casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

    Ёде аз устоди файласуфони муосири тоҷик

                  Устоди шодраврон академик Мусо Диноршоев олими барҷаста, академик, муҳаққиқи тавонои фалсафа ва таърихи он, устоди аксари муҳаққиқони фалсафа ва таърихи фалсафаи тоҷик як шахсияти барои худ хос ва нотакроре буданд. Дар бораи шахсиятҳои бузург навиштан аз як тараф қудрату тавоноӣ ва шуҷоат даркор ва аз тарафи дигар ҳамон ахлоқи фарҳангӣ, ки баҳо додан ба устодони хеш андешаи амиқеро аз рӯи ахлоқу одоби ҳасана меҳоҳад.  Вале ёди солҳои ҷавонӣ, солҳои аввали ба кор омаданам кардаму гуфтам, агар чанд ҷумлае дар бораи ин устоди илму ҳикмати тоҷик шодравон Мусо Диноршоев нанависам, аз рӯи адолат нест. Муфассал ...
Хондан 82 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(2 Овозҳо)

Парчами миллии Тоҷикистон: таърих ва моҳияти он ҳамчун рамзи давлатӣ

 

Коваи оҳангар ва парчам: нақши Коваи оҳангар дар таърих ва фарҳанги тоҷикон. Коваи оҳангар яке аз персонажҳои муҳим ва рамзии таърихи тоҷикон мебошад, ки дар асотири миллии тоҷикон мавқеи вижа дорад. Ӯ рамзи мубориза бар зидди зулму истибдод ва шуриш барои адолат ва озодӣ мебошад. Коваи оҳангар ҳамчун қаҳрамони мардумӣ ва озодихоҳ бо шӯриши худ бар зидди зулми шоҳ Заҳҳок дар "Шоҳнома"-и Абулқосими Фирдавсӣ тасвир шудааст. Муфассал ...
Хондан 204 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Нақши  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилу ташаккули парлумони касбӣ ва густариши дипломатияи парлумонӣ

16 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони мардумӣ дар шароити барои ҷумҳуриамон ниҳоят мураккаб, тақдири минбаъдаи миллатро ба сиёсатмадорӣ ҷавон ва огоҳ аз вазъи ҷамъиятиву сиёсии ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бовар намуданд. Маҳз дар ҳамин ҷаласа шакли идораи президентӣ мувақатан боз дошта шуда, аз ҷониби вакилон шакли идораи ҷумҳурии парламентӣ дастгирӣ гардид.  Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз лаҳзаи аввали ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидан, самти минбаъдаи фаъолияти парлумонро ҳамчун мақомоти созандаву ваҳдатофар ва манбаи қабули қонунҳои дар ҳақиқат ифодакунандаи иродаи халқ мушаххас намуданд. Маҳз дар ҳамин иҷлосия Аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи минбаъдаи фаъоляти давлат – давлати демокративу ҳуқуқбунёд мушаххас гардида, ба шароити истиқлолияти давлатӣ таҳия ва қабул намудани Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалагузорӣ карда шуд. Муфассал ...
Хондан 84 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

«Шоҳнома» –  қомуси фарҳангу тамаддуни ориёӣ  (Дар партави иқдоми Пешвои миллат ҷиҳати нашру тақдими «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ба ҳар як хонавода дар Тоҷикистон)  

 Бад-ин нома бас умрҳо бигзарад,

Бихонад, ҳар он кас, ки дорад хирад.

Абулқосим Фирдавсӣ

 Пешвои миллат санаи 5-уми ноябри соли гузашта дар Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик», ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ёдовар шуданд, ки бо кӯмаку ташаббуси бевоситаи Бобоҷон Ғафуров соли 1971 «Шоҳнома» дар 2 ҷилд ба забони русӣ ва 9 ҷилд ба хати ниёгон дар «Силсилаи мероси хаттии Шарқ» ба табъ расид.

Вобаста ба ин таъкид намуданд, ки «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба ҳар як хонаводаи кишвар тақдим карда мешавад.

Муфассал ...
Хондан 79 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia