Навидҳо
Ҳимояи ҳуқуқи кӯдак дар қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмиллалӣ
31 майи соли равон дар толори калони Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Ҳимояи ҳуқуқи кӯдак дар қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалӣ» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид.
Дар конфренсия бо сухани ифтитоҳи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Қ.Х. Хушвахтзода баромад намуданд. Дар рафти конфренсия директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Н.Д. Маҳмадизода., Маҳмудзода М.А., доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, академики АМИТ: дар мавзуи «Санадҳои байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак»., Раҷабов С.Р., доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор: дар мавзуи «Ҳимояи ҳуқуқи кӯдак аз дидгоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ»., Бобоҷонзода И., доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор: дар мавзуи «Мавқеи ҳимояи ҳуқуқи кӯдак дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»., Холинова М.М., номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент: дар мавзуи «Ҳимояи ҳуқуқи кӯдак дар оила»., Саидзода М.Ш., номзади илмҳои ҳуқуқ: дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами васояту парастории кӯдакон: таърих ва имрӯз» маърӯза намуданд.
ЭЪЛОН
Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ 28-уми майи соли 2024 соати 10:00 семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Масъалаи ташаккул ва рушди ҷаҳонбинии илмӣ ва дунявӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик”-ро баргузор менамояд.
Муфассал ...
Конференсияи байналмиллалӣ дар мавзуи "Нақши Институти оила дар рушди сармояи инсонӣ"
17 майи соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташабуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовадинови АМИТ Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Институти оила дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва нақши он дар рушди сармояи инсонӣ” бо иштироки олимону кормандон ва магистрантону докторантони PhD баргузор гардид.
Ба кори конфронс директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовадинови АМИТ Маҳмадизода Нозим ҳусни оғоз бахшида, зикр дошт, ки оила натанҳо асоси давлат, инчунин дар рушди шахсият, ҳифзи анъана ва фарҳанги миллӣ, ки аслан асос ва бунёди осоиши ҳамаи таносуби ботинии институтҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад. Анъанаҳои миллӣ асоси натанҳо пойдорӣ ва инкишофи иҷтимоиёти давлат балки шарти рушди иқтисодиёти он низ мебошад.
Дар идомаи конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобаста АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани муқадимавии хеш ба иштирокдорони конфронсро барор хоста, зикр доштанд, ки ташаккули сармояи инсонӣ ҳамчун маҷмуи донишҳо, малакаву маҳорати шахс, барои қонеъгардонии талаботи мухталифи фарди алоҳида ё ҷомеа дар умум истифода мегарданд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз ҳама дар оила ташаккул меёбанд.
Таъкид шуд, ки оила барои миллати мо муҳимтарин ниҳод ва фурӯғи иҷтимоиест, ки мавҷудияти насли инсонӣ таълиму, тарбияи насли наврас, ҳифзи фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, таҳкими тамоми дастовардҳои моддиву маънавии ҷомеаро аз як насл ба насли дигар таъмин менамояд. Махсусан оилаҳои Тоҷикистон дар ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешгирии хатарҳо ба ҷомеа, ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллӣ нақши бузург доранд.
Муфассал ...
Эълони ишғоли вазифаҳои холӣ
ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСИ ВА ҲУҚУҚИ БА НОМИ А.БАҲОВАДДИНОВИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии мудирон ва кормандони илмии шуъбаҳои зерини Институт озмун эълон менамояд:
- Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дин:
- мудири шуъба - 1 ҷой; ходими илмӣ – 1 ҷой;
- Шуъбаи фалсафаи фарҳанг:
- мудири шуъба - 1 ҷой;
- Шуъбаи онтология, гнесеология ва мантиқ:
- мудири шуъба - 1 ҷой;
- Шуъбаи ҳуқуқи давлатӣ:
-мудири шуъба - 1 ҷой; ходими пешбари илмӣ – 1 ҷой;
- Шуъбаи ҳуқуқи байналмиллалӣ:
- ходими калони илмӣ – 1 ҷой; ходими илмӣ – 1 ҷой;
- Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқ:
- Ходими хурди илмӣ – 1 ҷой.
Талабот барои ишғоли вазифаи мудирон ва кормандони илмӣ:
-барои ишғоли вазифаи мудири шуъба, сарходими илмӣ, ходими пешбари илмӣ, ходими калони илмӣ доштани дараҷаи илмии доктори илм, доктори ҳабилитат ё номзади илм, доктори фалсафа аз рўи ихтисос (PhD) дар самти илмии шуъбаи дахлдор;
-барои ишғоли вазифаи ходими илмӣ ва ходими хурди илмӣ доштани маълумоти олии касбӣ ё магистрӣ дар самти илмии шуъбаи дахлдор;
-на кам аз 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-доштани корҳои нашршудаи илмӣ вобаста ба самти фаъолияти шуъба.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:
-аризаи шахсӣ ба унвонии директори Институт;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
-шарҳи ҳол;
-4 адад акси андозаи 3х4;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи диплом дар бораи таҳсилотӣ олии касбӣ;
-нусхаи дипломи дараҷаи илмӣ, аттестати унвони илмӣ;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ шакли 038 УЕ;
-маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
-нусхаи гувоҳномаи РИС (СИН)
Довталабон метавонанд ба нишонии зерин муроҷиат намоянд:
ш.Душанбе, хиёбони Рўдакӣ, 33, ИФСҲ АМИТ, ҳуҷраи 2.
Телефонҳо: (+992) 221-56-89, (+992) 221-77-96.
E-mail: info@ifppanrt.tj
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: 21 рўз баъди чопи эълон
Муфассал ...