ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ БА НОМИ А.БАҲОВАДДИНОВИ АМИТ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МОДАР
Муҳаққиқону омӯзгорони гиромӣ!
Бонувону модарони азиз!
Ҳамватанони муҳтарам!
Бо камоли эҳтирому ихлос ва эҳсоси гарми қадршиносӣ ҳамаи Шуморо ба муносибати ҷашни пуршукуҳ ва муқаддаси Рӯзи Модар самимона табрику таҳният менамоям.
Рӯзи Модар дар Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз ҷашнҳои пурифтихор ва арзишманди миллӣ ба шумор рафта, рамзи эҳтироми амиқи ҷомеа ба зан - модар, ба меҳру муҳаббати беканор, сабру таҳаммул ва заҳмати беандозаи ӯ мебошад. Модар сарчашмаи ҳаёт, рамзи покӣ, муҳаббат ва меҳрубонӣ буда, маҳз бо ҳузури мубораки ӯ гармиву баракат, муҳаббат ва оромӣ дар ҳар як хонадон пойдор мемонад.
Дар фарҳангу тамаддуни куҳанбунёди тоҷикон мақому манзалати модар ҳамеша баланду гиромӣ дониста шудааст. Модар нахустин омӯзгор, роҳнамои зиндагӣ ва тарбиятгари шахсияти инсон мебошад. Ӯ дар қалби фарзандон тухми меҳру вафо, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва маърифатро мепарварад. Аз ҳамин ҷост, ки тарбияи солими насли наврас ва ташаккули ҷомеаи маърифатпарвар пеш аз ҳама ба хираду заковат ва меҳру ғамхории модар вобаста аст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба зан - модар яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллӣ ва сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад.
Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар имрӯз занону модарони тоҷик дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз илму маориф ва фарҳангу тандурустӣ то иқтисоду идоракунии давлатӣ бо масъулияти баланд ва фаъолияти созанда саҳми назаррас мегузоранд.
Боиси ифтихор аст, ки бонувони донишманд ва муҳаққиқони муассисаҳои илмӣ-таълимии кишвар низ дар рушди илму маърифат, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос нақши арзанда доранд. Онҳо бо меҳнати содиқона, дониши амиқ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ на танҳо дар пешрафти соҳаи илм, балки дар ташаккули маънавиёти ҷомеа саҳми босазо мегузоранд.
Зан-модар на танҳо тарбиятгари фарзандон, балки нигоҳдорандаи анъанаҳои неки миллӣ, посдори забон, фарҳанг ва арзишҳои маънавии миллат мебошад. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ба мақому манзалати модар, қадрдонии заҳмату хизматҳои ӯ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти пурсамари занон вазифаи муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи модарони азиз, бонувони гиромӣ, кормандони муассисаҳои илмӣ-таълимӣ ва кулли занони сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба муносибати ин ҷашни пурмеҳру муҳаббат самимона табрик гуфта, бароятон пеш аз ҳама саломатии бардавом, рӯзгори осуда, саодати хонаводагӣ, илҳоми тоза, неруи созанда ва комёбиҳои нав дар фаъолияти пурмасъулият орзумандам.
Бигзор меҳру муҳаббати модар ҳамеша чароғи равшани зиндагӣ, сарчашмаи гармии маънавӣ ва илҳомбахши некиву инсонгароӣ дар ҷомеаи мо бошад. Орзумандам, ки дар фазои сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати миллӣ Тоҷикистони азиз бо ҳузури модарони хирадманду фарзона боз ҳам ободу шукуфон гардад.
Рӯзи Модар муборак бод, модарони меҳрубону фидокори Ватан!
Бо камоли эҳтиром, Директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови
АМИТ доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод.
