Skip to main content

Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқ


  Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 дар заминаи Шуъбаи давлат ва ҳуқуки Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1992 аз Институти таърихи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Институти фалсафа дода шуда буд (1992-2005)), Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2006-2011) таъсис ёфтааст. Роҳбарии онро доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Буризода Э.Б. ба зимма дорад.

Он нисбат ба шуъбаҳои дигари бахши ҳуқуқ таърихи тулонитар дорад. Нахустин шуъбаи ҳуқуқшиносии академӣ-Шуъбаи давлат ва ҳуқуқ дар Институти таърихи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил гардида ба фаъолият шурӯъ мекунад. Соли 1991/92 бо кушиши мақомоти давлатӣ ва Раёсати ҳамонвақтаи Академияи илмњои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муттаҳид намудани бахши фалсафа ва Шуъбаи давлат ва ҳуқуқ Институти фалсафа ва ҳуқуќи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис меёбад. Шуъба дар ҳайати Институти мазкур то соли 2005 фаъолият намуд. Дар таҳқиқоти мавзуоти гуногуни илмӣ тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар ин марњилаи таърихи Шуъба академик Тоҳиров Ф.Т., профессорон Менглиев Ш.М, Раҳимов М.З., Имомов А.И., номзадҳои илм М.С. Ҳайдарова, Буризода Э.Б., Носиров Х.Т., Ғаюров Ш.К., минбаъд Гадоев Б.С., Маликова А.Ҳ. ва дигарон саҳми худро гузоштаанд.

Бо таъсиси Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмњи Љумњурии Тољикистон аз 02.01.2006 шуъбаи давлат ва њуќуќ ба се шуъбаи нав – таърихи давлат ва њуќуќ, назарияи давлат ва њуќуќ, њуќуки байналмилалї таќсим мегардад.

Минбаъд шуъбаи мустақили таърихи давлат ва ҳуқуқ ба фаъолият шурӯ намуда, заминаи ташкили шуъбаҳои нав – Шуъбаи ҳуқуқи давлатӣ ва Шуъбаи ҳуқуқи хусусӣ ва муқоисавӣ мегардад. Соли 2010 дар заминаи мутахассисони шуъба, Шуъбаи ҳуқуки исломӣ ташкил гардид, ки то декабри соли 2014 фаъолият мекард ва минбаъд декабри соли 2014 барҳам дода шуда, кормандони он ба Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқ интиқол дода шуданд.

Имрўз дар Шуъба ҳамагӣ 12 басти корӣ мавҷуд буда аз ҷумлаи ходимони илмӣ панљ нафар доктори илм (мудири Шуъба Э.Б. Буризода,  сарходими илмӣ, ди.њ.  Зоир Ҷ.М.(0.5 баст), д.и.њ.Бобољонзода И.Њ. (0.5 баст), сарходими илмӣ д.и.њ. Сафарзода А.И. (0.5 баст), Ходими пешбари илмї д.и.њ. Одиназода Р.С. (0.5 баст), ходими пешбари илмї, н.и.њ. Саидзода М.Ш. се нафар нафар ходимони калони илмӣ, н.и.ҳ. Абдулхонов Ф.М.(0.5 баст), н.и.њ. Холинова М.М.(0.5 баст) ва Наботов М.А.) ходими хурди илмӣ (Набиев Ф.С., Амирхониён М.А., Алиназарова К.Ѓ., Давлатмуродзода Б.Д. (0.5 баст) мебошанд.

Ҳамаи ходимони илмї ба кори илмӣ – тадқиқотӣ, тайёр каврдани кадрњои илмї, тадрис ва таҳияву нашри маҳсули илмӣ машғул мебошанд.

  Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институт соли 2018-2022 оид ба мавзуи илмии тадқиқотии "Нақши ниҳодҳои ҳуқуқӣ ва давлатдории шӯравӣ дар ташаккул ва рушди давлатдории Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон (2018-2022)" тањќикот бурда онро бомуваффаќият ба анљом расонид. Дар доираи тањќикот дањњо китобу монография ва садњо маќолањои илмї нашр гардида, доир ба мавзуи мазкур дар кори конфронсу семиинарњои илмии зиёд маъруза ва ахборот пешнињод карда шуд.

Мавзуи панљсолаи солњои 2023-2027 «Фарњанги њуќуќии ниёгон ва наќши он дар ташаккули њуќук ва давлатдории муосири тољикон» мебошад, ки тибќи наќша тањќикоти он давом дорад.

Дар давоми солҳои фаъолият аз ҷониби ходимони илмии Шуъба як қатор корҳои таҳияву чопӣ анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, монографияҳо, китобҳои дарсӣ, маҷмӯаи мақолаҳо ва мақолаҳои зиёд дар маҷаллаҳои илмӣ  нашр гардидаанд.

  Аз ҷониби ходимони илмии Шуъба чунин корҳои табъу нашр ба анҷом расонида шудааст: Маҷаллаи Академии ҳуқуқ. 2012-2025 аз ҷониби Э.Б. Буризода таҳия ва тањрир мегардад. Буризода Э.Б.  Таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон. Қисми 1-4. Душанбе, 2021. 268 с. 16,5 ҷ.ч.; «Сарчашмањои њуќуќии марњилаи исломии рушди давлатдории тољикон». (Душанбе, 2017), «Нињодњои судї дар таърихи давлатдории тољикон» (Душанбе, 2018) ва китобњои дарсии «Таърихи давлат ва њуќуќи Тољикистон ќисми 1» ба забони тољикї (Душанбе, 2000, 2007, 2013, 2014, 2017,2020) ба забони русї (Душанбе, 2007, 2017) «Таърихи афкори сиёсию њуќуќї» (Душанбе, 2002, 2017, 2022),  «Масоили назарияи умумии њуќук ва давлат» (Душанбе, 2003, 2022); Тоҳиров Ф.Т. Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана (1917-1994 гг.)  / Ф.Тохиров // – Душанбе: Дониш, 2024. ­ –076 с.; Маҷидзода Ҷ.З. , Одиназода Р.С. Ҷавонон ва амнияти иттилоотӣ (дар масири ҷаҳонишавӣ) / Муҳаррири масъул проф. Э.Б. Буризода . –Душанбе: Маориф, 2019. –240 с.; Абдулхонов Ф. М.  Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд /  Таҳти назари Роҳбари Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ. Раҳмон Озода Эмомалӣ. (Монография).  – Душанбе, 2019  Ҷ. 1 ва 2.  Муаллифи  бобҳои  4. 4.4. – 347-365, боби 4.5. – 365-382; Ҷ.2.  боби 5. 5.1. –С.72-79, Ҷилди 2, боби 5.8.  –139-149, боби 5.9. -149-169.; Муҳаққиқӣ давлатдории миллӣ //Мураттибон Назарзода Ҷ.Н., Абдулхонов Ф.М.  / Муҳаррирони масъул Зоир Љ.М.  –Душанбе: Меҳргон, 2019.  188 с. 11ҷ.ч. Соли 2024 осори мунтахаби академик Тохиров Ф.Т. Осори мунтахаб/ Мураттиб ва масъули чоп Буризода Э.Б. ва диг.  --Душанбе: Дониш, 2024. Дар њаљми  995 сањифа аз љониби Шуъба тањия ва нашр карда шуд. Буризода Э.Б. ва Сафарбекзода Ҳ.С. муаллифони китоби дарсии “Назарияи ҳуқуқ ва давлат. Китоби дарсӣ. - Бохтар: Матбааи  КВД “Матбаа”, 2024.  - 206 с. мебошанд. Буризода Э.Б. ва дигарон муаллифони китоби “Ҳуқуқ. Китоби дарсӣ. Душанбе:Мулквар, 2024.  656 с. мебошанд. Аъзои шуъба Буризода Э.Б.,Зоир Ч.М., Расулов Ф.М. §4.1, 4.2., 4.3. уми боби III китоби “Масоили њуќуќї ва такмили ќонунгузории Љумњурии Тољикистон (бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Чумхурии Точикистон/ Зери тахрири профессор Иброхимов С.И. – Душанбе:Дониш, 2024. 437 с. –С.275 -367 мебошанд. 

Дар рисолаи бузурги “Конститутсияњои Тољикистон ва падидањои њуќуќи давлатї дар инкишофи давлатдории миллї”. Душанбе: Дониш, 2019 (боби 1); Боби 1 китоби “Масоили њуќуќї ва такмили ќонунгузории Љумњурии Тољикистон (бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Љумњурии Тољикистон)”. Душанбе: Дониш, 2024. –С.275-367;  ва дањњо маќолањои дигар  ба ќалами Буризода Э.Б. ва дигар ходимони илмии Шуъба дахл дорад.

Эмомалї Буризода дар њамкорї бо олимони Федератсияи Русия дар тањияи «Фарњанги истилоњоти њуќуќї (сс. 2006, 2009) ба забони тољикї ва “Фарњанги њуќуќї” бо панљ забон зери муњарририи проф. М.И. Сырых бо њамроњии академик Ф. Тоњиров ва д.и.њ. А. Неъматов (ш. Москва, ФР, с.2020), Бобњои §1.5., §1.6. Правовая система Республики Таджикистан: коллективная монография / под ред. Е.С. Аничкина, Р.Р. Рахмаджонзода, В.В. Сорокина, Министерство науки и высшего образования РФ, Алтайский государственный университет. – Барнаул: Изд-во Алт. ун-та, 2025. –С.40-141 сањм гузоштааст.

Ходимони илмии Шуъба ҳамасола тақрибан ба миқдори 240-270 ҷ.ч. дар шакли монография, китоби дарсӣ ва мақолаҳои илмӣ, илмию омммавӣ таҳия ва нашр менамоянд.

  Шуъба дар ташкилу гузаронидани конференсияҳои бахшида ба  Рузи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рузи Парчам  иштироки фаъолона дорад. Ходимони илмии Шуъба дар кори Шуроҳои дифои рисолаҳои номзадӣ, рисолаҳои докторӣ аъзо буда, фаъолона иштирок менамоянд. Ходимони илмии Шуъба дар машваратҳои Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои умумии Академияи илмҳо ва Шуъбаи ҷамъиятшиносии АМИ Тоҷикистон иштирок доштанд.

  Ходимони илмии Шуъба ҳамасола иштирокчии зиёда аз 30  конфронс, симпозиум, семинар ва машваратҳо буданд.

Ходимони илмии Шуъба дар тарғибу ташвиқи донишҳои ҳуқуқӣ, Паёми Президенти кишвар фаъолона иштирок дошта, дар ин самт  фаъолона кор мебаранд.

  Шуъба дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ низ яке аз воҳидҳои фаъоли Институт ба шумор меравад.

 Самтҳои таҳқиқот: таърихи давлати тоҷикон, суннатҳои давлатдорӣ, давлатдории миллӣ, идомати падидаҳои ҳуқуқӣ, ниҳодҳои давлатдорӣ; падидаи васояту парасторӣ, масоили таърихии рушди кодификатсия, масоили таърихи пайдоиш ва рушди назорати молиявӣ, рушди принсипиҳои ҳуқуқӣ, марҳилаҳои пайдоиш ва рушди ниҳодҳои адолати судӣ ва истеҳсолоти судӣ, таҳавулоти ҳуқуќи зан ва оила дар таърихи тоҷикон ва ғайра.

Буризода Эмомалӣ Бозор

2131

Аз январи соли 2025 аз тариқи Озмун  ба вазифаи мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Дар муасисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз соли 1993 кор мекунад.

Санаи таваллуд 26 марти 1968.

Ҷои таваллуд. н. Ленин, к-зи Русия, кучаи Ленин (ҳоло ш.Душанбе, к. Деҳқонобод)

Миллат тоҷик. Таҳсилот олӣ, аспирантура ва унвонҷуи докторӣ.

*Унвони илмӣ - доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент

*Кадом забони хориҷиро медонанд-русӣ, англисӣ

*Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не - МВХ шаҳри Душанбе(2015-2020)

*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардида шудааст ё не - Медали "Хизмати шоиста" (2016)

*Вазъи оилавӣоиладор

*Суроға: шаҳри Душанбе  кӯчаи Маяковский 70/5  

Солҳои 1975 – 1985 таҳсил дар мактаби миёнаи  умумии №17 ва №16 ноҳияи Ёвон. Мактаби таҳсилоти умумиро бо баҳои аъло хатм намуд.

Солҳои 1985-1986 таҳсил дар пункти таълимии рақами 4.

Солҳои 1986-1988 хизмати артиш дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Украина (ш. Николаевск) ва Венгрия (ш. Веспрем) ба сифати механик – водители Машинаҳои ҷангии пиёдагардон (БМП).

Солҳои 1988-1993 таҳсил дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (Т.Г. Шевченко, Қандил Ҷураев) факултаи таърих, шуъбаи «Ҳуқуқи шӯравӣ». Хатм соли 1993 бо дипломи аъло.

Соли 1993 ходими хурди илмӣ ва аз моҳи марти 1998 ходими калони илмии Шуъбаи давлат ва ҳуқуқи Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Солҳои 1993-1996 аспиранти Академияи илмҳои ҶТ аз ихтисоси 12.00.01- назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат, таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат.

Солҳои  1998-2006  Мудири шуъбаи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2006-2011 Муовини Директори Институти навтаъсиси давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз апрели с. 2011 бо муттаҳид гаштани Институтҳои фалсафа ва давлат ва ҳуқуқ,  мудири Шӯъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дараҷаи илмӣ

номзади илмҳои ҳуқуқ (1998);

доктори илмҳои ҳуқуқ (2010) -  ИДҲ АИ ФР.

Унвони илмӣ: дотсент (2006(ФР).

Унвони илмӣ: профессор (2019(ҶТ)

Ба тарбияи кадрҳои илмӣ машғул буда, 2 доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва 8 номзади илмҳо тайёр кардааст.

Узви шӯрои ташхиси КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017-2019), узви Шӯрои ташхиси Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ оид ба фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ (1996-то имрӯз), узви Шӯрои ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзади аз соҳаи сиёсатшиносӣ (ВАК ФР 2008- то 2022, 2024- то имрӯз), узви Шӯрои ҳимояи докторӣ ва номзадӣ аз ихтисоси Таърихи дин (ВАК ФР 2008-то имрӯз), узви Шурои диссертатсионии самти ҳуқуқшиносӣ дар Академияи ВАзорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2025- то имрӯз).

Якбора бо корҳои илмӣ узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои илмии “Ахбори Академияи илмҳои ҶТ, силсилаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ”, муовини Сармуҳаррири “Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҶТ” (1996-2021), муовини Сармуҳаррири "Маҷаллаи академии ҳуқуқ", Муовин (аз соли 2012-то 2020), Сармуҳаррири Нашрияи илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон "Маҷаллаи академии ҳуқуқ, узви Шӯрои илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2020-то имруз), Узви Шӯрои илмии Институти  фалсафа ва ҳуқуқ, фалсафа, сиёсатшиноси ва ҳуқуқи АМИТ (1996-то имрӯз), Узви Шӯрои илмии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012- то имрӯз), Узви Шурои таҳририяи «Осор»-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Узви ҳайати  таҳририяи «Российский правовой журнал» (2019- то имрӯз), Узви «Личность, право, государство»(2016 - то имрӯз).   муҳаррири масъули чандин маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ мебошад. 

Ҳамзамон аз соли 1993 то имрӯз бо як қатор донишгоҳҳои ҷумҳурӣ аз қабили ДМТ, ДДОТ ба номи С.Айнӣ, ДТРС, Академияи ВКД  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад.

Самтҳои асосии илмӣ-тадқиқотӣ назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, назарияи ҳуқуқи ислом, таърихи андешаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ,  назарияи ташкилот, геополитика ва ғайра мебошад.

Дар давоми фаъолияти илмӣ зиёда аз 410 монографияҳои илмӣ, китобу дастурҳои таълимӣ ва мақолаҳо таҳия ва нашр намудааст.

Барои комёбиҳо дар омӯзиши таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон, тарбияи кадрҳо, иҷрои вазифаҳои илмӣ ва ҷамъиятӣ бо:

-Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимони ҷавон (барои соли 2000);

-Ҷоиза, Диплом ва медали Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон (соли 2000);

-Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) (2006- 2024);

-Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014);

-Медали «Хизмати шоиста» (2016);

-Ифтихорномаҳои Академияи миллии илмҳори Тоҷикистон, Иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сипосномаҳои зиёд  қадр гардидаааст

 

Илолов Варқа Мирзаљалолович

11231231Илолов Варқа Мирзаҷалолович

*аз соли 2011 дар мансаби китобдори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ кор мекунад.

*Соли таваллуд  16.03.1969                 

*Ҷойи таваллуд  н. Шуғнон

*Миллат   тоҷик 

*Маълумот    олӣ

 Соли 1997 Донишгоҳи Москваро  хатм кардааст.

*Ихтисос   геофизик

нвони илмӣ - нест

*Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ

*Вакили халқ ҳаст ё не - нест  

*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не - не

*Вазъи оилавӣ  оиладор

*Суроға шаҳри Душанбе кӯчаи  Турсунзода 83 ҳуҷраи 12

 

                                   *КОР ВА ФАЪОЛИЯТИ СОБИҚА

 

Солҳои 1996 -2000

 

Ширкати истеҳсолии савдо “Тиҷорат”

Солҳои 2000-2007 

 Ҷамъияти дорои масулияташ маҳдуд “Бинокор”  

                            

Солҳои 2007-2011  

Муовини директори оид ба хоҷагии Инсттитути давлат ва ҳуқуқ АИ ҶТ

Аз соли 2011 то 2024

Китобдори  Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Аз марти соли 2025

Ходими хурди илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи АМИТ

Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир

42342351254Сарходими илмӣ

Ному насаб: Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир

Вазифа: Сарходими илмӣ

Дараҷа ва унвони илмӣ: Номзади илмҳои ҳуқуқ, соли 1997, аз рӯи ихтисоси ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология. Соли 2004 доктори илмҳои ҳуқуқ аз рӯи ихтисосҳои назарияи таърихи давлат ва ҳуқуқ; таърихи илм дар бораи ҳуқуқи давлат ва ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи мунисипиалӣ.

Апрели соли 2011 узви вобастаи Академияи илмҳои амнияти умумии дастаҷамъона.

Ноябри соли 2011 Академики Академияи илмҳои умумиҷаҳонии дастаҷамъона.

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин соли 1983.

Факултети ташкили идоракунии Академияи ВКД Федератсияи Россия соли 1993 хатм кардааст.

17 августи соли 2001 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 622 бо унвони фахрии корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз карда шудааст.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми августи 2012 таҳти № 1321 бо ордени Шараф дараҷаи II сарфароз гардонида шудааст.

Муаллифи зиёда аз 30 монографияҳо ва 130  мақолаҳои илмӣ.

Дар давраи фаъолияти илмӣ 4-нафар номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, як нафар доктори илм тайёр намудааст. Муқарризи расмии 15- нафар аспирант, унвонҷӯй ва  4-нафар  доктори илм; муқарризи ғайрирасмии дар дифои 16 - нафар унвонҷӯ буданд.

Холинова Мижгона Муборакшоевна

йу1232Ходими калони илмӣ

Ному насаб:
 Холинова Мижгона Муборакшоевна

Вазифа: ходими калони илмӣ

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2008 бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ.  Солҳои 2012-2016 унвонҷӯи Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Диссертатсияи номзадиро дар мавзӯъи «Таҳаввулоти институти васояту парасторӣ дар таърихи ҳуқуқи тоҷикон» 08 феврали соли 2019  дар Шӯрои диссертатсионии назди ДМТ бомуваффақият ҳимоя намуд.  Муаллифи зиёда аз 27 мақолаи илмӣ.

Барои хизматҳои шоиста дар рушди илм дар соли 2018 бо Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуда аст. Ҳамчунин бо Сипосномаи Кумитаи кор бо занони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст(соли 2017) .

Самтҳои таҳқиқот: таърихи давлат ва ҳуқуқ, пайдоиш ва рушди падидаҳои ҳуқуқи оилавӣ, таърихи ҳуқуқи оилавӣ, назарияи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи гражданӣ.

Суроғаи электронӣ: mizhogona kholinova@mail.ru

Расулов Фотеҳ Мирқозиевич

456363Ходими пешбари илмӣ

Ному насаб: Расулов Фотеҳ Мирқозиевич

Вазифа: Ходими пешбари илмӣ

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Донишгоҳи миллии  Тоҷикистонро дар соли 2006 бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ва Донишгоҳи Русиявию Тоҷикистон (Славянӣ)-ро соли 2015 бо ихтисоси молия ва қарз хатм намудаст. 

Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар мавзӯи  «Рушди қонунгузории назорати молиявӣ дар Тоҷикистон (солҳои 1917-2014)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рўйи ихтисоси 12.00.01 – Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимоти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ (илмҳои ҳуқуқшиносӣ), таҳти роҳбарии академик Ф.Тоҳиров таҳқиқот анҷом додааст.

Соли 2019 барои хизматҳои шоиста дар рушди илм бо нишони "Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шудааст.

Муаллифи як монография ва зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар маҷаллаҳои илмии феҳристи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ВАК-и назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия ба қайд гирифташуда мебошад.

Самти таҳқиқот: назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат, аз ҷумла дар самти таърихи ҳуқуқ ва қонунгузории молиявӣ, назорати молиявӣ, назарияи ҳуқуқ выа давлат.

Суроғаи электронӣ:  foteh83@mail.ru

Амирхониён Малика Амирхон

23123124

Амирхониён Малика Амирхон

аз 20  августи соли 2019 дар мансаби ходими хурди илмии Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқӣ Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқӣ ба номи академик А.М. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

*Соли таваллуд:31 марти соли 1996     *Ҷои таваллуд:Шаҳри Ҳисор,ҷ\д   Ҳисор, деҳаи Ҳисор

*Миллат:          тоҷик                               *Таҳсилот:          олӣ                             

Соли 2019 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст        

*Ихтисос: ҳуқуқшинос

*Унвони илмӣ:   надорад

*Кадом забонҳои хориҷиро медонад:    русӣ, англисӣ

*Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не:  не

*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не:     не

*Вазъи оилавӣ:  оиладор, соҳиби 3 фарзанд

*Суроға: ш. Ҳисор, ҷ\д. Ҳисор, деҳаи Ҳисор, тел: 987-987-852

Кор ва фаъолияти собиқа

Солҳои 2019-2025

Унвонҷуи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқӣ ба номи академик А.М. Баҳоуддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Аз 20 августи соли 2019 то ҳол

Ходими хурди илмии Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқӣ Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқӣ ба номи академик А.М. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Суроғаи электронӣ: mirzoalievamalika930@gmail.com

 Кучарова Балхия Давлатмуродовна

123124124

Давлатмуродзода Балхия Давлатмурод

 

*аз ноябри соли 2021 дар мансаби ходими хурди илмии Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи  ба номи А.М.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кор мекунад

 

*Соли таваллуд  1 январи соли 1989   *Ҷои таваллуд ноҳияи Темурмалик

*Миллат  тоҷик                                            *Таҳсилот  олӣ

 

*соли 2013 Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро (ғоибона) хатм кардааст.

*Ихтисос: - ҳуқуқшинос.

*Унвони илмӣ: - надорад

*Кадом забонҳои хориҷиро медонад: - русӣ

*Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: -  не

*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: - не                            *Вазъи оилавӣ: оиладор

*Суроға: шаҳри Душанбе н.Сино Зарафшон 20 хонаи 24.

 

                                Кор ва фаъолияти собиқа:

 

Солҳои 2014-2014

лаборанти калони шуъбаи ҳуқуқи давалатӣ Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ

Солҳои 2014-2021

нозири калони Шуъбаи кадрҳои Институти фалсафа,      сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи милли илмҳои  Тоҷикистон

аз соли 2021 то ҳол 

ходими хурди илмии Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи  ба номи А.М.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Назриева Шаҳноз Ҷурабековна

1231234Ходими хурди илмӣ

Ному насаб: Назриева Шаҳноз Ҷурабековна

Вазифа: ходими хурди илмӣ

Дараҷа ва унвони илмӣ: унвонҷӯ

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 2006 бо ихтисоси ҳуқуқшинос.

Унвонҷӯи Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови  АМИ Тоҷикистон  соли 2018.

Айни ҳол  таҳқиқоти рисолаи номзадиро дар мавзўи «Ташаккули судҳои халқии давлатдории тоҷикон  дар  асрҳои XIX ва аввали  асри XX» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқ аз рўи ихтисоси 12.00.01. Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимоти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ (илмҳои ҳуқуқӣ) таҳти роҳбарии дотсент Абдулхонов Ф.М.  бурда истодааст. 

Муаллифи се мақолаи илмӣ.

Самти таҳқиқот: таърихи давлат ва ҳуқуқ, назарияи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи ҷиноятӣ.

Суроғаи электронӣ: suhrob79@gmail.com  

Набиев Фатҳиддин Суҳробович

34235423542Ходими хурди илмӣ

Ному насаб: Набиев Фатҳиддин Суҳробович

Вазифа: Ходими хурди илмӣ

Дараҷа ва унвони илмӣ:

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистонро дар соли 2008 бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ хатм намуда айни ҳол унвонҷуи Шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А.М. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Айни ҳол дар арафаи ҳимоя диссертатсия дар мавзӯъи «Принсипҳои ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: татқиқоти назариявӣ ва амалӣ» (Принципы права в Республике Таджикистан: теоретико-практическое исследование) барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.01 – Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимоти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ (илмҳои ҳуқуқшиносӣ) мебошад.

Муаллифӣ зиёда аз 13 мақолаҳои илми-тадқиқотӣ, дар маҷалаҳои илмии феҳристи Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия ва Тоҷикистон ба қайд гирифташуда мебошад.

Муаллифи 8 лоиҳаи қонун ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷумла хулосаҳои ҳуқуқии лоиҳаҳои кодекс, қонунҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тибқи ваколатнома манфиатҳои шахсони сеюмро дар Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди иқтисодии шаҳри Душанбе муаррифӣ намудааст.

Соли 2019 барои хизматҳои шоиста дар рушди илм бо ифтихорномаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқӣ ба номи академик А.М. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Соли 2019 барои хизматҳои шоиста бо ифтихорномаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Соли 2020 барои хизматҳои шоиста бо ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Самти таҳқиқот: назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат, ҳуқуқи ҷиноятӣ ва ҳуқуқи гражданӣ.

Суроғаи электорнӣ: fatkhiddin.1985@mail.ru

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 2003-2008

Донишҷӯи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2008-2011

Афсари Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2011-2012

Сармутахассиси шуъбаи кадрҳои дастгоҳи марказии Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2012-2015

Аспиранти Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқӣ ба номи академик А.М. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2012-2015

Сардори шуъбаи ҳуқуқ ва кадрҳои Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Аз 2 феврали соли 2016 то ҳол

Ходими хурди илмии Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқӣ ба номи академик А.М. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

 

3123123