НАТИҶАГИРИИ ЛОИҲАҲОИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТИИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ
Дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозиикорҳои илмӣ-таҳқиқотӣқайд гардид, ки Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар давоми соли таҳқиқотӣ як қатор лоиҳаҳои муҳими илмӣ-амалӣ ва назариявиро бо натиҷаҳои назаррас анҷом дод.
Тадқиқотҳо асосан ба самтҳои калидии рушди ҷомеа, ташаккули андешаи фалсафӣ, таҳлилҳои сиёсӣ, омӯзиши ҳуқуқи миллӣ ва масъалаҳои иҷтимоӣ равона гардиданд.
Дар доираи лоиҳаҳо маъхазҳои илмӣ таҳияи мақолаҳо ва тавсияҳои амалии илмӣ-сиёсӣ пешниҳод гардида, ҳамчунин натиҷаҳои муҳими назариявӣ барои такмили низоми идоракунӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва густариши донишҳои фалсафӣ ба ҷомеа пешниҳод шуданд.
Корҳои илмӣ самаранок амалӣ шуда, дар охир бо муаррифии хулоса ва дастовардҳои асосӣ дар назди муҳаққиқон ва ҷомеаи илмӣ ҷамъбаст гардиданд. Ин дастовардҳо боз як қадами устувор дар рушди илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд
