Skip to main content
Мақолаҳо

Мақоми зан  ва фарҳанги оиладорӣ  дар Паёми  Пешвои миллат

Оила  дар фарҳанги  мардуми  куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддас аст. Он  як пайвандест, ки бо муҳаббат, садоқату самимияту вафодорӣ  ва эътимоди тарафҳои никоҳшаванда баста шуда, ҳеҷ гоҳ аз ҳам гусаста намегардад. Бо ташкили оила ва таъмини фазои созгор дар он, метавон гуфт, ки як гӯшаи кишвар ба фазои осуда таъмин мегардад. Ин аст, ки дар сатҳи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  давлат оиларо  ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.

Навид

ИҶРОИ БАНДҲОИ НАҚШАЧОРАБИНИИ СТРАТЕГИЯИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

27 январи соли равон таҳти Раёсати президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо иштироки роҳбарони сохторҳои гуногуни академия машварати корӣ баргузор гардид.

Мақолаҳо

ГУФТОРИ БУЗУРГОН АНДАРБОБИ ҶАШНИ САДА

Ҷашни Сада яке аз идҳои дигари бостонии мардуми ориёитабор аст, ки дар радифи идҳои Наврӯз ва Меҳргон қарор дорад. Ин ид ҷашни мавсими сол буда, қабл аз Наврӯз таҷлил карда мешуд. Яъне, иди Сада пеш аз иди Наврӯз, баъди чиллаи зимистон фаро мерасад. Моҳияти ин ҷашн аз он иборат аст, ки баъд аз Шаби Ялдо, ки он аслан рӯзи таваллуди Меҳр (Митра) дар оини меҳрпарастӣ мебошад ва баъди ташаккули оини масеҳият онро ба рӯзи мавлуди Исои Масеҳтабдил доданд, дароз шудани рӯз ва гарм шудани ҳаво ба вуқуъ мепайвандад ва партавафшонии Хуршед ба Замин бештар мешавад.
Мақолаҳо

ҶАШНИ САДА - ИФОДАГАРИ ТАЪРИХ ВА ТАМАДДУНИ МАРДУМИ ОРИЁИТАБОР

Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин дастоварди миллии мо дар садаи ХХ мебошад, ки ба шарофати он мақоми Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ баланд рафт ва ҷумҳуриямон ба сифати як кишвари мустақили ягонаи демокративу дунявӣ шинохта шуд.

Баъди расидан ба истиқлолият ва озодӣ дар кишварамон як қатор суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ эҳё гардиданд, ки онҳо садсолаҳо аз назари халқ дур буданд, таҷлили баъзеашон манъ гардида буд ва қисми дигарашон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, танҳо дар хотираи таърихиву фарҳангии халқамон боқӣ монда буданду халос.

Мақолаҳо

САДА- ПИРӮЗИИ РӮШНОӢ БАР ТОРИКӢ

Дар дунёи фалсафа, тафаккур ва маънавиёти зеҳнии эронитаборон фуру рафтан ва аз он бозгаштан, корест басо сангину имконнопазир. Ин пиндорамон барои обу ранг ва ҳусни калом ҳаргиз набуда, зеро агар ба фалсафаи иҷтимоиву ахлоқӣ ва хиради ба ҷой гузоштаи аҳли илму адаби форсу тоҷик назар афканем, хоҳем дарёфт, ки ҳақиқатан хираду ҳикмати эронитаборон, ба вежа тоҷикон баҳрест бекарон ва ҳар касе агар ғаввоси моҳире бошад метавонад аз он баҳри бепоён марвориде ба даст оварад. Албатта, ба умқи ин андеша танҳо шахсиятҳое, ки аз он баҳр қатрае баҳра бардоштаанд, дарк мекунанд.

Мақолаҳо

САДА - ҶАШНИ БЕДОРӢ ВА ЭҲЁИ  АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ


Сада дар қатори дигар ҷашнҳои ниёгонамон ба монанди ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон ҳамешаинъикоскунандаи хулқу атвори ориёитаборон буда, дар онҳо расму русуми қадимаи гузаштагонамон баён гардидааст, ки барои нигоҳ доштани хотираи таърихӣ ва дигар анъанаҳои сунатии мо дар ҳаёт нақши босазое дорад.  

Мақолаҳо

О СОВРЕМЕННЫХ ТАДЖИКСКО – ИРАНСКИХ ДВУСТОРОННИХ ОТНОШЕНИЯХ


Проведенный анализ истории таджикско – иранских двусторонних и многосторонних отношений свидетельствует о том, что за весь более чем тридцатилетний период с момента совершения процедур обоюдного дипломатического признания между странами в 1992 году, они подвергались изменениям позитивного и негативного характера, которые в политической науке употребляются терминами «потепление» и «похолодание».

Мақолаҳо

РОҲҲОИ МУҲИМТАРИНИ ПЕШРАФТИ ИЛМ, МАОРИФ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИК ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ


«Дар шароити ҷаҳонишавӣ ба таври ҷиддӣ баланд
бардоштани сифати таҳсилот яке аз масъалаҳои асосӣ
дар самти таълиму тарбия маҳсуб мешавад»
                                                         Эмомалӣ Раҳмон

Мақолаҳо

САДА ЯКЕ АЗ ҶАШНҲОИ ҚАДИМАИ ТАЪРИХӢ


Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.
                                           А. Унсурӣ
Сада яке аз ҷашнҳои  мардуми форсизабон аст, ки дар оғози шомгоҳи 10 баҳманмоҳ (30 январи тақвими мелодӣ) баргузор мешавад. Ин рӯзро Обонрӯз мегӯянд.

Мақолаҳо

ҶОЙГОҲИ ҶАШНИ САДА ДАР МУКАММАЛУ УСТУВОР НАМУДАНИ ҲУВВИЯТИ МИЛЛИИ ҶАВОНОН


Ҷашни Сада баёнгари тамаддуни мо тоҷикон буда, ҳифзу таҷлили он вазифаи муқаддаси ҳар яки мост. Ҷашнҳои миллӣ, хусусан ҷашни Сада, ки аҷдодони мо асосгузор ва имрӯз мо эҳёгарӣ он ба ҳисоб меравем, ҷиҳати мустаҳкам намудани мавқеи мо тоҷикон ҳамчун як миллати воҳид дар арсаи байналмилалӣ мақоми шоиста дорад. Дар эҳёи ин ҷашни миллӣ дар баробари дигар ҷашнҳои милии тоҷикон дар даврони соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бузург доранд.

23121