casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Саҳми Пешвои миллат дар таҳкими соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон)

 
  Дастгирии соҳаи маориф ва илм, қабл аз ҳама, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди илму маориф вобастагии мустақим дорад. Ин нукта чун ҳарвақта дар Паёми имсола низ аз ҷониби Роҳбари давлат таъкид гардид: “Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад” [3]. Бо назардошти ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми давраи давлатдории хеш пайваста ҳамаи имконияту василаҳоро ба хотири таҳким бахшидани пояҳои илму маориф равона карда, ба мактабу омӯзгор эҳтирому арҷ гузошта, рушди маорифро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумат дониста, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо соҳаи мазкурро дастгирӣ менамояд. Муфассал ...
Хондан 183 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми зан дар ҷомеа 

   Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ роҳ ба самти рушди давлати демократии ҳуқуқбунёд пеша намуд, ки асосҳои он ба таври возеҳ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос гардидаанд. Дар ин самт мубрамияти хос ва ҷиддиро падидаи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳамчун яке аз усулҳои муайянсозандаи давлати ҳуқуқбунёд ишғол намуд. Дар ин самт аҳамияти хосатан муҳими амалиро масоили ҳуқуқ ва озодиҳои занон, ҳамчунин ҳифзи онҳо бо назардошти махсусияти равонӣ, физиологӣ ва маънавии занон ишғол намуд.
  Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намудаанд, ки Соли 2024 дар Тоҷикистон  «Соли маърифати ҳуқуқи» эълон  карда шавад, ҳадафи тасмими  ин масъала маърифати ҳуқуқи  эълон гардидан дар он мебошад, ки «барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои миллӣ, бунёди давлати демократӣ, баланд бардоштани мақоми қонун» ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад.    Муфассал ...
Хондан 229 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Новые реалии мировой политики в борьбе с терроризмом

   Начало XXI века знаменуется борьбой стран Запада, во главе с США, с международным терроризмом. Масштабный террористический акт в центре мировой торговли Нью-Йорка 11-сентября 2001 года, фактически послужил серьёзным поводом для активной борьбы с международным терроризмом. После этого трагического события XXI век стали называть чуть ли не веком терроризма и борьбы с этим явлением. Однако, есть и другие его названия. Интересно, что они тоже в какой-то мере имеют в виду терроризм и борьбу с ним. Так Сэмюэль Хантингтон назвал XXI век веком «столкновения цивилизаций». Тогда как его иранский оппонент Мухаммад Хатами, назвал XXI век веком «диалога цивилизаций». Однако теория столкновения цивилизаций не подтвердила себя на практике. Осуществление диалога цивилизаций тоже остается под вопросом. Хотя обе теории могут стать предметом анализа другой статьи. Фактом остается то, что терроризм и другие формы деструктивного поведения, представляющие общечеловеческие вызовы, стали далеко не последними обсуждаемыми проблемами в перечне вопросов повестки дня почти любых региональных и международных политических саммитов, а также двухсторонних встреч лидеров стран мира и многочисленных научных конференций и симпозиумов. Проблемы же столкновение цивилизаций и диалога цивилизаций не вызвали такого резонанса у широкой общественности и в узких экспертных кругах. Муфассал ...
Хондан 147 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Ҷавонони ватандӯсти Тоҷикистони муосир — самараи фаъолияти Мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

 Авзои мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз аз ҳар мамлакати муосир талаб менамояд, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва таҳкими минбаъдаи Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои нав ба нав амалӣ намояд. Дар ин қарина ҳар ҷумҳурии соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, ба захираи стратегии миллӣ, яъне насли  ҷавони  худ такя менамояд. Таҷриба ва таърихи мамолики пешқадами олам собит менамояд, ки дар сатҳи давлатӣ зоҳир намудани ғамхорӣ нисбат ба тарбияи ҷавонони масъулиятшинос ва ватандӯст сабаби  таъмин гардидани ояндаи дурахшони ҳамватанон ва пойдор мондани Истиқлоли сиёсии дилхоҳ мамлакати дунё гардидааст. Бо назардошти ин воқеият Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2023 барҳақ иброз намуданд, ки  «ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалияти асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд». Муфассал ...
Хондан 157 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia