Skip to main content

Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи кормандони милитсия

Муҳтарам кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ!

Иди касбии мақомоти милитсияро ба Шумо табрик гуфта, дар иҷрои вазифаи пурмасъул ва адои рисолати бошарафатон бурдбориҳоро таманно менамоям.

Дар таърихи давлатдории тоҷикон нақши мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини сулҳу суббот ва оромиву тартиботи ҷамъиятӣ, ки рушди кишвар ва ҳаёти осоиштаи ҷомеа аз онҳо вобастагии амиқ дорад, басо муҳим мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба масъалаи ташаккули мақомоти корҳои дохилӣ, баланд бардоштани нуфузу эътибор ва таҳким бахшидани пояҳои моддиву техникии он, таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоянд.

Бовар дорам, ки дар чунин вазъияти пуртаззоди ҷаҳони имрӯза, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо ҳисси баланди ватандустӣ баҳри ҳифзи манфиатҳои миллату давлатамон – беш аз ҳарвақта тамоми донишу малака ва таҷрибаву нерӯи хешро равона месозанд.

Бори дигар, ҳамаи шуморо бо Рӯзи кормандони милитсия шодбош гуфта, бароятон саломатии бардавом, зиндагии осоишта ва ба Ватани азизамон рушду ояндаи дурахшонро орзумандам.

Рӯзи милитсияи тоҷик муборак, ҳамватанони азиз!

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121