casino malaysia
casino malaysia
Навидҳо

wrapper

Навидҳо

Конфронс дар мавзуӣ рушди илмҳои фалсафӣ дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”(Бахшида ба 90-солагии академик М.Диноршоев)

Рӯзи 22 –уми ноябри соли 2024 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷониби Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи  А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Конфренсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии фалсафа” дар мавзӯи “Рушди илмҳои фалсафӣ дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”(Бахшида ба 90-солагии академик М.Диноршоев), бо роҳбарии директори Институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Н.Д. баргузор гардид. Дар кори Конференсия  олимони шинохтаи тоҷик, ноиби президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон д.и.ф., профессор Саломиён М., д.и.ф, профессор, академик Олимов К., д.и.ф, профессор Содиқӣ Н.Н., д.и.с, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммад А.Н., маърузачиён д.и.ф., узви вобастаи АМИТ Муҳаммадалӣ М., д.и.ф, Самиев Б.Ҷ., Доктор PhD Башир Азизӣ баромад намуданд.
Вобаста ба мавзуи конференсия д.и.ф, профессор Маҳмадизода Н.Д. изҳор намуд, ки чанд мулоҳизаи иҷмолие, ки дар атрофи фаъолиятномаи устод Мӯсо Диноршоев ироа доштем, муште аз хирвор аст. Зеро имрӯз вақти он расидааст, ки доир ба ин шахсияти фарҳангӣ таҳқиқоти мукаммалтареро анҷом диҳем. Азбаски осори сомондодаи ин зумра хирадмандон сирф илмист ва онон аз чакидаҳои пухта ва бикру ноб саршоранд, месазад, ки пиромунашон рисолаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба нақша бигирем. Академик Олимов К., баён намуданд, ки академик Диноршоев М. ҳамчун муҳаққиқи таърихи афкори фалсафӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва ахлоқии халқи тоҷик, кишварҳои ҳамсоя ва мамлакатҳои араб ва ҳамчунин масоили назарию методологии фалсафа – назарияи ҳастишиносӣ, маърифат, фалсафаи иҷтимоӣ, сиёсатшиносӣ ва мантиқ, муаллифи бештар аз 300 асари илмӣ аст. Истиқлолият ва соҳибистиқлолии Тоҷикистон имкони бештареро баҳри таҳкиқу таҳлили осори ниёгон фароҳам овард. Ин рӯйдоди муҳимми таърихӣ таъсири зиёде дар пешбурди ҳамаи паҳлӯҳои сохтори ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ва бахусус илму маърифати ҷомеа гузошт.
Дар муҳокимаи маърӯзаҳо д.и.с. Муҳаммад А.Н. гуфт, ки саҳми Академик Мӯсо Диноршоев дар бедории мафкураи миллӣ хеле баланд аст. Ҳанӯз дар авҷи шукуфоии идеологияи Шӯравӣ, ӯ назди худ ҳадафи олии ба низоми муайян даровардани таърихи фалсафаи тоҷик ва афкори фалсафии намояндагони онро гузошта буд. Дар амалӣ шудани ин ҳадафи наҷиб бисёр талош варзида, чандин китобҳо ва садҳо мақолаҳо ва беш аз сад номгӯи тарҷумаву таҳрирҳо ва тафсиру тавзеҳҳое ба аҳли илм пешкаш намудааст, ки дар пешрафти фалсафаи муосири тоҷик мақоми хосса доранд.
Академик Мӯсо Диноршоев дар соҳаҳои мухталифи таърихи фалсафаи тоҷик ва намояндагони маъруфи он корҳои бунёдие эҷод намудаанд, ки дар таҳқиқоти муҳаққиқони минбаъда чун сарчашмаи муътамади илмӣ истифода мешаванд. Яке аз шохаҳои пурсамари фаъолияти илмии устод, ки аз ҷониби донишмандон ва алоқамандони фалсафа баҳои баланд касб кардааст. Инчунин Самиев Б.Ҷ. фармуд, ки машғул шудан ба мутолиаи китобҳои бадеию илмӣ, таҳқиқ ва таҳлилу муқоиса кардани афкори ахлоқӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мутафаккирони гузаштаи тоҷик шуғли дӯстдоштаи устод маҳсуб меёфт. Бинобар ин, пайваста талош мекарданд, ки дастхату сарчашмаҳо, китобҳои тозанашрро пайдо карда, ҳам мутолиа кунанд ва ҳам барои дастрас намудан ба шогирдон ва муштариёни китоб нусхаи онҳоро дар рафи китобхонаи худ маҳфуз нигоҳ дорнад. Аз ин рӯ, устоди гиромӣ на фақат худ соҳиби мутолиа, балки соҳиби китоб ва китобхона низ буданд.
Ҳамчунин дар муҳокимаи маърузаҳо д.и.ф. Ахмедов С.А., Муҳаммадсалом Махшулов ва д.и.т. Раҷабов Аскаралӣ ширкат доштанд.
Ҳамаи маърузачиёну баромадкунандагон саҳми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва бузргдошти донишмандону мутафаккирони тоҷик қайд намуда, пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи эшонро таъкид карданд.
 
 
Иҷрокунанда: мудири шуъбаи Таърихи фалсафаи ИФСҲ АМИТ, н.и.ф. Шамсов М.С.
Муфассал ...
Хондан 69 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Баргузории семинарҳои омӯзишӣ дар мавзуи «Асосҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ» дар вилояти Хатлон

       12-13 ва 15-16 ноябри соли 2024 аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтари вилояти Хатлон семинарҳои омӯзишӣ дар мавзуи «Асосҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ» ташкил карда шуд.
       Дар ин чорабинӣ аз ҷониби Раҷабов Саидумар Одинаевич, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  лексияҳо ва машѓулиятҳои амалӣ дар мавзуъҳои «Асосҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ: мафҳум, сарчашмаҳо, принсипҳо ва намудҳои  низоъҳои мусаллаҳона», «Ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ ва ҳуқуқи байналмилалии ҳуқуқи инсон», «Иштирокчиёни амалиёҳои ҳарбӣ»,  «Усулҳо ва воситаҳои гузаронидани амалиётҳои ҳарбӣ», «Ҳимояи махсуси занон ва кӯдакон мутобиқи Муоҳидаҳои Женева», «Татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ  дар кишварҳои ИДМ ва Тоҷикистон», «Оқибатҳои ҷиддии вайронкунии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ» ироа гардиданд.
Шунавандагони семинарҳои омӯзишӣ – 40 нафар омӯзгорони фанни таърих ва ҳуқуқи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мушовирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Хатлон,  омӯзгорони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар ш.Кӯлоб ва ш.Бохтар буданд.
         Шунавандагони ин семинарҳои омӯзишӣ дар вилояти Хатлон ба лексия ва машѓулиятҳои амалӣ фаъолона иштирок намуда, дониши худро оид ба ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ тавсеа ва сайқал доданд.
         Барои мустаҳкам намудани донишҳои шунавандагон ба онҳо филмҳои омӯзишӣ ва мустанади «Дар маркази воқеаҳо», «Амалиётҳо мутобиқи қоидаҳо», Аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар» намоиш дода шуданд.
         Дар фарҷоми чорабиниҳо ҳамаи иштирокчиён аз ин семинарҳои омӯзишӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, хоҳиш намуданд, ки теъдоди чунин чорабиниҳо зиёдтар гашта, давомнокии он 3-4 рӯзро ташкил намояд ва беҳтар мебуд, ки иштирокчиён аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ бошанд.
 
 
Саидумар Раҷабов – мудири шуъбаи ҳуқуқи
байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 

 

 

Муфассал ...
Хондан 83 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР ҚАСРИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

Бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ дар Муассисаи давлатии "Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги ноҳияи Данғара бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32 - умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Бо пешвои миллат ифтихор дорем” бо иштироки кормандон, докторантон ва магистрантон Институт бо шиорҳои “Президенти мо – ифтихори мо!”, “Пешвои миллат - Раҳбари маорифпарвар”, “Пешвои миллат - сулҳофару ваҳдатовар” ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ баргузор гардид.
Ҳамоишро Директори Муассисаи давлатии "Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги ноҳияи Данғара ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро ба муносибати ин санаҳои муҳимми таърихиву тақдирсоз самимона табрику таҳният гуфт.
Зимни суханронии Директори Муассисаи давлатии "Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги ноҳияи Данғара тазаккур дода шуд, ки барои мардуми сарбаланди тоҷик бахти бузургест, ки дар даврони рӯзгори нобасомон ва шикастаруҳӣ тақдир башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷониби фарзанди фарзонаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот муяссар гардонид.
Дар он рӯзҳои басо мушкил барои мардуми тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти роҳбариро ба дӯш гирифта, дар дили мардум умед ва бовариро ба сулҳу ваҳдат ҷо намуданд.
Интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин Иҷлосияи тақдирсоз барои мардуми шарифамон фоли нек ҳисобида шуд ва халқи тоҷик дар симои ин абармард наҷотбахши воқеии миллатро дарёфт. Ин марди хирад ҳамчун Роҳбари фозил давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро муттаҳид намуда, ба қалби онҳо шуълаи умедро бедор ва бо қадамҳои устувор ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуданд.
Гуфта шуд, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, мардумсолор ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд. Аз ин лиҳоз, ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷгузорӣ ба хизматҳои бемислу мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар рафти ҳамоиш инчунин муовини Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ Маҳманазари Ҳотам ва чанд нафар намояндагони Институт баромад намуда, иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқи мамлакат ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардид.
Таъкид гашт, ки бунёди ҷомеаи пешрафта ва давлати аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ устувор мароми ҳар як кишвар буда, он дар сурати ҳукмфармо будани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, амнияти ҷомеа, тарҳрезӣ ва амалӣ намудани корҳои бузурги созандагиву ободкорӣ имконпазир аст.
Дар кишвари мо бошад, зимни амалӣ намудани ин мақсадҳои наҷиб ва корҳои муҳиму шоиста нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори давлати навини тоҷикон ва ҳидоятгари ҷавонони дорои неруи азими зеҳниву ҷисмонӣ, баҳри иштирок дар раванди фаъолияти пурмаҳсули давлатсозӣ бениҳоят арзишманд мебошад.
Иштирокдорони ҳамоиш иброз доштанд, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ баҳри амалӣ намудани сиёсати дурандешона, инсонпарварона ва муваффақонаи Сарвари давлат, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии ҳар як сокини кишвар мебошад, баҳри пешрафту ободии Ватани маҳбуб заҳмати пурсамар хоҳанд гузошт.
Дар фарҷом бо мақсади баланд бардоштани донишҳои сиёсии докторантон ва магистрантони Иниститут тарбияи онҳо дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва шинос намудан бо фаъолияти фарзонафарзанди миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Пешвои миллат дидан намуданд.
Аз дидан намудани ин осорхона олимони ҷавон бо худ як ҷаҳон таассурот бардошта, маълумотҳои зарурӣ бо худ гирифтанд.
Муфассал ...
Хондан 73 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида ба «Рӯзи байналмилалии фалсафа» дар мавзӯи: «Рушди илмҳои фалсафӣ дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Бахшида ба 90-солагии академик М.Диноршоев), ки 22 ноябри соли 2024 соати 10.00

 Муҳтарам(а)____________________________
 
Шуморо ба Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида ба «Рӯзи байналмилалии фалсафа» дар мавзӯи: «Рушди илмҳои фалсафӣ дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Бахшида ба 90-солагии академик М.Диноршоев), ки 22 ноябри соли 2024 соати 10.00 баргузор мегардад, эҳтиромона даъват менамоем.
 
Макони баргузорӣ: Толори асосии Раёсати АМИТ (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33)
Замон: 22 ноябри 2024, соати 10 00
Бақайдгирии иштирокчиён аз 9 30
 
Тартиби кор:
Барои маърӯза: то 20 дақиқа
Музокира: 10 дақиқа
Тел.: 221-07-28, (+992) 907 92 01 02
E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
 
 
 
 
Б А Р Н О М А
 
  1. Сухани ифтитоҳии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ – Хушвақтзода Қ.Х. - 00 -10.10
  2. Сухани табрикотии директори ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, д.и.ф, проф. – Маҳмадизода Н.Д. - 10 - 10.20
  3. Сухани табрикотии академики АМИТ – Олимов К. – 20 - 10.30
  4. Сухани табрикотии Раиси кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони, Маҷлиси олии ҶТ, д.и.ф. - Содиқӣ Н.Н.10-30 - 10-40
  5. Сухани табрикотии д.и.ф. - Диноршоева З.М.10-40 -10-50
 
Маърӯзаҳо:
  1. Муҳаммадалӣ М. - д.и.ф. – «Хусусиятҳои фалсафии дониши илмӣ» - 10.50 – 11.10
  2. Самиев Б.Ҷ. - д.и.ф., – «Мӯсо Диноршоев – инсони наҷиб ва донишманди соҳибзавқу навовар» - 11.10.–11.30
  3. Башир Азизӣ. – доктор PhD –«Таносуби идеяи космополитизм ва глобализм дар ҷаҳони муосир» – 11.30 – 11.50
 
Музокирот, ҷамъбасти конференсия
 
 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Муфассал ...
Хондан 78 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia