Навидҳо
Дастурамали таҳия ва иҷрои кори илмӣ барои магистрон ва докторони PhD
Кӯмак ба олимони ҷавон ҷиҳати таҳияи мақолаҳо ва рисолаҳои илмӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти олимони ИФСҲ- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки ҳамарӯза баҳри тақвият бахшидани корҳо дар ин самт як қатор чорабиниҳо амалӣ карда мешаванд.
Имрӯз, санаи 11-уми июни соли ҷорӣ ба магистрони ихтисоси 240102 - ҳуқуқшиносии ИФСҲ - и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷониби муҳаққиқи хориҷӣ, доктори илмҳои фалсафа Азизи Мухаммед Башир доир ба таҳия ва иҷрои мақолаҳо ва кори илмӣ семинари омӯзишӣ ташкил карда шуд. Семинарро номзади илмҳои педагогӣ С.Абдумуминзода оғоз намуда, иброз дошт, ки омӯзиши роҳу равиши таҳияи мақолаҳо ва рисолаҳои илмӣ барои магистрон мубрам буда, ташкили чунин семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки олимони варзида ба мақсад мувофиқ аст.
Доктори илмҳои фалсафа Азизи Мухаммед Башир дар семинари омӯзишӣ доир ба нозукиҳои таҳияи мақолаҳо ва рисолаҳои илмӣ ибрози андеша намуда, бо мисолҳо аз интихоби мавзӯи кори илмӣ то таҳияи он, сохтори таҳияи рисолаҳои илмиро шарҳу тавзеҳ дод.
Муфассал ...
Нашри китоби армуғонии “Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ”
Рӯзҳои 7-8 июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ бахшида ба бузургдошти шоир ва мутафаккири машҳури тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (1207-1273) доир мегардад. Ба ин муносибат дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ китоби армуғонӣ бо номи “Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ” бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ нашр гардида, ба иштирокчиёни Конфронси мазкур тақдим мегардад.
Дар китоб маълумоти мухтасар оид ба ҳаёт ва осори Мавлоно, зодгоҳ ва мансубияти этникии ӯ дода шуда, намунаи ашъори дилангези шоир бо забонҳои тоҷикию англисӣ оварда шудааст.
Муфассал ...
Ватандӯстӣ, маърифати ҳуқуқӣ, ҳувияти миллӣ ва муқовимат ба муқобилӣ экстремизм дар шароити ҷомеаи муосири Тоҷикистон
Дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ монография бо номи "Ватандӯстӣ, маърифати ҳуқуқӣ, ҳувияти миллӣ ва муқовимат ба муқобилӣ экстремизм дар шароити ҷомеаи муосири Тоҷикистон
(маводи таҳлилӣ оид ба натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ) аз чоп баромад. Дар маводи таҳлилӣ натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ дар масъалаҳои ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва муқовимат ба муқобилӣ экстремизм дар шароити ҷомеаи муосири Тоҷикистон, ки охири соли 2023 ва аввали соли 2024 бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо мутахассисони кафедраи сотсиологияи факлтети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузаронида шуда буд, инъикос гардидаанд.
Маводи таҳлилии натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ барои истифода ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, магистрон, докторантони Ph.D, муҳаққиқони ҷавон, мутахассисони касбӣ ва доираи васеи хонандагон пешниҳод карда мешавад.
Муфассал ...
Семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Масъалаи ташаккул ва рушди ҷаҳонбинии илмӣ ва дунявӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик”
Санаи 28 май соли равон дар Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Масъалаи ташаккул ва рушди ҷаҳонбинии илмӣ ва дунявӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик”-ро баргузор гардид. Дар кори семинар доктори илмҳои фалсафа, профессор , мудири кафедраи фалсафаи АМИТ Мирзоев Ғ. маърӯза намуданд.
Қайд карда шуд, ки ташаккули ҷаҳонбинии пешрафта ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми фазои маънавии ҷамъият имрӯз аз талаботҳои ҷиддии давр ба шумор меравад. Барои кишварҳои тозаистиқлол, махсусан ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон низ, ки дар ҷодаи мустаҳкам намудани пояҳои давлати миллӣ кӯшишҳои пайваста ба харҷ медиҳанд, дар баробари ҳаллу фасли масоили гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, демографӣ ва ғайра инчунин, ташаккулу рушд додани ҷаҳонбинии илмии муосир ва тафаккури мантиқиву эҷодӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб мешавад. Зеро ҳар гуна ҷомеа танҳо ба он андозае метавонад рушду пешравӣ дошта бошад, ки сатҳ ва зарфияти андешаву тасаввуроти аъзоёни он қарор доранд. Бо таъкиди яке аз назарияпардозони либерализми аврупоӣ – файласуф Ҷон Локк (1632–1702) “мо ҳамон тавре зиндагӣ мекунем, ки андеша мекунем”. Инкишоф ва пешрафти ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ ва дунявии дорои ҷаҳонбинии илмӣ дар шароити ҷомеаи суннатии шарқӣ бошад, ки дар он дидгоҳҳо ва муқаррароти динӣ мавқеи устувор доранд, маъмулан бо шеваи ҳамвору мулоим ва бемушкилоту осонӣ амалӣ намешавад. Низоми анъанавии дар тӯли садсолаҳо ташаккулёфтаи муносибатҳои иҷтимоӣ, ки меъёрҳои арзишию маърифатии гузашта ҳанӯз ҳам нақши муайян доранд, бо арзишҳо ва меъёрҳои ҷамъиятиву ҳуқуқӣ ва фарҳангии замони муосир тадриҷан ва марҳила ба марҳила метавонанд таҳаввулу бо ҳам мутобиқ шаванд.
Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дин, ки тайи се соли охир ба таҳқиқиқи мавзуи “Давлати дунявӣ ва муносибати он ба масъалаи озодии виҷдон ва фарҳанги маънавии ҷомеа” машғул мебошад, дар зерсамти муносибати давлати дунявӣ бо дин ва муҳити маънавии ҷомеа, инчунин ба таҳлили вижагиҳои ташаккулёбӣ ва рушди ҷаҳонбинии илмиву дунявӣ дар муқобили тафаккури диниву эътиқодӣ, омилҳои монеасози ҷаҳонбинии илмӣ, моҳият ва хусусияти бархурди таълимоти диниву мазҳабӣ бо тафаккури илмӣ, афзоиши хурофот, моҳияти давлати дунявӣ, муносибати он бо фарҳанги динӣ, ҷойгоҳи дин дар фарҳанги миллӣ ва ғайраҳо сару кор дорад.
Дар мавриди хусусият ва моҳияти ҷаҳонбинии илмӣ дар фазои маънавии ҷомеа зикр намудан лозим аст, ки имрӯз дар баробари ин истилоҳ мафҳумҳои дигар, аз қабили “ҷаҳонбинии илимиву дунявӣ”, “андешаи дунявӣ” ва ғайраҳо низ истифода мешаванд. Инчунин, наздик ба ин маъно мафҳумҳое аз зумраи “тафаккури илмиву дунявӣ”, “тафаккури ақлонӣ”, “тафаккури мантиқӣ”, “тафаккури техникӣ” ва ғайраҳо низ мавриди истифода қарор доранд. Гарчанде мафҳуми “тафаккур” аз мафҳуми “ҷаҳонбинӣ” дар лексикони илмӣ фарқ дорад ва мо поинтар дар ин масъала таваққуф хоҳем кард, боз ин истилоҳот дар адабиёти илмӣ ва бадеӣ васеъ гардиш доранд.