Skip to main content

ҚАДРШИНОСИИ ХИЗМАТИ ШОИСТА!

Директори Маркази синошиносии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Назариев Рамазон бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардиданд.

Мукофоти арзандаро Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар вазъияти тантанавӣ ба профессор Назариев Рамазон супориданд.

Ин қадршиносӣ бозгӯи фаъолияти пурсамари илмӣ, роҳбарӣ ва саҳми арзандаи профессор Назариев Рамазон дар рушди синошиносӣ, таҳқиқу муаррифии мероси илмӣ ва фалсафии Абӯалӣ ибни Сино мебошад.

Медали «Хизмати шоиста» барои устод на танҳо нишони арҷгузорӣ ба меҳнати бисёрсола, балки эътирофи садоқат ба илм, масъулияти касбӣ ва хизмат дар роҳи рушди илми миллӣ мебошад.

Раёсати Институт профессор Назариев Рамазонро ба муносибати ин сарфарозии арзанда самимона табрик намуда, ба эшон саломатии комил, умри бобаракат, неруи созанда ва дастовардҳои нави илмиро орзу менамояд.
Хизмати шоиста қадр мегардад, аммо осори неки илмӣ дар хотираи наслҳо боқӣ мемонад.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121