casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Об барои рушди устувор ва ҳифзи пиряхҳо

  Тоҷикистон ҳамчуни кишвари соҳибистиқлол дар ҳалли масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, махсусан масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ саҳми арзандаи худро мегузорад. Як қатор иқдомҳои Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ қабул гардидаанд, ки обрӯю эътибори давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд гардонида, мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам менамоянд. Айни замон ташаббуси чоруми Тоҷикистон дар самти Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 амалӣ мегардад. Ҳамзамон 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Тоҷикистонро дар бораи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кардани соли 2025 ва 21 март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” қабул намуд, ки ифтихори ҳамаи мардуми Тоҷикистон мебошад. Вобаста ба ин барои ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии об ва пиряхҳо дар Созмони Милали Муттаҳид Фонди байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфтаст. Муфассал ...
Хондан 146 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Наврўз - муаррифи тамаддуни  бостонии миллати тоҷик

  Новобаста аз он, ки Наврўз ҳамчун ҷашн ҳанўз дар замони Пешдодиён ва шояд пеш аз он ҳам маълум буд, вале аксари олимону коршиносон бар он назаранд, ки асосгузор ва эҳёгари Наврўз Ҷамшед аст, зеро маҳз бо ибтикори ў Наврўз бо тамоми суннатҳояш эҳё гардид ва дар аҳди вай бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешуд. Аз навиштаҳои таърихнигорон ва адибон маълум аст, ки «Наврўзи Сосониён», «Наврўзи Балх», «Наврўзи Суғд», «Наврўзи Бухоро», «Наврўзи Хуҷанд», «Наврўзи Хатлон», «Наврўзи Бадахшон», «Наврўзи Панҷакент», «Наврўзи Самарқанд» ва ғайра вуҷуд дошт, ки имрўзҳо бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи он дубора эҳё гардид. Ҳоло дар Тоҷикистон минтақае нест, ки дар он ҷо Наврўзро ҷашн нагиранд. Имрўзҳо Наврўзро дар тамоми олам беш аз 300 миллион нафар ҷашн мегиранд ва аз тариқи воситаҳои ахбори ҷаҳон дар бораи он беш аз як миллиард нафар иттилоъ пайдо менамоянд, ки ин ваҳдату пайванди инсону табиат ва ҳиссаи тоҷикон дар рушди тамаддуни башарӣ бо ташаббуси Пешвои миллат сурат гирифтааст. Муфассал ...
Хондан 174 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Мақоми иҷтимоии зан – модар  дар ҷомеа

  Дар ҷомеаи мо зан-модар мақоми махсусро соҳиб мебошад. Маҳз ин аст, ки   дар тамоми паёму баромадҳои сарвари давлат оиди мақоми иҷтимоии зан махсус таъкид мегардад.  Инчунин бояд ин нуқтаро қайд намуд, ки имрӯз соҳае вуҷуд надорад, ки бе саҳми  занон ва модарон рушду тараққӣ  намояд. Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону модарон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи тадбирҳои мушаххасро бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, ҳалли масъалаҳои демографӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда амалӣ гардонида шуда истодааст. Фароҳам овардани шароит барои иштироки ҳамаҷониба ва баробарии занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.                                         Муфассал ...
Хондан 320 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Наврӯз ва ҳикмати ҷашнгирии он

    Ҷашни Наврӯз яке аз маросимҳои хосе дар таърихи кишварҳои бостонии тоҷику форс ва тамаддуни онҳо мебошад, ки дар китобу сарчашмаҳои қадимӣ дар шакли ривояту қиссаҳо баёноти худро ёфтааст. Дар бораи ҷашни Наврӯз иллати пайдоиш ва фалсафаи он фикру андешаҳои мухталиф вуҷуд дорад, ки баъзе аз онҳоро дар ин мақола мухтасар баён хоҳем кард.
   Мувофиқи ривояту афсонаҳои устуравии тоҷику форс пайдоиш ва оғози ҷашни Наврӯз   ва фалсафаи ҳастии онро ба Ҷамшед – чорумин подшоҳи Пешдодии тоҷику форс нисбат додаанд. Дар «Таърихи «Ғурар ус-сияр» дар бахши «Подшоҳии Ҷамшед аз хонадони Ҳушанг» омадааст: «Номи ин подшоҳ Ҷамшед» аст, ки ба гунаи фишурда «Ҷам» низ гӯянд….Чун Ҷам ба подшоҳии ҷаҳон расид ва париву мардум роми ӯ шуданд, барои онон суханронӣ кард ва гуфт: ман барои вежагиҳое, ки Худованд бар ман арзонӣ дошта ва фуруғе, ки ба ман додааст, подшоҳи шумо шудаам, то заминро ободон созам ва мардумро бебиму осуда гардонам ва дод бигустаронам, диҳиши бисёр кунам ва некиҳоро зинда кунам ва бадиро аз миён бардорам…».[1] Ҷамшед мардумро ба радаҳои гуногун ҷудо мекунад: радаи лашкариён – дифокунанда аз шарафу родӣ: радаи донишмандон – варзандаи дониш: радаи нависандагон, шуморгарон ва бозоргонон. Он гоҳ мефармояд, ки ҳар яки ин радаҳо ба кори худ машғул бошанд ва аз марзи худ берун набароянд. Муфассал ...
Хондан 321 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia