АРТИШИ МИЛЛӢ – МАКТАБИ ҶАВОНМАРДӢ ВА ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН
Ҳифзи Ватан, ҳимояи марзу бум ва пуштибонӣ аз манфиатҳои миллӣ қарзи конститутсионии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мувофиқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”. Ватандӯстӣ пеш аз ҳама дар дӯст доштану содиқ будан ба Ватан ва миллати худ, дарки манфиатҳои кишвари худ, арҷ гузоштан ба муқаддасот ва арзишҳои миллӣ, ифтихор доштан аз дастовардҳо ва муваффақиятҳо ҳамватанони худ ва ҳамеша омода будан ба ҳифзи марзу буми Ватан ифода меёбад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад».
Омодагии ҷавонон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба сатҳу сифати тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ҳамбастагӣ дорад. Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон аз муҳимтарин ҷанбаи тарбияи ҷавонон ба ҳисоб рафта, мақсад аз он дар дили насли ҷавони имрӯза эҳсоси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, садоқат ба Ватан, муҳаббат ба сарзамини аҷдодии худ, ҷасорат, шуҷоату далерӣ ва дарки шарафу нангу номусро бедор намудан аст. Ҷавонони Тоҷикистон дар чунин як замоне тағйирёбанда ва ноороме зиндагонӣ мекунанд, ки ҳар лаҳза онҳоро хатари таъсири гурӯҳҳои экстремистию террористӣ таҳдид менамояд. Бартараф намудани чунин таҳдидҳо тавассути тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ, худшиносии миллӣ, ифтихор аз муқаддасоти миллӣ, содиқ будан ба давлату Ватан ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷавонон имконпазир аст.
Нерӯмандии Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди ҷомеа ба ҷасорат, худшиносӣ ва ватандӯстии ҷавонон вобастагӣ дорад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти миллии ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23.12.2022 зикр гардид, ки “Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад. Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир моро водор менамояд, ки ҷиҳати суръат бахшидан ба навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани омодабошии ҳарбӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои зарурии иловагиро амалӣ намоем”.
Ҳодисаҳои солҳои охире, ки дар Тоҷикистон рӯй доданд, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки айни замон Артиши миллии Тоҷикистон хеле тавоно ва замонавӣ гаштааст, ҷавонон ва умуман, шаҳрвандони синну соли гуногуни Тоҷикистон барои ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омодаанд, ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд ва барои ватани худ ҷони худро дареғ намедоранд. Артиши миллӣ ба яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватан табдил ёфтааст. Ҳамзамон, барои боз ҳам тақвият додани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, таҳкими ҳисси худшиносию ҳуввияти миллӣ ва ташаккули имкониятҳои дифоии Тоҷикистон «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул гардидааст.
Мувофиқи натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологии шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон “Сабабҳо ва дарёфти роҳҳои имконпазири пешгирии рушди зуҳуроти экстремизм”, ки дар ҳамкорӣ бо кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузаронида шудааст, аксарияти кулли мусоҳибон – 91,2% худро ватандӯст меҳисобанд. Инчунин, натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҳамкорӣ бо мутахассисони кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) аксарияти кулли пурсишшавандагон – 93,6% бо ҳеҷ ваҷҳ, ҳатто дар сурати пешниҳод шудани маблағи калон ҳам ба Ватан хиёнат намекунанд. Ҳамзамон 88,2%-и мусоҳибон омодаанд, ки дар сурати ҳамлаи душман ба хоки кишварамон барои ҳимояи Ватан ҷонашонро фидо намоянд. Аксарияти мусоҳибон (87,1%) қайд кардаанд, ки нисбат ба ватанфурӯшон нафрати беандоза доранд ва онҳоро хоину душмани миллат мешуморанд.
Яке аз нишонаи ватандӯстии ҷавонон ҳифзи Ватан бо қалам ва сухан мебошад, яъне шахси ватандӯст намегузорад, ки касе ё гурӯҳе нисбати Ватан ва миллаташ суханҳои қабеҳу ноҷо ва душманона гӯяд. Махсусан, имрӯз баъзе аз шахсони ватанфурӯш ва хоини миллат аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ нисбати кишварамон ва миллатамон ҳама гуна тӯҳмату суханҳои душманонаро паҳн менамоянд. Натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ нишон медиҳад, ки аксарияти мусоҳибон (52,3%) дар вақти дар интернет пайдо шудани наворҳо ва ё навиштаҳои зидди Тоҷикистон ҳатман вокуниш нишон медиҳанд, шарҳи худро навишта, Тоҷикистонро ҳимоя мекунанд.
Таҳлили натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ нишон медиҳад, ки мусоҳибон барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон омилҳои гуногун, мисли ташкил намудани марказҳо ва клубҳои ватандӯстӣ (34,7%), ба роҳ мондани озмунҳо, намоишҳо ва фестивалҳои ватандӯстӣ (35,2%), ташкил намудани бозиҳои варзишӣ ва ҳарбӣ (23,9%), ҷашнгирии идҳои миллӣ ва санаҳои таърихӣ (21,6%), тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ (18,3%), нашр ва паҳн намудани адабиёти ватандӯстӣ (15,5%), ташкил намудани сомонаҳои интернетии дорои хусусияти ватандӯстӣ (13,1%), вохӯрӣ ва қадрдонии Иштирокчиёни ҶБВ ва Афғонистон (3,9%) ва ғайраҳоро номбар намудаанд. Аз чор се ҳиссаи мусоҳибон (75%) хизмат дар Артиши миллиро қарзи виҷдонии ҳар як ҷавон мешуморад. Аз се як ҳиссаи мусоҳибон (30%) хизмат дар Артиши миллиро ифтихор медонанд. Ба ақидаи онҳо хизмат дар артиш мактаби мардонагӣ буда, дар ташаккули характери ҷавонон (25,9%) нақши ҳалкунанда мебозад.
Хулоса, ҳифзи Ватан ва манфиатҳои миллӣ қарзи виҷдонӣ ва имонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, хизмат дар сафи Артиши миллӣ мактаби мардонагию ватандӯстӣ, далериву садоқат ва исботи муҳаббату самимият ба Ватани азизи худ буда, дар ташаккули ҷавонон ҳамчун неруи созанда нақши ҳалкунанда мебозад. Маҳз таҳкими тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ ва ифтихори миллии ҷавонон, содиқ будан ба Ватан ва арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд.
Шоисматуллоев Ш. – Узви вобастаи АМИТ, д.и.с., профессор, мудири шуъбаи сотсиологияи ИФСҲ АМИТ
Миров Ф.С. – н.и.ф., дотсент, ходими калони шуъбаи сотсиологияи ИФСҲ АМИТ

