Skip to main content
Навид

БА РОҲ МОНДАНИ ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНДИ ИЛМӢ

Имрӯз 16 сентябри соли 2025, дар доираи густариши ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотии байналмилалӣ, вохӯрии расмӣ ва музокироти судманд байни намояндагони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва диншиносии Кумитаи илмии Вазорати илм ва маълумоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Навид

ИСТИҚЛОЛИЯТ-КАЛИДИ СОҲИБДАВЛАТӢ ВА ВАТАНПАРАСТИИ МИЛЛАТИ СОҲИБФАРҲАНГИ ТОҶИК. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин неъмати бебаҳо

ДУШАНБЕ, 17.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият беҳтарин неъмат барои ҳар давлату миллат ба шумор меравад, зеро дар он арзиши олии ватану ватандӯстӣ ва давлатсозию давлатдорӣ таҷассум меёбад. Он меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшида, дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар шахс ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин менамояд.

Мо дар арафаи ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорем. Дар робита ба он тавсифҳои истиқлолиятро аз суханҳои пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди хонандагон менамоем.

Навид

КОНФРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “МАСЪАЛАИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ ДАР ФАЛСАФАИ ИБНИ СИНО” ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ

Имрӯз дар таърихи 15.08.2025, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ибтикори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов ба хотири гиромидошти 1045 солагии яке аз донишмандони бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино конфренсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Масъалаи асолати миллӣ дар фалсафаи Ибни Сино” баргузор гардид.

Дар кори конфренсия сарравал президенти АМИТ, д.и.и, профессор, академики АМИТ Хушвахтзода Қ.Х сухани ифтитоҳӣ намуда, ҷойгоҳи Ибни Синоро дар рушди илми ҷаҳонӣ баланд арзёбӣ намуданд.

Навид

ДАСТОВАРД

Имсол зинаи магистратураи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ - ро 23 нафар хатм намуданд, ки аз онҳо 6 нафарашон сазовори дипломи АЪЛО гардиданд.

Омода намудани кадрҳои илмӣ ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти институт қарор дошта, минбаъд низ дар ин самт корҳо тақвият бахшида мешаванд.

Навид

#Ҳисобот. БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025

Имрӯз, 4 июл дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси умумии ҳисоботӣ оид ба муҳимтарин натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми 2025 мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.

Дар маҷлиси умумӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, аъзои раёсат, олимону академикон ва роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни академия иштирок доштанд.

Навид

АТТЕСТАТСИЯИ ДОКТОРАНТОН АЗ РӮИ ИХТИСОС PhD ДАР ИФСҲ АМИТ БАРГУЗОР ГАРДИД.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институтҳои он тайёр намудани кадрҳои илмиро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мадди аввал монда, ҷиҳати саривақт амалинамоии фаъолияти илмии онҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.

Санаи 26-уми июни соли 2025 атестатсияи Докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) - Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ баргузор гардид.

Subscribe to Навид
23121