casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Муқовимат бо терроризм - омили суботи ҷомеа

Дар охири асри XX ва аввали асри XXI дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ тағйиротҳои ҷиддӣ ба миён омад. Воқеияти сиёсии олами мутамаддин нишон дод, ки фазои сиёсии ҷаҳон доимо дар тағйирот ва ҳаракат аст. Дар натиҷаи таъсири омилҳои глобализатсионӣ фаъолияти доираҳои террористӣ, экстремистӣ, ки пештар доманаи нисбатан маҳдуд доштанд, дар ин раванд хеле  васеъ гардида ба хатари ҷиддии ҷаҳонӣ табдил ёфтанд. Хатари масъалаҳои глобалӣ дигар на ба манфиат ва амнияти як давлат балки ба ҳамаи башарият мерасад. Манфиатҳои миллӣ ба манфиатҳои ҷаҳонӣ ва амнияти миллӣ ба амнияти сайёравӣ табдил меёбанд. Дар ин раванд давлатҳое, ки аз назари иқтисодӣ, сиёсӣ, технологӣ, иттилоотӣ ва фарҳангӣ қафомонда ё заиф ҳастанд, зери таъсири давлатҳое мемонанд, ки дорои ҳамаи ин қудратҳоянд.  Муфассал ...
Хондан 86 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Забони тоҷикӣ ва дигар арзишҳои фарҳангии ниёгон дар замони Истиқлолият

 Раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо, ки дар натиҷаи он нестшавии фарҳангу забон ва дигар арзишҳои инсонии мардуми камнуфус ба чашм мерасад, аз мо тақозо дорад, то омӯзиш, пуштибонӣ ва тоза нигаҳ доштани забони худро бояд муқаддастарин вазифаи миллии худ донем ва онро бояд ҳамчун арзиши бебаҳои миллӣ посдориву нигаҳбонӣ кунем, барои рушду тақвияти минбаъдаи он аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда босамар истифода барем. Зеро қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мост, ки забони модариамон, яъне ин забони ширину шоиронаро баробари модари худ азиз шуморем, дӯст дорем, онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо шири поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо шири ширину аллаи гӯшнавозаш дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эҳтирому эҳтиёт кунем ва мисли гаронбаҳотарин сарвати умрамон ҳамеша гиромӣ дорем. Муфассал ...
Хондан 89 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Нақши Пешвои миллат дар таҳкими мавқеъи Тоҷикистони соҳибистиқлол

Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузурге мебошад, ки пас аз 74 соли таъсиси давлатии шуравии тоҷик – дар аввал дар шакли ҷумҳурии худмухтори шуравии сотсиалистӣ,  минбаъд ҷумҳурии алоҳида дар ҳайати Иттиҳоди ҷамоҳири шуравии сотсиалистӣ ва  пас аз пош хурдани давлати шуравӣ эълон гардид.
Албатта, ин дастоварди бузург на танҳо барои ҳар як тоҷикистонӣ, балки ҳар як тоҷики ҷаҳон мояи ихтихор аст, чунки миллати куҳанбунёди тоҷик бо фарҳанги ѓанӣ, таҳамулгароӣ, инсондустӣ ва майл ба ҳаёти орому созанда дар тўли таърихи дурударози худ дар қатори ҳазар аз бегонагон, ки бемайлон чашм ба ҳудуди ободу боигариҳояш, дороии моддиву маънавиаш баста буданд, ҳамеша кушиш менамуд, то истиқлолияти давлатии худро нигоҳ дорад, ҳангоми аз даст додани он кушиш дошт, дубора соҳибистиқлол шавад. Муфассал ...
Хондан 113 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

“Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” – ташаббуси нави Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини зиндагии босаодати башарият

Дар ҷаҳони имрӯзи пур аз таззоду ихтилофҳо, ки бар асари ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо зуҳур кардаанд падидаи сулҳ ва таъмини амният арзиши амалии худро боз ҳам муассиртар гардонидаанд. Зеро сулҳу оромӣ омили асосии таъмини пешрафти зиндагии босаодату фарҳаманд барои ҳар як инсон маҳсуб меёбад. Тоҷикистон чун кишвари тарроҳи сулҳу вусъатбахшандаи фарҳанги сулҳпарварӣ дар ин самт ҳамеша гомҳои аввалин ва устувор мегузорад. Муфассал ...
Хондан 161 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia