РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ - РӮЗИ МАРДОНИ ШУҶОВУ ВАТАНДӮСТ
Баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шуравӣ халқи тоҷик соҳибихтиёрии давлатиро ба даст овард ва дар таърихи давлатдории тоҷикон давраи нави инкишофи истиқлолияти давлатӣ ба миён омад.
Аз ин ҷост, ки 9 сентябри соли 1991 Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ин сана ҳамчун рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини он, оғози дигаргунсозиҳои нав дар самти бунёди давлати мустақилу миллӣ ва демократӣ эътироф шудааст.
Маҳз аз ҳамин давра сар карда, равандҳои демократикунонии ҷомеа, ислоҳотҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва эҳёи арзишҳои нави миллӣ оғоз меёбанд. Давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон аз муқовиматҳои сиёсие, ки баъдтар ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд, рост меояд. Давлате, ки нав истиқлолияти худро ба даст оварда буд, ба ҷанги шаҳрвандӣ ҷалб карда шуда, дар натиҷа дар ҷомеа бетартибиҳо, беқонуниятӣ ва сиёсати бесарусомонӣ ҳукумфармо буд.
Баъд аз фалаҷ гардидани сохти конститутсионӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он дар таърихи навини тоҷикон саҳифаи наверо кушод. Дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардиданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз давраи ба роҳбарии давлат омаданашон тамоми азму иродаи худро ба умдатарин масъалаҳои ҳастии халқу мамлакат - таъмини сулҳу субот, муттаҳид сохтани мардуми Тоҷикистон, истеҳкоми ваҳдати миллӣ бахшиданд ва фаъолияти сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун Сарвари давлат бо ормонҳои чандинасраи миллат ва рисолати ҷамъиятию азалии халқи тоҷик мувофиқ омад.
Бобати таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва амнияти ҷомеа барои Тоҷикистони навистиқлол лозим буд, ки қувваҳои мусаллаҳи худро таъсис диҳад, ки он тавоноии таъмини истиқлолият ва ҳимояи мардумро дошта бошад. Ба шарофати саъю кӯшиши пайваста ва ҳаракатҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон таъсис дода шуданд, ки он тавонист оромии мардум ва амнияти давлатро таъмин намояд.
Санаи 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид ва 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе паради ҳарбӣ гузаронида шуд, ки ин рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус гардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душворӣ (1992-1997) ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот вазифаи худро бо масъулияти баланд адо карда истодаанд.
Артиши ҷавони Тоҷикистон, дар солҳои душвори фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, безарар гардонидани душманони миллат, гурӯҳҳои ифротгаро ва ҷинояткорони трансмиллӣ, нест кардани ошӯбҳои хиёнатнорона саҳми бузург дорад.
Мутобиқи муқаррароти моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”.
Аз ин рӯ, ҳифзи ватану амнияти халқ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як марди ватандӯсту бонангу номус мебошад ва ҷавонони мо бо азму иродаи хеш барои хизмат дар сафи қувваҳои Артиши миллӣ ариза месупоранд ва содиқона хизмати модар-ватанро ба ҷо меоранд ва хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан барои ҳар як ҷавони сарбаланд вазифаи муқаддас мебошад. Хизмат кардан ба Ватан маънои ба ҷой овардани хизмати падару модар ва ҳимоя намудани марзу буми Ватани аҷдодӣ ва тамомияти арзии Ватанро дорад. Дар асл Артишро бе ҷавонон тасаввур кардан мумкин нест. Зеро, ҷавонон дар ҷомеа нақши муҳиму арзишманд доранд. Шумораи ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ мераванд, сол аз сол афзуда истодааст.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Чумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, «Қувваҳои Мусаллаҳ кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буда, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар саҳми бузург дорад.
Масъалаи эъҷоди қонунҳо ва санадҳои дахлдори ҳуқуқӣ барои ташаккул, танзим ва ҷобаҷогузории Қувваҳои мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои он ба шумор мерафт, ки дар ин замина 17-уми феврали соли 1993 «Низомномаи тартиби қабули Савганди ҳарбӣ», 2-юми августи соли 1993 «Низомномаи додситони ҳарбӣ», 26-уми июни соли 1993, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» қабул гардиданд, ки асосҳои ҳуқуқии мавҷудият ва фаъолияти қувваҳои мусаллаҳ, интизоми дохилӣ, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва фаъолияти хизматчиёни ҳарбиро ба танзим даровард.
Аз таъсисёбии Артиш муддати зиёд сипарӣ нашуда ба души он якҷоя бо дигар мақомоту сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ иҷрои вазифаи басо бузург ва масъулияти ниҳоят муҳим, таъмин намудани субот ва амнияти кишвар вогузошта шуд, ки тақдири миллат ва дастовардҳои истиқлол аз ҳалли онҳо вобаста аст.
Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Кувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба як нерӯи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтааст. Мардуми азизи Тоҷикистон ва давлату Ҳукумат фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷоъи Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки он ҷавонмардонеро, ки барои сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.
Мо имрӯз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ бобати вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза ва хатарҳои терроризму экстремизм сухан ронда, дар чунин шароит ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва оромию суботи ҷомеаро аз вазифаҳои муҳиму муқаддаси сохторҳои низомӣ ва ҳар шаҳрванд шумориданд, вазифаи худ дониста, ин дастурҳоро мунтазам ба иҷро расонем.
Ид муборак, ротмардони Ватан.
Қодирзода Тоҳир Қамар
ходими пешбари илмии шуъбаи масоили
назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти
фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи
А. БаҳоваддиновиАкадемияи миллии илмҳои
Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
E-mail: t_ kodirzoda@mail.ru

