ҶОЙГОҲИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатияшон, ки дар санаи 16-декабри соли 2025 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, оид ба тамоми паҳлуҳои муҳими хоҷагии халқ, хусусан соҳаи илму маориф, ҷиҳати хубтару беҳтар амалӣ намудани сифати таълим ва тарбияи самарабахш, дастуру супоришоти мушаххасеро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Илму маърифат барои инсон ва рушду пешрафти ҳар як давлату миллат зарур ва ногузир буда, дар масири таърих ҳамчун роҳнамо хидмат менамоянд. Ҳанӯз аз даврони зуҳури аввалиндавлатҳои таърихии миллати мо илму маърифатҳамчун меъёри тараққиёти қудрати низомидавлатдории Курушу Дориюш, Аршаку Меҳрдод, Ардашеру Шопур, Хусрави Анушервону Исмоили Сомонӣ хидмати босазо намуд.
Ҳамин буд, ки тоҷикон дар дарозаи қарнҳо садҳову ҳазорҳо олимону донишмандонро ба камол расонида, ба арсаи илм ворид намудаанд. Ин амали маорифпарваронаи давлатмардони гузаштаи моро дар замони Истиқлоли давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома дода, ҳамасола дар вохӯриҳову паёмҳои хешмасъалаи илму донишро дар мадди аввал гузошта, «бунёди миллати мутамаддинро аз маориф» медонад ва ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдоштаро «сармоягузорӣ ба хотири рушди нерӯи инсонӣ» меҳисобад.
Воқеан ҳам «рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа» ба ҳисоб рафта, роҳи ояндаи ҳар як кишварро муайян месозад. Зеро «рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафта» вобаста буда, «дастгирӣ ва таваҷҷӯҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсоз сармоягузорӣ баояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат» башумор меравад.
Бо назардошти ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ кардааст, ки он нисбат ба соли 2025-ум – 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад.
Ин маблағгузориҳо бесабаб набуда, ҳадаф азонҳо ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардониданимуассисаҳои таълимӣ мебошад. Бо туфайли зиёдгардидани шумораи хонандагон бунёд ва ба истифода додани муассисаҳои таълимӣ барои ҷумҳурии мо хеле муҳимму зарур буда, ин амал сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣмебошад.
Дар иртибот ба ин, Пешвои миллат аҳли зиё ва маорифчиёнро даъват намуданд, ки содиқона ва ботамоми ҳастӣ барои таълиму тарбияи насли наврас ва ба воя расонидани инсони комилу донишманд талош варзанд, чунки сатҳу сифати дониш ва маърифати хонандагон барои инкишофу тараққиёти ҷомеа ва аз байн бурдани ҳама гуна ифроту хурофотҳо хоҳад шуд.
Сарвари давлат махсусан таъкид намуданд, ки «ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илмумаорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯлибеш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ватаваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам».
Воқеан ҳам маорифи тоҷикон маорифи тамаддунсоз буда, чунон ки зикр намудем, таърихи заёда аз панҷҳазорсоларо доро буда, таълиму тарбия самти афзалиятнок барои тоҷикони даврони қадим ба ҳисоб мерафт. Аввалин мактабҳо дар ҳудуди минтақаи тоҷикнишини он замон пайдо шуда, маҳорати касбҳои гуногуни он давраро таълим медоданд.
Шогирдони ин мактабҳо дар руҳияи меҳнатдӯстӣ, бошарафӣ, поквиҷдонӣ ва илммеҳварӣ тарбия карда мешуданд. Ин раванд тоҷиконро дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамроҳӣ намудааст, ки дар натиҷа ба тамаддуни ҷаҳонӣ пешниҳод намудани садҳо нобиғаҳои барҷастаи илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ гардидааст.
Раванди ташаккул ва инкишофи илм, таълиму тарбия бештар дар асрҳои миёна рушд ёфтааст. Хусусан давраи Эҳёи тамаддуни форсу тоҷик, ки ба асрҳои ІХ-ХІІІ рост меояд, барои рушду инкишофи тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ саҳмгузор буд. Маҳз босабаби рушду инкишофи илму маориф дар ин давра бо номи «Асри заррин» ё «Эҳёи Аҷам» ёд мешуд.
Миллати тоҷик дар ҳар давру замон хоҳони бадаст овардани қуллаҳои баланди илмӣ буд ва боқӣ хоҳад монд. Раванди рушди илмиро Пешвои миллат бо ифтихор ёд карда, зикр намуданд, ки «тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо баҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, оину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд. Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо«пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-роҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд».
Дар замони муосир рақобати байни миллатҳодар раванди ҷаҳонишавӣ хеле тезутунд гардида, танҳо маълумот ва мавқеи маънавии аҳолии солим метавонад рақобатпазирии миллатро дар арсаи ҷаҳонишавӣ таъмин намояд. Дар раванди гузариши ҷомеа, инкишофи техника, технологияи иттилоотӣ, интернет ва ғайра ба тамоми соҳаҳо дигаргуниҳои бузургеро ворид намуд.
Аз ин рӯ метавон гуфт, ки раванди воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низомҳои ҷаҳонии таҳсилот аз бисёр ҷиҳат ба раванди ҷаҳонишавии соҳаи маориф алоқаманд мебошад. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро метавон ҳамчун ҷомеаи маорифӣ ном ниҳод, зеро маориф ба ниҳоди асосии ҷомеа, шарти мавҷудият ва рушди инсону ҷомеаҳо дар шароити нави ҷаҳони иттилоотӣ табдил ёфтааст. Аз инҷост, ки дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф ҳамчун ниҳоди асосии ҷомеа, омили бунёдии мавҷудият ва рушди инсон ва давлат ба ҳисоб рафта, шахси аввали мамлакат онро самти афзалиятнок донистааст.
Шамолов А.А. – д.и.ф., ходими пешбари шуъбаи онтология, гносеология
ва мантиқи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

