Skip to main content

САРСАБЗИИ ВАТАН — НИШОНАИ ФАРҲАНГИ БАЛАНДИ ШАҲРВАНДӢ ВА МАСЪУЛИЯТИ МИЛЛӢ

24-уми феврали соли равон, дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати густариши маъракаҳои дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани муҳити зист, инчунин дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», дар ҳудуди Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносӣ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ва ҳайати кормандон фаъолона иштирок намуда, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар ободонии муҳити атроф саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Зимни маърака кормандони институт ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда ва сояафкан шинонида, таъкид намуданд, ки ҳифзи муҳити зист, ободонии Ватан ва парвариши фарҳанги сабзкорӣ яке аз самтҳои муҳими тарбияи худшиносӣ ва баланд бардоштани маърифати экологӣ дар ҷомеа ба шумор меравад. Ин иқдоми нек ҳамзамон рамзи эҳтиром ба табиат, меҳру муҳаббат ба Ватан ва саҳмгузорӣ дар таъмини зиндагии солиму сарсабзи наслҳои оянда мебошад.

Маъракаи ниҳолшинонӣ бо руҳияи ҳамбастагӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ сурат гирифта, боз як гоми устувор дар роҳи татбиқи сиёсати ободониву созандагии кишвар ва тақвияти арзишҳои миллӣ арзёбӣ гардид. Иштироки фаъоли роҳбарият ва кормандони институт бори дигар собит намуд, ки зиёиён дар баробари фаъолияти илмӣ ҳамчунин дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободонии муҳити зист нақши муассир доранд.

Чорабинӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва рӯҳияи созандагӣ ҷамъбаст гардида, иштирокдорон изҳор доштанд, ки чунин иқдомҳои нек минбаъд низ идома ёфта, барои сарсабзии Ватани азизамон саҳми бештар гузошта мешавад.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123