ЗАН - МОДАР ВА ФАЛСАФАИ ЗИНДАГӢ!
Таҳти чунин унвон дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи модар баргузор гардид. Ҳадафи асосии семинар баррасии ҷойгоҳ ва мақоми зан-модар дар ҷомеа, нақши ӯ дар тарбияи насли солим, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва таҳкими арзишҳои маънавию фарҳангии миллӣ буд.
Семинарро директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ нақши муҳими модарро дар ташаккули шахсият, тарбияи маънавӣ ва рушди ҷомеа таъкид намуд.
Дар идомаи семинар ходими пешбари илмии Маркази синошиносии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Махшулов Маҳмадсалом дар мавзуи «Ҷойгоҳи модар дар тавсеаи андешаи мантиқии фарзанд» суханронӣ намуда, нақши модарро дар ташаккули тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва рушди зеҳнии фарзандон муҳим арзёбӣ кард.
Ҳамчунин ходими илмии шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институт Зоҳири Сайфулло дар мавзуи «Зан ва замин яке аз бузургтарин ҷашнҳои ниёгони тоҷик» маъруза ироа намуда, оид ба ҷойгоҳи зан дар фарҳанги қадимаи тоҷикон ва иртиботи он бо анъанаҳои миллӣ ибрози андеша намуд.
Дар ҷараёни семинар таъкид гардид, ки зан-модар ҳамчун сарчашмаи меҳру муҳаббат, тарбиягар ва нигаҳдорандаи арзишҳои маънавӣ дар рушди ҷомеа нақши муҳим дорад. Қайд карда шуд, ки арҷгузорӣ ба мақоми зан ва модар яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат буда, барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар анҷоми семинар иштирокчиён баргузории чунин семинарҳои илмиро дар самти таҳкими мақоми зан-модар ва густариши арзишҳои маънавии ҷомеа муҳим арзёбӣ намуданд ва занони Институт аз ҷониби Иттифоқи касабаи Институт бо туҳфаҳои идона қадрдонӣ гардиданд.
