Skip to main content

23 ФЕВРАЛ – РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳар як миллат таъриху санаҳои муҳим ва хотиравии худро дорад, ки нишондиҳандаи роҳи тайкардаи он мебошад. Ин санаҳо ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиро дар ҳар як шахс бедор менамоянд. Барои миллати тоҷик аз ҷумлаи, яке аз ин санаҳои муҳим 23 феврал ба ҳисоб меравад.

Аз соли 1922 инҷониб ин рӯз дар кишвари мо ҳамчун Рӯзи ҳимоятгарони Ватан ҷашн гирифта мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, маҳз 23 феврали соли 1993-ро ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар эълон намуд. Дар ҳамин рӯз аввалин паради низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Ин ҷашн барои кишвари мо аз бисёр ҷиҳатҳо аҳамияти махсус дорад. Аввалан, дар кишварамон кам нафароне ҳастанд, ки пайванде бо Артиш надошта бошанд. Ҳамзамон, касби низомӣ дар ҷомеаи мо аз қадим бо иззату эҳтироми хосса шинохта шудааст.

Бо гузашти солҳо, ин ҷашн анъанаҳои худро пайдо намуда, ба як рамзи ифтихори миллӣ ва ватандорӣ табдил ёфтааст. Он дар қатори муҳимтарин ва дӯстдоштатарин ҷашнҳои сокинони мамлакатамон қарор гирифтааст. Бо таҷлили ин рӯз, на танҳо ба Артиши миллии худ арҷ мегузорем, балки хотираи наслҳои гузаштаро низ гиромӣ медорем ва онро ба ҷавонон интиқол медиҳем. Ин ҷиҳат, махсусан дар замони муосир, барои нигоҳдории хотираи таърихӣ ва тарбияи насли наврас бисёр муҳим мебошад.

Дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ, миллати мо қаҳрамонони зиёдеро шинохтааст, ки ҷасурона барои ҳифзи марзу буми ин сарзамин ҷангиданд. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи тақвияти иқтидори дифоии Артиши миллӣ таваҷҷуҳи хосса медиҳад. Ҳамон тавре ки Сарвари давлат ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зикр намуданд: "Ташкили Артиши миллӣ, ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ, талаботи замон ва амри воқеияти таърихӣ буд".

Бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони муосир ва афзоиши таҳдиду хатарҳои замони имрӯз, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, имкони дастрасии гурӯҳҳои террористӣ ба аслиҳаи муосир, Ҳукумати кишвар тамоми тадбирҳои заруриро барои баланд бардоштани омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар амалӣ менамояд.

Дар ин замина бояд қайд кард, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан саҳми бузург мегузорад.

Яке аз ҷанбаҳои муҳимтарини ҷашни 23 феврал – тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, махсусан миёни ҷавонон мебошад. Дар ин рӯз муҳим аст, ки ба насли наврас аҳамияти баланди ватандӯстиро фаҳмонем ва онҳоро ба ҳимояи Ватан ташвиқ намоем. Маҳз чунин ҷашнҳо барои ташаккули руҳияи ватандӯстии шахс нақши бузург мебозанд. Ҳамин тавр, 23 феврал на танҳо рамзи муҳаббати самимӣ ба Ватан, балки нишони омодагӣ ба ҳифзи он мебошад.

Бо истифода аз ин фурсат, ҳамаи ҳамватанонро ба муносибати Рӯзи ҳимоятгарони Ватан самимона табрик менамоем ва ба ҳар яки Шумо сиҳатмандӣ, хушбахтӣ ва ба Ватани маҳбубамон – шукуфоӣ таманно дорем!

Муродов С.А. - номзади илмҳои сиёсӣ, мудири Шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121