casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Хурофотпешаҳо пойбанди ҷаҳланд (бознашр аз саҳифаи газетаи Ҷумҳурият. https://jumhuriyat.tj/bahsho/3697-hurofotpeshao-pojbandi-aland.html)

Тайи чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ домуллоҳои афғон, ки худ аз исломи ноб фарсахҳо дуранд, доир ба сарулибоси миллии бонувони тоҷик суханҳои ноҷо гуфта, алайҳи Тоҷикистон сарусадоҳо баланд карда истодаанд. Табиист, ки чунин вазъ ҷомеаи фарҳангпарвар ва солимандеши тоҷикро бетараф гузошта наметавонад. Дар иртибот ба ин мавзуъ директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, профессор Нозим Маҳмадизода ва узви Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Маҳмуд Сангалиев ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” андешаҳои хешро иброз доштанд, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем. 

 
Нозим Маҳмадизода, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ:
– Қабл аз ҳама, ҳадафи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ – ин, пеш аз ҳама, ҳифзу побарҷо мондани анъанаву суннати ниёгонамон мебошад, зеро гузаштагони мо тарзи хоси либоспӯшӣ доштанд ва ин фарҳанги либоспӯшии занону модарони мо бо тамоми унсурҳояш муаррифгари миллати тоҷик буд. 
Бояд таъкид сохт, ки либоси миллии мо ба талаботи дини мубини Ислом ҷавобгӯст. Вале, мутаассифона, мо дар марҳалаи муосири инкишофи Тоҷикистон зери таъсири бархӯрдҳои фарҳангҳои бегона, ки дорои хусусияти мазҳабиянд, қарор дорем. Имрӯз рӯзгоре ба сар дорем, ки, бо истилоҳ, ба ҳам омехташавӣ ё наздикшавии фарҳангҳои гуногуни олам тавсеа меёбад. Аммо набояд фаромӯш кунем, ки миллати тоҷик аз азал соҳиби фарҳанги ба худ хос буда, гузаштагонамон онро то ба мо расондаанд ва мо вазифадорем, ки ин фарҳанги куҳанро пос дошта, ба ояндагон ба мерос гузорем. 
Тавре мушоҳида менамоем, тайи рӯзҳои ахир домуллову мавлавиҳои кишвари ҳамсоя оид ба либоси миллии тоҷик дар фазои маҷозӣ шӯру валвала бардоштаанд, ки боиси ҳайрат мегардад. Оё онҳо фаромӯш кардаанд, ки маҳз побанди ҷаҳлу хурофоту фасодкорӣ будани мавлавиҳою домуллоҳо Афғонистонро солиёни зиёд миёни обу оташ қарор додааст. 
Мо ба тавсияву маслиҳат ва фатвоҳои касе ниёз надорем, зеро ҳар ҳарфи Роҳбари кишвар барои мо раҳнамоянд. Тамоми олам шоҳид аст, ки Сарвари таҳаммулпазири Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон, аз дини мубини Ислом пайваста дастгирӣ менамоянд ва ҳар суханашон пероста аз ояҳои Қуръони кариму ҳадисҳои Паёмбари ислом (с) мебошанд. Аз ин лиҳоз, моро мебояд имрӯзҳо аз ҳарвақта бештар дар гирди Сарвари маҳбуби хеш сарҷамъу муттаҳид бошем. 
 
Маҳмуд Сангалиев, узви Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон:
– Имрӯз мардуми мо озодона ва бе ягон монеа метавонанд аз китоби муқаддаси Қуръони карим, ки бо тарҷумаи тоҷикӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ройгон тақдим гардидааст, доир ба талаботи динашон ба сарулибос маълумоти зарурӣ гиранд. Доир ба ҳамин мавзуъ дар 72 китоби мазҳабии мо, яъне мазҳаби Имоми Аъзам, сухан меравад. Либосҳои миллии мо куллан ба либосҳои исломӣ наздикӣ доранд. Аммо, имрӯзҳо аз сабаби нофаҳмӣ бархе аз кӯрдилону дар банди ҷаҳолат мондагон, оид ба либоси миллии мо нуктагириҳо мекунанд. Тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ садо баланд кардаанд, ки дини мубини Ислому анъанаву суннатҳои он дар Тоҷикистон зери хатар қарор доранд. Ин муғризон бояд донанд: даъватҳои Роҳбари давлат дар ин ҷода танҳо ва танҳо ҳифзи фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик аст; дар Тоҷикистон калонтарин масҷиди Осиёи Миёна қомат афрохта, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам фаъолият менамояд; дар кишвар, ки аксарашон мусалмонанд, чор ҳазор масҷид дар ихтиёри онҳо қарор дорад. Пас, суханҳои онҳо ба ҷуз ҳарзаву ёва чизи дигаре несту мақсадашон миёни мардум иғвоангезӣ. Онҳо набояд фаромӯш созанд, ки мардуми тоҷик дар гирди Пешвои муаззами миллати хеш сарҷамъу муттаҳиданду ваҳдати тоҷикон шикастнопазир аст. 
 
Гулнисо САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 03.07.2024 №: 125
Муфассал ...
Хондан 32 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Ҷомеаи иттилоотӣ ва масоили ҳифзи худшиносии миллӣ

Дар мақолаи мазкур яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти қавму миллатҳои замони муосир – ҳифзи худшиносии миллии онҳо аз пайомадҳои имконпазири раванди ҷаҳонишавӣ, махсусан, қувват гирифтани нуфузи ҷомеаи иттилоотӣ, ки оламро ба як “деҳи калон” табдил додаст, баррасӣ гардидааст.
Аз ҷумла таъкид шудааст, ки ҷомеаи иттилоотӣ наметавонад хуб ё бад бошад. Оқибатҳои хуб ё бад ба бор оварданаш аз он вобаста аст, ки элитаи сиёсии мамолики дунё, аз ҷумла Тоҷикистон то кадом андоза аз имконияту захираҳои ин тамоил самаранок истифода бурда метавонад. Кӯшишҳои канораҷӯӣ кардан аз ин тамоил ва ё нодида гирифтани он маънои ба мушкилиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангӣ мувоҷеҳ кардани миллатро дорад. Муфассал ...
Хондан 56 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Муносибатҳои дӯстона ва ҳасанаи Тоҷикистону Чин дар масири шарики стратегӣ

Тоҷикистон ва Чин равобити дарозмуддат ва бисёрҷониба доранд, ки бахшҳои дипломатӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро фаро мегиранд. Муносибатҳои Тоҷикистону Чин решаҳои амиқи таърихӣ доранд, ки дар фарҳанг, тиҷорат ва табодули афкор инъикос меёбанд. Муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории мардумони мо анъанаҳои ғановатманди таърихӣ доранд ва ҳамаи ин аз даврони Роҳи абрешими бузург маншаъ мегиранд. Муфассал ...
Хондан 60 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Нақши шоирони Балх дар рушди фарҳанги даврони Сомониён

Чунонки маълум аст, марзу буми тоҷикон дар асри VIII аз ҷониби истилогарони араб ғасб шуда, давоми ду сада ниёгони мо дар хилофати араб дар асорат умр ба сар бурданд. Аммо, хушбахтона, бо сабаби суст шудани хилофати Аббосиён (750-1258) имкон ба миён омад, ки нахустдавлатҳои тоҷикӣ бо сарварии сулолаҳои Тоҳиёрин (821-873) ва Саффориён (861-900) ҳукуматро ба даст гирифта, минбаъд дар асоси дастовардҳои сиёсию марзии онҳо давлати Сомониён (900-999) бо пойтахт дар шаҳри Бухоро ба вуҷуд ояд. Пайдоиши ин давлат авҷи Эҳёи Аҷам (асри IХ-ибтидои асри ХVIII) ва Эҳёи Тоҷик (асрҳои IX-XI) буд, ки асоси онро зинда кардани анъанаҳои бостонии тоисломӣ ва арзишҳои миллии сирф ориёӣ дар тамоми соҳаҳо ташкил медод. Дар эҳёи ин фарҳанг тамоми сокинони Хуросону Мовароаннаҳр, аз ҷумла тоҷикони шаҳри Балх, ки имрӯз дар марзи Афғонистон ҷойгир буда, дар давлати Сомониён яке аз марказҳои бузурги иқтисодию сиёсӣ баъд аз Бухоро маҳсуб буд, саҳми назаррас гузоштаанд. Муфассал ...
Хондан 74 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia