Skip to main content

СОХТОРИ ИНСТИТУТ


 Таъсиси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ИФСҲ) бо раванди  таҳкими  истиқлоли кишварамон рост омад. Бинобар ин мавзуъҳои  таҳқиқотии он низ ба ин падида, алоқамандии ногусастанӣ дошта, ба масъалаҳои ташаккули миллати тоҷик, худшиносии миллӣ, фарҳангу ҳувияти миллӣ, таъмини заминаи ҳуқуқии раванди дигаргуниҳои ҷомеаро дар бар мегирад.

  Сохтори ИФСҲ аз рӯи самтҳои асосии таҳқиқот ва вазифаҳои Институт муайян ва такмил дода шуда, бо пешниҳоди директор аз ҷониби Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасдиқ мегардад.

  Воҳидҳои сохтори Институтро шуъбаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ  ташкил медиҳанд. Дар  ИФСҲ  13 шуъба ва 1 марказ  амал мекунад:

 

Шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқ

Шуъбаи мазкур соли 2011 бо ташаббуси маъмурияти Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Ҳадафи асосии Шуъба баррасӣ намудани афкори онтологӣ, гносеологӣ ва мантиқии халқи тоҷик аз ибтидои асрҳои миёна то замони муосир аст, зеро таълимоту таълифоти файласуфону мантиқшиносони тоҷику форс то кунун, ба таври муназзам мавриди баррасию таҳқиқ қарор нагирифтаанд.

Онтология, гносеология ва мантиқ, ки қисматҳои умдатарини фалсафа ба ҳисоб мераванд, решаҳои тӯлонии пайдоиш доранд, ки аз давраҳои қадим маншаъ гирифта, моҳияти илмию методологии фалсафаро дар мегиранд.

          Қобили тазаккур аст, ки илми мантиқ низ аз қарнҳои IV-V-и мелодӣ сар карда, (масалан, маркази илмӣ ё худ академияи Гундишпур) дар ҳамаи марҳилаҳои инкишофи таърих ҳамчун яке аз илмҳои асосӣ дар таълиму тадрис нуфузи баланд дошт. Аз ин лиҳоз, барои Шуъба зарур аст, ки ниёзмандони  илми мантиқро бо мероси ғании мутафаккирони тоҷику форс шинос намоянд.

Солҳои 2011-2013 ходимони Шуъба асосан дар тайёр намудани китоби чорҷилдаи «Таърихи фалсафаи тоҷик» ва «Осор»-и «Абӯалӣ ибни Сино» иштирок карданд. Аз ҷумла профессор  Н.М. Сайфуллаев барои «Таърихи фалсафаи тоҷик» қисматҳои мантиқии Форобӣ, Ибни Сино, Мир Саид Шарифи Ҷузҷонӣ, Котибии Қазвинӣ, Саъдуддини Тафтазонӣ, таълимоти  мантиқию табиии Насируддини Тусиро ба анҷом расонидааст. Инчунин дар таҳрири ҷилдҳои 5-и тоҷикию русии «Осор» иштирок кардааст.

Дар солҳои 2013-2017 ходимони шуъба дар мавзӯи «Тадқиқи ҷанбаҳои асосии афкори мантиқии халқи тоҷик» тадқиқот бурдаанд. Дар ин муддат асару таълимотҳои мутафаккирони барҷастаи халқи тоҷик, ба мисли Абубакр Розӣ, Абунаср Форобӣ, Ибни Сино, Абурайҳон Берунӣ, Абуҳомид Ғазолӣ, Насируддин Тусӣ, Котибии Қазвинӣ, Афзалуддин Кошонӣ, Убайдуллоҳ ибни Масъуд, Мир Сайид Шариф Ҷурҷонӣ, Саъдуддин Тафтазонӣ ва дигарон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Дар соли 2019 шуъбаҳои фалсафаи илм ва мантиқ ва онтология, гносеология муттаҳид карда шуда,  шуъба аз он давра инҷониб, номи онтология, гносеология ва мантиқро гирифт.

Кормандони шуъба аз соли 2023 ба таҳқиқи лоиҳаи нав зери унвони «Ташаккул ва ҷаҳонбинии илмӣ-фалсафӣ дар Тоҷикистони муосир» оғоз намуданд, ки мӯҳлати иҷрои он солҳои  2023-2027 мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки фалсафа илмест, ки мунтазам инкишоф меёбад ва системаи донишҳои пайваста нав карда мешавад. Вазифа ва рисолати асосии фалсафа ҷустуҷӯ ва тафаккури интиқодӣ ва мантиқӣ   роҷеъ ба  проблемаи  абадии ҳастӣ, инсон ва ҷомеа мебошад. Ҷаҳонбинии ҷомеа   барои азнавсозӣ ва рушду такомули он, ташаккули системаи ҷаҳонбинии нав ва арзишҳои нав замина ба вуҷуд меорад. Ошкор  гардид, ки раванди таҳлили фалсафӣ аҳамияти бузурги назариявию амалӣ дошта, сабабҳои ба миён омадани мушкилоти ҷаҳонбинии илмиро ошкор намуда, барои ҳалли проблемаҳои мубрами ҷомеа хулосаву тавсияҳои илмӣ пешниҳод менамояд.

Бинобар ин, тафаккури илмию фалсафӣ  ва мантиқию эҷодӣ назар ба шаклҳои ҳиссии инъикоси воқеият баландтар буда, тавассути онҳо инсон робитаҳои муҳим ва муносибати ашёро фаъолонаю мақсаднок дарк намуда, эҷодкорона дорои фикру андешаҳои нав мегардад ва ба ҳамин васила падидаю зуҳурот ва дурнамои амалиёти хешро пешгӯӣ менамояд. Албатта, чунин хусусиятҳои тафаккури илмию фалсафӣ ва мантиқию эҷодӣ дар фаъолияти ҳаррӯзаи маънавии ҷавонон  барои пешгирӣ намудани онҳо  аз амалиёти  ифротгароию тундгароии динӣ ва ҳаргуна унсурҳои номатлуби ҷомеа нақши муайянро мебозад.

Имрӯз яке аз вазифаи мубрами илми мантиқ таваҷҷуҳи олимони ҷавонро ба масъалаи роҳҳои дар асоси мантиқи шаклӣ пайдо  шудани соҳаи нави мантиқ - мантиқи математикӣ  бояд ҷалб намуд. Ба вижа, омӯзиши  шаклҳо ва қонунҳои тафаккур тавассути методҳои математикӣ хеле зарур аст. Мазмуни асосии мантиқи математикиро таҳқиқи  муносибати байни ҳукм ва мафҳумҳо дар ҷараёни хулосабарорӣ ва бурҳон ташкил медиҳад. Мантиқ аз мантиқи шаклӣ, пеш аз ҳама, бо методи таҳқиқотии худ фарқ мекунад. Дар он барои такмили қонуниятҳои мантиқӣ аз методи «ҳисоббарорӣ», ки хоси математика аст, истифода мебаранд. Мантиқи математикӣ забони махсуси рамз ва формулаҳоро истифода карда, тафаккурро дар системаҳои муайяни мантиқӣҲисоби мантиқӣ») меомӯзад. Ин имконият медиҳад, ки ба ҷои фикрронию исботи муқаррарӣ шаклдигаркунии формулаҳо аз рӯи қоидаҳои муайян гузаронида шавад.

 Аммо ба ғайр аз мантиқи математикӣ, ки  ҷиҳатҳои тафаккурро дар бар мегирад, фалсафа, равоншиносӣ ва физиологияи фаъолияти асаб низ ба равонии тафаккур ниёз доранд. Аз ин рӯ, мо  ба чунин хулосаи амиқ омадаем, ки  фанни мантиқ бояд дар тамоми донишгоҳҳо, донишкадаҳо ва мактабҳои миёна ҳамчун фанни дарсӣ таълим дода шавад. Бинобар ин,  ҳаматарафа саъю талош намоем, ки таваҷҷӯҳи мутахассисони ҷавонро дар ин соҳа зиёдтар ҷалб намоем, то ки дар оянда барои  беҳтар намудани сифати дониши мантиқӣ ва корбурди он ҳаматарафа ҷавобгуй бошанд.

Айни ҳол дар шуъба 6 корманди илмӣ фаъолият менамояд:

Мудири шуъба – н.и.ф. Саидҷафарова П.Ш.

Сарходими илмӣ д.и.ф. Усмонова З.М.

Ходими пешбари илмӣ д.и.ф., профессор Сайфуллаев Н.М.

Ходими пешбари илмӣ д.и.ф., профессор Шамолов А.А.

Ходими калони илмӣ н.и.ф. Иброҳимова С.Ҳ.

Ходими илмӣ н.и.ф. Бандалиева Ш.Н.

 Хулоса, дар назди ходимони шуъба вазифаҳои бузурге гузошта шудааст, ки асоси он таҳқиқи роҳҳои инкишофи ҷаҳонбинии фалсафӣ, мантиқӣ-фалсафӣ ва тафаккури эҷодӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Шуъбаи таърихи фалсафа

  Соли 1951 дар базаи филиали АИ Ҷамоҳири Шӯравии сотсиалистӣ, АИ ҶТ ташкил карда шуд. Ҳамзамон дар ҳайати он Шуъбаи Фалсафа низ созмон дода шуд, ҳамзамон дар ҳайати он Шуъбаи таърихи фалсафа низ созмон дода шуд. Дар баробари омӯзиш ва таҳқиқи ҷиҳатҳои алоҳидаи фалсафаи марксистӣ-ленинӣ дар Тоҷикистон, ба монанди масъалаҳои мубрамтарини рӯз: материализми диалектикӣ ва таърихӣ, коммунизми илмӣ ва атеизми илмӣ яке аз масъалаи дигари муҳими ба зиммаи Шуъбаи навташкилшуда вогузор шуда буд – ин омӯхтан ва таҳқиқи таърихи афкори фалсафӣ, иҷтимоӣ – сиёсӣ ва ахлоқии халқи тоҷик ба шумор мерафт. Бояд ёдовар шуд, ки баъзе нуктаҳои афкори иҷтимоӣ-сиёсӣ ва фалсафаи халқи тоҷик то ташкилшавии АИ Ҷумҳурӣ ва махсусан Шуъбаи фалсафа, ҳанӯз дар солҳои 20 ва 30-уми асри XX аз тарафи олимони шарқшинос, Садриддин Айнӣ, А.Кримский, А.А.Семенов, Е.Э.Бертельс, Б.Ғафуров ва дигарҳо мавриди таҳқиқ қарор ёфта буданд. Таври мисол аз байни ин асарҳо метавон нигоштаҳои С.Айнӣ, А.А.Семенов асарҳои таҳқиқии намояндагони таърихи афкори ҷамъиятию фалсафӣ ва ҷанбаҳои алоҳидаи ба тасаввуф бахшидаи Е.Э.Бертельс, рисолаҳои ба таърихи назарияи исмоилия бахшидаи Б.Ғафуров ва бисёри дигареро ном бурд. Вале дар ҳақиқат, таҳқиқу баррасии ҳаматарафа ва муназзами афкори фалсафӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ахлоқии халқамон бо ташкилшавии Шуъбаи фалсафа ва дар дохили он созмон додани бахши таърихи фалсафа зич алоқаманд аст. А.М.Баҳоуддинов аз оғози ташкилшавии Шуъба мудирии онро ба ӯҳда дошта, ҳамчун мудири Шуъба таваҷҷӯҳи асосиро ба омӯзиши таърихи афкори фалсафӣ ироа доштанд. Худи устод ба ин масъала диққати махсус дода, дар охири солҳои 40-ум ба омӯзиши осор ва афкори яке аз нобиғаҳои бузургтарини асримиёнагии халқамон – Абӯалӣ ибни Сино машғул шуданд. Хидмати арзандаи А.М.Баҳоуддинов – ин аввалин бор аз тарафи вай ба забони русӣ тарҷима намудани «Донишнома» мебошад, ки Ибни Сино онро ба забони модарии хеш тоҷикӣ-дарӣ иншо намудааст. Дар баробари таҳқиқи ҷиҳатҳои алоҳидаи таълимоти фалсафии мутафаккир, ақидаҳои фалсафии соири файласуфон аз ҷумла: Ибни Боҷа, Ибни Рушд, Ибни Халдун ва инчунин намояндагони дигари афкори фалсафӣ-иҷтимоӣ, калом, исмоилия, тасаввуф, маорифпарварони халқи тоҷик, мавриди омӯзишу таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд. Натиҷаи ин таҳқиқот китоби «Очеркҳо оид ба таърихи фалсафаи тоҷик», Душанбе, 1961 мебошад. Барои маҷмӯи корҳо роҷеъ ба таҳлилу таҳқиқи осору афкори Ибн Сино устод Баҳоуддинов А.М. дар соли 1967 сазовори ҷоизаи Давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино гардида буд.

  Дар нимаи дуюми солҳои 50-ум Ғ.Ашуров, М.Раҷабов, Н.Рустамов ва Н.Одилов аспирантураи бахшро хатм намуда будаанд. Солҳои 60-ум Н.Қулматов (Н.Арабзода), Х.Додихудоев, К.Олимов, А.Муҳаммадхоҷаев, М.Мирбобоев, У.Султанов, К.Беков, М.Ҳазратқулов, М.Султонов ба таҳсили рӯзонаю ғоибонаи аспирантураи бахш қабул шуда буданд.

Дар баробари омӯзиши таҳлили ақидаҳои фалсафӣ, ки А.А.Баҳоуддинов анҷом дода буданд тадқиқу таҳқиқи ақида ва ҷаҳонбинии дигар мутафаккирон низ баъди солҳои 50-ум идома меёфт. Аз байни ин асарҳои таҳқиқотӣ метавон монографияҳои таҳқиқотии зайлро ном бурд: М.Раҷабов «Мировоззрение Убайди Зоконӣ», Таджикгосиздат. 1958, боз «Абдурахман Джами и таджикская философия XV в.» Душанбе. 1968. Боз «Философские и социально-эстетические взгляды Амира Хусрава Дехлави», Душанбе. 1982. Боз «Фирдавсӣ ва замони муосир», Душанбе, 1977. Г. Ашуров «Философские взгляды Носир Хусрава», Душанбе. 1965. Д. Джахид Абу-Наср аль-Фараби о государстве», Душанбе. 1966. Н.Одилов «Ҷаҳонбинии Ҷалолуддини Румӣ», Душанбе. 1964. Боз «Мировоззрение Джалолуддина Рума», Душанбе. 1975. Диноршоев М. «Философия Насируддина Туси». Душанбе. 1968. Н.Қулматов «Этические взгляды Саади», Душанбе. «Дониш». 1968. Боз Носири Хусрав. Душанбе. Маориф. 1994. Исмаилитская философия Н.Хусрава. 1997.

  Дар солҳои 1955-1959 роҳбарияти бахши таърихи фалсафаро М.Раҷабов солҳои 1964 -1969, Ғ.Ашуров солҳои 1969 – 1986. М.Диноршоев. Солҳои 1986-1991 К.Олимов ва аз соли 1991 то алҳол А.Муҳаммадхоҷаев ба ӯҳда доштанд.

  Аз солҳои 60-ум сар карда, баробари омӯзиши ақидаҳои пайравони фалсафаи машшоъ ва исмоилия ба таҳқиқу баррасии ҷиҳатҳои алоҳидаи таълимоти мутаккалимону аҳли тасаввуф ва дигарҳо таваҷҷӯҳи бештаре дода мешуд. Натиҷаи ин таваҷҷӯҳ ва диққат буд, ки роҷеъ ба ҷаҳонбинии намояндагони тасаввуфу калом рисолаҳои номзадӣ ҳимоя шуда, монографияҳо низ дар ин соҳа ба чоп расиданд. К.Олимов «Мировоззрение Саноӣ», Душанбе. Дониш. 1973. А.Муҳаммадхоҷаев «Мировоззрение Аттора». Душанбе. «Дониш». 1974. У.Султонов «Ақидаҳои фалсафӣ ва иҷтимоӣ-ахлоқӣ»-и Абӯалӣ ибни Сино», Душанбе, «Дониш», 1976, боз «Ҳамасрони Ибни Сино», Душанбе. «Дониш», 1980. М.Ҳазратқулов «Мировоззрение Садриддина Шерози», Душанбе. «Дониш». 1985. Х.Додихудоев «Очерки философии исмаилизма». Душанбе, «Дониш», 1977. Боз Исмоилия ва озодандешии Шарқ. Душанбе. «Ирфон», 1989. Боз Философия крестянского бунта. (О роли средневекового исмаилизма в развитии свободомыслия на мусульманском Востоке). Душанбе, «Ирфон». К.Беков. Мухаммад Шахристони – историк философ. Душанбе, «Дониш». 1987.

   Дар солҳои 70-ум ҷавонони қобилиятнок ба кор ва таҳсил ба бахши таърихи фалсафа дохил шуданд, ки баъдан ҳар кадоми онҳо муҳаққиқони варзидаи таърихи афкори фалсафӣ ва ҷамъиятӣ шуданд. Аз миёни онҳо метавон А.Қурбонмамадов, Ф.Сироҷов (ёдаш ба хайр), Н.Раҳматуллоев (Назри Яздон), З.Вазиров, Т.Муродова… ва ғайраҳоро номбар намуд, ки натиҷаи  корҳои илмии худро дар мақола ва китобҳояшон нашр намуданд. Аз ҷумлаи онҳо монографияҳои: Н.Раҳматуллоев, Ф.Сироҷов, З.Вазиров, Т.Муродова. А.Қурбонмамадовро метавон ном бурд.

  Тавре маълум аст, соли 1980 ҷаласаи Умумии конференсияи ЮНЕСКО хидматҳои бузурги Абӯалӣ ибни Синоро дар рушду тараққиёти фалсафа, мантиқ, сотсиология, адабиётшиносӣ, назмшиносӣ, забоншиносӣ ва ҳамчунин табиатшиносию тиб ба назар гирифта, қарори махсус қабул намуд, ки мувофиқи он давлатҳои аъзои ЮНЕСКО бо тантана чорабиниҳои гуногуни ҷашниро дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмиллалӣ нисбати 1000-солагии рӯзи таваллуди ин олими доиратулмаорифи тоҷик баргузор намоянд. Зеро ба шарофати қудрати тафаккури фалсафӣ ва тааллуқи фикрӣ, ин марди хирад ва намояндаи фарҳангу фалсафа дар пешбурд ва рушди минбаъдаи соҳаҳои мухталифи илму фалсафа саҳми бағоят калоне бозидааст. Кормандони бахши таърихи фалсафа якҷо бо кормандони Шуъбаи фалсафа дар таҳқиқу баррасӣ ва таҳияю чопии афкору осори Ибни Сино, хидмати зиёде анҷом додаанд ва осори фалсафии ӯро дар   ҷилд ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба нашр расониданд. Дар ин кор саъю кӯшиши Мудири Шуъба – Ғ.Ашуров ва мудирони бахши таърихи фалсафа М.Диноршоев ва бахши тарҷима ва таҳияи осори фалсафӣ А.Девонақуловро ҳатман бояд зикр намуд. Натиҷаи ин хидматҳо буд, ки Шуъбаи фалсафа барои ин хидматҳояш сазовори мукофоти байналхалқии ба номи Ҷавоҳирлол Неру гардида буд.

 Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи омӯзиши таърихи афкори фалсафӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ахлоқии халқи тоҷик дар солҳои 80-ум аз он иборат аст, ки дар он солҳо ба таҳқиқу баррасии ҷанбаҳои алоҳидаи равия ва ҷараёнҳои фалсафӣ диққати бештар дода мешуд. Ин буд, ки бисёр тарафҳои ин ҷараёнҳо ҳам дар алоҳидагӣ ҳам дар якҷоягӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта шуда буданд. Аз байни кормандон ва аспирантони ин бахш дар ин солҳо муҳаққиқони хеле умедбахш ба монанди: Х.Зиёев, М.Маҳмадҷонова, А.А.Шамолов, З.Диноршоева, И.Зиёев Н.Н.Содиқова, Саидов И. ба камол расида, рисолаҳои номзадӣ ва докториҳои хешро ҳимоя намуданд.

  Тадқиқотҳои онҳо бо хушнудӣ метавон гуфт, ки аслан ба таҳлилу баррасии ҷиҳатҳои мухталифи фалсафӣ ва ирфонии мутафаккирони таълимоти динӣ-тасаввуфӣ: Баҳоуддин Валад, Ҷалолуддин Румӣ, Абӯҳомид Ғаззолӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Муҳаммад Иқбол ва дигарон бахшида шуданд. Бояд таъкид намуд, ки дар таърихи фалсафаи тоҷик омӯзиш ва таҳлили ҳаматарафаи афкори фалсафӣ ва ирфонии ин нобиғаҳо, ки дер боз таҳқиқи воқеии осори боқигузоштаи хешро интизор буданд, аввалин бор анҷом дода шуд.

   Бояд хотирнишон кард, ки аз солҳои 80-ум сар карда аз тарафи кормандони бахш китобу монографияҳои хеле зиёди ҷамъбастӣ роҷеъ ба таърихи афкори динӣ-фалсафии қадими халқи тоҷик, таълимоти асҳоби ҳаюло, машшоия, исмоилия, тсаввуф ва тариқаҳои он ба чоп расиданд, ки қаблан ба баъзеи онҳо ишора шуд, дар ҷодаи омӯзишу таҳқиқи таърихи афкори фалсафии халқамон қадами ҷиддие буда, ба бисёр ҷиҳатҳои торику ноомӯхтаи ин ҷараёну равияҳо ва ҷаҳонбинию ақидаҳои фалсафии онҳо равшанӣ андохтанд.

  Дар тӯли солҳои 60-70-ум дар соҳаи омӯзиши таърихи маорифпарварии нимаи дуюми асри X1X ва ибтидои асри XX махсусан тадқиқи ақидаҳои асосгузори ҷараёни маорифпарварии халқи тоҷик – Аҳмади Дониш  ва ҳамзамонону пайравони вай: Шоҳин, Асирӣ, Мирзо Азими Сомӣ, С.Айнӣ ва дигарон монографияю мақолаҳои зиёде навишта шуданд. Дар омӯзиш ва таҳлилу баррасии ҷанбаҳои гуногуни ин равия тақиқотҳои академикҳои АИ ҶТ А.М. Баҳоуддинов, З.Ш.Раҷабов, узви вобастаи АИ ҶТ Ғ.Ашуров, доктори илмҳои фалсафа И.Шарипов ва дигарон хеле калон аст. Барои як силсила тадқиқотҳои дар ин соҳа анҷом додашуда ба академик З.Ш.Раҷабов соли 1967 мукофоти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дода шуд.

  Яке аз муваффаққиятҳои  чашмрас таҳқиқи ин солҳо аз он иборат буд, ки кормандони бахш, роҷеъ ба таърихи афкори фалсафӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ахлоқии халқи тоҷик аз асрҳои қадим то асри XV дар ҳаҷми се ҷилд кори таҳқиқотӣ анҷом доданд. Аммо бо баъзе сабабҳо: аз ҷумла авзои номусоиди иҷтимоӣ-сиёсии Ҷумҳурӣ нашри он ба таъхир афтод. Хушбахтона чанд сол баъд бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва қарори Шӯрои илмии Пажӯҳишгоҳ муяссар гардид, ки ин таҳқиқоти зарурӣ дар ҳаҷми се ҷилд ба нашр расонида шавад. Сол гузашта, яъне соли 2010 ҷилди аввали он, ки тахрихи ақидаҳои фалсафии халқи тоҷикро аз замонҳои қадим то паҳншавии дини ислом дар бар мегирад, чоп шуд. Ҳоло бошад ҷилди дуюми он омодаи нашр шуда истодааст. Баъди аз чоп баромадани он, ҷилди 3-ум низ барои нашр омода хоҳад шуд.

Аз ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, ходимони Шуъба ба омӯзиш ва таҳлилу баррасии ақидаҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ахлоқии халқи тоҷик ба таври мушаххас дар асрҳои XV1 ва ибтидои  қарни XX сар карданд.

  Натиҷаи таҳқиқоти ин мавзӯъ дар китоби алоҳида бо номи «Баррасиҳо аз таърихи фалсафаи тоҷику форс» (асри XV1- ибтидои асри XX), дар ҳаҷми 618 саҳифа соли 2002 дар нашриёти «Дониш» чоп гардид. Бояд таъкид намуд, ки ин давра, яке аз давраҳои хеле кам омӯхташудаи таърихи афкори фалсафии халқамон ба ҳисоб мерафт. Натиҷаи ин тадқиқот ба таври возеҳ нишон дод, ки алорағми ақидаҳои баъзе олимон дар хусуси он ки дар ин давра ақидаҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ахлоқии халқи тоҷик то андозае аз рушду тараққиёт боз монда буд, афкори фалсафӣ дар ин давра ҳам ривоҷу равнақи зиёде пайдо  намуда, мутафаккирон ғояҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ахлоқии гузаштаро ҳаматарафа омӯхта, дар шароити нави таърихӣ онҳоро инкишоф дода, вобаста ба талаботи замон ва тақозои давр мавриди таҳқиқ қарор додаанд.

  Ба ғайр аз ин китоби ҷамъбастӣ, кормандони Шуъба дар он солҳо бидуни мақолоти алоҳида, таҳқиқоти мукаммале дар бораи равияю ҷараёнҳо умуман ва мутафаккирони ин ё он мактабҳои фалсафӣ ба чоп расониданд, ки дар омӯзиши ақоиди фалсафӣ ва иҷтимоӣ-ахлоқии ниёконамон саҳми босазое гузаштаанд.

Аз ибтидои солҳои 2000-ум ба муносибати баргузории ҷашнвораҳои намояндагони барҷастаи асримиёнагии халқҳои форс-тоҷик кормандони Шуъба ба таҳлилу таҳқиқ ва таҳияи асарҳои онҳо машғул буданд. Дар натиҷа бо кӯшиши онҳо дар соли 2003 «Куллиёти осори фалсафӣ»-и Н. Хусрав, ки асарҳои «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн», «Кӯшоиш ва раҳоиш» ва «Хон-ул-ихвон» соли 2004 ба муносибати  600-солагии Хоҷа Аҳрор осори мунтахаби вай ва пайравонаш, ки «Рисолаи Фақарот», «Рисолаи Рқиъот», «Рисолаи Валадия», «Силсилаи насабномаи Хоҷагон», «Маноқиби Ҳазрати Эшон» ва «Рашаҳот Айналҳаёт»-ро дар бар мегиранд, интишор намуданд.

  Дар соли 2005 ходимони Шуъба ба муносибати ҷашни 1125-солагии Абӯалӣ ибни Сино ҷилди аввали  осори 15-ҷилдаи асарҳои ин мутафаккири барҷастаро омодаи чоп намуданд, ки «Рисолаи саргузашт», «Донишнома», «Ишорот ва танбеҳот», «Мабдаъ ва маъод» ва «Азҳавия» эҳтиво мекунад.   Ба ҳамин минвол кормандони Шуъба дар баргузорӣ ва таҷлили ҷашнвораҳои Ҷалолуддини Румӣ, Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абӯҳанифа, Абӯҳомид Ғаззолӣ, Абулмаҷди Саноӣ, Фаридуддини Аттор, Абӯҳнифа, ва дигарҳо мақолаҳою китобҳои хеле зиёде ба чоп расониданд.   

  Тавре қаблан зикр гардид, аз соли 2009 мувофиқи нақшаи таҳқиқӣ ва ӯҳдадориҳои шахсӣ  ходимони Шуъба ба ғайр аз таҳлилу баррасии ақоиди фалсафӣ ва ҷамъиятии халқи тоҷик ба омода намудани «Таърихи фалсафаи тоҷик» (аз замонҳои қадим то асри XV, ба забони русӣ, дар се ҷилд ) ва «Таърихи фалсафаи тоҷик» (аз замонҳои қадим то ибтидои асри XX ба забони тоҷикӣ, дар 5 ҷилд ) машғуланд. Дар айни ҳол ҷилди 1,2,3-и русӣ ва ҷилдҳои 1,2-и тоҷикӣ чоп шудааст. Ходимони илмии Шуъба саъю кӯшиш доранд, ки то рӯзи таҷлили 30-солагии истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷилдҳои 3,4,5-и тоҷикиро аз чоп бароранд.

Ҳайати кормандони Шуъба:

Мудири Шуъбаи таърихи фалсафа

Ному насаб: Шамсов Муборакшо Саловудинович

Вазифа: мудири шуъба

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои фалсафӣ

  14 ноябри 1970 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Солҳои 1978–1988 таҳсил дар мактаби миёнаи №7 ш. Кӯлоб. Солҳои 1988–1993 донишҷӯи ДДТТ. Даҳонпизишки Шуъбаи стоматологии дармонгоҳи №2 ш. Кӯлоб (1993–95, 1996–99). Хизмат дар Артиши миллии Тоҷикистон ба ҳайси ҷарроҳи ҷоғу рӯй (1995–96). Капитани эҳтиётии қушунҳои тиббӣ. Даҳонпизишки Шуъбаи донишҷуёни дармонгоҳи №2 (ҳозира Маркази саломатии шаҳрии ш. Душанбе; 1999–2013). Даҳонпизишки ҶДММ “Икром–С” (2013–15). Унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиноси ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ (2011-15). Марти 2015 рисолаи илмиашро зери унвони “Таълимоти тасаввуфии Хоҷа Муҳаммади Порсо” ҳимоя кардааст. Аз июни 2015 то январи 2016 ходими илмӣ, аз январи 2016 то майи 2017 ходими калони илмӣ ва аз майи 2017 то ҳол мудири Шуъбаи таърихи фалсафаи Иститути фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ. Ҳамзамон муҳаррири Шуъбаи биология, химия ва тибби Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик (2015–2017). Аз соли 2017 муҳаррири пешбари Шуъбаи таърихи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик. Дар давоми фаъолият дар СЭМТ ба таҳрир, тарҷума, баргардони маводҳои илмии марбут ба соҳаи биология, тиб, таърих, дин, фалсафа машғул аст. Аз ҷумла аз форсӣ ба сириллӣ баргардони китоби Ричард Вокир “Шигифтиҳои бадани инсон” ба қалами ӯ тааллуқ дорад (2015).

Дар бахши таърихи фалсафа таҳқиқот дар сохаи тасаввуф, калом ва фалсафаи машшо анҷом дода истодааст. Муаллифи беш аз 30 таълифоти илмӣ.  

Осор: Суфийское учение Ходжа Мухаммада Порсо. Д., 2014; Дастури таълимӣ. Таърихи фалсафа. Д., 2015; Дастури таълимӣ. Сиёсатшиносӣ. Д., 2016; Дастури таълимӣ. Этикаи касбӣ. Д., 2017; Дастури таълимӣ. Диншиносӣ. Д., 2017. Силлабус. Религиоведение. Д., 2017; Дастури таълимӣ. Таърихи фалсафа барои докторантони PhD. Д., 2018.

Шуъбаи фалсафаи фарҳанг

Шуъбаи фалсафаи фарҳанг 01.04.2011 таъсис ёфтааст. Аз рӯзи таъсис то моҳи майи соли 2024 мудири шуъбаро доктори илмҳои фалсафа, профессор Раҳимов Саъдулло Хайруллоевич ба зимма дошт. Аз моҳи майи соли 2024 роҳбарии шуъба ба души доктори илмҳои фалсафа, профессор Самиев Бобо Ҷураевич вогузор карда шуд.

Дар тӯли солҳои гуногун кормандони зерин: доктори илмҳои фалсафа, профессор М.Музаффарӣ, номзади илмҳои фалсафа Раҳматуллоев доктори илмҳои фалсафа Н.Содиқова, доктори илмҳои фалсафа, профессор, М. Маҳмадова, доктори илмҳои фалсафа К.Бекзода, доктори илмҳои фалсафа Ё.Ниёзӣ, номзади илмҳои фалсафа Х.Бобоёров, номзади илмҳои таърих, фарҳангшинос Р.Каримова, номзади илмҳои фалсафа Алишери Муҳаммадӣ, номзади илмҳои фалсафа З.Зиёева, номзади илмҳои фалсафа С.Назаров, ходими хурди илмӣ З.Сайфулло, лаборанти шуъба С.Ҷангибекова фаъолият намуданд. Айни замон дар шуъба кормандони зерин фаъолият доранд: Б.Ҷ.Самиев, Н.Раҳматуллоев, З.И.Зиёева, С.Назаров, З.Сайфулло ва лаборанти шуъба С.Ҷангибекова.

Ҳадафи асосии кормандони шуъбаи фалсафаи фарҳанг он аст, ки  тамоми тадқиқоти дар ин ҷода ба даст омадаро гирд оварда, мавзуъҳои калидиро, аз қабили сарчашмаҳои фарҳангсоз, саҳми фарҳанг дар рушди инсон ва ҷомеа, саҳми фарҳанги моддӣ ва маънавӣ дар ташаккул ва шаклгирии ҳувият ва худшиносии миллӣ, дар шаклгирии ҳунарҳои зебо, сиёсати фарҳангии давлат, динҳо, дар таносуби анъана ва навоварӣ, таҳаввули фарҳанг дар марҳилаҳои мухталифи таърих, ҳамбастагии фарҳанги гузашта бо баъдина ва ҳам гароиши он бо тамаддуни башарӣ боздид намуда, моҳият ва муҳтавои онро аз нигоҳи фалсафӣ бо тарзу усул ва методологияи муфиди мухталифу ҷадид арҷу баррасӣ намояд. Ин фаъолияти шуъба дар ҳолате, ки кишвари Тоҷикистони соҳибистиқлол дар вазъи шинохти мероси хеш ва дар ин асос ба сохтани ҷомеаи кушоду демократӣ, ҳуқукбунёд ва тарзи зисти наву пешқадам саъй дорад, аҳамияти стратегӣ пайдо мекунад.

  Кормандони шуъба якҷоя бо маъмурияти Институт ташаббускори баргузории тадқиқотҳои муштараки байналмилалӣ, доиркунандаи симпозиуму конфронсу семинарҳои илмию амалӣ андар боби масоили баррасишавандаи фалсафаи фарҳанг мебошанд.

  Шуъба дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос доир ба соҳа низ саҳм мегирад. Ходимони илмии шуъба борҳо бо ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷоизаву сертификатҳои ташкилотҳои байналмилалӣ қадр карда шудаанд. Шуъба ба ҳайси сохтори экспертӣ барои дифоъи рисоласҳои илмии унвонҷӯии соҳа низ баромад мекунад.

Фаъолияти шуъба нафақат ба шакли пажӯҳишҳои сирф илмӣ, балки ба шакли таҳияи маводи илмӣ-оммавӣ, китобҳои дарсӣ доир ба фарҳангшиносӣ, эстетика, мардумшиносӣ, назарияи ҳунарҳои зебо, хулқшиносӣ, одоби муошират ва амсоли ин низ нигаронида шудааст. Кормандони шуъба дар навиштани китоби бисёрҷилдаи дастҷамъии Институт «Таърихи фалсафаи тоҷик» низ саҳм гирифтаанд.

  Мавзуҳои панҷсолаи корҳои таҳқиқотии кормандони шуъбаро дар тӯли солҳои 20132017 мавзуи «Масоили ақлгароӣ дар таърихи фарҳанги тоҷик» ва дар  солҳои 2018 2022 мавзуи «Зиёиёни тоҷик ва тағйирпазирии фарҳанги замони Истиқлол» ташкил дода, дар солҳои 2023 – 2027 мавзуи «Фарҳанги муосири тоҷик» масъалаи меҳварии корҳои таҳқиқотии кормандони шуъба маҳсуб меёбад.

  Аз соли таъсиси шуъба то имрӯз дар доираи мавзуҳои таҳқиқотӣ аз ҷониби ходимони илмии шуъба 26 китобу монографияҳо ва беш аз 500 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ таҳия ва ба табъ расонида шудааст. Бахусус, баъзе асарҳои кормандони илмӣ дар кишварҳои хориҷ ба забони англисӣ, русӣ ва кореягӣ аз чоп баромадаанд. Дастовардҳои арзишманди кормандони шуъба дар тӯли солҳои охир бо чунин номҳо ба нашр расида, дастраси хонандагон ва муҳаққиқони соҳа гардидаанд:

1. Рахимов С. Х. Очерки теории и истории таджикского кино. – Душанбе, 2020. – 276 с. с иллюстрациями.

2. Рахимов С. Х. Актуальные проблемы таджикской культуры. – Душанбе: Дониш, 2020. – 388 с.

3. Рахимов С.Х. Хорошее кино имидж государства. – Д., 2021. – 421с.

4. Рахимов С.Х. Современное пространство таджикской культуры. Сборник статей. – Душанбе, 2023, 450 с.

5. Рахимов С.Х. Современная таджикская культура. Сборник статей. – Душанбе, 2024. – 240 с.

6. Самиев Б.Дж. Роль социокультурных факторов в предотвращении религиозного экстремизма – Душанбе, 2024. – 319 с. (монография в соавторстве с Ш. Бердиевым, Г. Каххаровым).

7. Алишери Муҳаммадӣ. «Философия культуры». – Душанбе, 2020. - 380 с.

8.Музаффарӣ М. «Антропологияи системавӣ». Иборат аз се қисм. Қ.1. Душанбе. 2021.- 218 с.

9. Назри Яздон. Арийско-таджикские мечты. - Душанбе, 2021.- 282с.

 Рӯйхати китоб ва монографияҳои мутааллиқи кормандони Шуъба аз соли 2011 то 2020:

Ниёзов Ё. Нигоҳи тозае ба ирфони Ибни Сино.//Паёми Донишгоҳи миллӣ. 2011, № 4.

Ниёзов Ё. Нигариши ирфонии Ибни Син..//Паёми Донишгоҳи миллӣ. 2011, № 6.

Рахимов С. Эстетика зороастризма/Таърихи фалсафаи точик. – Душанбе: Дониш, 2011, 582 с. - С. 395 – 428; 532 – 534 (1,7 п.л.)

Рахимов С. Другим стал мир, моя река, а ты все та же./ Мирзо Турсунзаде и теоретические проблемы новой таджикской культуры. – Душанбе, 2011, 438 с. – С. 403 – 426. (1,3 п.л.)

Рахимов С. Сравнительный анализ мифологического сознания и современного мифа. /Традиции и процессы демократизации в Таджикистане. Том 2. Душанбе, 2011, - 220 с. – С. 30 – 39, (0,3 п.л.)

Рахимов С. Традиции прошлого и современность: культурологический аспект. Традиции и процессы демократизации в Таджикистане. Том 2. Душанбе, 2011, - 220 с. – С.135 – 139. (0,6 п.л).

Раҳимов С.Х. Суннатҳои гузашта ва замони кунунӣ: диди фарҳангшиносӣ (русӣ) /Традиции и процессы демократизации в Таджикистане. Том 2. Душанбе, 2011, - 220 с. – С.135 – 139. (0,6 п.л.)

Раҳимов С. Статьи: «Александров Г. С.» (в соавторстве) (С. 292 – 293), «Андреев Б. Ф.» (С. 453 – 454), «Артемйев Э. Н.» (С. 564)/ Энциклопедияи миллии тоҷик, т. 1. (А - Асос). – Душанбе, 2011, 608 с. (0, 5 п.л.).

Рахимов С. Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон/Номаи Пажӯҳишгоҳ. Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ. Душанбе, № 22, тирамоҳи соли 2011. - С. 33 – 53 (1 п.л.).

Раҳимов С. Истиқлолият ва саҳми мо. // ”Садои Шарқ”, 2011, № 9, - С. 20 – 28. (1 п.л.)

Раҳимов С. Рӯди ман, олам дигар шуд.../ “Садои Шарқ”, 2011, № 10, - С. 21 – 34. (1, 3 п.л.)

Рахимов С. Архитектура, меняющая наше сознание. // Народная газета. – 20 января 2011, № 3 (0,3 п.л.)

Раҳимов С. Сухани ишқ.... / Баҳори Аҷам. – 28 января 2011, № 2 – 2, (0,3 п.л.)

Раҳимов С. Истиқлолият ва мафкураи нав// Баҳори Аҷам. – 11 февраля 2011, № 4, (0,3 п.л.)

Рахимов С. Краткая история таджикского кино//Календарь, выпущенный Институтом открытого общества. (0,5 п.л.)

Раҳимов С. Тавбатаронаҳои Сайф //Ҷумҳурият. – 19 мая 2011, № 71-72, (0,4 п.л.)

Раҳимов С. И вновь размышляя о «Братане»// Сафват (ежемесячная газета) - № 2, июль 2011г., С. 10 (0,3 п.л.)

Раҳимов С. Эстетика зороастризма. / Таърихи фалсафаи точик. – Душанбе: Дониш, 2011, 582 с. - С. 395 – 428; 532 – 534 (1,7 п.л.)

Рахимов С. Другим стал мир, моя река, а ты все та же./ Мирзо Турсунзаде и теоретические проблемы новой таджикской культуры. – Душанбе, 2011, 438 с. – С. 403 – 426. (1,3 п.л.)

Рахимов С. Другим стал мир, моя река, а ты все та же./ Мирзо Турсунзаде и теоретические проблемы новой таджикской культуры. – Душанбе, 2011, 438 с. – С. 403 – 426. (1,3 п.л.)

Раҳимов С.Х. Маҷиди Асадӣ. Маъно ва мафҳуми фарҳанг дар забони форсӣ.//Ахбори АИ ҶТ. Силсилаи фалсафа ва ҳуқуқ. – Душанбе,  2011, № 2 (0,5 ҷ.ч.)   

Рахимов С. И вновь размышляя о «Братане»// Сафват (ежемесячная газета) – № 2, июль 2011г., С. 10 (0,3 п.л.)

Соли 2012

Бобоёров Ҳ. “Local Networks of Indigenous Knowledge Systems in Tajikistan” (“Шабакаҳои маҳаллии системаҳои дониши бумӣ дар Тоҷикистон”) // “The Journal of Post-Soviet Democratization” (Vol. 20, No. 4, Autumn 2012) (маҷаллаи илмии Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон).

Раҳимов С. Навруз – мировоззрение оптимизма и созидания/Навруз как явление мировой культуры. – Душанбе, 2012, 335 с. – 311 - 315 (0,5 ҷ.ч.)

Раҳимов С. Фалсафа ва шеър./ Вазъи илм дар Тоҷикистон. Маводи конференсия. Душанбе, 2012 (0,8 ҷ.ч.)

Туйчизода Н. (аспирант) Роль телевидения в деле воспитании детей. /Дети и окружающий мир: здоровье, образование и экология. - издание Академии педагогических наук Алтайского края Российской Федерации. – 2012. С.

Соли 2013

Бобоёров Ҳ. Бӯҳрон ва устувории робитаҳои анъанавӣ дар Тоҷи­кистон. Истифодаи консепсияи “бехатарии онтологӣ””. // “Cros­sroads Asia”, - Донишгоҳи Бонн, № 13, августи соли 2013 – 33 с.

Бобоёров Ҳ. Кристоф ван Аше, Анна-Катарина Ҳорниҷ ва Анастасия Шталтовна. Фарҳангҳои эпистемикӣ, фарҳангҳои дониш ва рушди иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, ӯзбекистон ва Гурҷистон. //Дар маҷаллаи Донишгоҳи Бонн “ZEF Working Papers”, № 118 (2013) – 54 саҳифа.

Маҳмадова М. Фалсафаи Ҳофизи Шерозӣ./ История таджикской  философии. Т.3. – Душанбе: Дониш, 2013. 934 с., – С. 854 – 884.

Ниёзов Ё.Б. Ризо Ҳайдари Нурӣ. Ибни Сино ва ирфон. Паёми донинишгоҳи миллии Тоҷикистон 3/8 (101). Қисми 1. – Душанбе: Сино 2013.  – С. 147 - 153.

Ниёзов Ё.Б. Назарияи судури Ибни Сино. Ваҳдатнома. – Душанбе. 2013. – С. 163-172.

Ниёзов Ё.Б. Назарияи файз дар ҳастишиносии фалсафаи Суҳравардӣ. // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ. Соли 2012, № 4. С.6-11.

Содиқова Н.Н. Физика и мистика в контексте различных форм описания реальности во взглядах Бедиля. / Материалы серии открытых лекций Проекта Ага-хана «Человековедение» - УЦА.- Душанбе: Ирфон,2013. – С.63-84.

Содиқова Н.Н. Таҳаввули ақоиди фалсафӣ-ирфонии Бедил. // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ. Соли 2012, № 3. С.6-13.

Содиқова Н.Н. Бедил. /Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон.Ҷ.2. – Душанбе, 2013 (1 ҷ.ч.)

Содиқова Н.Н. Мақола ба забони англисӣ дар маҷаллаи ISI. (Women in Tajikistan. Education and research.) – 1 ҷ.ч.

Содиқова Н.Н. Мусульманские практики женщин и их взаимосвязь с культурными традициями таджиков. / Философия и современность.Т.2. Материалы научной конференции "Философия и современность" от 4 декабря 2012. - Душанбе, 2013. С.61-69

Содиқова Н.Н. Мақоми арзишҳои миллӣ-маънавӣ дар пешгирии радикализм дар байни ҷавонон./ Маҷмӯаи мақолаҳо «Анъана ва тамоюлҳои демократи дар Точикистон» ,Ҷ.3. - Душанбе, 2013. – С.202-210.

Раҳимов С. Сухане аз масоили мубрами фалсафаи фарҳанг ва эстетика дар Тоҷикистон. //Философия и современность. Материалы научной конференции. Т. 2., - Душанбе: Паёми ошно, 2013. – 170 с., С. 20 – 31. ISBN 978-99947-992-4-4

Рахимов С. Мы все еще оглядываемся назад./Традиция и преемственность в таджикской культуре. Сборник статей. – Душанбе, 2013. – 608 с., - С. 268 – 278. ISBN 978-99947-49-60-7.

Rahimov S. Tajik cinema at the end of Soviet era./Cinema in Ctntral Asia. I.B. TAURIS/ - LONDON. NEWYORK, 2013, 297 p. – pp. 115 -  126. ISBN 978 -1- 84511- 901-0

Рахимов С. В Душанбе./«Кинодом Махмальбаф» / автор-составитель Гульнара Абикеева. – Москва: Новое литературное обозрение, 2013. – 368с.: ил., С.266 – 275.ISBN 978 – 5 4448 – 0092 – 8

Rahimov S. Unknown Cinema of Tajikistan in Period of Transition: Caos Begins in Midist of Storm (1988 - 1995) /“ The Unknown New Wave of Central Asian Cinema. – South Korea: Busan International Film Festival, 2013, 209 p., - PP. 72 -  117, 204, 207.  ISBN 978-89-97307-16-6-03680.

Тӯйчизода Н. (аспирант) Нақши телевизион дар бахши тарбияи кӯдакон// «Современное культуроведение», – Баку, 2013, № 1, – С. 83 – 85. маҷаллаи Маркази илмӣ-методии фарҳангшиносии Вазорати фарҳанг ва туризми Озарбойҷон.

Тӯйчизода Н. (аспирант) Инъикоси ормонҳои иҷтимоӣ дар телевизиони тоҷик. /Медиареальность информационного общества. С. - Петербург, 2013. – С. 23 - 26.

Соли 2014

Зиёева З.И. Абдураҳмон Ҷомӣ мутафаккири инсонпарвар/ Маводи конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 600 солагии Абдураҳмони Ҷомӣ «Мероси Абдураҳмони Ҷомӣ дар илм ва фарҳанги Ҷаҳонӣ» (4 – 5 октябри соли 2014, бахши фалсафа). – Душанбе: Дониш, 191 с. – С. 175 – 184.

Рахимов С. Новое время дает право выбора // «Памир», №4, 2013, С. 140 – 158 (1,0 п.л., (начало статьи) номер вышел из печати в феврале 2014 г.);

Рахимов С. Новое время дает право выбора (конец статьи) // «Памир», №1, 2014. С. 193 – 203,  (1,0 п.л.)

Раҳимов С. Низом Нурҷонов 90-сола шуд // “Баҳори Аҷам”, № 2 (299) 28 январи соли 2014, С. 7. http://www.farhang.tj/index.php/teatr

Раҳимов С. Зоҳир Дӯстматов – ҳамсафи Зиёдулло Шаҳидӣ // “Баҳори Аҷам”, № 3 (300) 11феврали соли 2014, С. 7. (0,4 ҷ.ч.);“Баҳори Аҷам”, № 4 (301) 21феврали соли 2014, С. 7.

Раҳимов С. Ҳамоҳангии минор бо мажор// дар сомонаи“Баҳори Аҷам”, (0,7 ҷ.ч.)-http://www.farhang.tj/index.php/buzurgdosht-1/241-amo-angii-mazhor-bo-minor

Раҳимов С. Клиповый спектакль.//Asia-Plus. 15 мая 2014, № 37 (920), - С. В 4- В5 (0, 4 п.л.) http://news.tj/ru/news/klipovyi-spektakl-na-stsene-teatra-im-mayakovskogo

Рахимов С. Есть ли философия у таджиков? / Фалсафаи муосири тоҷик ва дурнамои он. – Душанбе: Дониш, 2014. - С. 30 – 36.

Содиқова Н.Н.  «Особенности формирования единой евразийской идентичности на основе общих ценностей культурного многообразия» в сборнике тезисов "Чтения памяти В.Ф.Минорского (1877-1966). Источниковедение и историография стран Ближнего и Среднего Востока. Международная научная конференция (Санкт-Петербург, 8-9 октября 2013 г.) Тезисы и статьи". Спб.: Издательство "ЛЕМА", 2013. - 179 с., объем 10,5 п.л.

Содиқова Н.Н. Этическая концепция Мирзо Абдулкодира Бедиля./ Дар кит. “Робитаҳои адабӣ ва фарҳанги Шарқ”. – Душанбе, 2014. – 615 с. С. 277-288.

Содиқова Н.Н. Зайнаб Сагванд. Маориф ва илми занони Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо. ISSN 2301-2005 Issue 93 November, 2013, Pp.5-9 Http:www.evrojornals.com/ajst.htm

Содиқова Н.Н. Социально-этические воззрения Махтумкули Фраги.// Махтумкули Фраги и общечеловеческие культурные ценности. Материалы Международной научной конференции, 14 – 16 мая 2014 года.Академия наук Туркменистана.2014 г.- С.60

Содиқова Н.Н.  Этические воззрения Абдуррахмана Джами и Абдулкодира Бедиля. // Абдураҳмони Ҷомӣ ва падидаҳои фарҳанги замони ӯ. – Душанбе, 2014. – С. 380-398.

Содиқова Н.Н.  Дар ҷустуҷӯи маъонии нав // Андешаҳо доир ба фалсафа, ирфон ва худшиносии миллӣ. – Душанбе, 2014. – С.28– 39.

Содиқова Н.Н.  Фетхуллаҳ Гюлен ва мақоми инсон дар замони муосир. // Ҳикмати таҳаммул. – Душанбе, 2014. – С. 235–247.

Содиқова Н.Н. Роль религиозных ценностей в воспитании молодежи. // Сборник материалов конференции «Идеалы и ценности ислама в образовательном пространстве 21 в.». – Уфа, 2014. 1 п.л.

Содиқова Н.Н. Особенности формирования единой евразийской идентичности на основе ценностей культурного многообразия // Россия и государства ЦА: политические, экономические и гуманитарные аспекты евразийской интеграции. Мат. Международной научной конференции. - Душанбе 2014. С.170-176.

Содиқова Н.Н. О национальной и евразийской идентичности таджиков и угрозе исламизации – http://eurazvitiye.org/ publication/ 20140725.

Соли 2015

Боҳирова П. (аспирант) Риторика – ҳамчун намуди ақлгароӣ дар фарҳанги аҳди ислом/ Нақши ҷавонон дар рушди илми ватанӣ. – Душанбе: Дониш, 2015. 416 с. – С.211 – 216.

Зиёева Зебо. Формирование личности в философии Мухаммада Икбала / Нақши ҷавонон дар рушди илми ватанӣ. – Душанбе: Дониш, 2015. 416 с. – С.315 – 322.

Каримова Р.Н. Культура Таджикистана в годы Великой Отечественной войны / Таджикистан в Великой Отечественной войне 1941 – 1945 гг. – Душанбе, 2015. – С.108 – 119.

Музаффарӣ М. Классическая антропология (опыт построения системных теорий) / Вестник Института последипломного образования в сфере здравоохранения 2015, № 2, - С. 71-73. 

Раҳимов С. Роҷеъ ба театр ва «театришуда». // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ, 2015, № 2. 120 с. – С. 11 – 17.

Раҳимов С. (бо ҳаммуаллифии Ҳақдодов С.) Зиёдулло Шаҳидӣ мубаллиғи фарҳанги нави мусиқии тоҷик. / Зиёдулло Шаҳидӣ ва суннатҳои бадеии мусиқии тоҷик. – Душанбе: Дониш, 2015, 410 с. – С. 207 – 224. (1,01 ҷ.ч.) ISBN 978-99975-44-25-4

Раҳимов С. Нури ситораи хомӯш. / Зиёдулло Шаҳидӣ ва суннатҳои бадеии мусиқии тоҷик. – Душанбе: Дониш, 2015, 410 с. – С. 258 – 276.  (1, 02 ҷ.ч.) ISBN 978-99975-44-25-4.

Рахимов С. Абсурд – не изобретение интеллектуалов. / Рахим­ках­ми­ни Мохаммадхасан Нуруллах. Эстетика феномена Абсурда в философии, искусства на примере драмы. – Душанбе, 2015. 127 с. – С.  6 – 7.

Рахимов С. (в соавторстве с Турсунзаде Ф.М.) “Театральность” как форма проявления традиционных обрядов и ритуалов этнокультуры (по материалам Гиссарской экспедиции). / Культура Гиссарской долины в контексте региональных цивилизаций. Сборник статей. – Душанбе: Дониш, 2015, 902 с. – С. 686 – 769. (5, 18 ҷ.ч.)  ISBN 978-99975-44-38-4.

Рахимов С. Международный кинофестиваль «Дидор»: вызов современному состоянию таджикского кино. / Междисциплинарный дискурс в контексте взаимоотношения гуманитарных и естественнона­учных исследований: Материалы серии открытых лекций Проекта Ага Хана «Человековедение» Университета Центральной Азии. – Душанбе, 2015, 260 с. – С. 8 – 22. (0,8 ҷ.ч.) ISBN 978-99975-855 – 0 - 9; www.ucentralasia.org

Рахимов С. Молодое кино Таджикистана: в общем и в частности. // Памир, 2015, № 1, С. 224 – 251. (1, 8 ҷ.ч.)

Рахимов С. «Кто мы? Куклы на нитках, а кукольник наш...”// ТИА “Ховар” http://khovar.tj/rus/culture/44074-kto-my-kukly-na-nitkah-a-kukolnik-nash-.html

Рахимов С.Х. Пять главных таджикских фильмов последних лет//Азия плюс, № 06 (989), 22 января 2015, С. В6 – В7. http://news.tj/ru/news/5-glavnykh-tadzhikskikh-filmov-poslednikh-let

Рахимов С. Современное молодое кино Таджикистана: в общем, и в частности. // Бизнес и политика, № 4 (467), 29 января 2015, С. 6; № 5 (468) 5 февраля 2015, С. 14 – 15; № 6 (469) 12 февраля 2015, С. 6; № 7 (470) 19 февраля 2015, С. 14 – 15; № 8 – 9 (472) 5 марта 2015 г. –С. 14 – 15; № 10 (473) 12 марта –С. 14.

Раҳимов С.Х. Дар ситоиши фалсафа. // Адабиёт ва санъат, № 6 (1769), 5 феврали соли 2015, – С.  6.

Рахимов С. «Парасту 2015»: ширма лукавства или уроки самопознания./ Азия-плюс, № 51(1034) 2.07.2015. – С. В6 –В7. http://news.tj/ru/news/parastu-2015-shirma-lukavstva-ili-uroki-samopoznaniya

Раҳимов С.Х. «Нигоҳи нав» имсол хираю бенур буд. // Адабиёт ва санъат, № 28 (1791), 9 июли соли 2015, – С.  6.

Раҳимов С.Х. Руҷӯи фалсафӣ тору пуди эҷодиёти ӯст. // Адабиёт ва санъат, № 32 (1795), 6 августи соли 2015, – С.  15.

Раҳимов С. Духтари падар. Чаро духтари устод Айнӣ фалсафа мехонд?// Имрӯз News, № 101 (1102), 23 июни соли 2015, – С.  6.

Раҳимов С. Дарёе, ки ҳамаро шодоб мекард//Адабиёт ва санъат, 8-уми октябри соли 2015, № 41. – С 6.

Раҳимов С. Кинои тоҷик ва ҳуввияти миллӣ /«Адабиёт ва санъат» 15 окиябри соли 2015, № 42. – С. 4. 

Раҳимов С. Тақриз ба китоби Комил Бекзода “Фалсафаи марг ва зиндагӣ”/ Фалсафаи марг ва зиндагӣ. – Душанбе: Дониш, 2015 (соли 2016 аз нашр баромад). – 652 с. – С. 27 – 31.

Раҳимов С. К вопросу о философе и философствующем поэте в эпоху средневековья. / Ҷалолуддин Балхии Румӣ. Маводи конференсияи чоруми илмӣ. – Душанбе, 2015.  – С. 42 – 49. 

Шарифов М. (аспирант) «Проблема личности и ее отражение в журналистике: культурологический взгляд (на примере публицистки Атахана Латифи)» / Ахбори АИ ҶТ. Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ. -Душанбе: Дониш, 2015, №4

Бохирова П. (аспирантка). Чанд сухан перомуни таърихи пайдоиши ри­торика. // Сборник “Олами ҳунар”. – Душанбе, май 2015 г.

Бохирова П. (аспирантка) Искусство риторики в произведениях персидско-таджикских мыслителей средневековья. / Маҷмӯаи маводҳои конференсияи ҷумҳуриявии олимон ва муҳақиқони ҷавони Тоҷикистон (Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон). – Душанбе, 2015. №4. 

Соли 2016

Зиёева З. Ташаккули шахсият дар фалсафаи Муҳаммад Иқбол. / Маводи конференсияи байналмилалии илмии “Нақши олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия ва технология” бахшида ба 25-солагии истиқлолияти давлатии ҶТ 19 – 20 маи соли 2016. – Душанбе, 2016. – С. 312-318 

Зиёева З. Конститусия ҳамчун бахтномаи миллат./ Конститутсия кафолати таъмини ҳуқуқ, озодӣ, манфиатиҳои қонунии шахс, давлат ва ҷомеа.- Душанбе, 2016. – С. 145. – С.12–14.

Иброҳимова Ф.Ҳ. (аспирантка). Истиқлолияти фарҳангӣ омили рушду камоли миллат.// Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ. 2016, № 2. - С. 48 – 51.

Иброҳимова Ф.Ҳ. (аспирантка, бо ҳаммуаллиф). Ваҳдати миллӣ ва ташаккули арзишҳои ахлоқии ҷавонон. /Маводи Конференсияи “Ваҳдат – ҷавҳари ҳастии миллат ва омили рушди устувори кишвар”. – Душанбе, 2016. – С. 148 – 151.

Каримова Р. Национальная идея как фактор консолидации таджикского народа. / Маводи конфронси илмӣ-амалии истиқлолияти сиёсӣ ва масоили консептуалии рушди давлатдорӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ. – Душанбе, 2016, 279 с.  – С. 126 – 131.

Назри Яздонӣ (Раҳматуллоев Нарзулло). Пешвои маърифат ва Ваҳдати миллӣ. // Садои Шарқ, 2016, № 3. – С. 1 – 14. (1,3 ҷ.ч.)

Назри Яздонӣ (Раҳматуллоев Нарзулло). Такя бар хирад. // Адабиёт ва санъат. 18 феврали соли 2016.

Назри Яздонӣ (Раҳматуллоев Нарзулло). Пешвои миллат ва Ваҳдат. / Маҷмӯаи Эмомалӣ Раҳмон – пешвои миллат. – Душанбе: Маориф, 2016. – С. 301 – 313. (0,9 ҷ.ч.).

Назри Яздонӣ (Раҳматуллоев Нарзулло). Пешвои маърифат. / «Диалог Евразии». (Маҷмуа), 2016, (0,9 ҷ.ч.).

Назри Яздонӣ (Раҳматуллоев Нарзулло).Худшиносии ҷавонон – мас­­­ъ­а­лаи муҳимми рӯҳ аст. // «Ҷавонони Тоҷикистон», феврали соли 2016.

Раҳимов С. Нақши фарҳанги бадеӣ дар тарғиби идеяҳои истиқлолият. /Маводи конфронси илмӣ-амалии истиқлолияти сиёсӣ ва масоили консептуалии рушди давлатдорӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ. – Душанбе,2016, 279 с. – С. 44 – 54.

Раҳимов С.Х. Таърихи кинои тоҷик. / Мероси ниёгон. Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди мадад дар Тоҷикистон. – Душанбе, 2016. – 262 с. – С.127 – 153.

Раҳимов С. Истиқлолият ва консерватизм. // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ. 2016, № 2 –С. 35 – 39.

Раҳимов С. Ғаффор Валаматзода ва кинематограф. // Рақс – падидаи муассири фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ: дирӯз ва имрӯз”. – Душанбе: Дониш, 2016. 321 с. – С. 51 – 72.

Яъқубӣ Ҷаъфар Раҷабалӣ (аспиранти Шуъба). Нормы и традиции имянаречения в культуре и религиях Ирана.// Вестник  Таджикского национального университета 2016, № 3/5 (208). – С.89 -  98.

Яъқубӣ Ҷаъфар Раҷабалӣ. Традиции именования в этнических группах Ирана // Вестник  Таджикского национального университета 2016, № 3/6 (211). – С.75 - 83.

Соли 2017

Зиёева З. «Проблема природы и сущности человека в мусульманской философии Мухаммада Икбала» / «Нақши олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия ва технология» - Душанбе, 2017.

Иброҳимова Ф.Ҳ. (аспиранти Шуъба). Тафаккур ва диди нав ба анъна ва суннатҳои ҷашни Наврӯз дар ҷомеа. // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ. – Душанбе, 2017. – С. 31 – 33.  

Каримова Р. Закон действия в трактате Инайят Хана «Суфийское послание о свободе духа» /«Нақши олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия ва технология». – Душанбе, 2017. – С. 328-333.

Каримова Р. Консолидирующая роль национальной идеи в обществе. / «Ваҳдати миллӣ – дастоварди гаронбаҳои замони Истиқлол». – Душанбе, 2017. – С. 13-18.

Раҳматуллоев Н.Наврӯзи ҷовидона ободкору фараҳбор. / Маҷмӯа бахшида ба Наврӯзи Аҷам. – Душанбе: Дониш, 2017.

Раҳматуллоев Н. Наврӯз қудрати рафъ кардани бӯҳрони экологиро ҳам дорад.// “Садои мардум”, 18.03.07.

Раҳматуллоев Н. Рахна дар Ваҳдати миллӣ – рахнатақдири ҳар як шаҳрванд аст.//Рӯзномаи “Ваҳдат”, №2, январи 2017.

Раҳматуллоев Н. Маърифат чароғи саодат аст.// Маҷаллаи “Душанбе”, №2, 2017.

Раҳматуллоев Н.Муҳаббат метавонад дар вуҷуди як инсони бемаърифат ҳам бошад. // Сомонаи KMT.tj

Раҳматуллоев Н. Алифбои ватансозӣ. // Ҷавонони Тоҷикистон. 26.05.2017

Раҳимов С. Наврӯз – ҷашни ниёгон. // Ҳафтаномаи “Мароми пойтахт”. – Душанбе, № 8 (454), 22 феврали соли 2017.

Раҳимов С. Хомид Махмудов и некото¬рые проблемы современного таджикского театра. / Очерки исто¬рии и теории искусств таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2017. 413с. 238 – 250.

Раҳимов С. Два спектакля, но такие они разные. / Очерки исто¬рии и теории искусств таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2017. 413с. – С. 179 – 184.

Раҳимов С. Современное молодое кино Таджикистана. / Очерки истории и теории искусств таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2017. 413 с. – С. 304 – 335.

Раҳимов С. К вопросу о творческой индивидуальности Тухфы Фазыловой. / Анъана ва меросбарӣ дар фарҳанги театрию мусиқии мардумони Осиёи Марказӣ: дирӯз ва имрӯз. – Душанбе, 2017, 270 с. – С.104 – 129.

Раҳимов С. Заминаи муҳимми пешрафт гузошта шуд. – Ҷумҳурият, № 100 (23 181), 18 маи соли 2017. – С. 3.

Рахимов С. Рецензия на монографию Комила Бекзода «Шуубия: диссиденты средневекового ислама». – Душанбе: Дониш, 2017. 400 с. – С.2, 296 – 299.

Раҳимов С. Даргузашти наворбардори “Муъҷизаи Сталинобод”. // “Адабиёт ва санъат”. 31 августи соли 2017. – С. 8.

Раҳимов С. Мубораки ҷашн! (ба муносибати 80-солагии Ҳошим Гадоев). //Самак. Ҳафтаномаи таърихӣ – тадқиқотӣ, № 36, - С. 2

Раҳимов С. “Мӯъҷизаи Сталинобод”. //Самак. Ҳафтаномаи таърихӣ – тадқиқотӣ, № 36 (305), 6 сентябри соли 2017. – С. 2

Раҳимов С. Тарғибгари фарҳанги волои тоҷик. Бахшида ба 110-солагии Григорий Колтунов. //Самак. Ҳафтаномаи таърихӣ – тадқиқотӣ, № 37 (306), 13 сентябри соли 2017. – С. 3

Раҳимов С. Сид Филд: Чи гуна филмнома бинависем. //Самак. Ҳафтаномаи таърихӣ-тадқиқотӣ, № 37 (306), 13 сентябри соли 2017. -С. 3.

Раҳимов С. Мусиқии саршор аз хирадмандӣ. / Дамир Дустмуҳаммадов ва мусиқии касбии тоҷик. – Душанбе: Дониш, 2017, 240 с. – С. 41 – 62.

Раҳимов С. Просматривая “Звезду в ночи” заново / Аҳмад Махдуми Дониш ва хориқаи фарҳангии тоҷикон. – Душанбе: Дониш, 2017, 556 с. – 378 – 400.

Раҳимов С. Нигоҳи имрӯз ба ҷашнҳои кӯҳан. // Фараж. 2017, №42 (588). – С. 12 – 13.

Раҳимов С. Таджикское кино на пути возрождения. (Интервью) // Народная газета, № 44 (20118) 18 октябри соли 2017.

Раҳимов С. К вопросу о философско-эстетических взглядах Рудаки. / Нақши Муҳаммад Абубакр Закариёи Розӣ дар илм ва фарҳанги ҷаҳон. Маводи Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба1150-солагии Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ. – Душанбе, 2017. 420 с. – С. 152 – 195.

Раҳимов С. Х. Доир ба паҳлӯҳои равонӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангшиносии ҷашнҳои тақвимии тоҷикӣ-эронӣ. / Меҳргон ва Сада дар оинаи тамддуни мардумони Осиёи Марказӣ (таҳқиқот). - Душанбе: Дониш, 2017, 308 с. – С. 73 – 89.

Раҳимов С. Синамо – оинаи миллат аст. // Ҷумҳурият, № 215 (23 296), 16 октябри соли 2017. – С. 3.

Раҳимов С. Филмҳои хусусияти миллидошта кинои тоҷикро машҳур мекунанд. (Сӯҳбат) // Садои мардум, № 122 (3759), 14 октябри соли 2017. – С. 3.

Раҳимов С. Представитель славного поколения.// “Памир”, № 7 – 9, 2017. – С.158 – 166.

Раҳимов С. Шеър дар забон, сигор дар лабони ӯ буд. Бахши аввал/ Самак. Ҳафтаномаи таърихӣ-тадқиқотӣ, № 46 (315), 15 ноябри соли 2017. – С. 4.

Раҳимов С. Шеър дар забон, сигор дар лабони ӯ буд. Бахши дуюм/ Самак. Ҳафтаномаи таърихӣ-тадқиқотӣ, № 47 (316), 22 ноябри соли 2017. – С. 4.

Раҳимов С. Мусиқии саршор аз хирадманишӣ. / Дамир Дӯстмуҳаммадов ва мусиқии касбии тоҷик. – Душанбе, 2017, 240 с. – С. 41 – 62.

Раҳимов С., Акбар Н. Жанрҳои кино. / Энсиклопедияи милли тоҷик. Ҷ. 6. – Душанбе: Муасиссисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2017.  – С. 444.

Шукурова С.Н. (аспиранти Шуъба) Тоҷикон ва маданияти онҳо дар татқиқоти шарқшиносони рус. /Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ – Душанбе, 2017 С. 60-63

Шукурова С.Н. (аспиранти Шуъба) Аврупо ва тамаддуни бостонии халқҳои Шарқ. /Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ – Душанбе, 2017 №3 С. 29-31.

Соли 2018

Рахимов С. История таджикского кино: этапы идентификации. /Коллективная монография «История национальных кинематографий в СССР и перспективы развития кино государства-участников СНГ, стран Балтии и Грузии». – Москва: Академический проект, 2018, 771 с. – С. 392 – 439. (3,5 п.л. с илл.)

Рахимов С. “Я не хочу играть Дездемону”. //Азия-плюс, № 06 (1289), 22 января 2018 г. – С. 11.

Рахимов С. Объединенная с «Союдетфильмом» Сталинабадская киностудия (1941 – 1943 гг.) / Вкладрусской интеллигенции в развитие науки и культуры Таджикистана.  – Душанбе: Визави, 2018. 416 с. – С. 230 – 240.

Раҳимов С. Уқнумҳои мусаввир. // Садои Шарқ № 3, 2018. – С.150 – 154.

Рахимов С. Исследования культуры в современном мире. / Текст лекции для магистров-культурологов. – Душанбе , 2018, РТСУ, Эл адрес: https://biblio-online.ru/viewer/3323F3EA-3C68-4ECD-86D2-F32FE7A88730/issledovaniya-kultury-v-sovremennom-mire#page/16 (кроме того 2 силлабуса там же)

Раҳимов С. муҳаррири масъули Донишномаи фарҳангшиносии навин. Муаллиф Сулаймонӣ С.. – Душанбе: Ирфон, 2018. – 524 с.

Рахимов С. К вопросу о связи музыки и философии. /Очерки истории и теории искусств таджикского народа. – том 6. – Душанбе: Дониш, 2018, 347 с. – С. 123 – 130.

Рахимов С. «Я не хочу играть Дездемону». /Очерки истории и теории искусств таджикского народа. – том 6. – Душанбе: Дониш, 2018, 347 с. – С. 239 – 251.   

Рахимов С. Мощно переживаемое чувство “МЫ” (К вопросу о консолидирующих факторах средневекового города в эпоху Сайидо Насафи) / Миробид Саидои Насафӣ ва таҳаввулоти фарҳангию адабии Мовароуннаҳр. – Душанбе, 2018. - 660 с.  – С. 47 – 78.

Рахимов С. Я не хочу играть Дездемону. /Очерки истории и теории искусств таджикского народа. – том 6. – Душанбе: Дониш, 2018, 347 с. – С. 239 - 251.

Рахимов С. Место и функции слова в персидско-таджикской культуре эпохи Кавкаби Бухорои. / Наҷмиддин Кавкабӣ ва анъанаҳои адабию фарҳангии мардумони Осиёи Марказӣ. – Душанбе, 2018. 494 с.– С. 40 – 59.

Раҳимов С. Оид ба омилҳои муттаҳидкунандаи шаҳр дар давраи Саидои Насафӣ. // Ахбори  Академияи илмҳои ҶТ. Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, 2018, №3/1 (252). – С. 67 – 79.

Раҳимов С. Сӯгврӣ. Искандар Асадуллоев.// Ахобори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов. 2018, № 3,

Раҳимов С. Дилам як рӯз метаркад. / Назри Яздонӣ. Ойини ойина. (Назри Яздонӣ. Аҳвол ва осор). – Хӯҷанд: Хуросон. 2018. 420 с. – С.147 – 158.

Раҳимов С. Дуруд бар Шумо бод, устоди арҷманд! / Назри Яздонӣ. Ойини ойина. (Назри Яздонӣ. Аҳвол ва осор). – Хӯҷанд: Хуросон. 2018. 420 с. – С.158 – 163.

Раҳимов С. Мебарад умре ба сар дар имтиҳони зиндагӣ. / Алиев М., Олим Ғ. Модари саҳнаи тоҷик. – Душанбе: Истеъдод, 2018. 176 с.  – С. 154 – 157.

Раҳимов С. Ҳунармандони мардумӣ. // Садои Шарқ, № 12, 2018. – С.88 – 103.

Раҳимов С. Оид ба вазъи кунунии зебоишиносӣ дар Тоҷикистон. // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ. 2018, № 4, - С. 33 – 37.

Раҳимов С. Зебоишиносӣ. / Энсиклопедияи милли тоҷик. Ҷ. 7. – Душанбе: Муасиссисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 2018. – С. 207 – 211.

Раҳимов С. Золгер Карл ... / Энсиклопедияи милли тоҷик. Ҷ. 7. – Душанбе: Муасиссисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 2018.  – С. 314

Раҳимов С., Ҳазратқулов М. Об рамзи ҳаёт ва бороварии замин аст. / Обб чун омили амният ва ҳамкорӣ дар кишварҳои ИДМ. Маводи Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Об чун омили амният ва ҳамкорӣ дар кишварҳои ИДМ» бахшида ба ташаббуси глобалии Тоҷикистон «Даҳсолаи байналмилалии амал – амал об барои рушди устувор дар солҳои 2018 – 2028. – Душанбе: Дониш, 2018, 147 с. – С. 91 – 102.

Раҳматуллоев Н. «Бузургонро бузургон зинда медоранд».// «Ҷумҳурият» 23.04.18.

Раҳматуллоев Н. Ваҳдатдустии Б. Ғафуров. // «Ваҳдат», №8, апрели 2018.

Зиёева Зебониссо. Масъалаи муносибати шахс ва ҷомеа дар таълимоти динӣ-фалсафии Муҳаммад Иқбол. // Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ. 2018, № 3, - С. 40 – 52.

Зиёва Зебониссо. Человеческий фактор формирования личности в концепции  “совершенного человека” Мухаммада Икбола. / Саҳми занон дар рушди илм. – Дониш, 2018.

Алишери Муҳаммадӣ. Дар суроғи шоири дардошно. //”Ҷумҳурият”, №175, аз 5 сентябри 2018. Алишери Муҳаммадӣ. Дардиёр. / Назри Яздонӣ. Ойини ойина. (Назри Яздонӣ. Аҳвол ва осор). – Хӯҷанд: Хуросон. 2018. 420 с. – С.206 – 212.

Сайфулло З. (аспиранти солиаввали Шуъба). Наврӯз ва оини зардуштӣ. // Самак / 21- март-2018.

Сайфулло З. Сада чӣ гуна ҷашн аст? // Самак / 1- феврал-2018.

Сайфулло З. Иброҳимзода: Шифо ёфтан ба ихлоси самимӣ муҳтоҷ аст. // Фараж / 9 май- 2018.

Сайфулло З. Бозор Собир: Оҳ, Лоиқе, Лоиқ! // Фараж / 16- май- 2018.

Сайфулло З.  Наврӯз ҷашни офариниш. // Баҳори Аҷам / 18-март – 2018.

Сайфулло З. Гӯри Аҳмади Дониш ёфт шуд. // Самак. 15 нояббри соли 2018.

Зоҳири С. Навруз ва оини зардуштй. // Самак / 21 марги 2018.

Зоҳири С. Сада чй гуна чаши аст? // Самак /1 феврали 2018.

Зоҳири С. Йброхимзода: Шифо ёфтан ба ихлоси самими мӯҳтоҷ асг. // Фараж / 9 майи 2018.

Зоҳири С. Бозор Собир: Ох, ох Лоике, Лоик! // Фараж /16 майи 2018.

Зоҳири С. Навруз-чашни офариниш. //Баҳори Ачам /18 марти 2018.

Зоҳири С. “Аз гулили лола то ба лолазор”.//Самак/10.11.2018.

Зоҳири С. Тӯҳфа гоҳо масхарабоз ҳам мешуд. //Самак/3.10.2018.

Зоҳири С. Сухане чанд аз ҳамкориҳои Маҳмуддҷон Воҳидов ва Дамир Дӯстмуҳаммадов.//Самак/10.08.2018 .

Зоҳири С. Меҳргон ба ЮНЕСКО пешниҳод карда шуд.//Самак. 15.08.2018.

Зоҳири С. Низом Нурҷонов: маро дар асарҳоям ҷӯед./ 3.06. 2018.

Зоҳири С. Наврӯз ҷовидон аст! // Баҳори Аҷам/18.03.2018.

Зоҳири С. Ватан – имрӯзи мо, ояндаи мост!//Баҳори Аҷам. 20. 02. 2018.

Зоҳири С. Консепсияи таҷлили Рӯзи артиши миллӣ.// Баҳори Аҷам. 4.02.2018.

Иброҳимзода Фазилат. Пайғоми ҳунар. // Бонвони Тоҷикистон. № 137 (апрели 2018) – С. 47. (апрел/2018/ www/bonuvon.tj).

Соли 2019

Раҳимов С., Мирзораҳимов Ф. Фалсафа ва синамо. //Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ, 2019, № 2. – С. 102 – 108.

Раҳимов С., Мирзораҳимов Ф. Оид ба ҷанбаи фалсафии филмҳои тоҷик. //Ахбори АИ ҶТ. Илмҳои ҷамъиятӣ. 2019, № 4. – С. 87 – 95.

Алишери М. Нақш ва ҷойгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар низоми арзишҳои фарҳангӣ. // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ, 2019, № №4

Зоҳири С. (аспирант). Назаре ба “Наврӯзнома”-ҳои ҳаким Термизӣ ва Туғрали Аҳрорӣ. // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А Баҳоваддинови АИ ҶТ, №1 2019. – С. 44 – 49.

Мирзоева Г.Х. (аспирантка). Одежда как базовый элемент традиционной культуры и важнейший аспект культуры повседневности народа. // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ба номи А. Баховаддинови АИ ҶТ 2019, № 3.

Мирзоева Г.Х. (аспирантка). Оценка особенностей дизайна и изготовления одежды в современном Таджикистане. // Вестник Таджикского национального университета. 2019, № 10. – С. 167 – 171.

Садуллоева М. (соискатель) Символическое пространства памир­ско­го дома и его значимость.// Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ба номи А. Баховаддинови АИ ҶТ 2019, № 2. – С. 97 – 101.

Садуллоева М. (соискатель)Праздничные обряды навруза в пространстве традиционного памирского дома. // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ба номи А. Баховаддинови АИ ҶТ 2019, № 4. – С. 97 – 101.

Норова Назокат (соискатель). Условия реализации коммуникатив­ного потенциала туризма в Республике Таджикистан. //  Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ба номи А. Баховаддинови АИ ҶТ 2019, № 2. – С. 129 – 135.

Норова Назокат (соискатель). Коммуникативные функции туризма и их роль в межкультурном взаимодействии Запада и Востока.// Научная мысль Кавказа. № 2 (98) Северо-Кавказский научный центр Высшей школы Южного федерального университета2019 – С. 31 – 34.

Раҳматуллоев Н.  “Сармояи муҳимтари миллати мо – ин потенсиали  ақлии миллати мост”, сомонаи  АМИТ “Ховар”, 13.02.19. 

Раҳматуллоев Н. “Сармояи муҳимтарини миллати мо ин потенсиали ақлии миллат аст ”, сомонаи КМТ, 14.02.019.

Раҳматуллоев Н.  “Рӯшди нерӯи инсонӣ ва қудратҳои зеҳнӣ дар партави “Пайём”,“Ҷумҳурият” , 20.02.19 .

Раҳматуллоев Н. “Рӯшди нерӯи инсонӣ ва қудратҳои зеҳнӣ дар партави “Пайём”, “Ваҳдат”, 15.02.19.

Раҳматуллоев Н. «Рушди неруи инсонӣ ва қудратҳои зеҳнӣ дар партави Паём»; Ваҳдат, давлат, Президент. Ҷ. 30 – Душанбе: Истеъдод 2019. Саҳ. 179-191

Алишери М. Шеърдармонӣ (нақди китоби “Сухандор”-и М. Ҳотам // “Садои мардум, 14. 05. 19.

Раҳимов С. Х. Чанд сухан роҷеъ ба иртиботи Наврӯз ба ҷашнҳои Сада ва Меҳргон. http://anrt.tj/tj/khabar-o/1250-chand-sukhan-ro-e-ba-irtiboti-navr-z-ba-ashn-oi-sada-va-me-rgon., 24. 01. 19.

Раҳимов С. Х. “Мо бояд ба базмороии Сада, Меҳргон ва Наврӯз ҳам ҳусни карнвалӣ ва ҳам театришудаи мутантан бидиҳем». https://khovar.tj/2019/01/doktori-ilm-oi-falsafa-sadullo-ra-imov-mo-boyad-ba-bazmoroii-sada-me-rgon-va-navr-z-am-usni-karnaval-va-am-teatrishudai-mutantan-bidi-em/, 24. 01. 19.

Раҳимов С. Х. Модель западно-восточного синтеза в таджикской художественной культуре и ее современное значение. // Ученые записки. Серия гуманитарных наук. Российск-Таджикский Славянский Университет, 2019, №1. – С. 55 – 68.

Раҳимов С. Фалсафаи зебоишиносӣ дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон. // Илм ва ҷомеа. 2019, № 4 (17). – С. 51 – 55.

Рахимов С. “Одам” или уместен ли торг? (критика) // Илм ва ҷомеа. 2019, № 4 (17). – С. 147 – 151.

Раҳимов С. Фалсафа, зебоишиносӣ ва мо. // Садои Шарқ, 2019, №8, – С.81 – 87.

Раҳимов С. Доир ба масоили равнию иҷтимоӣ ва фарҳангшиносии ҷашнҳои тақвимии тоҷикию эронӣ /Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз. – Душанбе: Дониш, 2019, 886 с. – С. 301 – 317.

Раҳимов С. Оид ба диди зебоишиносии Ибни Сино. / Саманиды – уникальный исторический феномен в мировой цивилизации. – Душанбе: Дониш, 2019,876 с. – С. 247 – 268. 

Раҳимов С. Таджикское кино отмечает юбилей... //Ховар: http://khovar.tj/rus/2019/10/tadzhikskoe-kino-otmechaet-yubilej-rovno-90-let-nazad-byl-snyat-pervyj-film-o-tadzhikistane/

Музаффарӣ М.-А. Проблемы человеческих способностей в монографическом труде С. Наврузова «Человеческие способности», / «Сущностные силы человека в антропологической философии профессора С. Наврузова». – Душанбе, 2019. 326 с. – 45 – 65.

Алишери М. «Шеърдармонӣ» (нақди китоби «Сухандору»-и М. Ҳотам) // «Садои мардум», №54, аз 14.05.19;

Алишери М. – «Бӯйи дармон мекунад» (нақди ашъори Назри Яздонӣ) // «Адабиёт ва санъат», 07.08.19;

Умедаи Т. (унвонҷӯй) “Суманак рамзи Наврӯз аст”// “Паёмномаи фарҳанг” 2019, №1.

Умедаи Т. “Маҳорати рассомии Ҷонибеки Асозода” // маҷаллаи “Душанбе”, 2019. №2. С 33-34.

Зоҳири С. Ифтитоҳи боғи "Куруши Кабир" дар Душанбе. / Самак / 12 июли 2019

Зоҳири С. Дидор чи гуна ҷашн аст? // Самак / 5 июли 2019

Зоҳири С. Модар. // Фараж, 6 марти 2019

Зоҳири С. Талафоти бузург: Мушаррфа Қосимова  даргузашт. //Самак, 3 апрели 2019

Зоҳири С. Модар. // Фараж,  6 марти 2019

Зоҳири С. Аз форсӣ ба хатти сирилик баргардонӣ кардани китоби Маҷид Холиқиён “Зиндагии Куруши Кабир” // Самак, 11 сентябр – 9 октябр 2019, №№ 39 – 4.

Мирзоева Г.Х. (аспирантка).  Функции и эстетика традиционного национального костюма.// Ҷавонони Тоҷикистон. 2019, № 2. – С. 65 – 72.

Мирзоева Г.Х. Одежда как фактор социального статуса личности в группе. //Ҷавонони Тоҷикистон. 2019, № 2. – С. 73 – 88.

Нақшаи дурнамои фаъолияти Шуъба дар панҷсолаи наздик:

Интихоб ва таҳияи мавзӯъҳои муҳимтарин ва актуалии таҳқиқот оид ба фалсафаи фарҳанги тоҷикон ва форсҳо ва робитаи онҳо бо фарҳанги минтақавӣ ва умумиҷаҳонӣ

Муҳокимаи рисолаҳои номзадӣ ва доктории кормандони Шӯъба ва Институт ва унвонҷӯёни беруна.

Таҳия ва ба чоп омода сохтани барнома ва маводҳои дарсӣ аз фаннҳои “Фалсафаи фарҳанг”, “Фарҳанги этникӣ”, “Зебоишиносӣ”, “Этика”.

Ба чоп омода кардани монографияи «Актуальные проблемы таджикской культуры».

Ба чоп омода кардани монографияи дастиҷамъии «Зиёиёни тоҷик ва тағйирпазирии фарҳанги замони Истиқлолият».

Гузаронидани «Мизи мудаввар»-и ҷумҳуриявӣ бо мутахассисон дар бораи рисолати имрӯзаи зиёииёни Тоҷикистонн.

Дар ҳамкорӣ бо Шӯъбаи таърихи фарҳанг ва ҳунари Институти таърих ва мардумшиносии АИ ҶТ гузаронидани конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бахшида ба фарҳанги дирӯз, имрӯз ва фардои Тоҷикистон.

Тарғиби дастовардҳои илмии Шуъба тавассути ахбори умум ва чопи даврӣ.

Ходимони Шуъба дар гузаронидан ва гузориш додан дар конференсияҳои байналмилалӣ, минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва умумиакадемӣ фаъолона иштирок мекунанд.

Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини

   Шуъбаи  мазкур дар  Институти  фалсафа,  сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ яке  аз шуъбаҳои аввалин ва хеле  собиқадор  ба шумор меравад. Таъсиси ин шуъба дар соли 1960  аввалин иқдом  барои омӯзиши илмии паҳлуҳои  гуногуни  дин дар фазои  кишвар буд ва  шуъба  тавонист  дар давоми фаъолияташ  таҳқиқотҳои  муҳимеро ба анҷом расонида, инчунин  як  зумра файласуфону  олимони диншиносро тарбия кунад.  Он дар  аввал  «Шуъбаи  атеизми  илмӣ»,  аз соли 1992  «Шуъбаи  таърихи дин ва озодфикрӣ», аз соли  1994   «Шуъбаи  таърих ва фалсафаи дин»  ва аз моҳи ноябри 2014  «Шуъбаи  масъалаҳои фалсафии дин»  номида  мешавад. Доираи таҳқиқоти шуъба имрӯз асосан омӯзиши дин  ҳамчун  падидаи иҷтимоиву  тарихӣ,  хусусияти шуури диниву мазҳабии  шаҳрвандони кишвар,  омӯзиши мероси диниву фалсафии  гузаштагонамон, таҳлили  вазъу  ҳолати воқеии диндорӣ ва пешгӯии он, инчунин ҷойгоҳи андешаи динӣ дар ҷаҳонбинии мардуми минтақа,  дурнамо ва имконияти  наздик намудани арзишҳои  диниву миллии  ҷомеаро  бар асоси манофеи  давлати миллӣ ва дунявӣ   дар бар мегирад.

Мавзуҳои илмию таҳқиқотии шуъбаи масъалаҳои фалсафии дин дар тули 15 соли охир:

Солҳои 2001-2005 «Муносибати байниҳамдигарии дин ва давлат: ҷустуҷӯи роҳҳои беҳтари ҳамкорӣ ва ҳамшарикӣ».

Солҳои 2006-2010 «Асосҳои назариявӣ ва амалии ислоҳи шуури динӣ дар шароити Тоҷикистон».

Солҳои 2011-2015 «Ҷаҳоншавӣ (глобализатсия) ва ислом ва  таъсири он ба ҳаёти динии ҷомеаи Тоҷикистон».

Солҳои 2016-2020 «Таҳлили фалсафӣ-диншиносии мақом ва нақши дин дар давлати дунявӣ»

  Натиҷаҳои зерини илмӣ дар панҷсолаи охир ба даст омадаанд:  

 Дунявияти давлат дар фарҳанги исломӣ ва давлатдории гузаштаи тоҷикон собиқаи таърихӣ дорад. Дин ва ташкилотҳои он (масҷид, уламои динӣ, фақеҳон ва ѓайра) дар низоми давлатдории ҷомеаҳои бо ном исломӣ аслан чун омили маънавиву машваратӣ баромад доштанд, на чун омили усуливу машруиятдиҳандаи давлат. Таълимотҳои гузаштаи иҷтимоиву сиёсии ҷомеаҳои исломӣ ва тоҷикон зуҳуроти муътадили дунявие буданд, ки онро метавон “секуляризми  исломӣ” номид. Аз ин рў, модели муосири дунявии давлати Тоҷикистон дар ҷои холӣ ташаккул наёфта, бо таълимотҳои гузаштаи иҷтимоиву анъанаи ҷомеадории мардумамон ихтилоф надорад, созгор бо аҳдофи давлати миллист, омили суботи муҳити динии суннатии ҷомеа мебошад.Таҳлили муқоисавӣ-таърихии усули дунявияти давлат нишон медиҳад, ки дар сарчашмаҳои исломӣ ва дар таълимоти фалсафиву иҷтимоии минбаъдаи олами ислом низ таъкид ба хусусият ва маншаи динӣ доштани давлат ҷой надорад.

Намунаи  таҳқиқотҳои  шуъба ва таълифоти асосӣки ба  мавзуҳои нақшавӣ робита доранд ба таври зайл аст:

Китобҳо ва монографияҳо:

Абдуллоев Ш. Исломи муосир. Маорифпарварӣ ва озодфикрӣ.(Бо илова ва тавзеҳоти нав).-Душанбе.-2018.604 с.

Абдуллоев Ш. Фалсафаи Қуръон (Фалсафаи ҳаёт ва одамият). - Душанбе.- 2018. 466 с.

Закиров Н.М. Реформаторская концепция Ахмада Дониша. –Душанбе, 2017. -162 с.

Мирзоев Ғ. дар омода намудани “Барномаи таълими фанни “Диншиносӣ” барои донишгоҳҳои олӣ” дар  факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  саҳм гирифт.

Мирзоев Ғ. дар омода намудани “Барномаи таълими фанни “Диншиносӣ” барои донишгоҳҳои олӣ” дар  факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  саҳм гирифт.

Мақолаҳои  илмӣ-таҳқиқотӣ:

Абдуллоев Ш. Конференсияи илмӣ-амалии “Дунявият дар фарҳанги исломӣ”; Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит. 04. 2018.

Абдуллоев Ш. ”Зороастризм в контексте мировой цивилизации (сравнительный религиоведческий анализ) / Маводи маҷмўаи мақолаҳои “Дар бораи этногенезиси тоҷикон”. Институти таърих ва бостоншиносии ба номи А. Дониш.- 2018.

Виркани М. «Место и чтения на тему «Христианство и ислам»; Комитет по делам религий, упорядочению традиций, торжеств и обрядов при Правительстве РТ и Душанбинская и Таджикистанская епархия Русской Православной Церкви. г.Душанбе, 8-9 июня 2018г.

Виркани М. Ду мақола: а) Ибодат; б) Ибодатгоҳ / Барои Энсиклопедияи Миллии Тоҷик; ҷ.6.

Виркани М. Мафҳумҳои ифодакунандаи ҷанбаҳои ҳастии инсон дар Қуръон // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ. -2017.- №4.-С. 27-32 (бо забони русӣ)

Закиров Н.М. Вазъи динӣ дар Осиёи Миёна: хусусиятҳо, таърих ва замони муосир. Таҳдидҳои экстремизми динӣ //Ахбори ИФСҲ АИ ҶТ. -2018, №3.

Зокиров Н. М. “Эътиқоди  динӣ  дар  замони сулҳ ва ҷанг: масъалаи терроризм ва экстремизм байналмилалии “Ҳуқуқи башар ва муколамаи динҳо”.- Доха, Қатар. 20-22 –юми феврали 2018.”// 13-умин Конфронси

Мирзоев Г. Дж. Ислам в контексте духовной культуры таджиков / Сборник статьей “Об этногенезисе таджикского народа”; Институт истории, археологии и этнографии им. Ахмада Дониша АН РТ. 2018.

Мирзоев Ғ. Ҷ. Мушкилоти занони аморати Бухоро дар андешаҳои иҷтимоӣ-ислоҳотҷўии Аҳмади Дониш / Аҳмади Дониш ва афкори ҷамъиятиву сиёсии Осиёи Марказӣ дар нимаи дувуми асри XIX- ибтидои асри XX.- Душанбе: “Дониш”, 2018.-С. 321-334.

Мирзоев Ғ. Ҷ. “Принсипҳои умумиинсонии башардўстиву адолат ва таълимоти “уммати исломӣ” дар тафсирҳои муосир” (Общечеловеческие принципы гуманизма и справедливости и концепция “исламской уммы” в современных религиозных толкованиях) //Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи   АИ ҶТ.- 2017.- №4, (1).-С. 37-43. Ба забони русӣ (дар ҳаммуаллифӣ)

Мирзоев Ғ. Ҷ. Мақолаи “Ислом” дар ҳаҷми 1-ҷузъи чопӣ / Барои Энсиклопедияи  Миллии Тоҷик; ҷ. 6  омода  ва супорида шуд, ки дар арафаи чоп аст.

Мирзоев Ғ.Ҷ. “Масоили маърифат ва ё донисташавии  ашё  дар фалсафаи   Абўбакри  Розӣ» // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ  ва ҳуқуқи  АИ ҶТ, № 3,2016; -С.64-69.

Мирзоев Ғ.Ҷ. “Заминаҳои паҳншавии ифротгароии динӣ дар байни ҷавонон ва роҳҳои пешгирӣ аз он” // Конференсияи илмӣ-амалии “Масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир”; Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино. ш. Душанбе, 6. значение воды в христианстве и исламе» //3-е Международные Иоанновские 06. 2018

Мирзоев Ғ.Ҷ. “Нақши ходимони дин дар татбиқсози зинаҳои баъдинаи қонуни танзим ”// Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзўи “Рисолати танзим ва масоили муосири иҷтимоии ҷомеа”; Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе,  06.2018

Мирзоев Ғ.Ҷ. “Соотношение религиозного и национального элемента в общественном сознании таджиков”//Ежегодный журнал ОБСЕ в Институте исследования проблем мира и политики безопасности при университете Гамбурга; 2016г. / IFSH (ed.); Гамбургский универститет Германии;  стр. 117-123.  (на англ.яз.)

Мирзоев Ғ.Ҷ. “Соотношение религиозного и национального элемента в общественном сознании таджиков”//Ежегодный журнал ОБСЕ в Институте изучения мира и политики безопасности при Гамбургском универститете, 2016 / IFSH (ed.);  Гамбургский универститет Германии;  стр. 117-123.(на англ.яз.)

Мирзоев Ғ.Ҷ. “Таносуби тафаккури динӣ ва миллӣ чун унсурҳои фарҳангӣ”// Маҷалаи “Дин ва ҷомеа”, №4, майи 2017, 0,75 ҷузъи чопӣ.

Мирзоев Ғ.Ҷ. « Ҳифз ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ дар шаклгирии миллати муосир ва ваҳдати миллӣ» // Баромад ва суханронӣ дар байни вакилон ва намояндагони кумитаҳои Шўрои Олии ҶТ; ш. Душанбе, 01.03.2018.

Мирзоев Ғ.Ҷ. «Омилҳои барангезонандаи ифротгароии  салафӣ  ва воситаҳои  пешгирӣ аз онҳо » //Ахбори  АИ ҶТ,  Шуъбаи  фанҳои ҷомеашиносӣ, 2016; №1(241), С. 52-58.3.

Мирзоев Ғ.Ҷ. «Шуури динии исломӣ ва худшиносии миллӣ: мушкилот ва дурнамо» /Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии тоҷикистон(маҷмўи мақолоти Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон).-Душанбе: “Андалеб Р”, 2016.-Саҳ.87-96.

Мирзоев Ғ.Ҷ.«Асли дунявияти давлат  ва фарҳанги исломӣ»//Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ  ва ҳуқуқи  АИ ҶТ, № 4,2015; -С.23-27.

Носиров Р.Ҳ. Баъзе хусусиятҳои усули давлатдории дунявӣ дар кишварҳои Шарқ (дар мисоли Ҳиндустон) // Ахбори ИФСҲ  АИ ҶТ. -2018, №3.

Ҳайати кормандони Шуъба:

Mудири шуъбаи масъалаҳои фалсафии дин

Ному насаб: Мирзоев Ғаффор Ҷабборович

Вазифа: мудири шуъба

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои фалсафӣ

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), факултаи шарқшиносӣ, бахши  забон ва адабиёти арабро соли 1989  бомуваффақият хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ аз соли 1989 то соли 1991 ба сифати тарҷумони забони арабӣ дар ҳайати Вазорати дифои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Арабии Сурия ифои вазифа намудааст. Соли 1992  ба сифати лаборанти калони Институти  фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ ба кор шуруъ карда, охири ҳамин сол ба ба аспирантураи  ҳамин  институти илмӣ  дохил мешавад ва то соли 1996 дар он таҳсил менамояд. Аз соли 1996 то соли 1999 дар Шуъбаи таърих ва фалсафаи дини Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ чун ходими илмӣ  ва  ҳамзамон дар кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз фанни таърихи фалсафа, фалсафаи иҷтимоӣ, фалсафаи тибб, илми ахлоқ ва ғайраҳо  дарс додааст. Аз соли 2000-ум то 2002-юм дар ширкати  «Мосэнергомонтаж»-и Россия дар Ҷумҳурии Ироқ  ба сифати тарҷумони  забони арабӣ ва русӣ кор кардааст.

  Аз соли 2002 минбаъд дар Шуъбаи таърих ва фалсафаи дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ  ва ҳуқуқи АИ ҶТ дар вазифаҳои ходими илмӣ ва ходими калони илмӣ кор кардааст. Аз соли 2010 –ум вазифаи мудири ин шуъбаро ба уҳда дорад. Ҳамчунин, аз соли 2009  то соли 2014 раиси Кумитаи Иттифоқи Касабаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқро низ бар  дӯш дошт.

  Соли 2009 рисолаи номзадияшро дар мавзӯи «Ислом дар матни шуури иҷтимоии мардуми тоҷик (гузашта ва имрӯза)» аз рӯи ихтисоси 09.00.14- диншиносӣ, фалсафаи фарҳанг ва инсоншиносии фалсафӣ ҳимоя намуд. Намунаи асосии таҳқиқотҳояш инҳо мебошанд:

1) «Ислом дар матни шуури иҷтимоии мардуми тоҷик (гузашта ва имрӯза)». – Душанбе, 2009. –152 с.

2)  «Вижагиҳои ташаккул ва таҳаввули тафаккури динии тоҷикон».– Душанбе: «Дониш», 2011. –122 с.

3)  «Таърихи динҳо» (Китоби дарсӣ  барои донишҷӯёни макотиби олӣ ва аспирантону увонҷӯён). –Душанбе: «Дониш», 2014. –375 с. (ҳаммуаллифӣ)

4) «Олами ислом  ва ҷаҳонишавӣ: муқовимат ва ҳамгироӣ» //  Паёми Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон. –2014. – № 3-4. –С. 245-252.

5) «Нақш ва ҷойгоҳи дин дар ҳаёти  муҳоҷирони меҳнатӣ» // Ахбори АИ ҶТ, силсилаи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ. –2014. –№1-2. –С.46-53.

6) «Таносуби арзишҳои динӣ ва  миллӣ дар ҳуввияти тоҷикон» // Ахбори Академияи илмҳои ҶТ. Силсилаи фалсафа ва ҳуқуқ. –2012. –№2-3. –С.62-68. 

  Дар давоми фаолияти илмӣ ва амалияш чандин маротиба ба граммотаву ифтихорномаҳо, аз он ҷумла ба «Ифтихорномаи Академияи илмҳои ҶТ» сарфароз шудааст. Айни замон, дар баробари мудири шуъба будан, вазифаи котиби илмии Шӯрои диссертационии Д047.019.02 аз рӯи ихтисоси: 09.00.14-ро ба  ӯҳда дорад.

Самҳои таҳқиқот: диншиносӣ, фалсафаи фарҳанг ва инсоншиносии фалсафӣ, масоили назариявии диншиносӣ ва фалсафаи дин.

Суроғаи электронӣ (е-майл): gaffor-1964@mail.ru

Шуъбаи фалсафаи иҷтимоӣ

 

Дар Шуъба  10 нафар кормандони илмӣ, аз ҷумла 7 доктор ва 3 номзадони илм аз рӯи ихтисоси 09.00.11 фалсафаи иҷтимоӣ фаъолият доранд.

1 апрели соли 1951 дар сохтори  Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон шуъбаи фалсафа ҳамчун қисми бунёдии илмҳои  ҷамъиятшиносии Академия таъсис дода шуд, ки дар шуъбаи мазкур  бахши материализми таърихӣ ташкил гардид. Ин бахш соли 1991 ба шӯъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон табдил дода шуд.

Дар замони шӯравӣ Шуъба дар самтҳои зерин корҳои илмӣ-тадқиқотӣ анҷом медод: асосноккунии назарияи инкишофи ғайрикапиталистии ҷомеаи тоҷик, ташаккул ва ба амал баровардани муносибатҳои нави ҷамъиятии сохти сотсиалистӣ, алоқамандии ҳастии ҷамъиятӣ ва шуури ҷамъиятӣ, қонунияти инкишофи таърих ва фаъолияти бошууронаи одамон, кам кардани фарқи шароити меҳнати фикрӣ ва ҷисмонӣ ва ғайра.

Аз соли 1975 то соли 1980 Шуъба дар мавзуи «Асосҳои методологии шуури таърихӣ ва шаклҳои асосии он» ва аз миёнаҳои солҳои 80-ум «Қонунҳои инкишофи сохти иытимоии синфи коргар дар Тоҷикистон» тадқиқотҳо анҷом дод. Истиқлолияти давлатӣ ва тағйироти низоми муносибатҳои иҷтимоӣ боиси тағйир ёфтани мавзуҳои тадқиқотӣ гардид. Ҳоло дар мадди аввал масъалаҳои назария ва таърихи миллат ва муносибатҳои миллӣ меистанд.

Масъалаи дигари актуалӣ “Анъана ва муосирият дар заминаи рушди раванди ҳамбастагии халқи тоҷик" мебошад. Натиҷаи таҳқиқоти ин масъала нишон дод, ки тамоюли тағйирпазирӣ ба шуури ҷомеаи тоҷик бегона набуда, мундариҷаи он имкон медиҳад, ки дар раванди навсозии он ба қабули на моделҳои берунии рушди ҷомеа, балки дар заминаи намунаҳои худаш ба таҳияи чунин равандҳо ва дурнамои бомуваффақият тамаркуз карда шавад.

Солҳои охир аз ҷониби олимони Шуъба дар мавзуи «Сармояи иҷтимоӣ ва нақши он дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2021-2025) корҳои илмӣ-тадқиқотӣ гузарониданд. Натиҷаи кори илмии ходимони шуъба дар мақолаю монографияҳо инъикос ёфтааст.

Кормандони илмии шуъба оид ба ин мавзуҳо зиёда аз 80 монография ва китобҳои илмӣ нашр кардаанд. Натиҷаҳои ин таҳқиқот дар маводи зерин инъикос ёфтаанд:

Идиев Х. У. Трансформирующееся таджикское общество. – Душанбе, 2004; Асадулаев И. К. Экспансия подобия, демократия и Таджикистан. – Душанбе, 2006.; Назаров Р. Образование и глобализация. – Душанбе, 2008.; Шоисматуллоев Ш. Тоҷикистон дар оинаи пайдарпаӣ ва ивазшавии наслҳо. – Душанбе, 2006.; Ҳайдаров Р. Ҷ. Тараққиёти Тоҷикистон дар даврони ҷаҳонишавӣ. - Душанбе, 2006.;. Хайдаров Р.Ҷ. Тоҷикистон дар масири таҳкими Истиқлоли давлатӣ: ҷанбаи иҷтимоӣ-сиёсӣ. - Душанбе, 2020.; Назаров М. А. (Назар М. А.) Становление нового качества в развитии постсоветского общества. – Душанбе, 2003; Саидов А. С. Социальный капитал: философско-методологический анализ. – Душанбе, 2018.; Шоазимов П. Д. Таджикская идентичность и государственное строительство. – Душанбе, 2003; Қаҳҳоров Ғ. Ғ. Синфи миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ташаккулёбӣ ва рушди оянда. Душанбе, 2013.; Орифҷонова Н. Андешаи миллии халқи тоҷик (таҳлили фалсафию иҷтимоӣ) – Душанбе, 2002.; Усмонзода Х. У. Амалияи ҷомеасозӣ ва муосирият. – Душанбе, 2021. и др.

Дар Шуъба фаъолияти илмии аспирантон, докторантон ва  магистратон ба роҳ монда шудааст. Роҳбарии шуъбаро номзади илмҳои фалсафа Абилзода Гуландом Сардор ба ӯҳда дорад.

Шуъбаи сотсиология

   Дар Тоҷикистон соли 1967 дар назди Шуъбаи фалсафаи АИ ҶТ сектори таҳқиқотҳои сотсиологӣ таъсис ёфт (аз соли 1991 шуъбаи сотсиология). Дар солҳои 1970 -1990 масъалаҳои асосии таҳқиқотии сектори сотсиология таҳлили ҷиҳатҳои назарӣ ва амалии меҳнат дар ҷамъияти сотсиалистӣ, омилҳои моддӣ ва маънавии фаъолияти меҳнатӣ дар истеҳсолоти саноатӣ ва ҳавасмандкунии меҳнат, омилҳои иҷтимоии ташаккули муносибатҳои коллективӣ, х ва г. буданд.   Натиҷаҳои таҳқиқотҳои дар ин давра гузаронидашуда дар чунин асарҳо инъикос ёфтанд: «Масъалаҳои тараққиёти иҷтимоӣ». Муҳарири масҳул Выборнова В.В. Душанбе, 1975. 140 с.; «Фаъолнокии иҷтимоии коргарони корхонаҳои саноатӣ». Муҳаррири масҳул В.В.Выборнова. Душанбе, 1984. 180 с.; «Омилҳои фаъолияти меҳнатӣ». Душанбе, 1976. 10 ҷ.ч.; Выборнова В.В. «Масъалаҳои назариявии инкишофи меҳнати сотсиалистӣ». Душанбе, 1981. 270 с.; Газарян В.Г. «Омилҳои иҷтимоии инкишофи муносибатҳои коллективӣ». Душанбе, 1986. 236 с.; Ш.Шоисматуллоев. «Ибтидои роҳ: насл бо маълумоти миёна» (Хаммуаллиф). М.: Наука, 1989. 15 ҷ.ч. ва даҳо мақолаҳои илмӣ.

  Дар солҳои  90-ӯм вобаста ба тағйиротҳои дар ҷомеа ба вуҷуд омада шуъбаи сотсиология ба омӯзиши масоил вобаста ба дигаргунсозиҳо дар сохтори иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон таҳқиқотҳо амалӣ менамояд. Натиҷаҳои ин таҳқиқотҳо дар асарҳои Ш.Шоисматуллоев. «Характери интернатсионалии худмуайянкунии ҳаётии ҷавонон» (ҳаммуалиф), Душанбе, 1992 г. 268 с.; Ш.Шоисматуллоев. «Роҳои ҳаётии як насл» (ҳаммуаллиф). М.: Наука, 1992. 246 с.; Ш.Шоисматуллоев. «Насл дар системаи таҳсилот, Душанбе, 1999. 140 с.; Афкори ҷамъиятӣ ва дигаргунсозии ҷамъият. Муҳаррири масҳул Қуватова А.А., Душанбе, 1997. 210 с.

  Дар солҳои 2000 –ӯм шуъбаи сотсиология ба омӯзиши масъалаҳои ҳаётии ҷомеа (солхои 2004 – 2008 дар мавзӯи «Оқибатҳои иҷтимоии дигаргунсозиҳо ва азнавсозиҳо дар Тоҷикистон»; солҳои 2009 – 2013 «Табақабандӣ ва ҷойивакунии иҷтимоӣ дар ҷомеаи тағйиребандаи Тоҷикистон»; солҳои 2014- 2018 дар мавзӯи «Омилҳои иҷтимоӣ ва иҷтимоӣ фарҳангии азнавсозиҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон»; аз соли 2019 дар мавзӯи «Ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон: ҳолат, омилҳои рушд, дурнамо» таҳқиқот мебурд ва бурда истодааст. Натиҷаи таҳқиқотҳо дар чунин монографияҳо ва китобҳо ба хонанда пешниҳод шудаанд: Ш.Шоисматуллоев. «Зан ва нашъа», Душанбе, 2000. -67 с.; Ш.Шоисматуллоев. «Маълумоти духтарон», Душанбе, 2003. - 60 с; Ш.Шоисматуллоев. «Зуровари нисбати зан: дирӯз ва имрӯз», Душанбе, 2005, - 247 с.; Ш. Шоисматуллоев. «Тоҷикистон дар оинаи пайдарпаӣ ва ивазшавии наслҳо», Душанбе, 2006.- 320 с.; Р.Ҷ Хайдаров. «Тарққиёти Тоҷикистон дар даврони ҷаҳонишавӣ», Душанбе, 2006. - 190 с.; Р.Ҷ. Хайдаров. «Тоҷикистон дар мадори ҷараёнҳои ҷаҳонишавӣ ва геполитики», Душанбе, 2005. 152 с.; Тараққиёти манотиқи кӯҳӣ: масъалаҳо ва дурнамо. Муҳаррири масҳул Ш.Шоисматуллоев, Душанбе, 2006. 62 с.; Ҷамъияти муосири Тоҷикистон: равандҳои дигаргунсозиҳо. Муҳаррири масҳул Ш.Шоисматуллоев, Душанбе, 2011. 210 с.; Ғ. Ғ. Каҳоров.” Синфи миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ташакулёбӣ ва рушди оянда”, Душанбе, 2016. 130 с.; Б.А. Насурова “Ҷавонон дар ҷомеаи тағйирёбандаи Тоҷикистон”. 2017.130 с.; З.К. Қодиров “Ташаккули худидоракунии маҳалӣ ҳамчун институти иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”. Душанбе, “Дониш”, 2017. 201 с.; Ш. Шоисматуллоев “Тоҷикистон дар даврони истиқлолият: дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ ва иҷтимоӣ – фарҳангӣ”, Душанбе, 2018. 160 с., В.А Баҳромбеков. “Ташаккул ва рушди фарҳанги сиёсӣ дар раванди бунёди давлати ҳуқуқӣ ва демократӣ дар Тоҷикистон”, Душанбе, 2020.151 с.; Ф.С. Миров “Вазифаҳои иҷтимоии ҳуқуқ ҳамчун институти иҷтимоӣ дар шароити ташаккулёбии ҷомеаи демократӣ”, Душанбе, 2020. 160 с.; Ш. Шоисматуллоев, Х.У. Идиев, В.А .Баҳромбеков, Ф.С. Миров. Сотсиология.  Китоби дарсӣ, Душанбе: “Ирфон”, 2019. – 520 с.; Баҳромбеков В., Миров Ф. Сотсиология. Китоби дарсӣ, Душанбе: «Ирфон», 2019. – 350 с.

Ҳайати кормандони Шуъба:

 

Мудири Шуъбаи сотсиология

Ному насаб: Шоисматуллоев Шоназар

Вазифа: мудири шуъба

Дараҷа ва унвони илмӣ: узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сотсиология, профессор

  Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣхатми Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко соли 1968 бо ихтисоси муаллими фанҳои забон ва адабиёти рус. Солҳои 1970-1971 таҷрибаомӯзи Институти таҳқиқотҳои мушаххаси иҷтимоии АИ ИҶСС; 1971 – 1974 аспиранти Институти Таҳқиқотҳои сотсиологии АИ ИҶСС; 1988 – 1989 курси такмили ихтисоси Институти сотсиологияи АИ ИҶСС; 1993 – 1997 докторанти Институти сотсиологияи АИ Федератсияи Россия. Соли 1977 ҳимояи диссертатсия дар мавзӯи «Омилҳои иҷтимоии интихоби касб» дар шурои диссертатсионии назди Институти таҳқиқотҳои сотсиологии АИ ИҶСС барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа аз рӯи ихтисоси 09.00.09. – Сотсиологияи таҷрибавӣ. Соли 2000 ҳимояи диссертатсия дар мавзӯи «Ҷойивазкунии иҷтимои байни наслӣ ва таҳавуллоти рафтори иҷтимоии ҷавонон дар ҷомеаи буҳронӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои сотсиолгия аз рӯи ихтисоси 22.00.04 – сохтори иҷтимоӣ, институтҳо ва равандҳои иҷтимоӣ. Соли 2003 дотсент аз рӯи ихтисос, соли 2005 профессор аз рӯи ихтисос, соли 2008 узви вобастаи АИ ҶТ.

  Масълаҳои асосии таҳқиқотҳои илмии Ш. Шоисматуллоев омӯзиши худмуайянкунии касбӣ ва иҷтимоии насли наврас, системаи таълимоти ҳамагонӣ ва касбӣ, инкишоф ва тағйирёбии сохтори иҷтимоӣ, табақабандии иҷтимоӣ ва ҷойивазкунии иҷтимоӣ, нобаробарии гендерӣ ва ғайра мебошанд. Шоисматуллоев Ш. муаллифи зиёда аз 150 асари илмӣ аст.

  Дар асарҳои «Ибтидои роҳ: насл бо маълумоти миёна». – М.: Наука, 1989. – 255 с.; «Характери интернатсионалии худмуайнкунии ҳаётии ҷавонон». – Душанбе, 1992. – 268 с. ва «Роҳҳои ҳаётии як насл». - М.: Наука, 1992. – 246 с., ки бо ҳаммуаллифӣ бо сотсиологҳои маъруфи Москва, Екатеренбург, Барнаул, Эстония, Латвия, Литва, Белоруссия, Украина навишта шудаанд, хусусиятҳои хоси сохтори иҷтимоии ҷумҳурияҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, имкониятҳо ва маҳдудиятҳои касбӣ, сатҳ ва сифат, тарзи ҳаёт ва ғайраҳо таҳлил шуда, таъсири онҳо ба худмуайянкунии касбӣ ва иҷтимоии насли наврас нишон дода шудааст. Ин асарҳо ва мақолаҳои бисёри дигар дар асоси натиҷаҳои ду марҳилаи лоиҳаи илмӣ -таҳқиқотии муқоисавии умумиитифоқии лонгитюдӣ бо номи «Роҳҳои наслҳо», ки дар атрофии он таҳқиқотчиён аз Россия, Украина, Белоруссия, Эстония, Латвия, Литва, Молдова, Казоқистон ва Тоҷикистон муттаҳид шуда буданд, навишта шудаанд. Аз соли 1985 то 1998 чаҳор марҳилаи ин лоиҳа мувофиқ ба шароитҳои хоси лаҳзаҳои барқароршавии иҷтимоӣ, хусусиятҳои синнусолии давраҳои ҳаётӣ – аз хатми мактаби миёна то ёфтани мақоми устувори иҷтимоӣ, камолоти иҷтимоии насл (30 сола) пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёна дар солҳои 1983-85 дар амал тадбиқ шуданд.  Ш. Шоисматуллоев аъзои шурои ҳамоҳангсозии лоиҳа ва роҳбари таҳқиқотҳо дар Тоҷикистон буд.

  Дар асоси натиҷаҳои марҳилаҳои 3-ум ва 4-уми ин лоиҳа асарҳои      «Насл дар системаи таълимот» (Душанбе, 1999. – 140 с.), диссертатсияи докторӣ бо номи «Ҷойивазкунии байни наслӣ ва таҳавуллоти рафтори иҷтимоии ҷавонон дар ҷомеаи буҳронӣ»  (Москва, 2000) ва «Тоҷикистон дар оинаи пайдарпаӣ ва ивазшавии наслҳо» (Душанбе, 2006. – 320 с.) ба чоп расидаанд, ки дар онҳо равандҳои тараққиёти сохтори иҷтимоӣ- синфӣ, иҷтимоӣ-ҳудудӣ,  иҷтимоӣ- демографӣ дар Тоҷикистон, системаи талимоти умумӣ ва касбӣ дар даврони шуравӣ, равандҳои дигаргунисозиҳои баъдишуравӣ, ҷойивазкунии иҷтимоӣ, худмуайянкунии касбӣ ва иҷтимоии ҷавонон таҳлил ва баррасӣ шудаанд.

  Асарҳои «Зан ва нашъа» (Душанбе, 2000. – 67 с.), «Маълумоти духтарон» (Душанбе, 2002. – 60 с.) ва «Зӯроварӣ нисбати зан: дирӯз ва имрӯз» (Душанбе, 2005. – 247 с.) ба таҳқиқоти  масъалаҳои мавқеъ ва нақши зан дар оила ва ҷамъият, тақсимоти меҳнат дар оила ва шуғли занон дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ, зуроварӣ нисбати зан, маълумоти духтарон, ба интиқол ва паҳн кардани маводи мухаддир ва ғайраҳо бахшида шудаанд.

  Масаълаҳои ташаккули муносибатҳои бозоргонӣ дар Тоҷикистон, роҳҳои бартараф кардани камбизоатӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои демократӣ, дигаргунсозии сохтори иҷтимоии ҷомеаи тоҷикистонӣ, таъсири оқибатҳои иҷтимоӣ – иқтисодии дигаргунсозиҳо ба тағйирёбии табақабандии иҷтимоӣ, ваҳдати миллӣ ҳамчун омили мувозинат ва қобилияти ҳаётии миллат, истиқлолият ва ягонагии ҳудудии давлат, ташкили иҷтимоии муносибатҳои гендерӣ дар асарҳои «Ҷамъияти муосири Тоҷикистон: равандҳои дигаргунсозиҳо» ( в соавторстве,Душанбе, 2011. – 210 с.), «Тоҷикистон дар замони истиқлолият: дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ ва иҷтимоӣ – фарҳангӣ (Душанбе, 2018. – 160 с.) ва мақолаҳои илмии солҳои охири Ш. Шоисматуллоев баррасӣ шудаанд.   

 Суроға электронӣ (e-mail): afkor@mail.ru

Шуъбаи сиёсатшиносӣ

Шуъбаи сиёсатшиносии Институт  26 декабри соли 2003 таъсис  гардидааст. Роҳбари шуъба номзади илмҳои сиёсӣ Муродов Субҳон Абдуқодирович мебошад. Шуъбаи мазкур бо таҳқиқи масоили иҷтимоӣ-сиёсии рушди устувори ҷомеаи тоҷик, пажуҳиши равандҳои сиёсӣ ва масоили такомули ниҳодҳои сиёсии ҷомеаи тоҷик, хусусиятҳои раванди сиёсӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, омӯзиши масоили амнияти миллӣ ва муайян намудани таҳдидҳои нав ба суботи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  машғул мебошад. Дар шуъба доктори илмҳои фалсафа, профессор Хидирзода Махфират Умар, номзади илмҳои сиесӣ Ҳакимов Раҷаб, номзади илмҳои сиесӣ Сафарализода Хуҷамурод Қуддусӣ  ва дигарон фаъолият доранд.
 

Ҳайати кормандони Шуъба:

 

Мудири Шуъбаи сиёсатшиносӣ

Ном насаб ва номи падар:  Муродов Субҳонҷон Абдуқодирович

Вазифа: Мудири шуъба

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои сиёсӣ

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Хатми Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар соли 2011. Ҳимояи муваффақи диссертатсияи номзадӣ дар мавзуи «Мавқеъ ва нақши институти миёнаравӣ дар ҳалли низоъҳои иҷтимои-сиёсӣ» дар соли 2015 аз руи ихтисоси 23.00.06 - Низоъшиносӣ.

Муаллифи монографияи «Миёнаравӣ дар низоъҳо: таърих, назария ва таҷриба» ва зиёда аз 20 мақолаи илмӣ. Барои хизматҳои шоиста дар рушди илм дар соли 2019  бо  Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дипломи олими ҷавони сол сарфароз гардонида шудааст.

Самтҳои таҳқиқот: Низоъшиносӣ, сиёсатшиносӣ, геополитика ва ғ.

Суроғаи электронӣ (е – майл): subhonm@mail.ru

Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ

 

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи милли илмҳои Тоҷикистон (ИФСҲ-и АМИТ) тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2011 бо роҳи муттаҳид кардани Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Институти фалсафа, сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Муассисаҳои илмии мазкур солҳои зиёд бо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул буда, дар ин ҷода таҷрибаи кофӣ касб намудаанд. Пас аз муттаҳид шудани институтҳои болозикр Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинова низ фаъолияти хешро дар ин ҷода идома дода, ҷалби мутахассисони ҷавон, нашри монографияҳо, мақолаҳои мубрами илмӣ, баргузории конфронсҳои илмии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, инчунин таблиғи донишҳои фалсафӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқиро боз ҳам густурдатар ба роҳ мондааст.

Соли 2017 бо қарори Шӯрои олимони Институт (суратҷаласа 4 аз 27 апрели соли 2017) бахши масъалаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ ба Шуъбаи масъалаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйир дода шуд.

Дар тӯли фаъолияти хеш Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ корҳои зиёди илмӣ-тадқиқотӣ анҷом дода, солҳои 2018-2022 лоиҳаи тадқиқотиро дар мавзӯи «Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо радикализми сиёсӣ, ифротгароии динӣ ва терроризми байналмилалӣ» ба анҷом расонидааст. Айни замон дар шуъба лоиҳаи «Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар институтҳои ҳамгироии минтақавӣ ҳамчун омили рушди устувор ва амнияти миллии он» мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Дар ҳоли ҳозир дар шуъба 2 доктори илмҳои сиёсӣ, 1 доктори илмҳои фалсафа, 3 номзади илмҳои сиёсӣ ва дигар кормандони илмӣ фаъолият намуда, дар давраи гузашта ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.

• Мудири шуъба – Бедилзода Ҳусайн, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент

• Сарходими илмӣ Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

• Ходими пешбари илмї Қувватзода Сайдулло, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор.

• Ходими пешбари илмӣ Саидов Нуралї, номзади илмњои фалсафа.

• Ходими калони илмї — Сангинов Нарзулло, номзади илмњои сиёсї.

• Ходими калони илмй — Саидова Фазилат, номзади илмњои сиёсї.

• Ходими илмї — Шозедов Хуршед

• Ходими илмӣ Зиёзода Нодир

• Ходими хурди илмӣ Маҳмадова Фарзона Абдураҳмоновна

• Лаборанти калон — Мамадназарова Азима

Айни замон самти асосии фаъолияти Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ - омӯзиш ва муайян кардани омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, инчунин заминаҳои рушди равандҳо ва институтҳои ҳамгироии минтақавӣ, омӯзиши таҷриба ва мушкилоти бунёди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои иштирокчии равандҳои Авруосиё оид ба масъалаҳои рушди минтақавии ҳамгироии ниҳодҳои давлатӣ ва омили устувори амнияти миллӣ мебошад.

Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ дар таҳия ва татбиқи амалии лоиҳаҳои илмӣ таҷрибаи кофӣ дошта, барои амалӣ намудани лоиҳаи мазкур иқтидори зеҳнии мувофиқ дорад.

Маркази синошиносӣ

Мавзӯи таҳқиқотӣ: «Тарҷума, таҳқиқ ва нашри осори Абуалӣ ибни Сино».

Рақами қайди давлатӣ – 0108ТД720

Захираҳои илмӣ–13 корманди илмӣ, 2 профессорон, докторони илм, 6 номзадҳои илм, 4 ходими илмии соҳибтаҷриба ва ғ.

Тарбияи кадрҳо: дар панҷсолаи гузашта 1 доктор ва 3 номзади илмҳо.2 рисолаи илмӣ тайёр ва дар арарафаи ҳимоя.

Шумораи китобу мақолаҳо: 23 китоб (осори Ибни Сино, китобҳои «Таърихи фалсафаи тоҷик», Энсиклопедияи миллии тоҷик ва ғ.), зиёда аз 50 маколаи илмӣваоммавӣ.

Маълумоти мухтасар: «Маркази синошиносӣ» соли 2006 бо супориши Президенти кишвар баъди истиқлолият ва бузургдошти 1025 солагии Шайхурраис Абуалӣ Ибни Сино (с.2005) чун арзи эҳтироми ин шахсияти барҷастаи фарҳанги тоҷику форс ва зарурияти омӯзиши бештари осори илмӣ, ташвиқи афкори илмиву фалсафӣ ва ниҳоят, инкишофи фарҳанги сиёсии дунявӣ, давлати ҳуқуқбунёд ва ташвиқи тафаккури мустақил ташкил шуд. Тасмим гирифта шуд, ки осори комили мутафаккирро 16 ҷилдӣ (дар маҷмӯъ 32 чилд) ба забонҳои тоҷикӣ ва рӯсӣ манзур шаванд ва осори дигар мутафаккирон низ ҳамин тавр омӯхта ва пешниҳод шавад.

Вазифаҳо ва ҳадафҳо: 

Омӯзиши ҳаматарафаи осори мутафаккир дар заминаи тарҷумаи нусхаҳои комил аз забони арабӣ ба забонҳои тоҷикиву русӣ, нашри нави осори дигар ҳамфикрону ҳамасрон ва шогирдони Ибни Сино

Таъмини беҳтари мутахассисон бо сарчашмаҳои дасти аввали илмӣ;

Бо ин ба роҳ мондани рушди тафаккур ва ҷаҳонбинии илмии ҷавонон, муқобилаи зеҳнӣ бо ифротгароӣ;

Натиҷаҳо:

Аз соли 2006 то имрӯз ҳамагӣ 23 китоб аз осори Абуалӣ Ибни Сино ва 8 ҷилд аз осори дигар мутафаккирон (3 китоби Закариёи Розӣ, 1 китоби Арасту, 2 ҷилди Абурайҳон Берунӣ ва 3 ҷилди Носири Хусрав) тарҷума ва нашр гардидаанд. Дар маҷмӯъ 16 ҷилд ба забони тоҷикӣ ва 15-ҷилд ба русӣ нашр шудааст.  Рӯихати осори нашршудаи Абуалӣ ибни Сино (ва мутафаккирони дигари тоҷик) дар с. 2005-2020 ба ин тариқ аст.

Ба забони тоҷикӣ:

Абуалӣ ибни Сино. Осор. ҷилди 1. Душанбе – «Дониш» 2005. 852 с.

Абуалӣ ибни Сино. Осор. ҷилди 2. Душанбе – «Дониш» 2005. 852 с.

Абуалӣ ибни Сино. Осор. ҷилди 3. Душанбе – «Дониш» 2007. 528 с.

Абуалӣ ибни Сино. Осор. ҷилди 4. Душанбе – «Дониш» 2007. 921 с.

Абуалӣ ибни Сино. Осор. ҷилди 5. Душанбе – «Дониш» 2009. 657 с.

Абуалӣ ибни Сино. Осор. ҷилди 6. Душанбе – «Дониш» 2013. 959 с.

Абуалӣ ибни Сино. Осор. ҷилди 12. Қонуни тиб (кит. 1). Душанбе.2010.768 с.

Абуалӣ ибни Сино. Осор. ҷилди 13. Қонуни тиб (кит. 2 қисми 1). Душанбе.2012. 639 с.

Абуалӣ ибни Сино. Осор. ҷилди 13. Қонуни тиб (кит. 2 қисми 2). Душанбе. 2012. 617 с.

Абуалӣ ибни Сино. Осор. ҷилди 14. Қонуни тиб (кит.3 қис.1). Душанбе- 2013. 1078 с.

Абуалӣ ибни Сино. Осор. ҷ.14. Қонуни тиб (кит. 3 қисми 2). Душанбе – 2016. 637 с.

Абу Али ибни Сино. Осор. Ҷ.15, кит. 4-и «Ал-қонун фит-тиб». Душанбе.2019.

Ба забони русӣ:

Абу Али ибн Сина (авиценна). Сочинения. Том 1. Душанбе – «Дониш» 2005. 959 с.

Абу Али ибн Сина (авиценна). Сочинения. Том 2. Душанбе – «Дониш» 2005. 841 с.

Абу Али ибн Сина (авиценна). Сочинения. Том 3. Душанбе – «Дониш» 2006. 682 с.

Абу Али ибн Сина (авиценна). Сочинения. Том 4. Душанбе – «Дониш» 2008. 1002 с.

Абу Али ибн Сина (авиценна). Сочинения. Том 5. Душанбе – «Дониш» 2010. 766 с.

Абу Али ибн Сина (авиценна). Сочинения. Том 6. Душанбе – «Дониш» 2016. 867 с.

Абу Али ибн Сина (Авиценна). Том. 12. Канон врач. науки. Кн.1. Душ-бе.2010. 735 с.

Абу Али ибн Сина (Авиценна). Том. 13. Канон врач. науки. Кн. 2. Душанбе..2012. 958 с.

Абу Али ибн Сина (Авиценна). Том. 14. Канон врач. науки. Кн. 3. Часть 1.Душанбе – «Дониш» 2014. 1000 с.

Авиценна в зеркале искусства. Душанбе – «Дониш» 2013. 119 с.

Абу Али ибн Сина. Сочинения. Том 7 (Диалектика, Софистика, Риторика, Поэтика). (Аз «Китобу-ш-Шифо»:  Ҷадал, Суфистоӣ, Хитоба,Шеър). Душанбе. 2019. 

Нашри осори мутафаккирони дигар:

Абубакра ар-Рази. «Возражения Галену»(«Аш-шукук-лил-Ҷолинус»). Душанбе. 2016 (русӣ).

Абурайҳони Берунӣ. Ас-сайдана фи-т-тиб. Ду ҷилд. Дониш, 2017. ҷ. 502, ҷ. 2 -686 (ба тоҷ.).

Закариёи Розӣ «Тибби Фуқаро». Душанбе – «Дониш» 2016. 150 с.(ба тоҷикӣ).

Закариёи Розӣ «Тибби мансурӣ» . Душанбе. «Дониш». 2016. 400 с. (тоҷикӣ)

Арасту. Хитоба ( Аристотель. Риторика). «Душанбе. «Дониш». 2016 (тоҷикӣ).

29.Носири Хусрави Қубодиёнӣ. Кушоиш ва раҳоиш. Душанбе. 2016 (русӣ).

 

Носири Хусрави Қубодиёнӣ. Хон-ул-ихвон. Душанбе.2017 (ба русӣ).

Носири Хусрави Қубодиёнӣ. Ҷомеъ ул-ҳикматайн. Душанбе. 2028.(ба русӣ).

Шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосир

New accordion content

Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқ

 

  Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 дар заминаи Шуъбаи давлат ва ҳуқуки Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1992 аз Институти таърихи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Институти фалсафа дода шуда буд (1992-2005)), Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2006-2011) таъсис ёфтааст. Роҳбарии онро доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Буризода Э.Б. ба зимма дорад.

Он нисбат ба шуъбаҳои дигари бахши ҳуқуқ таърихи тулонитар дорад. Нахустин шуъбаи ҳуқуқшиносии академӣ-Шуъбаи давлат ва ҳуқуқ дар Институти таърихи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил гардида ба фаъолият шурӯъ мекунад. Соли 1991/92 бо кушиши мақомоти давлатӣ ва Раёсати ҳамонвақтаи Академияи илмњои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муттаҳид намудани бахши фалсафа ва Шуъбаи давлат ва ҳуқуқ Институти фалсафа ва ҳуқуќи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис меёбад. Шуъба дар ҳайати Институти мазкур то соли 2005 фаъолият намуд. Дар таҳқиқоти мавзуоти гуногуни илмӣ тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар ин марњилаи таърихи Шуъба академик Тоҳиров Ф.Т., профессорон Менглиев Ш.М, Раҳимов М.З., Имомов А.И., номзадҳои илм М.С. Ҳайдарова, Буризода Э.Б., Носиров Х.Т., Ғаюров Ш.К., минбаъд Гадоев Б.С., Маликова А.Ҳ. ва дигарон саҳми худро гузоштаанд.

Бо таъсиси Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмњи Љумњурии Тољикистон аз 02.01.2006 шуъбаи давлат ва њуќуќ ба се шуъбаи нав – таърихи давлат ва њуќуќ, назарияи давлат ва њуќуќ, њуќуки байналмилалї таќсим мегардад.

Минбаъд шуъбаи мустақили таърихи давлат ва ҳуқуқ ба фаъолият шурӯ намуда, заминаи ташкили шуъбаҳои нав – Шуъбаи ҳуқуқи давлатӣ ва Шуъбаи ҳуқуқи хусусӣ ва муқоисавӣ мегардад. Соли 2010 дар заминаи мутахассисони шуъба, Шуъбаи ҳуқуки исломӣ ташкил гардид, ки то декабри соли 2014 фаъолият мекард ва минбаъд декабри соли 2014 барҳам дода шуда, кормандони он ба Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқ интиқол дода шуданд.

Имрўз дар Шуъба ҳамагӣ 12 басти корӣ мавҷуд буда аз ҷумлаи ходимони илмӣ панљ нафар доктори илм (мудири Шуъба Э.Б. Буризода,  сарходими илмӣ, ди.њ.  Зоир Ҷ.М.(0.5 баст), д.и.њ.Бобољонзода И.Њ. (0.5 баст), сарходими илмӣ д.и.њ. Сафарзода А.И. (0.5 баст), Ходими пешбари илмї д.и.њ. Одиназода Р.С. (0.5 баст), ходими пешбари илмї, н.и.њ. Саидзода М.Ш. се нафар нафар ходимони калони илмӣ, н.и.ҳ. Абдулхонов Ф.М.(0.5 баст), н.и.њ. Холинова М.М.(0.5 баст) ва Наботов М.А.) ходими хурди илмӣ (Набиев Ф.С., Амирхониён М.А., Алиназарова К.Ѓ., Давлатмуродзода Б.Д. (0.5 баст) мебошанд.

Ҳамаи ходимони илмї ба кори илмӣ – тадқиқотӣ, тайёр каврдани кадрњои илмї, тадрис ва таҳияву нашри маҳсули илмӣ машғул мебошанд.

  Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институт соли 2018-2022 оид ба мавзуи илмии тадқиқотии "Нақши ниҳодҳои ҳуқуқӣ ва давлатдории шӯравӣ дар ташаккул ва рушди давлатдории Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон (2018-2022)" тањќикот бурда онро бомуваффаќият ба анљом расонид. Дар доираи тањќикот дањњо китобу монография ва садњо маќолањои илмї нашр гардида, доир ба мавзуи мазкур дар кори конфронсу семиинарњои илмии зиёд маъруза ва ахборот пешнињод карда шуд.

Мавзуи панљсолаи солњои 2023-2027 «Фарњанги њуќуќии ниёгон ва наќши он дар ташаккули њуќук ва давлатдории муосири тољикон» мебошад, ки тибќи наќша тањќикоти он давом дорад.

Дар давоми солҳои фаъолият аз ҷониби ходимони илмии Шуъба як қатор корҳои таҳияву чопӣ анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, монографияҳо, китобҳои дарсӣ, маҷмӯаи мақолаҳо ва мақолаҳои зиёд дар маҷаллаҳои илмӣ  нашр гардидаанд.

  Аз ҷониби ходимони илмии Шуъба чунин корҳои табъу нашр ба анҷом расонида шудааст: Маҷаллаи Академии ҳуқуқ. 2012-2025 аз ҷониби Э.Б. Буризода таҳия ва тањрир мегардад. Буризода Э.Б.  Таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон. Қисми 1-4. Душанбе, 2021. 268 с. 16,5 ҷ.ч.; «Сарчашмањои њуќуќии марњилаи исломии рушди давлатдории тољикон». (Душанбе, 2017), «Нињодњои судї дар таърихи давлатдории тољикон» (Душанбе, 2018) ва китобњои дарсии «Таърихи давлат ва њуќуќи Тољикистон ќисми 1» ба забони тољикї (Душанбе, 2000, 2007, 2013, 2014, 2017,2020) ба забони русї (Душанбе, 2007, 2017) «Таърихи афкори сиёсию њуќуќї» (Душанбе, 2002, 2017, 2022),  «Масоили назарияи умумии њуќук ва давлат» (Душанбе, 2003, 2022); Тоҳиров Ф.Т. Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана (1917-1994 гг.)  / Ф.Тохиров // – Душанбе: Дониш, 2024. ­ –076 с.; Маҷидзода Ҷ.З. , Одиназода Р.С. Ҷавонон ва амнияти иттилоотӣ (дар масири ҷаҳонишавӣ) / Муҳаррири масъул проф. Э.Б. Буризода . –Душанбе: Маориф, 2019. –240 с.; Абдулхонов Ф. М.  Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд /  Таҳти назари Роҳбари Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ. Раҳмон Озода Эмомалӣ. (Монография).  – Душанбе, 2019  Ҷ. 1 ва 2.  Муаллифи  бобҳои  4. 4.4. – 347-365, боби 4.5. – 365-382; Ҷ.2.  боби 5. 5.1. –С.72-79, Ҷилди 2, боби 5.8.  –139-149, боби 5.9. -149-169.; Муҳаққиқӣ давлатдории миллӣ //Мураттибон Назарзода Ҷ.Н., Абдулхонов Ф.М.  / Муҳаррирони масъул Зоир Љ.М.  –Душанбе: Меҳргон, 2019.  188 с. 11ҷ.ч. Соли 2024 осори мунтахаби академик Тохиров Ф.Т. Осори мунтахаб/ Мураттиб ва масъули чоп Буризода Э.Б. ва диг.  --Душанбе: Дониш, 2024. Дар њаљми  995 сањифа аз љониби Шуъба тањия ва нашр карда шуд. Буризода Э.Б. ва Сафарбекзода Ҳ.С. муаллифони китоби дарсии “Назарияи ҳуқуқ ва давлат. Китоби дарсӣ. - Бохтар: Матбааи  КВД “Матбаа”, 2024.  - 206 с. мебошанд. Буризода Э.Б. ва дигарон муаллифони китоби “Ҳуқуқ. Китоби дарсӣ. Душанбе:Мулквар, 2024.  656 с. мебошанд. Аъзои шуъба Буризода Э.Б.,Зоир Ч.М., Расулов Ф.М. §4.1, 4.2., 4.3. уми боби III китоби “Масоили њуќуќї ва такмили ќонунгузории Љумњурии Тољикистон (бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Чумхурии Точикистон/ Зери тахрири профессор Иброхимов С.И. – Душанбе:Дониш, 2024. 437 с. –С.275 -367 мебошанд. 

Дар рисолаи бузурги “Конститутсияњои Тољикистон ва падидањои њуќуќи давлатї дар инкишофи давлатдории миллї”. Душанбе: Дониш, 2019 (боби 1); Боби 1 китоби “Масоили њуќуќї ва такмили ќонунгузории Љумњурии Тољикистон (бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Љумњурии Тољикистон)”. Душанбе: Дониш, 2024. –С.275-367;  ва дањњо маќолањои дигар  ба ќалами Буризода Э.Б. ва дигар ходимони илмии Шуъба дахл дорад.

Эмомалї Буризода дар њамкорї бо олимони Федератсияи Русия дар тањияи «Фарњанги истилоњоти њуќуќї (сс. 2006, 2009) ба забони тољикї ва “Фарњанги њуќуќї” бо панљ забон зери муњарририи проф. М.И. Сырых бо њамроњии академик Ф. Тоњиров ва д.и.њ. А. Неъматов (ш. Москва, ФР, с.2020), Бобњои §1.5., §1.6. Правовая система Республики Таджикистан: коллективная монография / под ред. Е.С. Аничкина, Р.Р. Рахмаджонзода, В.В. Сорокина, Министерство науки и высшего образования РФ, Алтайский государственный университет. – Барнаул: Изд-во Алт. ун-та, 2025. –С.40-141 сањм гузоштааст.

Ходимони илмии Шуъба ҳамасола тақрибан ба миқдори 240-270 ҷ.ч. дар шакли монография, китоби дарсӣ ва мақолаҳои илмӣ, илмию омммавӣ таҳия ва нашр менамоянд.

  Шуъба дар ташкилу гузаронидани конференсияҳои бахшида ба  Рузи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рузи Парчам  иштироки фаъолона дорад. Ходимони илмии Шуъба дар кори Шуроҳои дифои рисолаҳои номзадӣ, рисолаҳои докторӣ аъзо буда, фаъолона иштирок менамоянд. Ходимони илмии Шуъба дар машваратҳои Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои умумии Академияи илмҳо ва Шуъбаи ҷамъиятшиносии АМИ Тоҷикистон иштирок доштанд.

  Ходимони илмии Шуъба ҳамасола иштирокчии зиёда аз 30  конфронс, симпозиум, семинар ва машваратҳо буданд.

Ходимони илмии Шуъба дар тарғибу ташвиқи донишҳои ҳуқуқӣ, Паёми Президенти кишвар фаъолона иштирок дошта, дар ин самт  фаъолона кор мебаранд.

  Шуъба дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ низ яке аз воҳидҳои фаъоли Институт ба шумор меравад.

 Самтҳои таҳқиқот: таърихи давлати тоҷикон, суннатҳои давлатдорӣ, давлатдории миллӣ, идомати падидаҳои ҳуқуқӣ, ниҳодҳои давлатдорӣ; падидаи васояту парасторӣ, масоили таърихии рушди кодификатсия, масоили таърихи пайдоиш ва рушди назорати молиявӣ, рушди принсипиҳои ҳуқуқӣ, марҳилаҳои пайдоиш ва рушди ниҳодҳои адолати судӣ ва истеҳсолоти судӣ, таҳавулоти ҳуқуќи зан ва оила дар таърихи тоҷикон ва ғайра.

Шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ

  Сохтори шуъба. Дар Шуъба 7 нафар ходимони илмӣ мавҷуд буда,  аз чумла 1 мудири шуъба (д.и.ҳ., профессор Раҷабов С.А.), 2 ходими калони илмӣ (н.и.ҳ. Идиев Ф.Ф., н.и.ҳ., дотсент Раҷабов М.Н.) , 1 ходими илмӣ (Ҷабборов Ф.Н.), 2 ходими хурди илмӣ (Раҳмонзода Ш.Қ., Ҷўрабоев Ҳ.М.) ва 1 лаборанти калон (Мирзоева Н.С.) бо кори илмӣ-таҳқиқотӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва нашри маҳсули илмии кормандон машғул мебошанд.

  Ҳадафи фаъолияти шуъба:  таҳқиқи ҳамаҷонибаи проблемаҳои актуалии назария ва амалияи ҳуқуқи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; додани хулосаҳои экспертӣ ба лоиҳаҳои муоҳидаҳо  ва қарордодҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҶТ; тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи аврупоӣ; таҳия ва нашри монографияҳо, китобҳо, воситаҳои таълимӣ ва мақолаҳо дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ.

  Самтҳои афзалиятноки пажӯҳиш дар шуъба: таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ; асосҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии таъмини сулҳ, амният ва мубориза бо ҷинояткорӣ; таносуби ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ; ҳалли низоъҳои мусаллаҳонаи байналмилалӣ ва ғайрибайналмилалӣ; масоили актуалии ҳуқуқи байналмилалии об; масоили актуалии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва ғ.

  Дастовардҳои шуъба:  Дар муддати солҳои 2006-2020 шуъба ду мавзуи панҷсолаи буҷавиро бомуваффақият амалӣ намуд: 1) Проблемаҳои актуалии назария ва амалияи ҳуқуқи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008-2012).  Рақами қайди давлатӣ  - 0109ТД784 аз20.02. с. 2009; 2) Асосҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии таъмини сулҳ, амният ва мубориза бо ҷинояткорӣ: таносуби ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ(2013-2017). Рақами қайди давлатӣ  - 0113TJ00312 аз 23.04. с.2013. Ҳоло кормандони шуъба мавзуи нави буҷавии панҷсоларо таҳти унвони «Пайдоиш ва инкишофи ҳуқуқи байналмилалӣ дар  минтақаи Осиёи Марказӣ» (2019-2023) мавриди иҷро қарор додааст. Рақами қайди давлатӣ  - 0119TJ00995 аз  07.05. с.2019  Дар солҳои 2006-2020  кормандони шуъба 12 монография, 3 китоби дарсӣ,  8 воситаи таълимӣ, 2 брошюра, 333 мақола дар ҳаҷми 219, 4 ҷ.ч. ба чоп расониданд.

Ҳайати кормандони Шуъба:

Мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ

Ному насаб: Раҷабов Саидумар Адинаевич

Вазифа: мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ (аз 03.04.с.2006 то имрўз)

Дараҷа ва унвони илмӣ: доктори илмҳои  ҳуқуқ, профессор.

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Соли 1972 Донишгоҳи давлатии Запорожьеро (Украина) бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 1973-1974 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи СССР хизмати ҳарбӣ намудааст.

Солҳои 1974-1977 дар мактаби миёнаи умумӣ аз забони англисӣ дарс гуфтааст. Солҳои 1977-2006 дар макотиби олии касбӣ кор кардааст.  Дар давоми солҳои 1996-2007 дар донишгоҳҳои ҷаҳон, мисли Донишгоҳи Турин (Италия), Донишгоҳи Густав Штрассеман дар Бонн (Олмон), Донишгоҳи кушоди Брюссел (Белгия), Донигоҳи Ясси (Руминия), Донишгоҳи Аврупои Марказӣ дар Будапешт (Венгрия), Донишгоҳи Уммон (Иордания), Донишгоҳи Монтана (ИМА), Донишгоҳи Теҳрон (ҶИЭ), Донишгоҳи Дўстии Халқҳои Россия, Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, Донишгоҳи давлатии Новосибирск (Федератсияи Россия) ва ғайра аз ҳуқуқи байналмилалӣ лексияҳо ва семинарҳо гузаронида, дар конференсияҳо ва симпозиумҳо баромад кардааст.  Бо медалҳои "60 – солагии  Қувваҳои мусаллаҳи СССР" (с.1978); «70-солагии Қувваҳои мусаллаҳи СССР» (с.1988 ); «Барои хизмати бенуқсон» дараҷаи III (с.1986) ва дараҷаи II (с.1991); нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.2001); Ифтихорномаи Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2008 ва 2011) сарфароз гардидааст. Муаллифи 16 монография, 2 китоби дарсӣ, 6 воситаи таълимӣ, 2 фарҳанг ва беш аз 250 мақолаи илмӣ ва илмӣ-методӣ  мебошад.

Самтҳои таҳқиқоттаърихи ҳуқуқи байналмилалӣ; ҳуқуқи байналмилалии об; ҳуқуқи байналмилалии ҷиноятӣ; ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ, ҳуқуқи робитаҳои беруна ва ѓайра.

Суроғаи электронӣ: saidumar1951@mail.ru

Шуъбаи ҳуқуқи давлатӣ

  Шуъбаи ҳуқуқи давлатӣ аз таъсисёбии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2006-2011) инҷониб арзи вуҷуд дорад.

  Сохтори  шуъба: мудир, сарходими илмӣ – 1; ходими пешбари илмӣ – 1 (2 корманд бо 0,5 бастӣ); ходими калони илмӣ – 1 (дар 0,5 баст); ходими хурди илмӣ – 1; лаборанти калон – 1. Инҳо: Иброҳимов С.И. – мудир (д.и.ҳ.), Имомов А.И. – сарходим (н.и.ҳ.), Гадоев Б.С. – ходими пешбар (н.и.ҳ.), Марифхонов Р. – ходими пешбар (н.и.ҳ.), Муродзода А.А. – ходими калон (н.и.ҳ.), Сангов Т. – ходими хурд ва лаборант Саидзода М.Ё.

  Ходимони илмии шуъба бо мақсади рушди падидаҳои ҳуқуқи давлатӣ дар замони муосир, ошкор намудани камбудиҳои ҷойдошта ва ҳалли масъалаҳои мубрами онро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, пажӯҳиши самтҳои ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи парлумонӣ, ҳуқуқи мамурӣ, мурофиаи маъмурӣ, фаъолияти судӣ ва прокурорӣ, ҳуқуқи иттилоотии онро афзалиятнок меҳисобанд.

  Дастовардҳои илмии шуъба:

 Ходимони илмии шуъба тибқи нақшаи илмӣ-тадқиқотии буҷавии «Рушди падидаҳои ҳуқуқи давлатӣ дар замони муосир» (с.2016-2020). ҚД №0116ТJ00765 фаъолияти тадқиқотӣ бурда, дар доираи мавзӯи мазкур то имрӯз ба миқдори 15 адад моногрфия, китоб ва воситаҳои таълимӣ дар ҳаҷми зиёда аз 268,6 ҷ.ч., 3 асари дастаҷамъона дар ҳаҷми зиёда аз 64,5 ҷ.ч. ва бештар аз 125 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ таҳия ва нашр намудаанд, ки ҳамагӣ дар ҳаҷми зиёда аз 67,5 ҷ.ч.-ро ташкил медиҳад, дар асоси онҳо натиҷаҳои консептуалии илмӣ пешниҳод карда шудаанд. Чунончи, натиҷаҳои пажӯҳиш нишон доданд, ки шурӯъ аз соли 2007 то ин вақт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон се Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2007-2011, 2011-2015 ва 2015-2018 қабул ва амалӣ гардонида шудаанд. Мутаасифона нуқтаҳои мушаххаси Нақша чорабиниҳои Барномаҳои номбурда пурра иҷро карда нашуданд.

 Дар давоми солҳои фаъолият аз ҷониби ходимони илмии шуъба як қатор корҳои таҳиявию чопӣ анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, монографияҳо, китобҳои дарсӣ, маҷмӯаи мақолаҳо ва мақолаҳои зиёд дар маҷаллаҳои илмӣ нашр гардидаанд.

 Аз ҷониби ходимони илмии шуъба таҳия намудани китоби силсилавӣ дар бораи Конститутсияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, ки китоби аввал таҳти унвони «Конститутсияҳои Тоҷикистон: ташаккул ва рушд» соли 2014, дар ҳаҷми 836 саҳифа, китоби дуюм таҳти унвони «Маҷмӯи конститусияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2015, дар ҳаҷми 633 саҳифа ва китоби сеюм таҳти унвони «Конститутсияҳои Тоҷикистон ва падидаҳои ҳуқуқи давлатӣ дар инкишофи давлатдории миллӣ» соли 2019 дар ҳаҷми 620 саҳифа таҳия ва ба нашр расидааст.
 

Ҳайати кормандони Шуъба:

Мудири Шуъбаи ҳуқуқи давлатӣ

Иброҳимов Солеҳҷон Иброҳимович

Мудири шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, 16-апрели соли 1952 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Соли 1974 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуда, факультети ҳуқуқшиносии ин донишгоҳро соли 1979 бо муваффақият хатм намудааст. Соли 1979 то соли 1981 дар факультети ҳуқуқшиносӣ ба ҳайси ассистенти кафедраи ҳуқуқи давлатӣ кор карда, соли 1981 ба аспирантураи мақсадноки Институти давлат ва ҳуқуқи АИ ИҶШС ш. Москва дохил шудааст. 30 октябри соли 1984 асспирантураи мазкурро бо муваффақият ва пеш аз муҳлат дифо намудани рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Совершенствование правового статуса министерств союзной республики (на примере Таджикской ССР)» (Такмили мақоми ҳуқуқии вазоратҳои ҷумҳурии иттифоқӣ (дар мисоли Тоҷикистон) дар Шӯрои диссертационии 12.00.02 – хатм карда, ба унвони илмии номзади илми ҳуқуқ ноил гардидааст.

Аз соли 1985 то 2005 дар системаи судии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси судя, раиси суди шаҳру ноҳия, судяи суди вилоятӣ, судяи горнизони ҳарбӣ ва судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз моҳи феврали соли 2007 ба ҳайси ходими пешбари илмии шуъбаи ҳуқуқшиносии муқоисавӣ ва аз соли 2009 ходими пешбар, сарходими илмии шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти давлат ва ҳуқуқ, ҳоло Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз 2 январи соли 2015 вазифаи мудири шуъбаро ба ӯҳда дорад.

Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор. Рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Административная юстиция в Центрально-Азиатских государствах: проблемы становления и развития» (Адлияи маъмурӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ: масоили бунёд ва ташаккул) соли 2013 дар Шӯрои диссертационии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Федератсияи Руссия ш. Москва бо ихтисоси – ҳуқуқи маъмурӣ; мурофиаи маъмурӣ дифо намудааст.

Муаллифи зиёда аз 120 асари илмӣ, аз ҷумла 7 монография, 6 китоб ва дастурҳои таълимӣ, мақолаҳои илмию тақризҳо мебошад.

Самтҳои тадқиқот: Ҳуқуқи маъмурӣ; мурофиаи маъмурӣ; ҳуқуқи иттилоотӣ.

Суроғаи электронӣ (е-майл): soleh_52@mail.ru

Асарҳои муҳимтарин:

Адлияи маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: падидаи давлати ҳуқуқбунёд. Монография. (бо забони давлатӣ). – Душанбе: Ирфон, 2010. – 256 с. (17, 05 п.л. 700-экз).

Основные направление формирования и развития института административной юстиции в государствах Центральной Азии: сравнительно-правовое исследование. (монография). – Душанбе: Изд-во Дониш АН РТ, 2011. – 288 с. (18,0 п.л. 700-экз).

Судебно-правовые реформы в Республике Таджикистан и эффективность административно-правовых мер борьбы с коррупцией. (монография в соавторстве с Уруновой Ш.А.). – Душанбе: Изд-во Дониш АН РТ, 2012. – 147 с. (9,25 п.л. 1000-экз).

Административная юстиция в государствах Центральной Азии в условиях глобализации и региональной интеграции. Монография. – Берлин: Изд-во LAP, PUBlicashn, 2013. – 439 с.

Конститутсияҳои Тоҷикистон: пайдоиш ва инкишоф. – Душанбе: Дониш, 2014. – 840 с. (дар ҳаммуаллифӣ бо гурӯҳи кормандони шуъба).

Проблемы административной юстиции в Республике Таджикистан и странах Центральной Азии: концептуальные подходы. – Душанбе: Дониш, 2015. – 765 с.

Такмили ҳуқуқ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият // Зери таҳрири С.И.Иброҳимов. – Душанбе: Дониш, 2016. – 379 с.

Контрол ва назорат дар соҳаи идоракунии давлатӣ: проблемаҳо ва роҳҳои такмил // Зери таҳрири С.И.Иброҳимов. – Душанбе: Дониш, 2017. – 320 с.

Масоили ҳуқуқи давлатӣ дар бунёди Тоҷикистони муосир // Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор Иброҳимов С.И. – Душанбе: Дониш, 2018. – 334 с.

Конститутсияҳои Тоҷикистон ва падидаҳои ҳуқуқи давлатӣ дар инкишофи давлатдории миллӣ // Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор Иброҳимов С.И. – Душанбе: “Дониш”, 2019. – 620 с.

 Китобҳои таълимӣ:

Ҳуқуқи мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: Эрграф, 2009. – 299 с. (18.85 ҷ.ч); (дар ҳаммуаллифӣ бо Табаров Н.А.).

Ҳуқуқи мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: Эрграф, 2009. – 327 с. (20.55 ҷ.ч); (дар ҳаммуаллифӣ бо Табаров Н.А.).

Тартиб ва ташкили гузаронидани бозиҳои судии мурофиавии иқтисодӣ. – Душанбе: Эрграф, 2010. – 187 с. (13.35 ҷ.ч); (дар ҳаммуаллифӣ бо Табаров Н.А.).

Ҳуқуқи мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар зери таҳрири н.и.ҳ.дотсент Болтуев С.Ш. – Душанбе, 2014. – 800 с. (бо гурӯҳи муаллифон ва дастгирии ташкилоти GIZ (Олмон)).

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – комплекси таълимӣ-методӣ. – Душанбе: Эр-граф, 2016. – 272 с. (дар ҳаммуаллифӣ бо Музаффарова Н.С.).

Ҳуқуқи мурофиаи иқтисодии ҶТ. / Китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ. Бо қарори мушовираи Вазорати маориф ва илми ҶТ аз 31.08.2019 ба нашр расидааст.

Шуъбаи ҳуқуқи хусусӣ

  Шуъбаи ҳуқуқи хусусии Институт 04 ноябри соли 2011 бо Фармони № 6 Шӯрои илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ таъсис дода шудааст. Дар давоми кори шуъба якчанд равандҳои мубрами назариявӣ ва амалиявии муносибатҳои ҳуқуқии хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳқиқи илмӣ қарор дода шудааст. Шуъба дар давоми даҳ соли охир бевосита бо  масъалаҳои  интихоби  роҳҳои назариявӣ-методологии масъалаи танзими ҳуқуқии муносибатҳои хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул аст.

 Ҳадафи асосии фаъолияти таҳқиқотии шуъба аз тайёр намудани ходимони илмии баландихтисос, омӯзиш ва коркарди консепсияҳои илмӣ ва лоиҳаҳои қонунҳое, ки муносибатҳои ҳуқуқиро ба танзим медароранд, иборат аст.

 Дар шуъба таҷрибаи калон ҷамоъоварӣ шуда, ҳамчунин ҳайати боихтисос барои амалисозии таҳқиқоти илмӣ-назариявӣ дар соҳаи ҳуқуқи хусусӣ   ташаккул ёфтааст. Дар шуъба ходимони баландихтисос дар соҳаи ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ ва ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ  чамъ шудаанд. Дар шуъба се доктори илми ҳуқуқ, се номзади илми ҳуқуқ  кор мебаранд. Ҳама ходимони илмии шуъба таҷрибаи бисёрсолаи илмӣ-педагогӣ доранд. Натиҷаи кори таҳқиқотии шӯъба дар соҳаи ҳуқуқи хусусӣ   ва амалияи батанзимдарории муносибатҳои хусусӣ зиёда аз панҷсад мақолаҳои илмӣ мебошад, ки ҳам дар маҷаллаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва ҳам дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Италия ба чоп расидаанд. Ғайр аз ин, даҳ монографияи илмӣ ба чоп расидааст, ки дар ин асарҳои илмӣ равияҳои нави илмӣ-методологӣ оид ба омӯзиши назария ва амалияи батанзимдарории муносибатҳои хусусӣ пешниҳод гаштаанд. Ходимони шуъба иҷрокунандаҳои бевоситаи лоиҳаи нави Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коршиносони қонунгузорӣ дар соҳаи муносибатҳои хусусӣ мебошанд.

Ҳайати кормандони Шуъба:

Мудири шуъбаи ҳуқуқи хусуси

Ному насаб: Абдуҷалилов Абдуҷаббор

Вазифа: мудири шуъба

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

  23 августи соли 1952 дар ноҳияи Конибодом, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Дар мактаб-интернати  ш. Чкаловск (ҳозира Бӯстон) (1959-68), мактаби миёнаи шабонаи ш Қайроққум (ҳозира Гулистон) (1969-1971) таҳсил кардааст. Соли 1971 ба факултаи ҳуқуқшиносии Университети Давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1976 онро тамом кардааст. Аз соли 1976 то соли 1989 – муфаттиши прокуратураи ноҳия, муфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи  Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 1989-1998 сардори шӯъба, Муовини Раиси Кумитаи гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 2000 то 2005 – мушовири Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Аз соли 2005 то соли 2009 дар аспирантураи ғоибонаи Университети давлатии Тоҷикистон таҳсил намуда, 29 октябри соли 2009 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Танзими ҳуқуқии савдои электронӣ дар  шабакаи Интернет» аз рӯи ихтисоси 12.00.03 - ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ дифоъ намудааст.

 Аз 01.04.2011 - ходими пешбари илмӣ,  аз 02.01.2015 – мудири шуъбаи хусусии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба  номи А.М.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Муаллифи зиёда аз 90 асарҳои илмӣ, аз ҷумла 3 китоб, 3 монография, 90 мақолаҳои илмӣ.

 Асарҳои муҳимтарини А.Абдуҷалилов – монографияи «Масъалаҳои назариявии танзими ҳуқуқии Интернет: аспекти ҳуқуқии гражданӣ» (Душанбе, соли 2014, 240 саҳ., бо забони русӣ), монографияи «Масъалаҳои назариявии муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ дар шабакаи Интернет» (Душанбе, соли 2015, 272 саҳ., бо забони русӣ), монографияи «Таълими  умумии Интернет» (Душанбе, 2018, 232 саҳ., бо забони русӣ).

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

- Дар илми ҳуқуқ парадигмаи нави илмии Интернетро пешниҳод намудааст.

- Дар ҳуқуқи гражданӣ муносибатҳои виртуалии дар Интернет ба миён меомадаро мукаммал таҳлил намудааст.

 

   Дар айни замон   дар Институт корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз рӯи 16 лоиҳа (15 лоиҳаи илмии буҷавӣ ва 1 лоиҳаи илмии грантӣ) идома доранд.

  Институт дар соҳаи густариши муносибатҳои байналмилалии илмӣ,табодули иттилоот ва кадрҳои илмӣ,аз ҷумла тайёр намудани мутахассисон ҷаҳду талош дошта  бо муассисаҳо ва марказҳои илмии ҷаҳон робита дорад ва барои рушди муносибатҳои мазкур ҳавасманд мебошад. Кормандони илмии Институт дар таҳияи барномаҳои таълимӣ, фарҳангӣ иштироки фаъолона дошта, дар муҳокимаи лоиҳаҳо, кодексҳо, қарорҳо ва қонунҳои гуногун пайваста ҳамкорӣ менамоянд. Инчунин кормандони илмии Институт бо макотиби олии кишвар тавассути фаъолияти омӯзгорӣ, тайёр кардани кадрҳо, таҳия кардани китобҳо ва дигар маводҳои илмӣ- методӣ ҳамкорӣ  доранд.

Дар ИФСҲ  АМИТ ҳамчунин Шурои диссертатсионии зерин фаъолият мекунанд: 

Шӯрои диссертатсионии 73.1.006.01,  ки бо қарори   КОА Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия аз соли 2021,   барои дарёфти дараҷаи  доктори илмҳои фалсафа ва номзади илмҳои фалсафа аз рӯи ихтисосҳои  5.7.8- фалсафаи антропологӣ, фалсафаи фарҳанг ва 5.7.9-фалсафаи дин ва диншиносӣ  ташкил шудааст.Раиси Шӯрои диссертатсионии 73.1.006.01   узви вобастаи Академияи  милли илмҳои  Тоҷикистон, профессор, доктори илмҳои фалсафа Музаффарӣ Муҳаммадалӣ мебошанд 

-Шӯрои диссертатсионии Д 73.1.006.02, ки бо қарори   КОА Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия аз соли 2021,  барои дарёфти дараҷаи  доктори илмҳои фалсафа ва номзади илмҳои фалсафа аз рӯи ихтисосҳои 5.7.2-  таърихи фалсафа ва 5.7.7-  фалсафаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ ташкил шудааст. Раиси Шӯрои диссертатсионии 73.1.006.02   муовини Директори Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи  милли илмҳои  Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Ҳайдаров Рустам Ҷурабоевич мебошанд. 

-Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-005, ки бо қарори   КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2021,  барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD) - доктор аз рӯйи ихтисоси 6D050100 - Сотсиология (6D05010З - Сотсиологияи иқтисодӣ ва демография; 6D050104 - Сохтори иҷтимой, ниҳодҳо ва равандҳои иҷтимоӣ ва 60050105 - Сотсиологияи сиёсӣ) ва барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сотсиологӣ ва доктори илмҳои сотсиологӣ аз рӯйи ихтисосҳои 22.00.03 - Сотсиологияи иқтисодӣ ва демография; 22.00.04 - Сохтори иҷтимоӣ, ниҳодҳо ва равандҳои иҷтимоӣ ва 22.00.05 - Сотсиологияи сиёсӣ ташкил шудааст. Раиси Шурои диссертатсионии 6D.КОА-005 узви вобастаи Академияи  милли илмҳои  Тоҷикистон, профессор,доктори илмҳои сотсиологӣ, мудири Шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи  милли илмҳои  Тоҷикистон Шоисматуллоев Шоназар мебошанд 

  Институт дорои маҷаллаҳои илмии “Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ (ISSN 0235-005X)”, “Маҷаллаи академии ҳуқуқ (ISSN 2305-0535)” мебошад.

 
3123123