Skip to main content

ОИЛА ВА МАҚОМИ ОН ДАР ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИИ ШАХС

Дар байни ниҳодҳои иҷтимоӣ оила ҳамчун ниҳоди муҳим мақом ва наќши хоса дорад, зеро мањз дар он асосњои маънавию ахлоќии шахсияти фарди рушдёбанда гузошта мешаванд. Оила гаҳвораи таваллуди маънавии шахс буда, яке аз қадимтарин ниҳодҳои ҷомеа мебошад, ки дар фазои он савияи худшиносӣ сурат мегирад, ниёзҳои инсон ба меҳру муҳаббат, эҳтиром ва муошират ташаккул меёбад. Оила муҳити аввалиндараҷаест, ки дар он инсон бояд некӣ карданро ёд гирад.

123123Худшиносӣ яке аз омилҳои муҳим барои ҳаёти  инсонӣ ва ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, дар ташаккули шахс саҳми муассир дорад. Дар ташаккули инсони комил худшиносӣ мавқеи асосиро ишғол менамояд.  Худшиносӣ худ аз худ ба вуҷуд омада наметавонад, барои худшиносиро ба вуҷуд овардан субъектҳои махсуси тадбиқкунанда зарур аст ва чӣ гуна худшинос гардидани шахс низ аз ин субъектҳо вобастагии калон дорад. Ин субъектҳо асосан оила, мактаб ва ҷомеа буда, дар ташаккулёбии шахсияти инсон, бинои маънавию ахлоқї ва дигар қисматҳои таркибии худшиносӣ саҳмгузоранд. Аммо ба ин се субъектҳо муҳити атроф ва фазои иттилоотӣ, ки дар натиҷаи раванди ҷаҳонишавӣ вусъати азиме пайдо кардааст, таъсири зиёд мерасонад.

 “Бо омӯхтани бобоҳоямон мо наберагонамонро мешиносем, яъне бо омӯзиши аҷдодони худ мо худамонро мешиносем, чунин қайд мекунад муаррихи барҷастаи рус И.О.Ключевский, -надонистани таърихи оила, авлод, мо бояд иқрор шавем, ки мо тасодуф ҳастем, намедонем, ки мо чӣ гуна ва барои чӣ ба дунё омадаем, чӣ гуна ва барои чӣ зиндагӣ мекунем, чӣ гуна ва барои чӣ бояд кӯшиш кунем”[9, с. 93]. Ба ташаккули шахсияти фард муҳити дохилии оила, сатҳи маънавиёти волидон ва аъзоёни оила таъсири калон мерасонад. Ин робита дар асоси муносибати тарафайн, муҳаббат, самимият, ғамхорӣ сурат мегирад.  Оила аз рӯзи таваллуд ба фарзанд ягон ғамхорӣ, меҳрубонӣ, робитаи ҳиссиёти бо калонсолон ва аз ҳама муҳимтар бо модар надошта бошад, пас ҷараёни табии ташаккулёбии сифатҳои муҳимми иҷтимоии ӯ вайрон гардида, ба муддати дароз кашол меёбад, дар баъзе ҳолатҳо пурра маҳдуд мегардад, ки ислоҳ кардани  он  имконнопазир аст.

Шахс вақте ба пуррагӣ чунин зинаҳоро тай мекунад,  ба мафҳумҳои худшиносӣ ва худогоҳӣ шиносоӣ пайдо мекунад. Зеро дар муҳити солим маърифати зеҳнии шахс пурра гардида, ӯро ба дуруст дарк намудани омилҳои муҳимми ҳаётӣ водор  менамояд. Ин василаҳо боиси он мегардад, ки шахс метавонад худро шиносад ва зиёда аз ин таъриху фарҳанги хеш ва миллати хешро ба пуррагӣ эҳсос намояд. Дар ин асно, воқеияти айние вуҷуд дорад, ки дӯст доштани Ватан, аз дӯст доштани оила маншаъ мегирад, яъне бо чӣ андоза дар ботин ва сиришти инсон ҷой намудани чунин хусусиятҳо вазифаи аввалиндараҷаи сатҳи баланди маърифати оила ва аъзоёни он вобастагии калон дорад.

Тарбия ва талаботи оилавӣ дар раванди муносибатҳои иҷтимоӣ ба таври қатъӣ ва маҳдудиятҳо сурат гирад ба худшиносӣ ва худбаҳодиҳии фард таъсири манфӣ мерасонад, ки дар инсон ҳисси нобоварӣ ба вуҷуд меояд. Фазои мусоиди психологӣ дар оила ба ташаккули шахсияти фард таъсири мусбӣ расонида, омили муҳимми ташаккули худшиносии ӯ мегардад.

Њамин тавр, дар асоси тањлилҳои  фалсафию иҷтимої ба хулосае омадан мумкин аст, ки сатҳи маънавиёти оила ба ташаккули худшиносии фард таъсир мерасонад, зеро мањз волидон ба фарзандони худ арзишњои ахлоќиро меомӯзонанд, онњоро барои комёбињояшон рӯҳбаланд мекунанд ва  кирдорњои бадро мањкум мекунанд. Ташаккули худбаҳодиҳии муносибро фард аз муносибат бо волидон азхуд менамояд. Раванди  муоширати шоистаи байни фарзандону волидон имконият медиҳад, ки худбаҳодиҳии шахс, арзёби кардани  рафтори худ дар ӯ ташаккул ёбад. Сатҳи баланди маърифати оилавӣ ба ташаккули худшиносии фарзанд ва дар оянда ба муваффақиятҳо дар хониш, хислатҳои ахлоқӣ, инкишофи ҳиссиёт, фаъолият, мавқеи ояндаи зиндагӣ ва умуман ба рушди ӯ таъсири аввалиндараҷа мерасонад.

Оила дар ташаккули шахсияти инсон аҳамияти аввалиндараҷа дошта, нахустин зинаи иҷтимоишавии шахс ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин муҳит фард аз нишонаҳои аввалини ҳаёти иҷтимоии ҷомеа хабардор гашта, ба низоми муносибатҳо ворид мегардад. Яъне нақши худро ҳамчун фарзанд дар оила мешиносад. Маҳз ҳамин муҳит ба ӯ меомӯзонад, ки ӯ дорои имкониятҳои муайянест, ки баҳри беҳбуд гардонидани вазъи худ аз онҳо истифода барад. Дар баробари ин маҳдудиятҳое низ мавҷуданд, ки ӯ бояд онҳоро риоя созад. Аз ҳамин ҷост, ки шинохти ҳалқаҳои занҷири иҷтимоӣ барои ҳар як фард хусусияти ҳатмӣ пайдо мекунад ва минбаъд шумораи ин ҳалқаҳо дар ҷомеа зиёд гашта, рафтори шахсро дар доираи муайяни муносибатҳо зери назорат мегирад. Яъне, аз шинохти мавқеи худ дар ин муҳит аввалин қадамҳои иҷтимоишавӣ оғоз ёфта, минбаъд ин ба шинохти ҷойи худ дар ҷомеа мубаддал мегардад.

Махсусан дар ҷомеаи муосири тоҷик дар ҳоли вусъат гирифтани  падидаҳои ғайрисуннатӣ,  таҳкими  худшиносии миллї ањамияти хоса пайдо намудааст. Онњо дар тањкиму такмили муносибатњои миллї, инкишофи давлати миллї ва истиќлолияти сиёсї сањм мегиранд.

Дар шароити гуногунчењраи миллї наќши худшиносии миллї ва инкишофи истиќлолият дар њаёти сиёсии љомеа меафзояд. Масъалањое пайдо мешаванд, ки бе бањисобгирии таркиби миллии ањолї ва манфиатњои онњо њал намегарданд. Зеро миллат шакли олии таърихан ташаккулёфтаи умумиятњои иљтимоию этникии одамон буда, умумияти њаёти иќтисодї, забонї, њудудї, худшиносии миллї ва баъзе хосиятњои муайяни маданият, урфу одат, маишат ва анъанањоро таљассум менамояд.  [3, с. 287].  Ба андешаи Н.А.Бердяев “миллат-ягонагии таќдири таърихї ва дарки ин таќдир аст, ки он худшиносии миллист”. [1, с.65].   

Дар раванди тезтағйирёбандаи ҷаҳони муосир яке аз шаклњои олии ташаккули миллат, ки инъикоскунандаи худшиносии миллї мебошад аҳамияти басо муҳим пайдо намудааст. Дар раванди инкишофи истиќлолият худшиносї њамчун равандест басо душвор дар роњи дарк намудани њодисањои љомеаи инсонї, бањо додан ба дониш, малакаю мањорат, ба манфиатњо ва талаботњо, ба идеалњо ва ќоидањои рафтори хеш, бањои умумї ба симои ахлоќї, ба худ њамчун ба моњияти боњиссиёт ва бошуур мебошад.

“Оила –институти қадимаи иҷтимоиест, ки қодир аст ба шахс  таъсири мусбӣ ё манфӣ расонад. “Ворид шудани шахс” ба оила маънои онро дорад, ки ӯ дар низоми муносибатҳои эмотсионалии гурӯҳи муайяни одамон дохил мешавад. Ин гурӯҳи муайяни одамон таърихан дар замону макони муайян якҷоя зиндагӣ мекунанд”. [2, с. 96].  

Худшиносии шахс дар заминаи талаботњои иљтимоию иќтисодї ва фарњангии оила таркиб меёбад. Дарки амиќ, муайян намудани љойгоњ ва муњиммияту ањаммияти ташаккули оила инкишофи мутаносибу самараноки шахсро таъмин месозад. Ин ҷанбаъ хусусияти диалектикӣ дорад, нақши оила дар рушди шахсият хеле муҳим мебошад, чун дар ҷараёни иҷтимоишавии ӯ мақоми ин ниҳод ва агентҳои иҷтимоишавӣ (волидон, хешу ақрабо, омӯзгорон, ёру дӯстон ва ғ.) муассир арзёбӣ мегардад. Сатҳи ҷаҳонбинию шуури шахс дар пойдорию таҳкими муносибаҳои оилавӣ ва ҷамъиятӣ муайян гардида, риояи  меъёрҳои иҷтимоии ӯ  аз муносибатҳои оилавӣ маншаъ гирифта, аз ҷониби ҷомеа мукаммал мегардад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23-уми майи соли 1997  дар вохӯрӣ бо ҷавонони кишвар чунин иброз карданд “Фақат шахсият қодир аст ба ташаккул ва пешрафти шахсияти дигар таъсир расонад. Фақат муҳити одоб метавонад фазои ахлоқии ҷомеаро солим, мукаммал ва устувор гардонад”. [8, с. 56].  

Донишманди тоҷик, академик Кароматулло Олимов чунин нуқтаи назар ба моҳияти мафҳуми худшиносӣ дорад “Дар илми муосир ин нукта эътирофшуда аст, ки худшиносӣ маҳсули сатҳи баланди рушди инсон ва миллату ҷамъият аст ва хислати инсони ба дараҷаи муайяни камолоти маънавӣ расида мебошад”. [4, с. 16].  

Худшиносӣ аз аломатҳои ҷаҳони маънавии фард ва ҳамзамон нишонаи камолоти маънавии ӯст. Моҳияти ҳастии инсон маҳз тавассути худшиносӣ ошкор мегардад. Яъне инсони воқеӣ касеро метавон гуфт, ки ҷаҳони маънавии худро такмил дода, ҷойгоҳи худро дар ҷомеа пайдо намуда, барои ҷамъият узви фаъол мегардад. Танҳо пас аз расидан ба дараҷаи худшиносӣ оид ба шаклҳои дигари худшиносӣ метавон андешаронӣ намуд. Аз ҷумла, доир ба худшиносии миллӣ. Худшиносии миллӣ дар тафаккур, ақида, фаъолият, ҷаҳонбинӣ, ҷаҳоншиносӣ ва эҳсосоти аъзоёни миллат ташаккул меёбад. [6, с.14].  

Нақши оила дар роҳи расонидани фард ба худшиносӣ ин тарбияи ҳаматарафаи ӯ дар заминаи тарбияи арзишҳои миллӣ мебошад. Тарбияи худшиносии миллӣ барои миллатсозӣ ва ба миллат расидан афзалиятноктарин шакли тарбия ба ҳисоб меравад. Ба андешаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Аслан афрӯхтани шуълаи ифтихори миллӣ, парвариши эҳсоси худшиносиву ватадӯстӣ ва дигар фазилатҳои неки инсонӣ аз синни кӯдакӣ дар оила ва таҳсил дар мактаб оғоз меёбанд” [7, с. 90-92].  

Оила давомнокии максималии муносибатҳои байнишахсӣ, раванди муттасили омӯхтани худ ва дигар аъзоёни оиларо таъмин мекунад. Дар ҳамаи зинаҳои таълиму тарбия ва такмили ахлоқу маънавият масъулияти асосӣ бар дӯши падару модар аст. Зеро падару модар дар саргаҳи ташаккули андешаву эҳсос ва рушди ҷаҳонбинии фард қарор доранд. Усулан ақлу идрок, ҷаҳонбинӣ ва фазилати маънавии падару модар аввалин сарчашмаест, ки дар зеҳну шуури фарзанд нақши ҳамешагӣ пайдо мекунад ва нуфузи он дар зиндагии инсон як умр боқӣ мемонад.

            Яке аз рукнҳои асосии расидан ба худшиносии миллӣ омӯзиш ва доштани тасаввуроти зарурӣ аз саргузашт ё таърихи худ мебошад. Худогоҳии миллӣ дар офаридаҳои миллат, шеваи андешаронӣ ва рӯҳии он, анъанаҳои ҳазорсолааш муайян мегардад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон чунин таъкид менамояд: “Миллате, ки гузаштаи худро намедонад, ояндаашро сохта наметавонад”. То даме, ки худшиносии миллӣ, пос доштани хотираҳои таърихӣ, ифтихор аз мансубияти миллӣ дар шуури ҳар яки мову шумо падид наояд, то даме, ки ҳар кадоми мо манфиати миллиро ҳамчун қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ эҳсос накунем ва эҳтиром нагузорем, то даме ки хидмат ба Ватан ва миллат бароямон арзиши олии зиндагӣ табдил наёбад, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намерасем. [5,150]   

Яке аз роҳҳои калидии расидан ба худшиносӣ тарбияи ҳаматарафаи инсон дар заминаи муҳити оила ва  миллат мебошад. Тарбияи худшиносии миллӣ барои миллатсозӣ ва ба миллат расидан афзалиятноктарини шакли тарбия мансуб ёфта, инсонро ба гузашта, имрӯза ва ояндаи хеш мепайвандад.  

Ҳақиқати инкорнашаванда вуҷуд дорад, ки  ҳар шахс бе омӯзиши таърихи  гузаштаи худ аслу насаб ва маърифати бумиву зотиашро пойдору бегазанд нигоҳ дошта наметавонад. Агар инсон таърихи гузаштаи худро надонад, табиист, ки аз зоти худ, роҳи тайкарда, дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва бурду бохти миллаташ ноогоҳ монда, ҳамчун махлуқи одамсурат, аммо  бепарво, бемасъулият, бенишон умр ба сар мебарад. Албатта ин бадбахтии бузург аст, вақте шахс аз хотираи гузаштагони худ ноогоҳ, фориғ аз ояндаи худ аст, чӣ гуна метавонад худро инсон шуморад? Худшиносии миллї, ки ќисми таркибии шуури миллї мебошад љињатњои гуногун дорад. Худшиносии миллї њамчун ягонагии худмаърифатї баромад менамояд.

Дар ин росто гуфтан мумкин аст, ки худшиносии миллӣ  мисли ҷавшани бузургест, ки ҳимоя аз ҳаргуна хатарҳои миллаткуш барои Ватан, миллат, забон, фарҳанг ва дину оини худ баромад мекунад.

  Пас, хулоса намудан мумкин аст, ки ниҳоди  оила ва давлат воқеан сарчашмаи бунёди инсонсозӣ ва миллатсозӣ ба шумор рафта, ин ду ниҳод дар густариши ҳастии ҷамъиятӣ ва шуури ҷамъиятӣ нақши муҳим доранд. Гузашта аз ин, чӣ қадаре ки  тафаккури  инсон  аз  нигоҳи  маърифати  дарунмоягии  шинохти хеш мукаммалу муҷаҳҳаз гардида бошад, ҳамон дараҷа чунин ашхос, дар  маҷмуъ  ҷамъият,  муваффақу  мондагор  мегардад. 

Адабиёт

  1. Бердяев Н.А. Истоки и смысл русского коммунизма. М., 1990.С.65
  2. Волков Ю.Г. Социология. - М.: Гардарики, 2007. 504с.,
  3. Зокиров Г.Н. Донишномаи сиёсӣ. Душанбе, «Деваштич», 2007.С.287.
  4. Кароматулло Олимов. Истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ. Душанбе: “Эр-граф”, 2013. 32саҳ.
  5. Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: Масъалаҳои ташаккул ва рушд.  Ҷилди 3.- Душанбе: “Фасл-4” 2021.-505
  6. М. Элназаров, Ш. Амирхонов, П.Давлатов Фалсафаи худшиносии миллӣ.-Душанбе-Сино,2019.-196с.
  7. Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.-Душанбе:ҶДДМ “Контраст”, 2017,464с.
  8. Эмомалї Рањмон. «Љавонон-сазандагони фардои чомеа»., Душанбе -2008, 204сањ. 
  9.   http://xn index.php/publikatsii-pedagogov-s

Абилзода Гуландом Сардор-номзади илмҳои фалсафа, мудири шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121