ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Нигаҳдорию эҳтиром ва эътирофи он бузургтарин арзиши миллӣ ба шумор меравад
ДУШАНБЕ, 14.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба арзишмандӣ, мақом ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ иброз намудаанд, ки «мо вазифадорем ба хотири ҳифзи истиқлолияти давлатиамон ва таъмин намудани рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ сиёсати давлати худро бо назардошти манфиатҳои милл
