Skip to main content

ҶАҲОНБИНИИ ИЛМӢ – ОМИЛИ АСОСИИ ҲИФЗ ВА РУШДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Имрӯзҳо мо дар арафаи яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллӣ – 35 солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорем, ки барои мардуми тоҷик як рӯйдоди бисёр муҳими таърихӣ ба ҳисоб меравад. Ба хотири ин ҷашни бузур ободкориҳои зиёд мушоҳида мешавад ва мардум бо як муҳаббати беандоза ба ватани аҷдодии худ дар рушди он саҳм мегузоранд. Ин ҳама саҳмгузории миллати азиз дар рушди кишвар ва рӯз ба рӯз пешрафта шудани Тоҷикистони азиз, дар ин муддати аз нигоҳи таърихӣ кӯтоҳ самари Истиқлоли давлатӣ ва дар партави он рушди ҷаҳонбинии илмӣ мебошад.

Одатан маҷмуи дониш ва тасаввуроти шахсро дар бораи олам ва муносибати инсонро ба он ҷаҳонбинӣ меноманд. Ҷаҳонбинӣ метавонад илмӣ ва ғайриилмӣ бошад. Ҷаҳонбинии илмӣ гуфта, чунин дидеро дар бораи олам медонанд, ки дар он масъалаҳои пайдоиш, тағйирёбӣ ва инкишофи олам ва тамоми раванди ҳодисаҳои таббию ҷамъиятӣ дар асоси кашфиёти илмӣ шарҳу тавсиф меёбанд. Бе ҷаҳонбинии илмӣ рушду пешрафти ҷомеаро тасаввур кардан ғайри имкон аст, зеро ба андешаи Пешвои миллат “Танҳо илм пеши роҳи хурофоту ҷаҳолатро гирифта метавонад”.

Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон низ, ки 16.12.2026 ба Маҷлиси Олӣ ироа намуданд, масъалаи илму маорифро дар мадди аввал гузоштанд. Пешвои миллат, бештар ба худшиносии миллӣ ва таърихи бузург доштани миллати тоҷик таваҷҷуҳ намуда, иброз доштанд, ки “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ барои хондан ба ҳар як хонаводаи тоҷикистонӣ туҳфа гардид.

Таваҷҷуҳ ба китоб ва пос доштани хотираи бузургони миллат, аз қабили Борбади Марвазӣ ва Робияи Балхӣ нишонаи арҷ гузоштан ба илм аст. Чун бе илм ва бе ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеа рушд карда наметавонад. Инчунин, Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар ҷаҳон кишварҳое ҳастанд, ки қариб захираҳои табиӣ надоранд, аммо мардуми он бо илм ва ҷаҳонбинии илмӣ кишвари худро яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон қарор додаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки қудрати илм хело бузург аст.

Имрӯзҳо яке аз мушкилоти мо ин хурофотпарастӣ, тақлиди куркурона ва бегонапарастӣ мебошад, ки то андозае ҷомеаро нигарон кардааст. Барои ҳалли чунин мушкилоти ҷомеа олимони ҷумҳуриро зарур аст, ки беш аз пеш ба рушди ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеа машғул гарданд ва тавассути таҳқиқоти илмии бунёдию татбиқӣ, оммависозии дастовардҳои илми муосир, барои расидан ба рушди устувори давлати соҳибистиқлоламон саҳмгузор бошанд.

Пешвои миллат бисёр хуб қайд намуданд, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад. Дар ҳақиқат инсон тавассути омӯзиш донишманд ва дур аз хурофоту тассуб ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ мегардад. Миллати тоҷик донишмандони зиёдеро, ба монанди Куруши Бузург, Борбади Марвазӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва дигаронро ба илм ҳадя намудааст, ки ҳар шахси аз шунидани номи онҳо аз тоҷик будани худ ифтихор мекунад. Ин бузургон бо корномаҳою мероси гаронарзиш номи худ ва миллатро мондагор карданд. Аммо тибқи дастури Пешвои миллат, дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем.

Пешвои миллат, бори дигар ба хотири арҷ гузоштан ба хиради воло ва бузургии миллати тоҷик соли 2026-ро “соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шавад”.

Дар ҳақиқат таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, нигоҳ доштану рушди ҷомеа ва ҳатто ҳифзи Истиқлоли давлатӣ танҳо ва танҳо бо рушди ҷаҳонбинии илмӣ ба даст меояд.

Хушбахтона Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати илмдӯстонаи Пешвои миллат назар ба солҳои пеш ба илм ва омӯзиш диққати бештар дода, барои рушди ҷаҳонбинии илмии ҷавонону наврасон корҳои назаррасеро анҷом додаанд. Ва дар баробари ин ҳама ғамхориҳо ҷомеа, ки давомдиҳандаи ин мероси бузург ба ҳисоб мераванд, бояд рӯ ба ҷаҳонбинии илмӣ бештар биёранд ва дар ҳифзи Истиқлоли давлатӣ саҳмгузор бошанд.

Рамазониён А.Б – ходими илмии Маркази синошиносии ИФС ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123