ҲАДАФИ ОЛӢ – БЕҲТАР ГАРДОНИДАНИ САТҲИ НЕКУАҲВОЛИИ АҲОЛӢ (Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар”. 28 декабри соли 2024)
Дар мафҳуми “рушди иҷтимоӣ” чунин равандҳое дар назар гирифта мешаванд, ки шаклҳои табиӣ-таърихии зиндагии инсонро дар заминаи таъмини шароити мусоид барои мавҷудияташ, некуаҳволии арзандаи шахсӣ ва иҷтимоӣ, дараҷаи қонеъ гардонидани талаботи моддӣ ва маънавӣ инъикос менамояд.
