Skip to main content

ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР ВА РУШДИ МАОРИФ ДАР ТОҶИКИСТОН

Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шотемур (1899-1937) ҳамчун ходими намоёни давлатӣ ва ҳизбӣ хизматҳои зиёде барои миллати тоҷик намудааст, ки дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадӣ сабт хоҳанд шуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ӯ яке аз созмондиҳандагони Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбекистон (соли 1924) ва минбаъд ҷумҳурии мустақили тоҷикон дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Шуравӣ (соли 1929) маҳсуб меёбад.

Дар маҷмуъ, Шириншоҳ Шотемур дар таъсис ва таҳкими Ҳокимияти Шуравӣ дар Тоҷикистон ва эҳёи милати тоҷику давлатдории он хидматҳои беназире кардааст, ки дар он замон бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (соли 1930) ва дар замони муосир аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон (27 июни соли 2006) сазовор дониста шудаанд.

Дар баробари ин, Шириншоҳ Шотемур дар рушди фарҳангии Тоҷикистон дар солҳои бистуму сиюми қарни гузашта низ саҳми босазое гузоштааст, ки минбаъд пояи мустаҳкаме на танҳо барои рушди давлати тоҷикон гузоштанд, балки ин миллатро ба мардуми шуравӣ муаррифӣ карда, аз хавфи нестшавӣ комилан эмин нигоҳ доштанд. Дар ин росто қобили зикри хос аст, ки Шириншоҳ Шотемур ташаббускори нашри рӯзнома бо забони тоҷикӣ бо номи «Овози тоҷик» буд, ки ибтидо аз сентябри соли 1924 дар Самарқанд ба чоп мерасид. Ҳамзамон, бо кумаки шахсии Шириншоҳ Шотемур асари безаволи яке аз муаллифони фаъоли рӯзномаи «Овози тоҷик» - устод Садриддин Айнӣ (1878-1954) «Намунаи адабиёти тоҷик» ба нашр расид, ки барои бозбинии тақсимоти ҳудудии Осиёи Миёна ва таъсиси Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамчун далели раднопазире хизмат намуд.

Хидматҳои Шириншоҳ Шотемур дар рушди маорифи миллати тоҷик ҳам хеле назаррас буда, ин соҳаро барои миллате, ки тоза соҳиби ҷумҳурии худмухтор ва минбаъд ҷумҳурии мустақил гашта буд, хеле пеш бурданд. Ин ҷанбаи фаъолияти ӯ дар рисолаҳои илмӣ ва таҳқиқоти донишмандони гуногун, махсусан муҳаққиқони тоҷик Аламшоев К.М. ва Ғарибшоев Г.К. инъикоси худро ёфтааст. Дар асоси иттилои мавҷудбудаи илмӣ-таҳқиқотӣ ва баъзе санадҳои таърихӣ чанд иттилоъ ва андешаеро оид ба саҳми фарзанди сарсупурдаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шотемур дар рушди маорифи тоҷик зикр намуда, умед дорем, ки ин маълумот барои тақвияти хотираи таърихии хонандаи муосири тоҷик низ аз фоида холӣ нахоҳад буд.

Чунонки аз тарҷумаи ҳолаш бармеояд, Шириншоҳ Шотемур худ аз овони кӯдакӣ ба таҳсили илм завқманд буда, яке аз нахустин шахсиятҳои босаводу таҳсилкарда ва соҳиби хатту саводи дунявӣ аз зумраи тоҷикон ба ҳисоб меравад. Ӯ аз дувоздаҳсолагӣ дар интернати русии маҳаллии шаҳри Хоруғ муддати чор сол таҳсил карда буд. Солҳои 1917-1921 дар семинарияи муаллимтайёркунӣ ё шуъбаи русии мактаби меҳнатӣ-педагогии шаҳри Тошканд ва аз соли 1927 то соли 1929 бошад, дар Донишгоҳи коммунистии заҳматкашони Шарқ ба номи И.В. Сталин ба таҳсил фаро гирифта шуда буд. Илова бар ин, солҳои 1923-1924 ӯ ҳамчун корманди масъули инспексияи маорифи тоҷик дар шаҳри Тошканд фаъолият кардааст. Ҳамин таҳсилоти пайдарпай, дилбастагию алоқамандӣ ба таълиму тарбия ба Шириншоҳ Шотемур имкон доданд, ки дар ҳалли мушкилоти соҳаи маорифи тоҷик низ хеле муваффақ гардад.

Рушди маорифи миллати моро дар солҳои бистум ва сиюми қарни гузашта махсусан ду иқдоми ватанпарастонаи Шириншоҳ Шотемур такони хеле ҷиддӣ бахшиданд. Аввалан, таҳти сарпарастии ӯ Донишкадаи тоҷикии маориф дар шаҳри Тошканд, ки бештар бо номи русияш - Таджикский институт просвещения, мухтасаран Тоҷикинпрос ёд шуда, бо забони тоҷикӣ онро асосан Дорулмуаллимини тоҷикӣ мегуфтанд, таъсис дода шуд. Сониян, бо иқдоми шахсии Шириншоҳ Шотемур таҳияи нахустин китобҳои дарсии нав барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо забони тоҷикӣ оғоз гардид.

Аз санадҳои таърихӣ бармеояд, ки Дорулмуаллимини тоҷикӣ дар шаҳри Тошканд таҳти сарпарастии Шириншоҳ Шотемур аз моҳи декабри соли 1924 ба фаъолият оғоз намуд. Ин муассиса ҳам вазифаи коллеҷ ва ҳам донишкадаро ба анҷом мерасонид, зеро дар он ҳам омӯзгорон барои зинаи таҳсилоти умумӣ ва ҳам омӯзгорони омӯзгорон ё худ устодони зинаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, инчунин курсҳои муаллимтайёркунӣ омода карда мешуданд. Аз ҷониби дигар, дар Дорулмуаллимини тоҷикӣ маҷаллаҳо оид ба соҳаи маориф, тавсияҳои методӣ ва маводи таълимӣ низ таҳия мегардиданд. Аз ин рӯ, ин муассиса вазифаи донишкадаи такмили ихтисос ва пажуҳишгоҳи педагогиро низ ба анҷом мерасонид. Ба ибораи дигар, Донишкадаи тоҷикии маориф дар шаҳри Тошканд ё Дорулмуаллимини тоҷикӣ, ки бо иқдоми Шириншоҳ Шотемур таъсис ёфта, соли 1935 ба Донишкадаи тоҷикии омӯзгории дусола дар шаҳри Тошканд (двухгодичный Таджикский учительский институт) табдил дода шуд, ибтидои низоми нави таҳсилот дар маорифи тоҷик, ҳам аз нуқтаи назари академӣ ва ҳам аз нуқтаи назари пажуҳишҳои илмӣ маҳсуб мебошад.

Дар бораи рисолати таърихии Дорулмуаллимини тоҷикӣ ва нақши он дар рушди маорифи тоҷик сухан карда, ҳамин нуктаро таъкид кардан кофист, ки тавассути он дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон нахустин кадрҳои омӯзгорӣ барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва курсҳои муаллимтайёркунӣ пайдо шуданд. Шахсиятҳои бузурге чун шоири маъруфи тоҷик Мирзо Турсунзода (1911-1977) ва ғайра аз дастпарварони нахустини ин муассиса мебошанд.

Чунонки маълум аст, Шириншоҳ Шотемур солҳои 1925-1927, то таҳсил дар Донишгоҳи коммунистии заҳматкашони Шарқ ба номи И.В. Сталин, комиссари (вазири) халқии назорати коргарию деҳқонӣ, намояндаи доимии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон ва дар як вақт иҷрокунандаи вазифаи комиссари халқии молия буда, муборизаро бо ҳаракати босмачигарӣ низ сарварӣ мекард. Ба ин фаъолияти густурда ва гуногунсоҳаи худ нигоҳ накарда, Шириншоҳ Шотемур ба масъалаҳои маориф ҳам таваҷҷуҳи худро кам накарда буд. Аз ҷумла, соли 1926 бо иқдоми ӯ Комиссариати маорифи халқии Ӯзбекистон бо протоколи худ аз 12 декабри соли 1925 таҳти рақами 9 як комиссияи босалоҳияте барои тафтиши фаъолияти Дорулмуаллимини тоҷикӣ таъсис дод. Ба ҳайати комиссияи мазкур раиси комиссияи илмии Тоҷикистон Нисор Муҳаммадов (1897-1937), ваколатдори Комиссариати маорифи халқии Ӯзбекистон Дудко, директори худи Дорулмуаллимини тоҷикӣ Аҷабарӣ Шарафуддинов, мудири қисми таълими ҳамин муассиса Дмитриенко Д. ва комиссари маорифи халқии Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон Аббос Алиев (1899- 1958) шомил буданд. Комисияи мазкур як санади муҳимме бо номи «Маъруза дар бораи вазъ дар Донишкадаи тоҷикии маориф дар шаҳри Тошканд (Дорулмуаллимини тоҷикӣ)» аз 14 феврали соли 1926 омода намуд, ки дар он тамоми камбудиҳои муассиса зикр гардида, ба самъи тамоми масъулон, аз ҷумла ба Шириншоҳ Шотемур расонида шуданд.

Санади мазкур, ки бо забони русӣ тартиб дода шудааст, аҳаммияти бузурги таърихӣ дошта, чанд лаҳзаеро аз пайдоиш ва рушди маорифи тоҷик дар ин солҳои хеле ҳам душвор равшан месозад. Аввалан, аз муҳтавои санад маълум мегардад, ки дар муассисаи мазкур соли 1926-ум 171 нафар таълимгиранда ба таҳсил бо забони тоҷикӣ фаро гирифта шуда буданд. Дуюм, бинои таълимии Дорулмуаллимини тоҷикӣ мушкилоти зиёде дошта, аз ҷиҳати масоҳати таълимӣ нокифоя будааст ва бо ҳамин сабаб таҳсил дар он дар ду баст сурат мегирифтааст. Дар бино маҷлисгоҳ, ошхона, хобгоҳ, бунгоҳи тиббӣ, ҳаммом ва ғайра вуҷуд надошта, ниҳодҳои ҷамъиятии онвақта, яъне созмонҳои пионерию комсомолӣ низ бо сабаби набудани толор дар ташкили маҳфилҳои худ ба мушкилот рӯ ба рӯ будаанд.

Ҳамзамон, аз муҳтавои санаде, ки аз ҷониби мутахассисон, аз ҷумла бо иштироки маорифпарварони солҳои бистуму сиюми қарни гузаштаи тоҷик чун Нисор Муҳаммадов ва Аббос Алиев бо иқдоми Шириншоҳ Шотемур таҳия гардидааст, айён мегардад, ки масъалаҳои таъмини сифати таълим барои нозирон дар мадди аввал қарор доштаанд. Масалан, комиссия баъди санҷиш зикр намудааст, ки «комилан мавҷуд набудани китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ бо забони тоҷикӣ, ба ҳамаи саъю кӯшиши ҳайати педагогӣ нигоҳ накарда, имкон намедиҳад, ки методҳои нави таълим ҳатто дар ҳадди ақал мавриди истифода қарор дода шаванд».

Масъалаи дигаре, ки барои низоми кунунии маориф дар ҷумҳурӣ низ то ҳол мубрам аст ва онро аъзои комиссия дар санади фавқуззикр ҳанӯз соли 1926 ба миён гузошта буданд, ин дар Дорулмуаллимин мавҷуд набудани лаборатория ва кабинетҳои фаннӣ мебошад, ки нозиронро ба як хулосаи хеле муътамади илмӣ-педагогӣ овардааст: «Агар дар дорулмуаллимини дигар, масалан дар Дорулмуаллимини ақаллиятҳои миллӣ кабинет ва лабораторияҳои гуногун мавҷуд буда, таълимгирандагон зимни гузаштани курсҳо ҳар гуна зуҳуротро дар ҳаёт ва табиат бо таври айёнӣ фаҳмонида метавонанд, пас таълимгарандагони Дорулмуаллимини тоҷикӣ дар дасти худ асбобу таҷҳизот надошта, ё курси омӯхташавандаро ба пуррагӣ намефаҳманд, ё худ, бадтар аз ин, дар ҳамон ақидҳои худ, ки ба таври фавқуттабиию хурофотӣ зуҳуроти гуногунро тафсир мекунанд, боқӣ мемонанд».

Санади таърихӣ - «Маъруза дар бораи вазъ дар Донишкадаи тоҷикии маориф дар шаҳри Тошканд (Дорулмуаллимини тоҷикӣ)» аз 14 феврали соли 1926 дар қисмати хулосавии худ низ хеле ҷолиб аст. Муаллифони он кӯшиш кардаанд, ки бо торҳои нозуки сиёсати идеологӣ ва сиёсатмадорони онвақта «бозӣ карда», ба ҳар навъе, ки набошад, камбудиҳоро дар фаъолияти аввалин муассисаи тарбияи кадрҳои омӯгорӣ барои соҳаи маорифи тоҷик бартараф созанд: «Донишкадаи тоҷикии маориф дар шаҳри Тошканд (Дорулмуаллимини тоҷикӣ) ягона маркази фарҳангӣ барои тамоми тоҷикони Осиёи Миёна мебошад ва аз ин рӯ он таваҷуҳи ҳам ҷонибдорони мактаби нав ва ҳам душманони онро, ки мехоҳанд ҳар як камбудии Дорулмуаллимини тоҷикиро ҳамчун камбудии тарбия ва таълим дар умум муаррифӣ намоянд, ҷалб месозад… аз ин рӯ комиссия қотеъона талаб мекунад, ки ба Дорулмуаллимини тоҷикӣ бино бо масоҳати зарурӣ ҷудо гардида, фавран ба нашри китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ бо забони тоҷикӣ шуруъ карда шавад».

Дар маҷмуъ, фаъолият ва иқдомҳои Шириншоҳ Шотемур ва ҳаммаслакони ӯ дар солҳои бистуму сиюми қарни гузашта шаҳодат аз он медиҳанд, ки онҳо барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти миллати тоҷик ва давлатдории он, аз ҷумла барои соҳаи маориф хидматҳои арзандаеро ба иҷро расонидаанд. Маҳз ба ҳамин ҷанбаҳои фаъолияти Шириншоҳ Шотемур ишора карда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Ин шахсияти далеру равшанзамир ҳамчун ходими намоёни сиёсӣ ва давлатӣ дар кадом сатҳе, ки фаъолият мебурд, ба кадом вазифае таъин ё интихоб мешуд, бо ҷиддияти том барои ҳалли масоили мавҷудаи ҳаётӣ ва ташкили давлати мустақили тоҷикон ҳамаҷониба кӯшиш менамуд.

Маҳорати баланди ташкилотчигии ӯ ҳангоми адои вазифаҳои душвор дар ҷорӣ намудани арзишҳои нави ҳаёти иҷтимоӣ, барҳам додани бесаводии омма, наҷот додани аҳолӣ аз гуруснагӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон, рушди заминаҳои фарҳанги миллӣ, таҳкими мақому манзалати зан дар ҷомеа, бунёди сохторҳои маориф, рушди хизматрасонии тиббӣ ва монанди инҳо бараъло зоҳир мегардид».

Ин аст баҳои воқеӣ ба шахсияти фарзанди сарсупурдаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шотемур, ки бо кору амали маорифпарваронаи худ дар солҳои барои миллати тоҷик хеле сангин имрӯз соҳиби иззату эҳтироми хосса ва мавриди арҷгузории мардум дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон гаштааст.

Зиёӣ Хуршед Махшулзода доктори илмҳои фалсафа, профессор

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121