Skip to main content

ХУДШИНОСӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Худшносӣ ва ваҳдати миллӣ дар даврони Истиқлолият аз мубрамтарин масоили замони муосир ба шумор меравад, зеро Истиқлол дарахти навниҳолест, ки ба муҳофизат аз ҳар гуна нерую унсурҳои баду нохейру зиёновар ва фасодпазиру шикананда эҳтиёҷманд аст. Аз ин ҷо, имрўз муҳофизи Истиқлолияти миллӣ ин мардуми огоҳ аз пастию баландиҳои зиндагӣ кист? – Албатта, мардуми хирадманду оқил ва ватандўсту ҷавҳардор таҳти раҳбарии давлату Сарвари он аз муҳофизони аслии ин дарахти ба заҳматҳо ба даст омада мебошанд.

Дар ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ саҳми арзандаи Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми саодатманди Тоҷикистон бузург буд ва арзишҳои зиёде дошт ва дорад. Тавассути истиқлоли миллӣ ва Раҳбари хирадманди кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик дар дунё ҳамчун миллати бофарҳангу тамаддундор ва худшиносу ҳувиятдор муррифӣ шуд. Барои мардуми Тоҷикистон, ин нури дурахшандаву пурбаракат ба мисли як хобу хаёле буд, ки бо сарварии Шахси бо шуҷою қудратманд ва сиёсатмадор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оқибат он хоб ба воқеият табдил ёфт.

Дар таърихи башарият инсонҳои бузург на чандон зиёданд ва онҳо нотакроранд. Раҳбари Тоҷикистони азизамон, Президенти беҳтарину муҳтарамамон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат аз он инсонҳои нотакроранд, ки Он касро тақдир насиби мардуму миллати мо – тоҷикон кард. Нақши ин Инсони комилу шахсияти худшиносу тақдирсоз дар наҷот бахшидан аз бадбахтию бумбасту даргириҳои бесару сомонии мардуми тоҷик ва ба назму низом даровардану сохтори ҷомеаи шаҳрвандӣ дорои арзишҳои волои ватандорӣ ва башардўстӣ аст.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Раҳбари хирадманду сиёсатмадор ва оқилу тавоно, балки як инсони бузургу бо хираду фазилат мебошанд, ки ин аз бархурди Он кас нисбати мардуми ҷомеа гувоҳӣ медиҳад. Агар бо ақли расо ва чашми хирад ба таърихи давлатдории гузаштаву имрўза назар андозем, ягон раҳбари давлат ва ё кишварро медонем, ки бо мардуми ҷомеаи хеш бо чунин меҳру вафо ва муҳаббату фазилатҳои поки инсонӣ наздик шуда, аз ҷаҳони зиндагии онҳо огоҳ шуда бошанд. Албатта, не намедонем чунин Раҳбари комилу бо қадамҳои устувор бо иродаро, ки тамоми ҷабҳаҳои пешрафти зиндагии мардумро дар тарозуи хиради солим санҷида, сипас аз паи иҷрои он мегардад. Аз ин ҷо, чунин шахсият ва раҳбари бо маърифату қадршинос ва хоксори ба мардум наздику бо отифаро мо надида будем ва нашунидаем.

Бинобар ин мо ва мардуми мо бояд шукри Худовандро кунанд ва кунем, ки чунин Шахсияти дорои инсоният ва ақлу хиради бузург, ки дорандаи кулли арзишҳои инсондўстиву инсонпарварӣ, ватандориву худшиносӣ, маънавию ахлоқӣ ва амсоли инҳо мебошанд, насибамон кард.

Сулҳу осоиштагӣ ва амнияти мардуми кишвар яке аз дастовардҳои боарзиш ва муҳимми даврони истиқлол аст, ки дар ин ҷо, хизмати Раҳбарамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург буд ва ҳаст. Амнияти инсон аз неъматҳои бузурге мебошад, ки чун обу ҳаво барои шаҳрвандон арзишманд аст ва ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки ин ганҷи бебаҳоро ҳифз кунад ва аз ҳар гуна нерую унсурҳои бегона парҳезкорӣ намояд. Ҳоло чи аз ҷиҳати ахлоқӣ ва чи аз ҷиҳати аъмолу кирдори пасту разила, ки боиси осеб расонидан ба фарҳангу тамаддун ва ҳувияти милливу худшиносии мардуми ҷомеа мегардад. Аз ин ҷо, риояти ахлоқи ҳамида ва дар худ доштани фазилатҳои инсонӣ аз шарт ва вазифаҳои муҳимми ҳар як шаҳрванд аст, ки дар гуфтору аъмол ва пушидану истифодабарии сару либоси фарҳангӣ-миллӣ ва аврупоӣ-хориҷӣ бояд ҳадди эътидол, яъне назму низом ва ҷиҳати этикӣ-эстетикӣ ба назар гирифта шавад. То ки арзишҳои инсонӣ ва фарҳангу тамаддун ва худшиносиву ҳувияти миллии мардум аз байн наравад. Зеро муҳимтарин омили таъинкунанда ва танзимкунанда ин ахлоқи ҳасана - ростию ростгуфторӣ, эҳтиром гузоштан ба қонуну Конистутсияи давлат ва фармоишҳои Раҳбари давлат, рафтору кирдори нек, муносибату иртибот ва бархурдҳои оқилонаи инсонҳо нисбат ба якдигар, эҳтиром гузоштан ба сохту созҳои шаҳдорӣ, дўст доштани табиат ва неъматҳои рўи замин, шукри оромишу осудагӣ ва бехатарии вазъи зиндагӣ ва амсоли инҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ аз қабили арзишҳои хос ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин яке аз воситаҳои асосии танзими моддиёту маънавиёт дар дохили фарҳангу тамаддуни муайян ва умумибашарӣ системаи арзишҳо дониста шудааст. Системаи арзишҳо дар муайян ва ҷудо намудани хубу бад, росту дурўѓ, ҳаёю беҳаёӣ, ҳақу ноҳақӣ, ҳақиқату шакку шубҳа, зебоию бадтинатӣ, адолату беадолатӣ, равою нораво, покию зиштӣ, майлу нафрат ёрӣ мерасонад.

Барои дарку дарёфти арзиши инсонӣ шуур, тафаккур, дониш, ирода, майлу хоҳиш, талаботу дархости инсон категорияҳоеанд, ки тарафҳои асосии ҳаёти инсонро муайян менамоянд. Ин категорияҳое, ки дар боло номбар намудем бо кадом роҳ дар вуҷуди инсон пайдо мешаванд? – Албатта, пеш аз ҳама бо роҳи хондану омўзиши китобҳои бадеию адабӣ, осори фалсафию ирфонӣ-маънавӣ ва ахлоқии шоиру мутафаккирони гузаштаву муосир, таълим гирифтан дар назди устодони илму адаб, ҳамнишин шудан бо шахсияту инсонҳои хирадманду бо тақво инсон соҳиби ақлу фаросат ва ҷаҳонбинии васеъ мегардад.

Омўзиши фарҳангу тамаддун, таърихи давлату давлатдорӣ ва омилҳои ахлоқӣ барои ҳувияту худшиносӣ ва ҳифзи ваҳдату Истиқлоли миллӣ мусоидат менамоянд. Дар айни ҳол қобили қайд аст, ки таҳқиқу таҳлили арзишҳои маънавӣ-ахлоқӣ барои таҳаввулу ташаккули маърифати инсонӣ ва ба камолоти маънавӣ расидани он кумак хоҳад намуд. Чунон ки дар боло қайд шуд, ҳифзкунандаи Истиқлолият ин инсонҳои поку қавииродаву бовафо, ростгўю рострафтор нисбати давлату миллати хеш бояд бошанд.

Натиҷаи тарбияи нодуруст аст, ки меҳру муҳаббати бисёр фарзандон фақат ба худхоҳиву пулу молу мошин ва манфиат нигаронида шудааст. Он вақт куҷо ваҳдати милливу куҷо ҳисси ватандўстиву худшиносӣ мемонад. Аммо имрўз аксар фарзандону ҷавонони мо аз хондану аз бар кардани илму дониш ва ахлоқи хамида нисбатан дур шуда истодаанд, онгоҳ бо чунин раванди зиндагии беилмиву бедонишӣ ва беахлоқӣ онҳо чигуна аз ваҳдату истиқлолияти миллиамон ҳимоят мекунанд. Падару модарони азиз малол нашаванд, лекин ҳанўз вақт аст, ки ба тарбияи фарзандон бо таваҷҷўҳ ба талаботҳои замони муосир машѓул шавем ва ба кору рафтор ва аъмолу хулқи онҳо бо ҷиддият аҳамият диҳем бад нест. Чунки бояд ба қадри ѓамхориву заҳматҳои Пешвои миллатамон расем ва ба гуфтаҳои Он кас амал кунем, зеро ки Ваҳдату Истиқлолияти миллӣ ба осонӣ ба даст наомадааст ва ин кишвари ободу солим бо муҳаббат ва ишқ ва иродаи қавӣ сохта шуда истодааст. Бигузор, зебоиҳои табиату сохторҳои онро мо бо ахлоқи писандидаву илму дониш ва маърифати гуфтору рафтори худ боз ҳам зеботару равшантар гардонем.

Дар ҳаёт падару модар шарики масири зиндагианд ва дар ин масир якдигарро ёру ёваранд ва ҷавҳари асосии оилаанд, вале оила дар навбати худ ҷавҳари асосии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ҷомеа бошад пойдевори асосии давлат аст, бинобар ин оила ва фарзандони солеҳ ин калиди асосӣ ва ояндаи давлат ҳисобида мешавад.

Мақсади тарбия тавсия ва густариши зарфияти ботинӣ ва қувваи фаҳми кудак буда, он набояд маҷбурӣ ва ба воситаи зўру танбеҳ амалӣ шавад, балки чунонки гуфта шуд ба ҳолатҳои рўҳу равони ў нигоҳ карда, амал кардан зарур меояд. Агар волидайн тарбияи кўдакро масъалаи содда шуморанд ва дар тарбияи фарзанд саҳлангорӣ намоянд, аз кудак рафтори дуруст, тани солим, ахлоқи некро набояд интизор шаванд.

Тарбияи фарзанд дар асоси ҷаҳонбинӣ, тафаккуру дониш ва арзишҳои маънавии падару модар сурат гирифта, инъикосгари шахсияти волидайн дар тафаккури кудак мебошад. Тибқи ин баёнот волидайн бояд ба ду ҷиҳати масъала диққати худро бештар равона намояд: 1. Таваҷҷўҳи волидайн ва ҳамфаҳмӣ ба фарзанд дар оила; 2. Робитаи ҷудонашаванда пайдо кардани волидайн бо мактаб ва муҳити зисти иҷтимоии кудак. Азбаски тавассути масъулияти оила тамоми фазилатҳо ва зебоиҳо ҳамчун гавҳар дар вуҷуди фарзанд кошта мешавад, мактаб ҳам ин равандро идома бахшида, дар рушду такомули ваҳдатгароиву худшиносии фарзандон саҳм мегузорад. Пас, барои расидан ба ин марому мақсади ягона бояд байни муаллимон ва волидайн як иртиботи устувори ҳамкорӣ, яъне ваҳдату якдигарфаҳмӣ вуҷуд дошта бошад.

Таъкид намудан зарур аст, ки дар замони муосир тавассути Истиқлолияту ваҳдати миллӣ ва Пешвои хирадманду тавоно, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои ахлоқии мардуми ҷомеа, махсусан аҳли илму адаб пайгирӣ гардида, дар пешрафти фарҳангу тамаддун ва сатҳи иҷтимоии мардуми ҷомеаи шаҳрвандӣ кумаки ба назаррасе намуд.

Такмилу ташаккули арзишҳои ахлоқии инсон асоси мустаҳкамӣ ва қудратнокии бо маърифатонаи Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳувияту осоиштагии иҷтимои кишвар ва умуман ҷавобгўи ташаккулу пешрафти ояндаи ҳар як давлату кишвар ва насли ояндаи вай мебошад.

Рушди таърихи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки натиҷаи афкори донишмандону мутафаккирони замонҳои мухталиф аст, ба анъанаи бузурги ташаккули ақлонӣ такя мекунанд. Онҳо тавассути осори хеш дар инкишофу пешравии афкору ҷаҳонбинии ахлоқии ҷомеаи шаҳрвандии мардуми кишварҳо ва минтақаҳои гуногун саҳмгузорӣ намудаанд. Бинобар ин омўзиш ва тарѓибу ташвиқи осор, таълимот ва ҷаҳонбинии бузургони илму фарҳангу тамаддуни гузаштагонамон барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои илмӣ-амалӣ, бедор намудани худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ дар вуҷуду зеҳнияти инсони муосир кумак хоҳад кард.

Аҳли илму адаби фарҳангу тамаддуни тоҷику форс барои бунёд ва таҳкими адолати иҷтимоӣ ва фазилатҳои инсонӣ саъю кушиши зиёдеро фароҳам намудаанд. Аз ин ҷо, барои ҳифз ва такмили Истиқлоли миллӣ бояд инсонҳои бо маърифатеро тарбия намуда, ба камол расонд, ки бо замони зиндагии имрўза ва оянда бо тафаккури баланди ахлоқӣ, илмӣ-амалӣ ва назари нав баҳри расидан ба ҳадафҳои бузургу писандида саъю талош намоянд.

Муродова Тоҷинисо-н.и.фал.,дотсент ходими пешбари ИФСҲ-и ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Назарзода Саъдуллоҳ Турахон – номзади илмҳои фалсафа, котиби илмии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121