Андешаи муҳаққиқон

- Ҷумъа, 09 Июн 2023
- Андешаи муҳаққиқон
- Муаллиф: Институт
Муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона аст
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёрӣ дар қатори дигар масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба масъалаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, алалхусус муқобили коррупсия таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, чорабиниҳои муҳимеро таҳия ва дар амал татбиқ намуданд ва ин ҷараён имрӯз низ бо иқдомоти наве идома ёфта истодааст.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999, таҳти №1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришватхӯрӣ)» ба давраи сифатан нави мубориза бо коррупсия дар ҷумҳурӣ ибтидо гузошт.
Муфассал ...

- Панҷшанбе, 08 Июн 2023
- Андешаи муҳаққиқон
- Муаллиф: Институт
Танзими анъана ва ҷашну маросим ба манфиати мардуми кишвар аст
Ҳаёти ҷамъиятӣ ҳамеша дар тағйиру таҳаввул қарор дошта, маҳз ҳамин тағйиру таҳаввул раванди тараққиёти ҷамъиятро муайян месозад. Ҷашну маросимҳо, расму оин, урфу одат, қоидаҳои ахлоқӣ аз зумраи падидаҳои нисбатан устувор, маъмулӣ ва ҳамсафари доимии ҷомеаҳои миллӣ мебошанд. Ба гуфтаи файласуфи диншинос Д. Угринович, расму оин, урфу одат, маросиму ҷашн «шакли анъанавии интиқоли фарҳанг аз як насл ба насли дигар мебошанд ва дар асоси ҳамаи онҳо як чизи куллӣ, яъне анъана қарор мегирад, ки дар шаклҳои «ҳиссӣ» – аломат, нишона ва ғайра фаро гирифта меша вад». Ин падидаҳо дар натиҷаи дар рўзҳо ва давраҳои муайян мунтазам ҷашн гирифтан ба анъана табдил меёбанд, дар ҳаёти иҷтимоӣ-маишии одамон ҳузур пайдо мекунанд ва ба тафаккуру ҷаҳонбинии онҳо таъсир расонида, қолабҳои муайяни рафтору кирдорро ташаккул медиҳанд. Дар ниҳояти кор онҳоро як умумият, яъне анъана бо ҳам муттаҳид месозад, ки дар як вақт қонунҳои такроршавандаи онҳоро ҳам дар сатҳи тафаккури муҷаррад ва ҳам дар сатҳи падидаҳои дар шакли ҳиссӣ идрокшаванда ифода менамояд. Анъана аз нигоҳи В. Плахов дар ҳаёти иҷтимоӣ се вазифаро иҷро менамояд: «Якум, анъана аломатҳои умумӣ ва хусусиятҳои як қатор ҳодисаҳои ҷамъиятии ҳамҷинс, вале каму беш аз ҳамдигар фарқкунандаро дар худ инъикос менамояд; дуюм, мафҳуми анъанаро метавон дар як вақт ба маънои мустақим дар қатори маросим, расму оин, урфу одат ва ғайра истифода кард; сеюм, анъана метавонад ҳамчун муродифи мафҳумҳои «одоб», «маросим», «расму оин», «ҷашн» ва ғайра низ истифода гардад».
Муфассал ...

- Душанбе, 05 Июн 2023
- Андешаи муҳаққиқон
- Муаллиф: Институт
Эҳтироми забони давлатӣ қарзи ҳар яки мо аст
Забон вазифаҳои зиёде дорад. Яке аз муҳимтарин вазифаи он ин баёни отифа, меҳру муҳаббат, эҳтирому миннат-дорию сипос, изҳори фурутанӣ, пешгирии такаббуру беэтиноӣ ба ҳамсуҳбатон мебошад. Дар нимаи дуюми асри гузашта як соҳаи нави забоншиносӣ, фалсафаи забон дар Амрикою кишварҳои ғарбӣ ройиҷ гардид. Он нишон медиҳад, ки забон ин танҳо омӯхтану омӯзонидани ҳиссаҳои нутқ ва сохтори ҷумла – мубтадову хабару ... нест, балки шинохти моҳияти фалсафӣ ва муколимаю нутқи эҳтиромона, мантиқу санъати суханро низ дар бар мегирад. Агар таърихи тӯлонии заминаҳои пайдоиши фалсафаи забонро истисно кунем, пас асосгузорони фалсафаи забон Л. Витгенштейна, Б. Рассела, Дж. Мура, Г. Фреге (олимони охири асри XIX - солҳои 30-уми асри XX) ба шумор мераванд. Ин масъала баҳси алоҳидаро тақозо дорад, ки дар мақолаи баъдӣ баррасӣ мекунем.
Имрӯз масъалаҳои мубрам ва ҳалталаби зиёде дар соҳаи фалсафаи забон ва таълиму шиносонидани он вуҷуд дорад, ки мутаассифона, касе аз забоншиносон ба он даст нарасонданд. Дар ин 30-соли Истиқлолият, ба ҷуз Пешвои миллат касе дар ин мавзуъ чизи пурмуҳтавое нанавиштааст. Ин мавзуъ – таълими шаклҳои забони боэҳтиром, ки дар доираҳои забоншиносии кишварҳои дигар онро бо калимаи «гоноратив» ифода кардаанд.
Муфассал ...

- Душанбе, 05 Июн 2023
- Андешаи муҳаққиқон
- Муаллиф: Институт
Дар фазои файзбори сулҳу ваҳдати миллӣ
Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои соҳибистиқлолӣ буда, таҷассумгари фарҳанги баланд, хирад ва майли мардуми мо ба сулҳпарварӣ мебошад. Бо гузашти солҳо арзишу аҳамияти ин дастоварди бузург боз ҳам афзунтар мешавад. Ба шарофати ин дастовард ва рӯҳияи устувор халқи тоҷик тавонист соҳибихтиёрии кишвар, тамомияти арзии онро ҳифз намуда, ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ноил гардид. Ваҳдат нурест, ки ба зулмоти шабистони ҷанги шаҳрванди ворид шуд ва роҳи раҳоии моро аз вартаи нобудӣ нишон дод. Ин нур ба сарзамини мо сулҳи деринтизори моро овард.
Муфассал ...