ТАБРИКОТИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР
Бонувони саодатманди кишвар!
Модарону хоҳарони азиз!
Бо камоли эҳтирому сарфарозӣ ва самимияти афзун ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи Модар, ки ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо шукуҳу шаҳомати хоса ва арҷгузории беандоза нисбат ба Зан - Модар ҷашн гирифта мешавад, табрик намуда, ба ҳар яки Шумо тансиҳатию хушбахтӣ ва рӯзгори пурфайзро таманно дорам.
Воқеан, Зан - Модар чун баҳори оламафрӯз бо нуру тароват ва муҳаббати самимӣ ба рӯзгори ҳар хонадон фурӯғу сафо мебахшад.

Таърихи башарият пур аз ҳаводиси гуногуни таърихию иҷтимоӣ буда, варақгардонии таърих, ки китоби зиндагиномаи кулли башарият маҳсуб мешавад, дар умқи худ аз нақши муборизи зан ба ҳайси як узви ҷомеа барои ҳифзу дифои Ватан, бунёдгузорию устуворгардонии пояҳои давлатдорӣ дарак медиҳад.