ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ: ҲОЛАТ ВА ОМИЛҲО
Дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои нигароникунанда пурзур гардидани ҳаракатҳои экстримистӣ мебошад, ки ғояҳои ингуна ҳаракату равияҳо ба тафаккури шаҳрвандон, алалхусус, ҷавонон роҳ ёфта, рафтору андешаҳои онҳоро тағйир медиҳад. Мутассифона, Тоҷикистон низ аз таъсири ин гуна зуҳуротҳо, махсусан радиклизми динии ҷавонон дар канор намондааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.12. 2016) нисбати ин масъала чунин иброз доштанд: “Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобали табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстримистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмиллалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои терроритиву экстримистӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд”.
Барои Тоҷикистон масъалаи ифротгароии динӣ ҳамчун хатари асосӣ ба амнияти миллӣ нигароникунанда боқӣ мемонад. Пайдо шудани фазои ягонаи иттилоотӣ ва воситаҳои муосири коммуникатсия эҳтимолияти рушди минбаъдаи зуҳуроти радиклизми диниро ба маротиба афзудааст. Махсусан ба амнияти кишвар масъалаи гаравиши ҷавонон ба созмонҳои динии ДИИШ, Салафия, Толибон ва Ҳизб-ут-таҳрир таҳдид менамоянд. Мақсади ниҳоии ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротӣ нотинҷ намудани ваҳдат ва ягонагии миллат, ба даст овардани мансабу вазифаҳои давлатӣ, ба сари ҳокимият овардани шахсҳои ба мақсадашон мувофиқ, соҳиб шудан ба захираҳои моддию маънавии миллат ва дар охир хизмат намудан ба хоҷагони хориҷии худ, ки маънои хиёнат ба миллат карданро дорад.
Маълум аст, ки дин дар ҳаёти иҷтимоии кишвар ва дар байни ҷавонон аҳамияти муҳим дорад. Аз ин лиҳоз, дар байни аҳолӣ ҷавононе вуҷуд доранд, ки радикализми диниро воситаи нигоҳ доштани арзишҳои динӣ ва мубориза ба беадолатӣ мепиндоранд, ки чунин тарзи тафаккур хеле хатарнок аст.
Ба ақидаи коршиносон сабабҳои авҷ гирифтани амалҳои экстримистӣ аз ҷониби ҷавононро дар ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва динӣ ҷустан лозим аст. Махсусан дар ин самт мувофиқи фарзияҳои мо ва мушоҳидаҳо дар паст будани маърифати динӣ, бекорӣ, паст будани маоши соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, камбизотӣ ва ғайраҳо ба гназар мерасад. Бо ин сабабҳо (читавре ки таҳқиқотҳои солҳои охир нишон дод) як қисме аз ҷавонон ба доми фиреби ифротгароён афтида мехоҳанд маблағи калон ба даст дароранд. Ғайр аз ин, бесаводии динӣ ба хурофотпарастӣ сабаб шуда, тадриҷан ба фанатизми динӣ оварда мерасонад. Аз тарафи дигар, сатҳи пасти донишҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, нафаҳмидани моҳияти давлатӣ дуявӣ ба рафтори ҷавонон таъсири манфӣ расонида онҳоро ба роҳи нодуруст мебарад.
Намояндагони таблиғотии гурӯҳҳои ифротӣ аз маърифатӣ паст ва фанатизми динии баъзе ҷавонон истифода намуда, таваҷҷӯҳи онҳоро бо роҳҳои гуногун, махсусан технологияи коммуникатсионӣ (сомонаҳо ва шабакаҳои интернетӣ) ба худ ҷалб менамоянд. Барои Тоҷикистон хатаровар он аст, ки баъзе аз ҷангҷӯёни кишвар аз Ироқу Сурия ба пойгоҳи нави наздимарзии Афғонистони ҳамсоя интиқол дода мешаванд.
Гурӯҳҳои радикалӣ барои расидан ба мақсадҳои худ аз вазъи мушкили зиндагии баъзе аз шаҳрвандон, мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, камбизоатӣ ва эҳсосоти динии аҳолӣ истифода мебаранд ва ҷавононро ба доми фиреби худ мекашанд. Бинобар ин, зарур аст, ки дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва Донишгоҳҳо ба саводнокии сиёсии онҳо бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намудан лозим аст, то инки ҷавонон он маводҳоеро ки дар шабакаҳои интернетӣ мехонанд аз ҷиҳати сиёсӣ ва идеологӣ дуруст таҳлил карда тавонанд ва аз роҳи хатарнок баргарданд.
Кахоров Г.Г. – д.и.ф., сарходми илмии шуъбаи сотсиологияи
Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

