РИСОЛАТИ БАШАРДӮСТОНАИ ҶАШНВОРАҲОИ НАВРӮЗ, МЕҲРГОН ВА САДА
Мардумони эронитабор аз замонҳои қадим мардумони фарҳангофар, тамаддунсоз ва соҳибдавлат буда, дар ин радиф ҷашнҳои мавсимӣ ва ё тақвимӣ, ки бо вижагии хос таҷлил карда мешуданд, аз арзишҳои пурэъҷози онҳо ба ҳисоб мерафтанд. Эронитаборон зери мафҳуми ҷашн амли парастидан, ниёиш кардан, анҷоми расм оинҳои динӣ ва анъанаҳои миллӣ, баргузории базму сурро, ки ба инсон шодию тараб меоварад, мефаҳмиданд. Донишмандон ва муҳаққиқони ватанию хориҷӣ, асосан, ҷашнҳои аҷдодии эронитаборонро ҷашнҳои ҷаҳоргона маҳсуб дониста , пайдоиши онҳоро ба чаҳор подшоҳи фарҳанггустари давраи пешдодиён нисбат медоданд: ҷашни Садаро ба Ҳушанг, ҷашни Наврӯзро ба Ҷамшед, ҷашни Тиргонро ба Ораши камонгир ва ҷашни Меҳргонро ба Фаридун.
Мардуми эронитабор ин ҷашнҳоро бо роҳҳои гуногун истиқбол мегиранд. Онҳо нахустин рӯзи зимистонро пас аз шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи Дай (шаби 21-ум ба 22-уми моҳи декабр) ё худ, пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон), чун рамзи гузаштани сардиҳои Зимистон, одатан муждае аз наздик расидани баҳор ва таваллуди дубораи Хуршед ё Меҳр медонанд.
Чаро Хуршед ё Меҳр дубора тавлид мешавад?
Ориёиҳо онро бо асотири маънави мепайванданд. Яъне ду моҳи Зимистонро роиёиён, хеле душвор арзёби карда, замоне медонанд, ки Аҳриман фаъол шуда, нисбати онҳо зиштиҳои зиёд содир менамояд. Маҳз дар ҳамин фосила Меҳр барои набард бо Аҳриман дубора ба дунё меояд. Ва ба далели он ки оташ (зуҳури гармӣ, рӯшноӣ ва зиндагӣ) маҳз дар ҳамин рӯзи Сада василаи муҳимме барои мубориза бо Аҳриман аст, кашф шудааст. Аз ҳамин сабаб гиромидошти ҷашни Меҳргон ва Сада муҳим дониста мешавад. Сада - моҳиятан пирӯзии рушноиро ба торики ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омдани фасли баҳору муждаи Наврӯзро мерасонад. Дар ин радиф ҷашнҳои суннатӣ ба монанд, Наврӯз, Меҳргон, Сада мардумро ба покиву ростгӯӣ, некандешӣ, хайрхоҳӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, порсоӣ, фарҳангдӯстӣ, дӯстиву рафоқат даъват намуда, нурро дар муқобили зулмот мегузоштанд. Ин ҷашн ёддошт аз аҳаммияти нур, оташ ва энергия аст. Ҷашни Меҳргон ба монанди Сада ва Наврӯз, ҷашни куҳанбунёди эронитаборон буда, ҷанбаи мазҳабӣ надорад ва тамоми қиссаҳои марбут ба он ғайридинӣ буда, ҷашни қадимӣ ва мардумии на танҳо оириёиҳо ё эрониён, ки ба бисёре аз кишварҳои ғайриэронӣ таалуқ дорад. Дар байни кулли мардум, аз мусалмонон шурӯъ карда, то насрониён, яҳудиён ва ғайра маъмул аст. Ҳоло ҷашни Сада дар Русия оини оташпарастӣ дар ҷашни “Маслинитса”, ки дар Зимистон баргузор мегардад мушоҳида мешавад.
Тоҷикистон нахустин кишваре аст, ки расман ҷашнҳои Сада ва Меҳргонро таҷлил мекунад. Президенти кишвар бо баргузории ҳамасолаи ҷашни Сада ва Меҳргон, ки чанде пеш бо ташаббуси он кас дубора эҳё шуд, ба мардум паём мефиристанд, бо эҳёи ин маросими аҷдодӣ, барои зинда нигоҳ доштани шаъну шарафи он таманно менамоянд, мардумро ба ҳамдастӣ дар эмин доштани обу замин ва рӯзгори пурбаракат даъват менамоянд.
Тирамоҳи соли 2017 дар пайи ислоҳи Қонун дар бораи ҷашну маросимҳои Тоҷикистон, 30 январ рӯзи таҷлилди Сада ва 15 октябрро рӯзи ҷашни Меҳргон эълон карда шуд. Бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон декабри соли 2024, ҷашни Меҳргон ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар ЮНЕСКО сабт карда шуд. Дар тирамоҳи соли 2017 Меҳргон бори нахуст дар Тоҷикистон расман ва бошукӯҳ таҷлил шуд.
Дар таърихи дуру дарози мавҷудияти ин ҷашнҳо гоҳе яке, мисли Наврӯз дар мадди нахуст гузошта мешуд, дигарӣ (ба мисли Сада ва Меҳргон, ки дар давраи ислом, замон Шуравӣ дар Тоҷикистон) ҳукми фаромуши пайдо карда буд.
Аммо дар маҷмӯ, мардуми эронитабор ҳамеша бидуни ин монеаҳо ба ҳар тариқе ошкоро ё пӯшида ҳифз мекарданд, ҷашн мегирифтанд. Чаро ки дар асл ин ҷашнҳо аз падидаҳои тақвимию астрономӣ буданд ва марҳилаҳои муҳимми фаъолияти солонаи инсону табиат, замину деҳқонро дар худ ифода мекарданд. Сада ва Меҳргон – ҷашн ва фарҳанги кишоварзӣ ва падидаи нодир дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошанд. Аз он сабаб, ки ҷашнҳои номбурда якҷоя бо ҷашни Наврӯз моҳияти ҷомеасозӣ ва ҷомеамандӣ, тавҳидию муҳитзистии созандагӣ, диду идеалҳои покроӣ, некбинӣ, садоқат ба замину меҳнат ва инсонро ифода мекарданд. Сабаи бақоияту идомати ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргону Сада дар фалсафаи онҳо инъикос ёфтааст. Ин ҷашнҳо ба ҷуз ҳадафи баҳамоии мардуми заҳматкаш, ривоҷ додани усулҳои колркарди фарҳаги кишоварзӣ, зироат, чорводорӣ ва амсоли ин чизи дигаре надоранд. Дар асл, тавре ки таъкид кардем, моҳиятан ин ҷашнҳо бо ягон дину идеология пайванд нестанд. Дигар ин ки адёну идеологияҳои дигар дар тӯли таърихи дароз кӯшиш доштанд, то ба хотири бақоияти хеш бо ин ҷашнҳо бигараванд. Аммо ҳукми воқеияти таъихи ин шуд, ки ин дину идеологияҳо дар марзу бум ва замони хеш қарор ёфтанд, аммо ҷашнҳои мо ҳама марзҳоро бо покизагии худ, бо фалсафаи башардӯстонаи хеш убур карда, то ба замони худ расиданд. Дар охир бояд дар назар дошт, ки ҳамаи ин ҷашнҳо аз нигоҳи астраномиашон мантиқан бо якдигар пайваст мебошанд, яъне ҳаркадом идомаи якдигаранд, пайвандии ногусастани доранд, ба истилоҳи дигар ҳалқаи як занҷиранд. Аз ин лиҳоз, нашояд, ки онҳоро аз ҳамдигар ҷудо кард, балки яклухтии ин ҷашнҳо ифодакунандаи фаъолияти меҳнатии солонаи мардум ва кишвар маҳсуб меёбад.
Кахоров Г.Г. Сарходими илмии шуъбаи сотсиологияи
ИФС ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
