Skip to main content

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ БА НОМИ А. БАҲОВАДДИНОВИ АМИТ

Имрӯз, 21-уми октябри соли 2026 дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Рушди соҳаи иҷтимоӣ дар замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Ҳадафи асосии семинар баррасии дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои рушди соҳаи иҷтимоӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, таҳлили равандҳои муҳимми иҷтимоию фарҳангӣ ва муайян намудани роҳҳои истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосири Тоҷикистон буд.

Кори семинарро директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ба аҳаммияти таҳқиқи илмии равандҳои иҷтимоӣ дар шароити истиқлоли давлатӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ масъалаҳои рушди соҳаи иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ, ташаккули худшиносию худогоҳии шаҳрвандон ва рушди маънавию фарҳангии ҷомеа аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба шумор мераванд. Дар ин замина, илмҳои фалсафӣ ва ҷомеашиносӣ дар таҳлили равандҳои иҷтимоӣ, муайян намудани омилҳои таъсиррасон ба рушди ҷомеа ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли масъалаҳои мавҷуда нақши муҳим доранд.

Зикр гардид, ки истиқлоли давлатӣ барои рушди низоми илмӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, густариши таҳқиқоти иҷтимоӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии муосири шаҳрвандон имкониятҳои нав фароҳам овардааст. Аз ин рӯ, омӯзиши ҳамаҷонибаи таҷрибаи рушди соҳаи иҷтимоӣ, муайян намудани мушкилоти мавҷуда ва коркарди пешниҳодҳои илман асоснок барои таъмини пешрафти устувори ҷомеа аҳаммияти хосса дорад.

Нахуст, сарходими шуъбаи фалсафаи иҷтимоӣ, доктори илмҳои фалсафа Қурбонов Абдураҳмон Шерович дар мавзуи «Рушди илм дар замони Истиқлоли давлатӣ: мушкилот ва дурнамо» маърӯза намуданд. Дар баромад масъалаҳои рушди илмҳои табиатшиносӣ ва гуманитарӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, дастовардҳои соҳаи илм, мушкилоти мавҷуда ва дурнамои таҳқиқоти илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки рушди илм яке аз омилҳои муҳимми пешрафти ҷомеа буда, тақвияти иқтидори илмӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва пайвастани натиҷаҳои таҳқиқот бо талаботи амалии ҷомеа метавонад ба ҳалли масъалаҳои мубрами замони муосир мусоидат намояд.

Сипас, сарходими шуъбаи фалсафаи иҷтимоӣ, доктори илмҳои фалсафа Назар Муъмин Абдуҷалол дар мавзуи «Арзёбии самтҳои афзалиятноки инкишофи соҳаи иҷтимоӣ дар Паёми Пешвои миллат» маърӯзаи илмӣ пешниҳод карданд. Дар он масъалаҳои марбут ба сиёсати иҷтимоӣ, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ, таҳкими адолати иҷтимоӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои рушди инсон мавриди таҳлили фалсафию иҷтимоӣ қарор гирифтанд. Муаллиф нақши Паёми Пешвои миллатро дар муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди кишвар шарҳ дода, зарурати омӯзиши илмии ҳадафҳо ва вазифаҳои соҳаи иҷтимоӣ, инчунин арзёбии натиҷаҳои татбиқи онҳоро таъкид намуданд.

Дар идома мудири шуъбаи фалсафаи иҷтимоӣ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Абилзода Гуландом Сардор дар мавзуи «Нақшҳои иҷтимоии оила дар тарғибу ташвиқи худшиносии шахс» суханронӣ карданд. Дар маърӯза оила ҳамчун яке аз ниҳодҳои асосии иҷтимоишавии инсон ва муҳити аввалини ташаккули шахсият арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки маҳз дар муҳити оила кӯдак нахустин донишҳоро дар бораи арзишҳои ахлоқӣ, эҳтироми калонсолон, масъулиятшиносӣ, муносибатҳои ҷамъиятӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аз худ мекунад. Аз ин рӯ, таҳкими фарҳанги оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон ва фароҳам овардани муҳити солими маънавӣ аз омилҳои муҳимми ташаккули худшиносии миллӣ ва рушди устувори ҷомеа ба шумор мераванд.

Баъдан, ходими калони шуъбаи фалсафаи иҷтимоӣ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Ҳаитов Фирдавс Қурбонович дар мавзуи «Социокультурное отчуждение человека в процессе миграции» маърӯза намуда, масъалаи бегонашавии иҷтимоию фарҳангии инсонро дар шароити муҳоҷират аз нигоҳи фалсафаи иҷтимоӣ таҳлил карданд. Дар баромад ба омилҳое таваҷҷуҳ зоҳир гардид, ки метавонанд ба муносибатҳои иҷтимоӣ, ҳувияти фарҳангӣ, эҳсоси мансубияти миллӣ ва робитаи муҳоҷирон бо муҳити иҷтимоии аслӣ таъсир расонанд. Ҳамзамон, зарурати ҳифзи забон, арзишҳои миллӣ, анъанаҳои фарҳангӣ ва таҳкими робитаҳои иҷтимоии муҳоҷирон бо оила ва ҷомеа ҳамчун омилҳои муҳимми коҳиш додани бегонашавии фарҳангӣ таъкид гардид.

Дар навбати дигар, ходими калони шуъбаи фалсафаи иҷтимоӣ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Орифҷонова Назира Раҳматҷоновна дар мавзуи «Андешаи миллӣ - ғояи асосии худшиносии миллӣ» маърӯза карданд. Дар он моҳияти андешаи миллӣ ҳамчун унсури муҳимми ташаккули худшиносӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қайд гардид, ки шинохти таърих, забон, фарҳанг, арзишҳои маънавӣ ва мероси ниёгон барои ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ дар назди ҷомеа ва давлат замина фароҳам меорад. Ҳамзамон, зарурати пайвастани арзишҳои миллӣ бо донишҳои муосир, тафаккури интиқодӣ ва талаботи рушди ҷомеаи имрӯз таъкид шуд.

Силсилаи маърӯзаҳоро ходими хурди шуъбаи фалсафаи иҷтимоӣ Сафарова Бону Қурбоновна дар мавзуи «Саҳми бонувону модарон дар тарбияи худшиносӣ ва худшиносии миллӣ дар ҷомеа» ҷамъбаст намуданд. Дар маърӯза саҳми занону модарон дар тарбияи насли наврас, интиқоли арзишҳои ахлоқию фарҳангӣ аз насл ба насл ва ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки зан-модар дар муҳити оила ва ҷомеа дар ҳифзи забон, анъанаҳо, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ нақши назаррас дорад. Баланд бардоштани маърифати иҷтимоӣ ва фарҳангии занон, фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи бонувон метавонанд ба таҳкими оила, тарбияи насли худогоҳу ватандӯст ва рушди ҷомеа мусоидат намоянд.

Дар бахши мубоҳиса ва пурсишу посух миёни олимон, муҳаққиқон, ходимони илмӣ ва дигар иштирокчиёни семинар мубодилаи судманди афкор сурат гирифт. Иштирокчиён доир ба масъалаҳои мубрами рушди соҳаи иҷтимоӣ, нақши илм дар таҳлили равандҳои ҷамъиятӣ, таҳкими институтҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию фарҳангии шаҳрвандон, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва роҳҳои татбиқи амалии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ андешаҳои худро баён намуданд. Зимни муҳокимаҳо зарурати густариши таҳқиқоти байнисоҳавӣ, тақвияти робитаи илм бо амалия ва таҳияи тавсияҳои мушаххаси илмӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ таъкид гардид.

Иштирокчиёни семинар ба хулоса омаданд, ки рушди устувори ҷомеа танҳо тавассути пешрафти иқтисодӣ маҳдуд намешавад, балки ба таҳкими соҳаи иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату фарҳанг, рушди илм, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ташаккули шахсияти масъулиятшиносу худогоҳ низ вобастагии зич дорад. Дар ин раванд ҳамкории муассисаҳои илмӣ, ниҳодҳои давлатӣ, оила ва ҷомеа барои татбиқи самараноки ҳадафҳои иҷтимоӣ аҳаммияти муҳим касб мекунад.

Дар маҷмуъ, баргузории семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Рушди соҳаи иҷтимоӣ дар замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон» имконият фароҳам овард, ки масъалаҳои муҳимми рушди иҷтимоӣ аз дидгоҳҳои гуногуни илмӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, доир ба мушкилот ва дурнамои соҳа андешаҳои судманд пешниҳод шаванд. Чунин ҳамоишҳои илмӣ барои густариши муколамаи илмӣ, таҳкими ҳамкории муҳаққиқон, ғанӣ гардонидани муҳтавои таҳқиқоти фалсафаи иҷтимоӣ ва сиёсатшиносӣ ва таҳияи пешниҳодҳои илман асоснок ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Семинари илмӣ-амалӣ дар фазои созанда, мубоҳисаҳои озоди илмӣ ва табодули афкори созанда ба анҷом расид. Натиҷаҳои он метавонанд барои идомаи таҳқиқоти илмӣ дар самти омӯзиши равандҳои иҷтимоӣ, таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ ва муайян намудани роҳҳои такмили сиёсати иҷтимоӣ дар шароити истиқлоли давлатӣ мусоидат намоянд.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121