ДӮСТӢ ВА ҲАМСОЯГИИ НЕКИ ХАЛҚҲОИ ТОҶИК, ӮЗБЕК ВА ҚИРҒИЗ ТАЪРИХИ ҚАДИМА ДОРАД!
Мо дар Тоҷикистон муносибатҳоро бо Қирғизистон ва Узбекистон, ки бар пояҳои накуҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем.
Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 01.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 31 март дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон баргузор шуд. Пас аз анҷоми музокироти сеҷониба маросими имзои Шартнома байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се ҷумҳурӣ баргузор шуд.