casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Мафҳуми «инсон» дар афкори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ

  Дар назарияи ҳуқуқ саволҳо дар бораи таърифи инсон борҳо ба миён гузошта шуданд, зеро зарурати ин дар натиҷаи танзими ҳуқуқӣ ва татбиқи қонунгузорӣ дар бораи оғози ҳаёт, ҳангоми муайян кардани марги шахс, вазъи ҳуқуқии ҷанин, дар бораи донории узвҳо ва бофтаҳо, табобати беморони рӯҳӣ ва шахсони дар ҳолати кома қарордошта, ба миён меоянд. Муфассал ...
Хондан 190 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Ҷавонони ватандӯсти тоҷик – ояндаи дурахшони миллат

  Ҳамасола дар қаламрави ҷумҳурӣ 23 май Рӯзи ҷавонон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Ин сана аз соли 1997 инҷониб ба ҳукми анъана даромада, дар ин замина ибтикороти зарурӣ рӯйи даст гирифта мешавад. Таҷлили ин санаи муҳими таърихӣ, пеш аз ҳама, ба хотири таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии ин қишри ояндадори мамлакат сурат мегирад. Муфассал ...
Хондан 231 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Тоҷикони Афғонистон ва таъсиси ҳукумати фарогир

  Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, Толибон моҳи августи соли 2021 бо истифода аз хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ таҳти роҳбарии ИМА қудратро дар Афғонистон ба даст оварданд. Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури пешин, бо пуштибонии эътилоф бо чархбол аз кишвар фирор кард. Дере нагузашта 7 сентябри с.2021 Толибон ҳайати нави ҳукумати Афғонистонро эълон карданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хайати хукумат амалан якмиллат буда, нисфи руйхат (17 нафар) таҳти таҳрими Шӯрои Амнияти СММ мебошад. Аз 33 нафар аъзои ҳукумат, 30 нафари онҳо паштунҳо, як ӯзбек (муовини дуюми сарвазир - Маулави Абдул Салам Ҳанафӣ аз вилояти Форёб) ва ду тоҷик (Сардори ситоди генералӣ — Қори Фасиҳуддин ва Вазири иқтисодиёт — Қори Дин Муҳаммад Ҳаниф, ҳарду зодаи Бадахшон) мебошанд. Дар ҳукумати Толибон ягон зан шомил нест [10]. Пас аз эъломи ҳукумат, Забиуллоҳ Муҷоҳид, муовини вазири фарҳанг ва иттилоот ба хабарнигорон тавзеҳ дод, ки ин ҳайат муваққатист ва дар оянда тамоми бахшҳои ҷомеаи Афғонистон, аз ҷумла ақаллиятҳои этникӣ дар ҳукумат намояндагӣ хоҳанд кард. Муфассал ...
Хондан 207 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Лаҳзаи пайдоиши ҳаёти инсон ва ҳифзи он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисмҳои 1, 2 ва 3) мутобиқан 28 ва 23 сол гузаштааст, аммо ислоҳоти ҳуқуқи ҳоло ҳам дар Тоҷикистон дар ин самт идома дорад. Чунки дар ин ҷо сухан на танҳо дар бораи қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ меравад, балки ин падида аз бисёр дигар омилҳо вобастагии ногусастани дорад. Қабули қонун ва амали он агар фаъолияти доимии давлатӣ бошад, аммо дарозумрии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз дигар омилҳо, ба монанди устувории муносибатҳои ҷамъиятӣ, самаранокии татбиқи онҳо, вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ва дигар омилҳои давраи ҷаҳонишавӣ алоқамандии бевосита дорад.
 Ҳамаи ин омилҳоро таҳлил намуда, профессор Раҳимзода М.З. қайд менамояд, ки: “Қонунгузории маданӣ дар баробари соҳаҳои дигари қонунгузорӣ сифатан якхела набуд. Аз ҷиҳати систематизатсия номукамал буда, аз ҷиҳати таҳия техникаи ҳуқуқӣ ва таъминоти молиявию иқтисодиашон дар сатҳи гуногун қарор доштанд. Мухолифат ва холигӣ дар байни меъёрҳои қонунгузории маданӣ боқи монда, аз ҷиҳати забон коста, ва ҳатто матни забони тоҷикӣ ба забони русӣ мувофиқат наменамуд. Сифатан қонунгузории маданӣ ба талоботи рушди муносибатҳои нави бамиёномада ҷавоб намедод.”[1] Муфассал ...
Хондан 163 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2023 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia