устод Сайфулаев Н.М. доимо таъкид менамоянд, ки ҳар як таҳқиқоти илмӣ хеле муњим аст, ки дар мадҳи аввал аҳмияти муҳим доранд. Ногуфта намонад, ки барои расидан ба ин ҳадаф барои шумо ҳатман зарур аст, ки илми мантиқро биомўзед. Танҳо илми мантиқ ба шумо имконият медиҳад, ки низоми фикру андешаатон амиқ ва мушаххас бошад. Агар аз қонунҳои илми мантиқ ва шаклҳои тафаккури он, аз қабили мафҳум, қазия ва хулосабарорӣ бохабар бошед, он гоҳ шумо агар ягон мақола ва ё рисолаи илмиро нависед, ба сафсатахонӣ ва суханбозӣ роҳ намедиҳед.

Устод Саидулаев хамеша камбудиҳои моро рўйрост мегўяд ва моро падарона насиҳат мекурад. Устоди меҳрубону ҳалим бо пиндору гуфтор ва рафтори озодандешона, мулоҳизакорона ва мантиқии худ, ба садҳо шогирдону устодон, дар ин ва ё он масъалаи мантиқ ва фалсафаи илм баҳсу мунозираҳои илмӣ оростааст. Ҳар як суҳбат ва вохӯрӣ бо ин марди хирадманд барои ман ва дигар олимони ҷавон, дарси ибрат дар омўхтани асосҳои мантиқ мебошад. Зеро бе ягон шакку шубҳа мехостам таъкид намоям, ки ин устоди гиромиқадр бе шакку шубҳа саршироси муҳаққиқ, ва дар Тоҷикистон ва берун аз он шинохта мешавад, ки дар соњаи мантиќ рисолаи докториро дифоъ намуда, мутахассиси шўҳратёфтаи ин фан дониста шуда, шогирдони зиёдеро дар ин ҷода таълиму тарбия намудааст.Тафаккури фалсафї аз тафаккури илмї намудем ва устод посух додаанд, ки тафаккури фалсафӣ дар асоси донистани улуми мухталифи табиатшиносӣ, ҷомеашиносӣ, инсоншиносӣ, равоншиносӣ, забоншиносӣ ва инчунин раванди маърифат ташаккул меёбад. Тафаккури илмӣ бошад, дар асоси омўхтани илмҳои табиатшиносӣ, риёзиёт ва баъзе илмҳои иҷтимоии гуманитарӣ ташаккул меёбад. Шахсе, ки тафаккури фалсафиаш хуб бошад, кўшиш мекунад, ки ҷаҳонро бидонад, то онро дигаргун созад, то мувофиқат дар тафаккур ва воқеияти мавҷудияти инсон барқарор карда шавад. Доштани муносибати фалсафӣ маънои онро дорад, ки мо мулоҳизаҳои оқилона ва мантиқиро истифода мебарем, муносибати воқеӣ ва эътиқоди устувор дорем. Устоди азизамон ба мо бо назари ҷиддӣ таъкид намуданд, шумо бояд ҳамчун муҳаққиқони ояндаи илми тоҷик тафаккури фалсафӣ ва мантиқии худро дар ҳар як маврид истифода намоед.

Ҳар як суҳбат ва вохӯрӣ бо устод, барои ман ва дигар олимони ҷавон, бохабар шудан аз методологияи илми фалсафа ва мантиқ буда, инчунин сарманшаи таърихӣ ва масоили онтологии он дарси ибрат дар фаҳмиши асосҳои фалсафӣ ва мантиқӣ хоҳад буд. Дар таърихи фалсафа чеҳраҳои намоёни зиёде муаррифӣ шудаанд, ки илми ҷаҳонӣ аз онҳо баҳраманд шудааст. Яке аз чунин симоҳои намоён Абуалӣ Ибни Сино мебошад. Ибни Сино низ дар баробари Арасту дар илми мантиқ корҳои зиёдеро анҷом дода буд. Сайфуллаев Нигматулло шояд, ки дар асоси ҷаҳонбинии Ибни Сино нисбати мантиқ низ алоқа пайдо кард. Яке аз муваффақиятҳои устод Нигматулло Сайфуллаев дар ҷодаи мантиқ дар он аст, ки вай на танҳо бо таҳлилу таҳқиқи масъалаҳои актуалии мантиқ, балки дар баррасии моҳият ва аҳамияти ин самти илмӣ ба донишомӯзон нақши назаррас гузоштааст.

Вай ҳамчун шахсияти сахтгир, якрў ва самимӣ, беғараз ва дилсўз, инсондӯст ва хирадманд дар Академияи илмҳо соҳиби обрӯ ва иззату эътибори хоса гардидаанд. То ҳол дар хотир боқӣ мондааст лаҳзае, ки (соли 2016) Сайфуллаев Нигматулло ба кадом масъалаи мантиқї аз фалсафаи Сино ва Абубакри Розӣ таҳлил менамуду академик Мӯсо Диноршоев ва дигар донишмандон ҳузур доштанд. Пас аз баррасии масъала ва анҷом ёфтани Конференсияи байналмилалӣ Мусо Диноршоев дар ин конференсия дар назди устодон Додихудоев Х., Ш.Шоисматуллоев ва дигарон изҳор карда гуфтанд: “Сарчашмањое, ки Сайфуллаев Нигматулло доир ба мантиқи мутафаккирони пешин ҳамчун хазинаи ноёб ҷамъоварӣ кардааст, боиси аҳсан ва ифтихор асту ба ҷавонон назар карда гуфт, ки шумо бояд аз дониши амиқи мантиқии ин устоди хирадманд истифода кунед, ки дар ҷумҳурии мо ў яке аз мантиқшиносони ангуштшумор дониста мешавад.” Устоди равоншод Мўсо Диноршоев ба устод ишора карда гуфтанд, ки шумо бояд шогирдони бештареро дар соҳаи мантиқ тарбия намоед”. Устод Сайфуллаев Н.М. ҳоло ҳам дар ҷодаи камолоти эҷодӣ қарор доранд. Дар ин самти фаъолият, бигзор устоди гиромиқадр боз ҳам бештар комёб шуда, шогирдони зиёдеро, ба мисли Сулаймонов Баҳманёр, Зулайхо Усмонова, Нуриддин Муъминзода, Шодигул Бандалиева, Садбарг Иброҳимова, Парвина Саидҷафарова, Адиса Алибекова, Зебо Зиёева, Давлат Ғалчибеков ва дигарон тарбия намоянд. Ба устод дар ин ҷода муваффақияту бурдбориҳо, дастовардҳои навини илмӣ ва сиҳатии комилу саодати ҳамешагиро орзӯ дорем.

Бандалиева Ш.Н. - н.и.ф., ходими калони илмии Шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121