ҲИФЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА МИЛЛИИ ҲУҚУҚИ ЗАНОН ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ (бахшида ба 8 март – Рӯзи Модар)
«Мо ҷашни бонувонро махсус Рӯзи Модар ном ниҳодем, то ки эҳтироми амиқу арҷгузории хосаи худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит созем. Зеро аслу ҷавҳари Рӯзи Модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба Зан – Модар ташкил медиҳанд»
Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳанӯз аз ибтидои соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати мамлакат, хосатан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону бонувон ва мавқеи онҳо дар ҷомеа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, онҳоро ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеа пазируфтанд ва дар ҳама самтҳои фаъолият занону бонувони кишварро дастгирӣ менамуданд, ки ин ҳама ғамхориву дастгириҳои Пешвои муаззами миллат имрӯз барои рушду пешрафти заннон дар ҳама бахшҳо заминаи устувор гузоштааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти воқеияти имрӯзаи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ стратегияву барномаҳои муҳим дар самти фаъолгардонии нақши занон, беҳтар гардонидани шароити кору пайкори онҳо, таъмини баробарҳуқуқии мардону ва занон таҳия ва амалӣ шуда истодааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии миллӣ таъмини баробарҳуқуқӣ ва озодии занонро пурра кафолат медиҳанд.
Яке аз санади муҳим дар ин самт Конвенсия оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбати занон мебошад, ки он бо Қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ аз 18 декабри соли 1979 қабул гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он соли 1994 ҳамроҳ шудааст. Ин ҳуҷҷат қонуни байналмилалии ҳуқуқи занон ба ҳисоб меравад. Илова ба ин, ҳуҷҷати мазкур як навъ барномаи амали давлатҳои ширкаткунанда бо мақсади таъмини кафолати ин ҳуқуқҳо мебошад.
Мутобиқи банди 1 моддаи 11 Конвенсияи мазкур давлатҳои иштирокчӣ барои аз байн бурдани табъиз нисбати занон дар шуғл тамоми чораҳои заруриро меандешанд, то дар асоси баробарии мардону занон ҳуқуқҳои баробарро таъмин намоянд, масалан ҳуқуқ ба меҳнат ҳамчун ҳуқуқи ҷудонашавандаи ҳама одамон; имкониятҳои якхела ҳангоми ба кор қабул намудан, аз ҷумла татбиқи интихоби маҳакҳои якхела ҳангоми интихоб ва ба кор қабул шудан; интихоби озоди касб ё навъи фаъолият; болоравии мансабӣ ва кафолати шуғл, инчунин истифодаи тамоми имтиёзҳо ва шароити кор; омодагии касбӣ ва бозомӯзӣ, аз ҷумла ҳангоми омодагии касбии сатҳи баланд; подоши баробар, аз ҷумла соҳиб шудан ба имтиёзҳо; шароити баробар нисбати меҳнати баробарарзиш, инчунин муносибати баробар ба арзёбии сифати кор; таъминоти иҷтимоӣ, алалхусус, ҳангоми ба нафақа рафтан, бекорӣ, беморӣ, маъюбӣ, пиронсолӣ ва ҳолатҳои дигари корношоямӣ, инчунин рухсатии музднок; ҳифзи саломатӣ ва шароити бехатари меҳнат, аз ҷумла нигоҳдории вазифаи давом додани насл.
Ҳуқуқҳои мазкур ҳуқуқҳои умумии занон номида мешаванд, ки фарогири ҳамаи гурӯҳҳои занон мебошанд.
Дар банди 2 моддаи 11 Конвенсия меъёрҳо ва муқаррароти марбут ба занони ҳомила ва занони дорои масъулияти оилавӣ муқаррар шудаанд. Дар банди мазкур қайд шудааст: «Бо мақсади пешгирии табъиз нисбати занон бо сабаби ба шавҳар баромадан ё модар будан ва ба онҳо додани кафолати ҳуқуқи самарабахш ба меҳнат, давлатҳои иштирокчӣ чораҳои дахлдори зеринро меандешанд:
a) зери таҳдиди татбиқи таҳрим манъ намудани азкорозодкунии занон бо сабаби ҳомиладорӣ ё дар рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд қарор доштан ва ё табъиз бо сабаби вазъи оилавӣ;
б) ҷорӣ намудани рухсатии музднок ё рухсатии бо кӯмакҳои иҷтимоии қиёсшаванда ҳангоми ҳомиладорӣ ва таваллуд бидуни аз даст додани ҷойи кор, собиқаи корӣ ё кӯмакҳои иҷтимоӣ;
в) ҳавасмандгардонӣ барои пешниҳод намудани хидматҳои зарурии иловагии иҷтимоӣ баҳри таъмини имконият ба волидон дар якҷоякунии иҷрои вазифаҳои оилавӣ бо иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла тавассути таъсис ва тавсеаи шабакаи муассисаҳои нигоҳубини кӯдакон;
г) таъмини ҳимояи махсуси занони ҳомила аз он намуди корҳое, ки ба саломатии онҳо зараровар буданашон собит шудааст.
Ҳамин тариқ, Конвенсия оид ба барҳам додани ҳама шаклҳои табъиз нисбати занон давлатҳои иштирокчиро вазифадор менамояд, ки дар қонунгузории худ тамоми чораҳои заруриро баҳри бартараф ва пешгирӣ намудани табъиз нисбати занон дар соҳаи меҳнат ва шуғл роҳандозӣ намоянд.
Санади дигари муҳими байналмилалӣ дар соҳаи меҳнати занон ин Конвенсияҳои Созмони байналмилалии меҳнат № 100 аз соли 1951 «Дар бораи ҳавасмандгардонии баробари мардон ва занон барои кори баробарарзиш» ва № 103 аз соли 1952 «Дар бораи ҳифзи модарӣ» мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо соли 1993 ҳамроҳ шудааст.
Ҳамчунин, Конвенсияи Созмони байналмилалии меҳнат № 111 аз соли 1958 «Дар бораи табъиз дар соҳаи меҳнат ва шуғл», ки тасдиқи он аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 ба қайд гирифта шудааст.
Вобаста ба конвенсияи мазкур қайд карданием, ки моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар як шаҳрвандро новобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, дин, маълумот, эътиқоди сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молиявӣ, инчунин баробарҳуқуқии мардон ва занонро кафолат медиҳад.
Дар ҳамоҳангӣ бо конвенсияҳои мазкур Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 17), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардон ва занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005, № 89, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999, № 5 баробарҳуқуқии мардон ва занонро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйид карданд.
Дар Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 28 декабри соли 2024 қайд карданд, ки ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.
Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд. Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.
Пешвои маҳбуби кишвар, инчунин, қайд карданд, ки «Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем».
Илова бар ин, 7 марти соли 2020 зимни суханронии худ бахшида ба Рӯзи модарон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки имрӯз садҳо нафар занону духтарон дар бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва дигар сохтмонҳои азими кишвар софдилона кору фаъолият мекунанд. Масалан, дар иншооти стратегӣ – НБО-и Роғун 750 нафар занону духтарон кор мекунанд, аз ҷумла 40 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда мебошанд, беш аз 260 нафар занон дар НБО-и Норак ва Бойғозӣ, 1500 нафар занон дар корхонаи «Алюминийи тоҷик» кор мекунанд, ки аз ин рақам 150 нафар роҳбарони соҳаҳои гуногунанд.
Ба ғайр аз кафолати умумии баробарҳуқуқии мардон ва занон, ки моддаи 17 Конститутсияи ҶТ эълон намудааст, ин меъёр дар қонунҳои конститутсионӣ, ҷорӣ ва санадҳои зерқонунӣ низ ба таври васеъ кафолат дода шудаанд. Аз ҷумла, дар Қонуни ҶТ “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” аз 1 марти соли 2005, №89, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” аз 3 декабри соли 1999, №5, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” аз 30 апрели соли 2021, №167 ва ғайра.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардон ва занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», муносибатҳои таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардон ва занонро дар соҳаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, инчунин, дар соҳаҳои дигар ба танзим медарорад, яъне ба пешгирии табъиз аз рӯйи ҷинсият нигаронида шудааст.
Хулоса, он ҳама санадҳои меъёрии ҳуқуқии болозикр, ба масъалаи баланд бардоштани мақому мавқеи занон дар кишвар ва роҳ надодан ба табъиз дар муносибатҳои меҳнатӣ мусоидат менамоянд.
Ҳадафи асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз қабули санадҳои зикршуда пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва нақши онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону бонувон маҳсуб меёбад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳои ИДМ мебошад, ки 27 декабри соли 1993 Эъломия оид ба таъмини ҳуқуқи занонро имзо кардааст.
Дар таъмини шароити мусоиди меҳнат барои занон Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим дорад. Кодекси мазкур баробарҳуқуқии мардон ва занонро дар муносибатҳои меҳнатӣ таъмин намуда, ҳамзамон бо назардошти хусусиятҳои организми зан барои занони корманд кафолатҳои иловагии махсусро пешбинӣ мекунад: манъ будани истифодаи меҳнати занон дар корҳои зеризаминӣ ва корҳои дорои шароити зарарноки меҳнат, ба истиснои баъзе корҳои зеризаминӣ (кори ғайриҷисмонӣ ё кор дар бахши хизматрасонии беҳдоштӣ ва маишӣ).
Амалисозии ҳуқуқҳои мазкур тавассути фароҳам овардани имкониятҳои баробари занон бо мардон дар гирифтани таҳсилот ва омодагии касбӣ, меҳнат, корҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангӣ, инчунин бо тадбирҳои махсус оид ба ҳифзи меҳнат ва саломатии занон, бо фароҳам овардани шароите, ки ба занон имкон медиҳад меҳнатро бо модарӣ, бо ҳифзи ҳуқуқ, бо дастгирии моддӣ ва маънавии модару кӯдак, аз ҷумла додани рухсатии музднок ва имтиёзҳои дигар барои занони ҳомила ва модарон тавъам созанд, таъмин карда мешавад.
Ба занон рухсатии давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд ба андозаи 70 рӯзи тақвимӣ пеш аз таваллуд ва 70 рӯзи тақвимӣ (дар сурати таваллуди душвор 86 рӯз ва ҳангоми таваллуди ду ва ё зиёда кӯдак 110 рӯз) пас аз таваллуд бо пардохти кӯмакпулӣ аз рӯйи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, мутобиқи моддаи 223 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Ҳангоми чунин рухсатӣ ҷойи кори (вазифаи) зан нигоҳ дошта мешавад. Рухсатии нигоҳубини кӯдак ба собиқаи умумии бетанаффуси кор, инчунин собиқаи кор аз рӯйи ихтисос дохил карда мешавад.
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» аз 13.12.1997, №517 ҳангоми таваллуди кӯдак дар оила, кӯмакпулиҳои зерини иҷтимоӣ таъйин ва пардохта мешаванд:
- кӯмакпулии яквақта барои таваллуди кӯдак;
- кӯмакпулии ҳармоҳа барои нигоҳубини кӯдак.
Кӯмакпулии яквақта ҳангоми таваллуди кӯдак ба андозаи зерин таъйин карда мешавад:
- ҳангоми таваллуди кӯдаки якум ба андозаи се музди меҳнати ҳадди ақал;
- ҳангоми таваллуди кӯдаки дуюм ба андозаи ду музди меҳнати ҳадди ақал;
- ҳангоми таваллуди кӯдаки сеюм ё бештар - ба андозаи як музди меҳнати ҳадди ақал.
Пас аз ба охир расидани рухсатии давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд бо дархости занон ба онҳо барои нигоҳубини кӯдак то якунимсола шудани он рухсатии музднок дода мешавад.
Мутобиқи моддаи 224 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба заноне, ки кӯдакони то якунимсола доранд (ба ғайр аз танаффус барои истироҳат ва хӯрок), барои ғизодиҳӣ ба кӯдак танаффусҳои иловагӣ дода мешавад. Ҳар як танаффус ҳадди ақал дар ҳар 3 соат бо давомнокии на камтар аз 30 дақиқа дода мешавад. Агар зан ду ё зиёда кӯдаки то якунимсола дошта бошад, давомнокии чунин танаффус на камтар аз як соатро ташкил медиҳад. Танаффусҳо барои ғизодиҳӣ ба кӯдак ба соатҳои корӣ дохил ва пардохт карда мешавад.
Тибқи моддаи 215 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо бо занони ҳомила ва заноне, ки кӯдаки то 3-сола доранд (агар модарони танҳо кӯдаки маъюби то 16-сола дошта бошанд), иҷозат дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳои пурра барҳам додани ташкилот, он вақт қатъ кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо бакортаъминкунии ҳатмии онҳо иҷозат дода мешавад.
Бо сабабҳои марбут ба ҳомила ё кӯдакдор будан, рад кардани қабули занон ба кор ва кам кардани музди онҳо манъ аст. Барои беасос рад кардани қабул ба кор ё беасос аз кор озод кардани занони ҳомила, инчунин заноне, ки кӯдаки то 3-сола доранд, тибқи моддаи 155 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳандаи музди меҳнат ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол тайин шудааст.
Ҷалби занон ба кори шабона иҷозат дода намешавад, ба истиснои он соҳаҳои хоҷагии халқ, ки дар онҳо зарурати махсус ба миён омадааст.
Инчунин ҷалби занони ҳомила ва занони кӯдаки то сесола дошта ба изофакорӣ ва кор дар рӯзҳои истироҳат, рӯзҳои ид, ба кори шабона ва ба сафари хидматӣ фиристодани онҳо манъ аст. Ҳамаи ин ифодаи ғамхорӣ дар бораи ҳифзи саломатии зани ҳомила ва кӯдаки ояндаи ӯ, ғамхорӣ дар бораи кӯдакони ширхора, зарурати таъмини онҳо бо шароити хуби ширмаконӣ ё нигоҳубини модарон мебошад.
Дар фарҷом, мехоҳам бо як сухани ҳикматомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи занон ва бонувон ба нигоштаи худ хотима бахшам: «Дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанд аст. Беҳуда нест, ки дар таърихи ҳамаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ эҳтироми волидайн яке аз меъёрҳои меҳварии ахлоқӣ буда, мақому мартабаи модар аз ҳама баланд аст».
Давлатхон Назарзода – ходими калони илмии шуъбаи ҳуқуқи
байналмилалии ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, н.и.ҳ.

