casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми зан дар ҷомеа 

   Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ роҳ ба самти рушди давлати демократии ҳуқуқбунёд пеша намуд, ки асосҳои он ба таври возеҳ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос гардидаанд. Дар ин самт мубрамияти хос ва ҷиддиро падидаи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳамчун яке аз усулҳои муайянсозандаи давлати ҳуқуқбунёд ишғол намуд. Дар ин самт аҳамияти хосатан муҳими амалиро масоили ҳуқуқ ва озодиҳои занон, ҳамчунин ҳифзи онҳо бо назардошти махсусияти равонӣ, физиологӣ ва маънавии занон ишғол намуд.
  Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намудаанд, ки Соли 2024 дар Тоҷикистон  «Соли маърифати ҳуқуқи» эълон  карда шавад, ҳадафи тасмими  ин масъала маърифати ҳуқуқи  эълон гардидан дар он мебошад, ки «барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои миллӣ, бунёди давлати демократӣ, баланд бардоштани мақоми қонун» ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад.    Муфассал ...
Хондан 282 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Новые реалии мировой политики в борьбе с терроризмом

   Начало XXI века знаменуется борьбой стран Запада, во главе с США, с международным терроризмом. Масштабный террористический акт в центре мировой торговли Нью-Йорка 11-сентября 2001 года, фактически послужил серьёзным поводом для активной борьбы с международным терроризмом. После этого трагического события XXI век стали называть чуть ли не веком терроризма и борьбы с этим явлением. Однако, есть и другие его названия. Интересно, что они тоже в какой-то мере имеют в виду терроризм и борьбу с ним. Так Сэмюэль Хантингтон назвал XXI век веком «столкновения цивилизаций». Тогда как его иранский оппонент Мухаммад Хатами, назвал XXI век веком «диалога цивилизаций». Однако теория столкновения цивилизаций не подтвердила себя на практике. Осуществление диалога цивилизаций тоже остается под вопросом. Хотя обе теории могут стать предметом анализа другой статьи. Фактом остается то, что терроризм и другие формы деструктивного поведения, представляющие общечеловеческие вызовы, стали далеко не последними обсуждаемыми проблемами в перечне вопросов повестки дня почти любых региональных и международных политических саммитов, а также двухсторонних встреч лидеров стран мира и многочисленных научных конференций и симпозиумов. Проблемы же столкновение цивилизаций и диалога цивилизаций не вызвали такого резонанса у широкой общественности и в узких экспертных кругах. Муфассал ...
Хондан 157 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Ҷавонони ватандӯсти Тоҷикистони муосир — самараи фаъолияти Мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

 Авзои мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз аз ҳар мамлакати муосир талаб менамояд, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва таҳкими минбаъдаи Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои нав ба нав амалӣ намояд. Дар ин қарина ҳар ҷумҳурии соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, ба захираи стратегии миллӣ, яъне насли  ҷавони  худ такя менамояд. Таҷриба ва таърихи мамолики пешқадами олам собит менамояд, ки дар сатҳи давлатӣ зоҳир намудани ғамхорӣ нисбат ба тарбияи ҷавонони масъулиятшинос ва ватандӯст сабаби  таъмин гардидани ояндаи дурахшони ҳамватанон ва пойдор мондани Истиқлоли сиёсии дилхоҳ мамлакати дунё гардидааст. Бо назардошти ин воқеият Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2023 барҳақ иброз намуданд, ки  «ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалияти асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд». Муфассал ...
Хондан 173 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Маърифати ҳуқуқӣ дар ташаккули давлати ҳуқуқбунёд

  Таърихи начандон зиёди даврони соҳибистиқлолӣ собит менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва гузариш аз як сохт  ба сохти дигари идоракунӣ масъалаи ташаккул ва баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро бо дарназардошти сохти нави идоракунии давлатӣ ҳадафи асосӣ ва вазифаи  аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии худ қарор додааст.
Мақсад аз ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқии кишвар қарор гирифтани масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон низ дар робита бо расидан ба ҳадафу мақсадҳо ва вазифаҳои давлати ҳуқуқбунёд, аз ҷумла баҳри дар амал татбиқ намудани ҳама арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд аз қабили волоияти ҳуқуқ ва қонун ба ҳисоб мерафт. Зеро мутобиқ ба муқаррароти « Эъломияи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» 24 августи соли  1990, ки аз тарафи сессияи дуюми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум қабул гардида буд, Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти худро дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун давлати мустақили демократию ҳуқуқбунёд эълон намуда буд. Муфассал ...
Хондан 222 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia